04:18:58 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАРО ЧАРХБОЛРО АСКАРОН ЗАХМӢ КАРДАНД?

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 29

Султони Ҳамад

Баъди аз Тавилдара ба шаҳраки Ғарм баргаштан ҳайати низомиву сиёсии мухолифин сӯҳбату мулоқотҳои хешро ба мақсади таблиғу татбиқи нуктаҳои Созишномаҳои Хустдеҳ ва Санадҳои гуфтушуниди Маскав бо муҷоҳиддин ва аҳолии водии Қаротегин идома дод.

Зане, ки даҳҳо нафарро аз марг наҷот додааст

/images/stories/2012/05/30_sulhitojikon-2012222.jpgДар Шӯрои ҷамоъати Навободи ноҳияи Ғарм ҳайатро раиси Шӯро Валетина Петровна Саух хайра мақдам гуфт. Ӯ ибрози хурсандӣ ва шукргузорӣ кард, ки билохира замоне фаро расид, ки ду бародар ба ҳам сулҳ карданд ва фазои суботу оромӣ ба кишвар баргашт. Барои мо хеле ҷолиб буд, ки як зани рус дар яке аз деҳаҳои дурдасти кӯҳистон роҳбарии як Шӯрои ҷамоати сернуфус ва бонуфузро ба ӯҳда дорад.

Баъдтар вақте, ки мардум дар борааш бо муҳаббат қиссаҳо мекарданд, бароямон аён гашт, ки ин зани фидокору ҷасурро барои чӣ ин қадар иззату эҳтиром мекунанд, барои чӣ  боварӣ карда иҷрои ҳамин вазифаи масъулиятнокро дар ин даврони пурошӯб маҳз ба ӯҳдаи ӯ гузоштаанд.

Ӯ дар тӯли фаъолияти худ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ борҳо чандин нафар одамони бегуноҳро аз чанголи силоҳбадастони хуношом, ки бо баҳонаҳои гуногун барои азият додан ё ҳатто куштан мебурдаанд, халос намудааст. Чунин ҷуръатро дар он замон на ҳама, ҳатто наздиктарин хешу ақрабои шахси дастгиршуда надоштанд. Ҳама дар талвосаи ҷони худ буданд.

-Писари ту Давлатҷон, ҳангоми бомбаборонкунӣ ба шаҳодат расид,- ба Давлат Усмон рӯ оварда гуфт Валентина Петровна.

-Хабар дорам-, бо як андӯҳи гарон, сари хаму чашмони пурнам гуфт Давлат Усмон.

Дар гӯристони деҳаи Хиштароги Шӯрои ҷамоъати Навобод дар паҳлӯи оромгаҳи фарзанди Давлат Усмон қабреро ба мо нишон дода гуфтанд, ки ин гӯри Амиршоҳ Ибронов, базлагӯи шинохтаи тоҷик аст, ки бо як ваҳшонияте аз тарафи силоҳбадастони гурӯҳи Ризвон бо ҳамроҳии дӯсташ Сӯҳроби Ғайратшоҳ 28-уми феврали соли 1993 ба қатл расонда шудааст.

Болои санги мазори ӯ ин байти Саъдии бузургвор, ки Амиршоҳи марҳум онро доим такрор мекардааст, ҳаккокӣ шуда буд:

Наравад одати тифлӣ аз димоғам ҳаргиз,

Гар ба тобут равам ҷунбиши гаҳвора кунам.

Воҳиди низомии муштарак алайҳи Ризвон

Чун мардуми маҳал аз бедодгариҳои гурӯҳи Ризвон қиссаҳои зиёд карданд ва бо дар назардошти он ки ин гурӯҳи дигар ба ҳеҷ тараф итоат намекардагӣ дар минтақаи Файзобод ва Обигарм боз даст ба бедодгариҳои тоза зада истодааст, ҳайати низомиву сиёсӣ дар ҳамин ҷо тасмим гирифт, ки бо як номае ба Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳбари ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муроҷиат карда пешниҳод намояд, ки барои муқобила бо ин гурӯҳ як воҳиди низомии муштарак ташкил дода шавад.

Номаро ба устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тариқи телефон ва ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи Амирқул Азимов, котиби Шӯрои Амният, ки рӯзи 28-уми декабр тавассути чархбол дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба Ғарм омада буд, ирсол доштем. Мақсади сафари ин ҳайати ҳукуматӣ дар ҳамкорӣ бо ҳайати низомиву сиёсии мухолифин татбиқ кардани нуктаҳои Протоколи Хустеҳ, яъне фаъол кардани сохторҳо ва мақомоти иҷроияи ҳукуматӣ дар ноҳияҳо ва озод кардани асирон буд.

Ба ин ҳайати ҳукуматӣ марҳум Қадриддин Ғиёсов, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худойқул Ҳамроқулов, раиси Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Николай Каримов, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидаҳтам Саидшарифов, сардори раёсати вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳақназар Шодиев, намояндаи Прокуратураи генералӣ шомил буданд.

Аскарони Лаби Ҷар

Дар масъалаи фаъол кардани кори сохторҳои ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи он ягон мушкиле пеш наомад. Ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби мухолифин бар ин назар буданд, ки ҳарчи тезтар фаъол шудани ташкилоту ниҳодҳои ҳукуматӣ дар ноҳияҳои водии Қаротегин ба манфиати ҳам мардум ва ҳам давлат аст. Фақат дар масъалаи ба мансабҳои калидӣ таъйин кардани шахсиятҳои алоҳида баъзе мулоҳизаҳо гуфта ва баъзе мубоҳисаҳо карда мешуданд.

/images/stories/2012/05/30_sulhitojikon-20123333.jpgҲам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби мухолифин кӯшиш мекарданд, ки дар вазифаҳои калидӣ нафарҳое таъйин шаванд, ки ба онҳо эътимоду боварӣ доранд. Ягона масъалае, ки ҳал нашуда монд, ин масъалаи озодкунии асирон буд. Тарафи ҳукумат мехост, ки бе ягон шарт асирони боқимондаро муҷоҳиддин озод намоянд.

Дар навбати худ фармондеҳони мухолифин талаб пеш гузоштанд, ки аввал ҳукумат чанд нафар маҳбуси тарафдори оппозитсияро аз зиндонҳо озод намоянд. Ҷониби ҳукумат рӯйхати маҳбусонро аз мо талаб кард. Азбаски феҳристи ин ашхос, ба гуфтаи қумандонҳо, беҳтару хубтар ба Ҷалолиддин Маҳмудов, ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон ва аъзои ин Комиссия Юсуф Ҳакимов, Иззатуллоҳ Ибодов, Абдуллоҳи Қодирӣ, Амирбеки Атобек ва дигарон маълум буд, лозим дониста шуд, ки яке аз узви ҳайати низомиву сиёсӣ бо ҳамроҳии ҳайати ҳукуматӣ ба Душанбе рафта дар онҷо масъаларо бо Ҷалолиддин Маҳмудов ва ёронаш дақиқ карда ҳаллу фасл намоянд.

Яъне маҳбусонро аз зиндон озод карда ба Қаротегин биёранд ва баъдан аз он ҷо асиронро озод намуда ба Дшанбе фиристанд. Ҳайати низомӣ тасмим гирифт, ки бо ин мақсад бо ҳамроҳии ҳайати ҳукуматӣ ба Душанбе камина биравад. Рӯзи 30-юми декабр аз Душанбе чархбол омад ва банда бо ҳамроҳи ҳайати ҳукуматӣ озими Душанбешаҳр шудем. Чархбол барои гирифтани беморе аз ҷумлаи аскарони ҳукуматӣ ба ҳудуди қисми ҳарбии дар минтақаи Лаби Ҷар будаи ҳукумат фуромад.

Лаби Ҷар минтақаест тахминан дар 150- километрии шоҳроҳи Душанбе –Рашт. Он замон ин минтақа дар таҳти назорати аскарони ҳукумат қарор дошт. Вале аз чаҳор тараф дар муҳосираи муҷоҳиддин монда буд. Маълумоти зиёде ба Ситоди АНИТ (Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон) мерасид, ки дар пости Лаби Ҷар мусофирони раҳро хеле азият медиҳанд. Махсусан  як қисми борҳои маводи хӯрокаро ҳамеша иҷборан мегиранд.

Барои ҳамин ҳам мардуми Қаротегин себу картошкаи худро наметавонанд барои савдо ба Душанбе биёранд. Дар музокироти Хустдеҳ ҷониби оппозитсия пешниҳод кард, ки ин қисми ҳарбии ҳукумат аз ин минтақа гирифта шавад, то мардум битавонанд бе ягон мушкил дар ин шоҳроҳ рафту омад кунанд. Ҷониби ҳукумат ба ин пешниҳод розӣ нашуд. Баръакс дар моддаи дуввуми Протоколи Хустдеҳ махсус қайд шуд, ки «… артиши ҳукуматӣ дар маҳали Лаби Ҷар меистад».

Хушбахтона, чи тавре, ки ба мо фармондеҳони минтақаи Қаротегин гуфтанд, Созишномаи Хустдеҳ ба имзо расиду аз ҳамлаи муштараки сеҷонибаи муҷоҳиддин (аз самтҳои Ғарм, Тавилдара, Комсомолобод) болои ин қисми ҳарбӣ ҷилавгирӣ шуд. Вагарна риштаи ҷони чандин ҷавонмарди тоҷик аз ҳарду тараф дар ин набарде, ки агар ба вуқӯъ мепайваст ҳатман хуношом мебуд, канда мешуд.

Баробари поин шудани чархбол дар қисмии Лаби Ҷар атрофи он аз ҳисоби доду фарёду ҳаёҳуи аскарон маҳшаре барпо гардид. Сипас дари чархбол кушода шуду аскарони зиёде яке дигареро тела дода бо алфози қабеҳу суханони таҳқиромез вориди он шуданд. Аҷоиб он буд, ки ҳама мусаллаҳ буданд. Агарчи дар як лаҳза ҷойҳои нишаст пур шуда дигар ҳатто ҷои рост истодан намонда бошад ҳам, вале онҳое, ки дар берун буданд, кӯшиш мекарданд, ки дохили чархбол шаванд. Сару либоси қариб ҳамаашон ифлос, даридагӣ, ришу фаш расидагӣ. Маълум буд, ки муддати зиёде шустушӯ накардаанд. Лётчикҳо аз кабин баромада ба котиби Шӯрои Амният Амирқул Азимов гуфтанд:

- Амирқул Насимович, мо бо ин аҳвол парвоз карда наметавонем. Ҳама бояд аз чархбол фароянд. Аз чор -панҷ нафар зиёд одам гирифта наметавонем.

Чархболи захмӣ низ хидмат кард

Амирқул Азимов, ки дар паҳлӯи ман нишаста буд, оҳиста гуфт: «аскарон нафаҳманд, ки аз оппозитсия ҳастед, аз ҷоятон нахезед». Худаш «роҳ диҳед» гӯён аз миёни сарбозон базӯр гузашта аз чархбол поин шуд. Баъди чанд лаҳза аз берун садои як навбати дарози тирпарронӣ аз автомати Калашников ба гӯш расид. Аз тирезаи чархбол дидам, ки афсаре автомат дар даст сӯи осмон тир холӣ мекард.

Баъд аскаронеро, ки нияти ба чархбол ворид шуданро доштанд, бо қундоқи автомат зада-зада маҷбур кард, ки дуртар аз чархбол саф бикашанд. Сипас он афсар аскаронро ҳақораткунон вориди чархбол шуд ва муштзанону телакунон ҳама онҳоро поин фаровард. Ба Амирқул Азимов, ки баъди ӯ ба чархбол ворид шуда ба ҷои худ нишаста буд, гуфт:

-Амирқул Насимович, панҷ нафар бемор дорам, ҳамонҳоро савор кунед бас аст. Лекин аз Шумо хоҳиш, ки ба фармондеҳони мо бирасонед, ки моро аз Лаби Ҷар бигиранд. Дар ин ҷо будани мо дигар маънӣ надорад.

-Хуб, беморонро биёред. Майлаш, хоҳиши шуморо низ мерасонам-, посух дод Амирқул Азимов ва таъкид кард, ки фармондеҳ дар берун мутаваҷҷеҳи аскаронаш бошад.

Баъди чанд лаҳза панҷ аскар вориди чархбол шуданд. Дари чархбол пӯшида шуд. Вале садои ғалоғула дар берун баландтар мегардид. Амирқул Насимович аз тиреза ба берун нигоҳ мекард. Ҳангоми баланд шудани чархбол ба назарам боз садои тирпарронӣ шунида шуд. Дидам, ки Амирқул Азимов нороҳат шуд, ранги рӯяш ҳам тағйир ёфт, вале чизе гуфтан намехоҳад.

Фақат синчакорона дохили чархболро нигоҳ мекунад. Хулоса мо дигар ҳамин хел тӯли парвоз хапу хомӯш будем. Фақат вақте, ки чархбол дар майдони ҳавоии Душанбе поин шуд, дидам ки чеҳраи Амирқул Азимов боз шукуфт. Шукри Худо гӯён аз ман пурсид:

-Фаҳмидед?

-Чиро?- дар навбати худ суол додам ман.

-О. мо бо чархболи захмӣ ба Душанбе омадем. Як аскар ба чархбол тир парронд. Тираш расид. Надидед-мӣ?

Ҳамин вақт халабонҳо аз чархбол берун шуда суханони Амирқул Азимовро тасдиқ намуданд…

(Идома дорад)

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД – ҚИСМАТИ 28



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi