13:15:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАҲМОН ВА НУРӢ: БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФ ҶАНГ КАРДАН ГУНОҲ АСТ!

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 27

Султони Ҳамад

Намояндагони мардуми Тавилдара дар ин мулоқот фикру мулоҳизаҳои худро иброз карданд. Аксарият бар он буданд, ки «агар дар ҳақиқат, ҷонибҳо ба тавофуқи сулҳу оштӣ расида бошанд, ин чизро бояд на танҳо аз тариқи расонаҳои хабарӣ, ки на ҳама мардум ба онҳо дастрасӣ доранд, эълон кунанд, балки мана ҳамин хел мисли шумо ба назди мардум, мардуми ҳарду тараф рафта, аз бобати имзои Созишномаҳо ва расидан ба сулҳу оштиҳо бевосита ҳарф бизананд.

/images/stories/2012/05/07_ustod-nuri_7.5.12.jpgАгар ин кор муштаракан бо ширкати намояндагони ҳарду ҷониб сурат бигирад боз хубтар ва самараноктар мешавад. Масалан ҳамроҳи шумо агар намояндагони ҳукумат низ мебуданд ва ин суханҳои шуморо тасдиқ мекарданд, мардум ба сулҳу оштӣ бештар эътимод мекарданд».

Дар он вохӯрӣ мо ба мардуми Тавилдара  гуфтем, ки дар рӯзҳои наздик роҳбарони  ҳукумати ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Тавилдара баргашта сохторҳои ҳукуматӣ  фаъолияти хешро аз сар мегиранд. Баъди ин вохӯрӣ аз он изтиробу ташвише, ки дар чеҳраҳои иштироккунандагони ин мулоқот қабл аз оғози он мушоҳида мешуд, дигар нишоне намонда буд. Мардум хушҳолу болидарӯҳ ба назар мерасиданд. Ҳар як кас мехост аъзои ин ҳайатро ба хонаи хеш ба меҳмонӣ бубарад, арзи эҳтиромро ба ҷо биёрад.

Озод шудани гаравгонҳо

Вале мо худи ҳамон бегоҳ тавассути чархболе, ки ба Чилдара омада буд, ҳамон асири бемор ва Сафаралии бародари Ризвонро гирифта ба Ғарм омадем. Дар Ғарм аъзои ҳайати низомиву сиёсӣ аз чархбол поин шуданд. Чархбол ҳомили намояндаи СММ Орлин, бемор ва Сафаралии бародари Баҳром роҳи Душанберо пеш гирифт. Дар Душанбе маризро ба беморхона ва Сафаралиро намояндагони СММ ба қароргоҳи худ бурданд. Як рӯз баъд, рӯзи 27- уми декабр, онҳо Сафаралиро ба Баҳром супориданд ва аз дасти ӯ Изатуллоҳ Ибодов  ва Юсуф Ҳакимов, аъзои Комиссияи назорат бар Созишноми Оташбаси Теҳронро ба озодӣ бароварданд.

Озод шудани гаравгонон  Юсуф Ҳакимов ва Иззатуллоҳ Ибодов аз дасти гурӯҳи мусаллаҳи Баҳром агарчи воқеаи хурсандибахш буд, вале мардуми водии Қаротегин бештар дар бораи натоиҷи мулоқоти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки рӯзҳои 19-23-уми декабр дар Маскав, баргузор гардид, ҳарф мезаданду андеша меронданд, ибрози хурсандӣ мекарданд. Хонандаи азиз, фикр мекунам, агар мо ҳам дар ҷараёни он бошем, ки дар мулоқоти Маскв чӣ иттифоқ уфтод, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Хосатан, вақте ки имрӯзҳо нуктаҳои муҳими ин мулоқотҳоро чи расонаҳои хабарии давлатӣ ва чи аксари расонаҳои хусусӣ ба боди фаромӯшӣ додаанд.

Чаро мулоқоти Маскав ба таъхир уфтод?

Ҳамин тавр тибқи маслиҳате, ки дар Хустдеҳ шуда буд, мулоқоти Маскав бояд рӯзи 17-уми декабр  баргузор мегардид. Вале он бо ду рӯз таъхир ба кори худ шурӯъ кард. Чӣ боис гардид, ки мулоқоти ду раҳбари ҷиноҳои сулҳкунанда дар замони таъйиншуда оғоз нашуд? Ин сабаб дошт. Чи тавре ки дар боло қайд кардем, дар дохили роҳбарияти Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик дар масъалаи арзёбии натоиҷи мулоқоти Хустдеҳ нуқтаи назари мухталиф ва ҳатто мухолиф ба вуҷуд омад.

Бархе аз роҳбарони ИНОТ, натоиҷи мулоқоти Хустдеҳро ба манфиати ҷониби мухолифин намедонистанд. Онҳо чунин мешумориданд, ки мулоқот зери фишори роҳбарони ДИА сурат гирифтааст ва ҷониби мухолифини ҳукумат гузаштҳои аз ҳад зиёд карданд.  Ба ақидаи онҳо ба тавофуқ расидан дар масъалаи эҷоди Комиссияи Оштии Миллӣ ин ҳанӯз нисфи кор буд. Ҷонибҳо бояд дар мулоқоти Хустдеҳ вазифаҳо ва ваколатҳои ин Комиссияро низ мушаххас мекарданд. Эроду норозигиҳои дигаре низ буданд.

Аммо, хушбахтона, бо вуҷуди ин ҳама сару садоҳо роҳбарони Иттиҳоди мухолифин тавонистанд байни ҳам созиш кунанду  рӯзи 19 – уми декабр, ба ҳар ҳол, ба Маскав биёянд. Дар Маскав раҳбарияти ИНОТ талаб карданд, ки дар Созишномаи қаблан дар Хустдеҳ маъқулшуда ва барои дар Маскав ба имзо расидан омодашуда вазифаҳо ва ваколатҳои Комиссияи Оштӣ низ мушаххасан муайян шаванд. Ҷониби ҳукумат бар он буд, ки Созишнома дар ҳамон шакл, ки дар Хустдеҳ маъқул шудааст, дар ҳамон шакл қабул шавад.

Вазифаҳо ва салоҳияти КОМ-ро бошад, ҳайатҳои музокиракунанда дар даври навбатии худ, дар моҳи январи соли 1997 дар Теҳрон мавриди гуфтугӯ қарор диҳанд. Хулоса, ин нукта сабаби аосии ба таъхир афтодани оғози мулоқоти нахустини Маскав буд. Воқеаи гаравгонгирии 20-уми декабр низ наметавонист ба ҷараёни музокироти Маскав таъсири манфӣ, ба хусус равонӣ, надошта бошад. Вале ба ҳар ҳол ҷонибҳо тавонистанд маҳз дар ҳамин мулоқот ба пешравиҳои чашмгире дар раванди сулҳи байни тоҷикон ноил шаванд.

Пешравии чашмгире дар музокироти сулҳ

Мизбонони мулоқот, намояндагони Русия, дар ҳамоҳангӣ бо Намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Г.Д.Меррем талошҳои зиёде ба харҷ доданд, ки асноди таҳияшуда- ҳам «Созишномаи Президенти ҶТ Э.Ш. Раҳмонов ва раҳбари ИНОТ С. А. Нурӣ» ва ҳам «Протокол дар бораи вазифаҳо ва салоҳияти КОМ» қобили қабули тарафайн қарор бигиранд. Ин ҳуҷҷатҳо аз асноде, ки аз ин пеш дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон ба имзо расида буданд, фарқи калон доштанд.

/images/stories/2012/05/07_sulh-hadyai-khudo-bud-7.5.1.jpg

Бори аввал сарварони ҷиноҳои сулҳкунандаи тоҷикон  ба ҳуҷҷатҳое имзо гузоштанд, ки тарафайнро дар чаҳорчӯбаи муайяни замонӣ ба иҷрои амалҳои конкретӣ водор мекарданд. Пеш аз ҳама ба тавофуқ расиданд, ки музокироти сулҳи байни тоҷикон ва иҷрои санадҳо дар тӯли 12 – 18 моҳ баъди имзои Созишномаи Маскав ба анҷом расонида шаванд. Махсусан, музокирот мебоист то якуми июли соли 1997 ба анҷом расонда шавад.

Дар ин байн оташбас барои тамоми даври музокирот эълон карда шуд. Нисбати шахсоне, ки дар муқовиматҳои низомию сиёсӣ аз соли 1992 сар карда то лаҳзаи қабули санади авф иштирок доштанд, мебоист авфи умумӣ эълон карда шавад. Санади ҳамдигарфаҳмӣ қабул шавад, яъне ҷонибҳо эълон мекунанд, ки аз гуноҳи ҳамдигар мегузаранд. Қарор шуд, ки ҷонибҳо асирони ҳарбӣ ва маҳбусони сиёсиро дар як муддати кӯтоҳ иваз мекунанд.

Дастоварди дигари мулоқоти чоруми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов ва Роҳбари ИНОТ Сайид Абдулллоҳи Нурӣ он буд, ки билохира вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллиро дар даврони гузариш муайян карданд. Агарчанде КОМ наметавонист ҷои парламентро, чи тавре, ки онро дар аввал тарафи мухолифин мехост, иваз кунад, вале он ваколатҳои хеле ҳам муҳимеро доро буд. Қабл аз ҳама ба зиммаи КОМ танзими механизми назорат ва таъмини иҷрои созишномаҳои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат гузошта шуда буд.

Баъдан масъалаи бозгашти шарофатмандонаи муҳоҷирин, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйиротҳо ба қонунҳо дар бораи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ғ.ҳ. низ ба ӯҳдаи КОМ супурда мешуд. КОМ дар ҳамкорӣ бо Президент масъалаҳои муҳимтари ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро мавриди ҳаллу фасл қарор дода метавонист.

Азҷумла, бо раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ, таҳия ва тасдиқи чӣ гунагии Парламенти нав, иҷро намудани қонуни нав дар бораи интихоби Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, дар давраи гузариш ташкил додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ислоҳи ҳукумат аз тариқи ворид кардани намояндагони оппозитсия дар сохторҳои ҳукумати иҷроия, роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия, назорат ба иҷрои табодули комили асирону маҳбусон ва озод кардани шахсони зӯран боздоштшуда, қабули санади ҳамдигарбахшӣ ва таҳияи қонуни авф ва ғ.ҳ.

Муҳим он буд, ки тибқи Протоколи ба имзорасида иҷрои қарорҳои аз ҷониби Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ қабулшуда барои мақомоти ҳукуматӣ ҳатман ҳисобида мешуд. Дар назар буд, ки фаъолияти КОМ дар ҳамкории наздик бо Намояндагии нозирони СММ ва Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

«Ҷангро истифода бурдан гуноҳ аст»

Маросими имзои ҳуҷҷатҳо дар Президент – ҳотел рӯзи 23 декабри соати панҷи бегоҳ баргузор шуд. Дар он сарвазири Россия Виктор Степанович Черномирдин иштирок дошт. Бояд гуфт, ки дар мулоқоти Маскав ба ғайр аз Созишнома ва Протоколи зикршуда роҳбарони зинаҳои сулҳкунанда бори аввал муштаракан бо Муроҷиатномае ба мардуми кишвар рӯ оварданд. Бори аввал онҳо бо як овоз муқовимати мусаллаҳонаро ҳамчун восилаи барҳам хӯрдани якпорчагии кишвар ва пароканда шудани миллати тоҷик маҳкум карданд. Онҳо якдилона эътироф карданд, ки «барои ба мақсад расидан ҷангро истифода бурдан гуноҳ аст».

Азбаски ин ҳама аснод сарнавиштсоз буданд лозим медонем, ки онҳоро ба пуррагӣ дар шакли аслиашон пешкаши шумо хонандагони гиромӣ кунем.

(Идома дорад)
Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 26
ҚИССАИ САРБОЗИ САРМОЗАДА ВА ФИРОРИ НОБАРОРИ Ӯ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi