01:13:18 21-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АВВАЛИН БЕҲТАРИН КОРИ СИЁСИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАНӮЗ ДАР СОЛИ 1995 АЗ НИГОҲИ САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ ЧӢ БУД?

Дар раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон мулоқот ва гуфтугӯҳои рӯ ба рӯи роҳбарони ду ҷониби ба ҳам даргир нақши ҳалкунандаро бозӣ кардаанд. Инро касе инкор карда наметавонад. Президенти кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳбари ИНОТ шодравон устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар ҳафт маротиба дар хориҷ аз Ватанамон ва боз ба мақсади рафъ кардани мушкилоте, ки дар раванди ба ҳаёт татбиқ кардани ин созишномаҳо , ба вуқӯъ мепайвастанд, бештар аз чил маротиба дар дохили Тоҷикистон ба ҳам дидору гуфтугӯ кардаанд.

/images/stories/2012/06/09_muloqoti-jonibho-96121.jpgБешубҳа, ҳамаи ин мулоқотҳо муфиду пураҳамият буданд. Зеро ба дунболи онҳо гиреҳи умдае дар раванди музокирот кушода мегардид, қадами устуворе аз шаби зулмонии ҷанг ба пешвози субҳи босафои сулҳ гузошта мешуд. Бале, ҳамаи он мулоқотҳо аз аҳамияти хоса бархурдоранд. Вале ба ақидаи банда дар ин байн мулоқоти нахустини эшон, ки моҳи майи соли 1995 дар Кобул баргузор гардид, аз дигар мулоқотҳояшон ба куллӣ фарқ мекард ва дар ҳақиқат сарнавиштсоз буд. Ба ин ақидаи худ имрӯз (05 июни соли 2012) баъди тамошои навори видеоие аз ин мулоқот, ки  17 сол пас аз баргузории он ба кӯмаки Абӯбакри Нурӣ, бародари шодравон устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дарёфт кардам, бори дигар сахт бовар намудам.

Мо имрӯз матн ва навори суханрониҳои шодравон устод профессор Бурҳониддин Раббонӣ, шодравон устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷараёни ин дидорбинӣ пешкаши муштариёни гиромии шабакаи ҷаҳонии Интернет мекунем. Баъди ошно шудан бо ин суханрониҳо шумо албатта бо мо ҳамфикр хоҳед шуд. Вале нахуст мехоҳам дар шарҳи баргузории ин мулоқот чанд сухане гуфта бошам. Саволе ба миён меояд, ки ин мулоқот бо ибтикори кӣ сурат гирифт? Бояд рӯирост бигӯем, ки дар баргузории ин мулоқот созмонҳои байналмилалии миёнҷӣ даст надоштанд. Онҳо ҳатто аз баргузории он дар лаҳзаҳои қабл аз сафари ҷонибҳо ба Кобул иттилоъ ёфтанд ва аз ширкат варзидан дар ин мулоқот худдорӣ намуданд.

Дар дигар мулоқотҳои ин ду лидери ҷонибҳои сулҳкунанда, ки  баъдан баргузор шуданд, созмонҳои байналилалӣ, ба хусусу намояндагии СММ дар Тоҷикистон, ширкат мекарданд ва фаъол ҳам буданд. Ва барои ин мо вазифадорем, ки ба онҳо арҷгузорӣ кунем. Вале як ҷиҳати фарқунандаи мулоқоти Кобул дар ҳамин буд, ки он бе ширкати созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Агар ба ҳайси нозир дар ин гуфтушунид хузур доштани намояндаи махсуси Президенти Русия ҷаноби Обловро сарфи назар кунем.

Ҷиҳати дигари фарқунандааш ҳамин буд, ки дар ин мулоқот бархе аз роҳбарони аҳзоб, созмонҳои ҷамъиятии мухолифи ҳукумат, азҷумла Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии Тоҷикистон, ки ҳамакнун муовини аввали раҳбари ИНОТ ба шумор мерафт, шодравон Муҳаммадшариф Ҳимматзода, собиқ Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки акнун муовини раҳбари ИНОТ буд, Шодон Юсуф, раиси ҲДТ, Давлат Худоназаров, собиқ номзад ба раисии ҷумҳури итихоботи президентии соли 1991 дар Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Ва аммо то ҳоло боз ҳам нагуфтем, ки мулоқот бо ташаббуси кӣ барпо шуд?

Баъди даври сеюми гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 1994 дар Исломобод баргузор гардиданд, раванди сулҳ ба як марҳилаи хеле мушкил ворид гардид. Ба ҷонибҳо муяссар нашуд, ки дар тӯли қариб панҷ моҳ ба тавофуқ бирасанд ва даври навбатии гуфтушунидҳоро доир намоянд. Маҳз дар ҳамин давра Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар як суханронии хеш аз тариқи васоити ахбори омма изҳор кард, ки ӯ ҳозир аст бо роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳар куҷо ва дар ҳар вақте ки бошад, оиди масоили сулҳи байни тоҷикон мулоқоти рӯ ба рӯ намояд.

Баъди ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳури Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ бо каналҳои дипломатӣ омодагии хешро барои баргузор кардани чунин як мулоқоти лидерҳои ду ҷониби қазияи Тоҷикистон ба ҳарду тараф иброз медорад. Хушбахтона, ҳарду ҷониб ҳам розигӣ медиҳанд, ки чунин як мулоқот дар Кобул бо миёнҷигарии профессор Бурҳониддин Раббонӣ сурат бигирад. Таъмини амнияти баргузории чунин як мулоқоти ҷиддӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсозро дар шароити хеле вазнини Афғонистон вазири дифои ин кишвар Аҳмадшоҳ Масъуд дар ҳамкорӣ бо вазири амнияти Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров ба ӯҳда гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ин ду фарзанди фарзонаи миллат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, ки на танҳо амнияти ин мулоқот таъмин бошад, балки он дар пай натоиҷи босамар низ дошта бошад. Дар он ки дар ин мулоқот ҳарду лидер ба азми якдигар сахт эътимод бастанд, Аҳмадшоҳи Масъуд ва Сайдамир Зуҳуров нақши муҳиме доранд. Дар ҳамин ҷо ба маврид аст аз нафарҳои дигари ду ҷониб ном бубарам, ки узви ҳайатҳо буданд ва дар ба ҳам наздик шудани мавқеъҳо кӯшишҳо ба харҷ доданд.

Инҳо аз ҷониби ҳукумат Шукурҷон Зуҳуров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Эркин Раҳматуллоев, Меҳмон Бахтӣ, Зафар Саидов, Давлат Бобоев, Абдулфайз Атоев, Ҳақназар Шодиев ва аз ҷониби мухолифин ба ғайр аз он шахсиятҳое, ки зикри номашон дар боло рафт, Абдусаломи Одинабек, Абдуғаффори Худойдод, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абӯбакри Нурӣ, Давлати Усмон, каминаи камтарин ва шояд нафарҳои дигаре буданд, ки феълан номи онҳоро ба ёд оварда наметавонам ва барои ин аз онҳо маъзарат мехоҳам.

/images/stories/2012/06/09_muloqoti-jonibho-96122.jpgБояд гуфт, ки бо вуҷуди шароити ҷанг дар Афғонистон раҳбарияти ин кишвар ба мулоқоти раҳбарони ҷиноҳои сулҳкунандаи Тоҷикистон омодагии хеле хуб дида буданд. Ба ҳар як аъзои ҳайатҳо барномаи мулоқоти серӯза ва даъватномаҳо ба ин ва ё он чорабиниҳое, ки тӯли ин рӯзҳо бояд гузаронида мешуданд, дода шуданд.

Сӯҳбати нахустини ҳарду лидер  рӯзи чоршанбеи 17-уми бо ширкати худи профессор Раббонӣ баргузор гардид. Баъди муаррифӣ кардани ҳамсӯҳбатҳо устод Раббонӣ даст ба дуо бардошта барои ҳарду аз Худо дар ин роҳи пурпечутоби эҷоди сулҳу оштӣ муваффақият хост ва ҳардуро тарк намуд. Нахустин сӯҳбати рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба як гуфтае чаҳор соат ба гуфтаи дигаре нӯҳ соат идома кард. Шодравон устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар як сӯҳбат бо мо дар бораи ин сӯҳбати нахустинашон бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки он тақрибан аз соати 10 пеш аз зуҳр то намози шом идома кард.

Ба ҳар ҳол ин сӯҳбати нахустини рӯзи 17-и май ду бор барои намозхонӣ (пешин ва аср) ва як бор барои хӯрохӯрӣ қатъ карда мешаваду дигар дар шакли як ба як то намози шом идома пайдо мекунад. Бегоҳии ҳамон рӯз дар қасри Гулхонаи Раиси ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ барои ҳайатҳо ва меҳмонон зиёфат дод. Дар ин зиёфат устод Раббонӣ, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ суханронӣ карданд. Мо ана маҳз матн ва навори видеоии ҳамин суханрониҳоро ба шумо баъди 17 сол пешниҳод мекунем. Аз суханронии устод Раббонӣ мо танҳо ҳамон лаҳзаҳоеро гирифтем, ки ба қазияи Тоҷикистон дахл доранд. Суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ пурра, бе ихтисор оварда мешаванд.

/images/stories/2012/06/09_muloqoti-jonibho-96123.jpgХудо раҳмат кунад устод Раббониро. Аз шаҳодати хунинаш ҳанӯз ҳам як сол нагузаштааст. Дуъо, даму нафаси муборак ва талоши хастагинопазири эшон буд, ки расо баъди ду солу як моҳи мулоқоти Кобул орзуи деринаи ӯ, яъне истиқрори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистони азизи мо ҷомаи амал пӯшид. Дар мулоқоте, ки соли 2005 дар Кобул бо устод Бурҳониддин Раббонӣ доштам, устод аз истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон иброз хурсанд мекарданд ва гуфтанд, ки мехоҳанд дар эҷоди сулҳи Афғонистон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода баранд ва дар Афғонистон низ сулҳ барқарор шавад. Вале афсӯс душманони Афғонистон ба ӯ ин фурсатро надоданд.

Илоҳо, Худованд ҷояшро фирдавси барин карда бошад.

Муштариёни гиромӣ, баъди хондани матн ва тамошо кардани навори суханрониҳои ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва шодравон устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, боварӣ дорам, ки шумо низ як бори дигар ба дурандешии ин ду фарзанди барӯманди миллат тан хоҳед дод. Ин ҳарду бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки пешорӯ доштанд, тавонистанд ба эътимоди якдигар даст ёбанд. Муҳим он аст, ки ҳардуи ин сиёсатмадор якдигарро дар оянда аз бозичаи дасти дигарон шудан ҳушдор медоданд. Ба якдигар талқин мекарданд, ки агар дар раъйи хеш мустақил бошанд, ҳатман ба сулҳ хоҳанд расид. Беҳтараш баъди хондани матн ва тамошои навор худ қазоват кунед, муштарии гиромӣ

Профессор Раббонӣ: Сулҳ қалбҳоро мамлу аз ишқ, муҳаббат ва ҳамватанӣ хоҳад сохт

«Олиҷанобони мӯҳтарам, мардуми Афғонистон муштоқона орзуманди таҳкими сулҳ ва рафъи суитафоҳумот дар кишвари ҳамсоя ва миллати бародар Тоҷикистон аст. Давлат ва мардуми Афғонистон амиқан ба усули ҳусни ҳамҷаворӣ эҳтироми мутақобиле ба истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳо эътиқоди росих дорад. Сулҳ зарурати ҷомеъаи мост. Яқинан шумо бо ман ҳамақида хоҳед буд, ки мавҷудияти ташаннуҷ дар кишвари бародари Тоҷикистон ба нафъи ҳеҷ ҷино ва тарафе нест.

Кишвари зебои шумо ҳатман имрӯз ё фардо ба сулҳи комил даст меёбад. Билохира мунозеъа ба поён мерасад. Чунин хости давлат ва мардуми Тоҷикистон аст, ки дар сулҳ бародарӣ ва зиндагӣ кунад. Бале растагорон ононеанд, ки дар роҳи сулҳ пешқадам мешаванд. Сулҳ заруратҳо ва шароити лозим дорад. Агар ҳамаи зуруф барои амри сулҳ муяссар ва мусоид бошад, аммо иродаи сиёсӣ барои рафтан ба сӯи сулҳ камбуд бошад, дар чунин сурате ташаннуҷ, тафриқа, мухосимат ва зӯрӣ тадовум меёбад. Хушбахтона, сафари шумо ба тарафи сулҳ бархурдор аз ин умдатарин ва арзандатарин шарт аст. Эъломи довталабонаи шумо дар омодагӣ барои музокира ба манзури майл ба як ҳалли доимӣ худ мубайини мавҷудияти чунин иродаи сиёсӣ назди ҳарду тараф барои тақоруб ва тафоқуми миллӣ ва дар ниҳоят сулҳу оштист.

Музокироти Кобул бидуни шак мутаддовири орзумандиҳои муштараки давлати Тоҷикистон ва нирӯҳои муқобил барои таъмини сулҳ ва усули таҳофуми миллӣ дар кишвари озода ва дӯстдоштании шумо мебошад. Мо аз ин омодагиҳо ва изҳори тамоюлот ва алоқамандиҳо ба нафъи таъмини сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тӯли музокирот ҷавониби зидахл ба мушоҳида расидааст, мутаҳаззиб гардида онро нишонаи равшанӣ аз мавҷудияти имконоти мусоид ҷиҳати ҳалли қазоё дар Тоҷикистони зебо таърихӣ ва шукӯҳманд медонем. Барои мардум ва Давлати исломии Афғонистон ва шахси худам ифтихоре бузурге хоҳад буд, ки шаҳри Кобул, ин қалби пуртапиши қораи Осиё, конуни ҳусули тафоҳум барои сулҳ дар кишвари бародар ва ҳамкеш Тоҷикистон гардад.

Сулҳе, ки нури он бар тамоми акноф ва гӯшаҳои кишвари шуморо мунаввар ба сафо, бародарӣ, оромиш ва гармӣ хоҳад гардонид. Ин нуре хоҳад буд, ки дар қалбҳо хоҳад тобид ва онҳоро мамлу аз ишқ, муҳаббат ва ҳамватанӣ хоҳад сохт. Наслҳои фардоро дар паҳлӯи ҳам қарор хоҳад дод то бародарона ва самимона ҳамдигарро дар тараққӣ ва пешрафти меҳанашон ёрӣ намоянд. Ҷангу ноамнӣ падидаҳои зишту номаймунеанд, ки ба иродаи неки худи инсонҳо нопадид шуда метавонанд. Ва шумо метавонед онро ба сулҳ, амният ва ваҳдати миллӣ ва бародарӣ мубаддал созед.

Дуо мекунем, ин сафари шумо сафари муқаддас ва ё мубораке бошад ва дорои натоиҷи таърихӣ. Он чи дар ин росто мо ба шумо пешкаш карда метавонем, муҳаббати холисона ва бародарона ҳаст ва орзуҳои нек. Ин эҳсосот аз қалби ҳар фарди мардуми мо бармехезад. Ба умеди муваффаққияти Шумо дар ин озмуни бузург, ба умеди оромиш ва сулҳи ҳарчи зудтар дар кишварҳоямон. Бо орзуи таҳкими ҳарчи бештар ва маҳкамтари дӯстӣ, бародарӣ, таовуни мутақобил ва ҳамсоягии нек байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон ва билохира ба умеди сулҳи пойдор дар ин минтақа ва ҷаҳон. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ».

Эмомалӣ Раҳмон: Бо домулло Саид Абдуллоҳи Нурӣ якдигарфаҳмӣ шуд

«Ҷалолатмаъоб, устод, профессор Бурҳониддин Раббонӣ, ҳамаи дӯстоне, ки дар сари дастархони дӯстон ва бародарон худ нишастаем, саломи самимии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба шумо ва ба мардуми дӯсту бародари афғон, пеш аз ҳама, ба яке аз шахсиятҳои бузург, сиёсатмадори Осиё, ҷалолатмаъоб, профессор Бурҳониддин Раббонӣ расонданӣ ҳастам ва дар шахсияти шумо ба ҳамаи ҳайати роҳбарикунандаи ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва тамоми мардуми бародари афғон. Ин сафари дуввуми мо ба Ҷумҳурии бародарии Исломии Афғонистон ҳаст.

Мо миннатдории худро барои чунин самимона пешвоз гирифтан изҳор медорем. Чунин самимона, бо қалбҳои нек на ин ки дар ҳайати роҳбарикунанда, на ин ки дар ин толорҳои зебоманзар, ҳатто мо имрӯз шоҳиди он будем, ки дар хиёбонҳои шаҳри қадимаи Осиё, шаҳри Кобул, мардуми шарафманду бузурги Кобул чи гуна нисбати бародарони худ меҳмоннавоз ҳастанд. Инро мо аз наздик ҳис кардем. Ва чунин орзуву ниятҳо нисбати бародарони худ, мардуми шарифи Тоҷикистон доранд. Аз Худованди Таъоло ва аз тамоми ҳозирин онро интизор ҳастем, ки орзуву умеди мардуми шарифи Тоҷикистон як аст.

Сулҳу салоҳ, тинҷиву оромӣ чи дар Тоҷикистон, чи дар сарҳадоти кишвари бародар ва чӣ дар ҷумҳурии бародари худ Давлати исломии Афғонистон. Ин бисёр як аҳамияти муҳими сиёсӣ дар минтақа дорад. Кошки имрӯз вазъияти дохилии ҷумҳурии бародари Давлати Исломии Афғонистони мо ором мебуд. Кошки имрӯз вазъияти сарҳадии байни ду кишвари бародари мо ором мебуду мо метавонистем ба ҷумҳурии якдигар рафтуомад менамудем, робитаҳои иқтисодии худро мустаҳкам мекардем, муносибатҳои тиҷоратие, ки имрӯз онҳо оғоз ёфтанд, онҳоро таҳким мебахшидем. Инро касе, ки хоҳад нахоҳад, таърих гувоҳ аст.

На ҷаноби Раҳмонов ва на як сиёсатмадори дигар инро инкор карда наметавонад, ки миллати тоҷик, мардуми Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ҳамхуну ҳамзабону ҳамфарҳанг буданд, дӯсту бародар буданд ва мемонанд. Ин бисёр як фоли неке ҳаст. Вақте, ки ман изҳор доштам барои танҳо сулҳу салоҳ, ба хотири ҳифзи миллати худ ва давлати тоҷикон бо роҳбарияти Ҳизби наҳзати ислом дар куҷое, ки набошад, вохӯрӣ кунем ва муноқишаҳои байни тоҷиконро бо якдигар ҳаллу фасл намоем, бо дастгирии ҷаноби олӣ, онҳо аввалин шуда аз байни роҳбарон чунин як иқдоми нек карданду изҳорот доданд, ки шаҳри Кобул омода аст барои гузаронидани чунин мулоқот. На ин ки ман, балки тамоми мардуми Тоҷикистон аз ин хушҳол буданд.

Имрӯз мо мухолифин мегӯем. Мо чиҳо нагуфтем. Якдигарро сиёҳ мекардем. Имрӯз вақти он расидааст, ки бо мухолифини худ, бо ҳамватанони худ, бо бародарони худ дар сари як миз, чой менӯшем, нон шикастем, гуфтугӯ дорем. Ин ҳам воқеаи таърихӣ ҳаст. Ин ҳама рӯзҳои таърихӣ бо шарофати ташаббуси профессор, ҷалолатмаъоб Бурҳониддин Раббонӣ ҳаст. Гарчанде, ки дар синну сол фарқияте ҳам бошад, дар як муддати кӯтоҳ, дар ду соли ахир, ки мо шинос ҳастем, рафтуомад кардем. Ман фикр мекунам, ки на танҳо ба ҳайси Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ё Раиси ҷумҳури ДИА мо муносибати хуб дорем, балки ҳамчун дӯст ва бародар дар ҳар куҷое ки набошад, чи вақте ки набошад, якдигарро иззату эҳтиром мекунем ва ин дӯстиву бародарӣ низ барои мустаҳкам шудани муносибатҳои дӯстонаи ардуми ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамхуну ҳамзабону ҳамфарҳанг кӯмак мекунад.

Ба хотири ин вохӯрӣ бисёр нафарҳое ҳастанд, ки аз роҳҳои дур бо як азобу машаққат ба ин ҷо омаданд. Мақсадашон як чиз аст, ки ин вохӯрӣ бо натиҷаи хуб ҷамъбаст шавад. Иншоаллоҳ, ин вохӯрӣ вохӯрии таърихӣ мешавад. Имрӯз ман дар бисёр хиёбонҳои шаҳри Кобул будам. Аз он сафар то ин сафар тағйироти хеле зиёдро дар ин ҷо дидам. Дар он сафар вазъият на он қадар ором буд, вале шаҳри Кобул нисбатан зеботар буд. Ва ин сафар шаҳри Кобул хеле ором аст, лекин хиёбонҳои шаҳр ба харобазор табдил ёфтаанд. Ҷанг дар кадом давлатҳое, ки сар назада бошад, дар ҳар асру замон, заррае хушбахтӣ наовардааст.

Чунин харобазорҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида карда мешаванд. Худ ба худ савол диҳем, ки ин харобазорҳоро ғайр аз мардуми Афғонистон ва ғайри мардуми Тоҷикистон шахсе парвое дорад ва давлате барои обод кардани он ҳисса мегузорад. Фақат мардуми афғон азият мекашад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шаҳри Кобул монанди пештара аз нав гулистон шавад, обод шавад. Ва инчунин мардуми шарифи Тоҷикистон заҳмат мекашад, азоб мекашад ва он харобазорҳоеро, ки имрӯз мебинем, аз нав обод мекунад. Ба умеди ягон кишвару давлати ҷаҳон шудан даркор нест. Дар бисёр баромадҳои худ гуфтам ва имрӯз ҳам мегӯям. Нокомиҳои зиёде буданд ва имрӯз ҳам ҳастанд. Бисёр кишварҳои дуру наздик, бисёр душманҳои миллати тоҷик намехоҳад, ки дар давлати Тоҷикистон ва махсусан дар сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон тинҷиву оромӣ бошад.

Инро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Ва махсусан мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳушёриро аз даст надиҳем ва бозичаҳои дасти дигарон нашавем, ки ин оқибат зарараш ба сари мардуми худи мо меояд. Устод дар ин ҷо суханҳои бисёр хуб гуфтанд. Баъди ин суханҳои хуб сухан гуфтан ҳам мушкил аст. Лекин чи илоҷ, ки мо мушкилот дорем. Мо ваҳдатро мехоҳем, Мо сулҳро мехоҳем, Мо миллати худро сарҷамъ кардан мехоҳем. Мо мулки худро обод кардан мехоҳем. Мо мақсади мустаҳкам кардани пойдевори давлати тоҷиконро дорем. На чизи дигаре. Аз ин лиҳоз дар ин рӯзҳои таърихӣ гилагузориҳоро як сӯ гузорем. Хушбахтона, дар вақти мулоқоти нахустини мо бо домулло Сайид Абдуллоҳи Нурӣ якдигарфаҳмие шуд, ки мо гузаштаро нахостем, ки варақ занем. Ва фикри имрӯзу фардоро карда истодаем, ки чӣ гуна, ба кадом роҳ мо мардуми худро сарҷамъ кунем, мулки худро обод кунем. Хушбахтона, миннатдории худро аз номи ҳайати вакилони Тоҷикистон, ки ба ин ҷо омаданд, баён карданӣ ҳастам.

Боз як бори дигар ба ҳамаи ҳайати раёсати ҳукумати имрӯза бо сардории ҷалолатмаъоб, профессор Бурҳониддин Раббонӣ гуфтанӣ ҳастам, ки ба мушкилоти худ нигоҳ накарда барои мо чунин шароиту имкониятҳо муҳаё сохтанд, ки аз худашон сар карда тамоми ҳайати ҳукумат, тамоми мардуми шарифи Афғонистон, махсусан мардуми меҳоннавозӣ шаҳри Кобул, барои меҳмоннавозӣ, барои сулҳу салоҳ, барои якдигарфаҳмӣ, барои ин чорабинӣ омода ҳастанд. Як бори дигар ба шумо, ҷалолатмаъоб, устоди мӯҳтарам, миннатдории шахсии ман ва тамоми мардуми Тоҷикистонро  баён медорам. Фаромӯш накунем, ки Шумо ки як шахси бузург на танҳо дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон, балки ҳамин гуна шахс дар Тоҷикистон низ ҳастед ва мардуми мо ҳамеша омода ҳастанд, ки Шуморо қадрдонӣ кунанд.

Кӯшиш кунем, ки натанҳо ҳамин як гузаргоҳи Бандар Шерхонро дошта бошем, кӯшиш кунем, ки сарҳадоти мо ором бошад, гузаргоҳҳои хеле зиёд дошта бошем, ки мардуми мо бо якдигар рафтуомади озод дошта бошанд. Бисёриҳо хешу ақрабо ҳастанд, бисёриҳо дӯстони зиёд доранд. Робитаҳои иқтисодӣ метавонанд мардуми моро, муносибатҳои моро боз мустаҳкамтар намоянд. Ончи, ки мехостам имрӯз боз як бори дигар баён кунам, аз рӯзи аввал то ба имрӯз барои сулҳ омода ҳастем. Кори дигар нест. Таърихи ҷангҳоро агар омӯхта бошем, оқибаташ сулҳ аст. Даҳсолаҳо, садсолаҳо ҷанг шуда бошад ҳам, оқибаташ сулҳ аст. Кӯшиш кунем, ки ҳар як фарди тоҷикро эмин нигоҳ дорем ва ба Ватан баргардонем. Инро ман боигарии давлати Тоҷикистон ҳисоб мекунам.

Ташаккур ба диққататон».

Саид Абдуллоҳи Нурӣ: Ман дардеро, ки дар худ мебинам, дар оқои Раҳмонов ҳам дидам.

«Қабл аз ҳама устоди бузургвор, ҷалолатмаоб, раиси ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон, ҷаноби оқои профессор Бурҳониддин Раббониро барои ин дилсӯзие, ки ба хотири мардуми заҳматкашидаву ранҷдида ва мардуми мустазъаф ва мусалмони Тоҷикистон мекунад ва дар баробари мушкилоти зиёде, ки мардумони Афғонистон доранд, ҳамеша дар афкори худ амният, оромӣ, сулҳ ва адами ташаннуҷро дар Тоҷикистон мехоҳанд ва ин шахси бузургвор боиси ин гирдиҳамоӣ хело ҳам бузург шудаанд, ман изҳори қадрдонӣ ва таҷлил мекунам. Ва аз ҳама он дастандаркороне, ки аз раҳбарият ва масъулини Давлати Исломии Афғонистон барои расидан ба як сулҳу оромиш дар Тоҷикистон талош доранд, имрӯзҳо заҳмат мекашанд, ман ташаккур мекунам.

Чи тавре, ки Худованди таборак ва таъоло фармудааст, Худованд ҳамаи башарияти болои заминро аз як мард зан офаридааст. Баъд аз он онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ, шоха-шохаҳо кардааст то ин ки инҳо якдигарро бишносанд. Ва ҳеҷ фазле байни афроди олами башарӣ нест аз лиҳози забону рангу пӯсту аз лиҳози нажод ва қабила, магар ки ба тақво, магар ки ба Худотарсӣ. Чун Худованди таборак ва таъоло дар ин ояти каримаи худ бандагонашро ҳидоят медиҳад, ки чун шумо ҳама фарзанди як марду як зан ҳастед, пас шумо бояд, ки ихтилоф надошта бошед, шумо бояд ки адоват надошта бошед, шумо бояд ки байни якдигар кина надошта бошед.

Ҳама фарзандони Одамед ва Одам аз хок аст. Ин ихтилофоти қабилавӣ барои таъоруф ва шиносии байниякдигарии олами башарият аст. Худованди таборак ва таъоло шоха-шоха кардан ва гурӯҳ-гурӯҳ офаридан ва қабилаву қавмҳоро дар олами башарият эҷод кардан ба хотири таъоруф аст, на ба хотири таҷоҳул. Ба хотири он ки якдигаршинос бошанд, якдигарро бифаҳманд. Мо, Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки имсол таъсисашро бист сол мешавад, аввалин аз ҳаракатҳое буд дар Тоҷикистон, ки барои озодӣ ва барои истиқлолияти кишвар ва барои ёфтани ҳуқуқҳои ақидатӣ ва миллӣ алам бардошт. Ва ин ягона ҳаракате буд, наҳзате буд, ки мардумро бедор кард, то худшинос бошанд.

Мардумро бедор кард то худро аз қайду банди занҷири истиъморгарони шӯравӣ халос кунанд. Баъд аз он ки ба истилоҳ насими демокросӣ дар Тоҷикистон ҳам вазид ва як озодии нисбие барои миллати тоҷик ба вуҷуд омад, ин наҳзат мехост барои миллат хизмат кунад. Барои миллат озодӣ ба даст биёрад ва истиқлолияти кишварро таъмин намояд. Чун истеъморгарон ва абарқудратҳои дунё ҳамеша ва дар ҳама вақт намехоҳанд, ки миллатҳои мову шумо озоду мустақил бошанд ва новобаста ба ягон абарқудрате зиндагӣ кунанд, аз ҳамин лиҳоз ҷангҳои дохилиро бар болои миллати навбедоршудаи мо таҳмил намуданд.

Ва ин ҷангҳо, ки аз тарафи душманони миллати мо таҳмил шуданд ва моро барои куштани бародарҳои худ ва барои хароб кардану вайрон кардани ҷумҳурии ободу зебои худ ва барои касод кардани иқтисоди худ фишор доданд ва оқибаташ он шуд, ки иддае аз мардум барои наҷоти ҷон ва номуси худ аз сарзамини худ, аз ватани худ ҳиҷрат карданд. Ҳиҷрат ба тарафи Давлати Исломии Афғонистон, ҳиҷрат аз хонаи худ ба хонаи бародар буд. Агарчи ҳиҷрат яке аз суннатҳои ислом аст ва бояд ки заҳмат дошта бошад, вале бо шарофати Шумо, бародарҳои афғониямон, мо то ҳоли ҳозир метавонем бигӯем, ки аз мардуми таҳҷоии Афғонистон зиёдтар мушкилот надидем. Балки онҳо аз мо зиёдтар мушкилот мебинанд.

Дар он рӯзҳои аввал, ки кӯмакҳои байналмилалӣ ҳам набуд, дар он рӯзҳо як бурда ноне, ки ин миллати шариф ва мусалмон доштанд, чун худ ғурбатро дида буданд, ҳиҷратро дида буданд, ин заҳматҳоро кашида буданд, бинобар ин моро бо оғӯши гарм ва чеҳраи кушод истиқбол намуданд ва то расидани кӯмакҳо аз муассисаҳои хайрияи бародарҳои араб, бо кӯмаки ин бародарҳо муҳоҷирин зиндагӣ карданд. Албатта ман ҳам ва наҳзати исломӣ ҳам ҷангро дӯст намедорем. Махсусан ҷанге, ки дар муқобили бародари худаш бошад. Ҳаргиз ба ин чиз хеҷ кас розӣ нест. Валекин мо ки дар аввали ҳиҷрат зиёда аз 100 ҳазор муҳоҷир дар шимоли Афғонистон будем ва имрӯз, ки дар кишварҳои муштаракулманофеъ ба ҳисоби намояндагони СММ ва ҳайати Комиссиюне, ки дар он ҷо ташкил шуда буд, 843 ҳазор муҳоҷири дигар дар хориҷи кишвар аст.

Ин мардум имрӯз хориҷ аз Ватани худ, кишвари худ дур аз ҳама ҳуқуқҳои инсонӣ ва фарҳангӣ, дур аз таълиму тарбия, дур аз омӯзиш ба сар мебаранд. Махсусан дар кишварҳои муштаракулманофеъ, ки инҳо зери контроли касе нестанд ва ҷавонҳои мо он ҷо ба фисқу фасод, ба авбошӣ, ба рафторҳои ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ гирифтор шудаанд. Дар солҳои аввал касе ғами онҳоро ва ғами ҳуқуқи онҳоро намехӯрд, бинобар ин мо танҳо барои расидан ба ҳуқуқ, барои он ки худро пеши ҷаҳониён матраҳ бисозем, ки мо ҳам як миллати тоҷик дар ҷаҳон вуҷуд дорем ва мо ҳам бояд, ки дар тамоми маросимҳо,дар тамоми маъракаҳои сиёсие, ки дар кишвар мешавад, баъди амният бояд ҳуқуқ дошта бошем ва иштирок дошта бошем. Яъне аз ин ҷанг, ки мо худ норозӣ ҳастем, аз ин ҷанг, ки мо худ бадаш мебинем, танҳо барои он истифода кардем, ки имрӯз моро бишносанд, ки мо ҳам ҳастем.

Алҳамдуллилоҳ, ки имрӯз бо саъй ва кӯшиши, пеш аз ҳама устоди бузургвор ва насиҳатҳои ин кас аз рӯзи аввале, ки мо ҳиҷрат карда будем ва инчунин бо ташаббуси худи Наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аввалин бор бо роҳҳои сиёсӣ ва музокирот ҳал кардани қазияро иқдом намуда буд, музокирот шурӯъ шуд. Се даври музокирот дар Теҳрон, Исломобод ва аввал дар Маскав ва чандин ҷаласаҳои машваратӣ ҳам гузашт ва мо аз ин кишварҳое, ки барои наздик шудани мо, наздик шудани ду гурӯҳи даргир саъёю кӯшиш карданд, аз фурсат истифода бурда, ташаккури худро иброз медорам. Ин саъю кӯшиши онҳо буд, ки моро бо ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот кунонд. Иқдоми оқои Раҳмонов барои он ки ӯ дар ҳар куҷо ва дар ҳар вақт, ки бошад бо раҳбарияти Наҳзати исломӣ, бо роҳбарияти оппозисиюн мулоқот мекунад, ин иқдоми хубе буд.

Дар мулоқоти аввал ман ба ин кас гуфтам, ки ин аввалин беҳтарин кори сиёсии шумо дар ҳаёти сиёсиатон ҳаст. Албатта ин кори хеле беҳтар дар ҳаёти сиёсии як инсон дар он вақт мусмири самар хоҳад шуд, ки натиҷа дошта бошад. Дар он вақт қадру қиммат хоҳад дошт ва ин дар таърих боқӣ хоҳад монд, ки ба самар ва натиҷа бирасад. Ман вақте, ки мехоҳам сулҳ бикунам, оштӣ бикунам ва иқдом мекунам., дар ин ҳеҷ гуна сиёсатбозӣ, таблиғӣ ё ин ки роҳи нифоқ вуҷуд надорад. Ҳар иқдому ҳаракате мекунам ҳаракати воқеист ва намехоҳам ҷониби мухолифро бо роҳе фиреб бидиҳам.

Ва дар он вақт мо ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ба тавофуқ хоҳем расид, ки аввалан мо дар ин гуфтушуниде, ки мекунем, дар ин ҷаласаҳое, ки мекунем дар ҳақиқат бидуни нифоқ, содиқона ва барои наҷоти миллат ва барои бақои кишвари тоҷикон ва барои истиқлолияти ин кишвари ҳаеша дар занҷир содиқона рафтор мекунем. Ва дигар он ки дар ҳама умур мо худамон истиқлоли раъй дошта бошем. Агар раъю фикри мо, аз худи мо бошад ва касе моро ба ину он таҳмил накунад, ман боварии сад фи сад дорам, ки мо ба натиҷа хоҳем расид.

Ҳуззори бисёр гиромӣ, ҷиҳоде, ки мо шурӯъаш кардем танҳо барои расидан ба ҳуқуқҳои исломии мо ҳаст. Ва ҳанӯз дар даврони шӯравии собиқ, ки Ҳизби Коммунист ҳокими Тоҷикистон буд, ҳаргиз коммунистон иддаъои бехудоӣ намекарданд. Агар коммунистонро кофир мегуфтӣ аз ин ғазабашон меомад, нороҳат мешуданд. Агар коммунистро мегуфтӣ, ки ту коммунист нестӣ, у нороҳат намешуд. Пас фаҳмида мешуд, ки дар қалби онҳо аз эътиқоди ба ақоиди коммунистӣ дида зиёдтар эътиқод ба Худо доштанд. Имрӯз ин ҳизб аз тамоми олам берун шуд. Ин ҳизб дар пеши олами башарият расво ва радди маърака шуд. Дигар ҷомеъаи башарӣ инро қабул надорад. Ман мутмаин ҳастам аз ин. Валекин мо чӣ мехоҳем?

Мо мехоҳем, ки ин тавофуқ, ин сулҳ, ин оштӣ моро ба озодии ақида ва эмонамон бозгардонад. Ва ҷаноби оқои Раҳмонов ва дигар раҳбарияти Тоҷикистон бояд хуб бидонанд, ки мардуме, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, зиёда аз наваду се фисад ҳама мусалмон ҳастанд. Ва худи раҳбарҳо низ мусалмон ҳастанд. Ҳадиси расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи вассаллам ҳаст, ки «ҳар кас ки амри 10 нафар аз умматони ман ба дасти ӯст, рӯзи қиёмат ӯ дастҳояш бо занҷир баста оварда мешавад. Яъне ҳар кас, ки роҳбари 10 нафар аз уматони Пайғамбар (с) бошад, рӯзи қиёмат дастҳояш басташуда кашида оварда мешавад. Агар адл карда бошад, ҳамон адл ин занҷирро кушода мекунад ва инро мебаранд ба ҷаннат.

Агар ҷабр карда бошад, ҷабр, зулм мебарад ӯро ба дӯзах. Бинобар ин имрӯз мардуме, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, инҳо шаҳрвандони ҳамон кишвар ҳастанд, ҳар мусибате, ҳар ҷабре, ҳар зулме мешавад. Куллукум роъин ва куллукум масъулин ъан раъиятиҳин вал эмону роъин ва масъулун ъан раъиятиҳ. Ҳар кадоми шумо ба манзалаи посбон ҳастед. Ва шумо аз раъияи худ пурсида мешавед. Махсусан пешвои як миллат, роҳбари як миллат, раиси як миллат манзалати як посбонро дорад ва аз онҳо пурсида мешавад. Мо, иншоаллоҳ, дар сӯҳбатҳое,ки доштем, як дарде, ки дар худ мебинем, он дардро ҳам дар оқои Раҳмонов дидем.

Ва агар ин дарди мо дарди содиқона бошад, иншоаллоҳ, ки кори мо ба натоиҷ хоҳад расид ва сулҳу амонӣ барқарор хоҳад гашт ва мардуми муҳоҷир ба хонаҳои худ хоҳанд баргашт ва хушу хушбахт зиндагӣ хоҳанд кард. Вале аз баъзе ахборот ва сару садоҳо мешунавем, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон боз ҳамон коммунистҳо мехоҳанд сохти шӯравии собиқро аз нав эҳё бикунанд. Ё ин ки ба истилоҳи дигар, баъзе аз афроде пайдо мешавад, ки бар хилофи орзуву ормонҳои миллат мехоҳанд, ки бо Русия ҳамроҳ бошанд.

Мо аз ин чизҳо ҳазар кунем ва кӯшиш кунем, ки касе дигар миллати моро фиреб надиҳад. Касе дигар занҷири истеъмор дар пойи ин миллат набандад. Касе дигар натавонад, ки озодӣ ва истиқлолияти мову шуморо салб кунад. Инсонҳо тасаввур намекарданд, ки онҳо озод нестанд. Мегуфтанд, ки шумо озод нестед, онҳо мегуфтанд, ки мо озод ҳастем. Валекин намедонистанд, ки банд дар куҷои онҳост. Занҷир дар куҷо баста шудааст. Алломаи лоҳурӣ Муҳаммад Иқбол чунин мегӯяд:

Банд андар пой нест, андар дил аст,

Мушкил андар мушкил андар мушкил аст.

Он банде, ки ин истеъморгарон андохтанд, дар пой нест, ки онро бубиниву кӯшиш кунӣ барои раҳо карданаш. Банд дар дил аст. Инсон истеъморро аз дохил қабул мекунад. Вақте, ки нияташ нисбати миллати худаш агар мустақил набошад ва ҳамеша худашро вобаста ба ин ва ё он кишварҳои бегона ва гурӯҳҳои бегона бидонад, ин мустақил ҳисоб намешавад. Ман иншоаллоҳ, аз ин ҷаласаҳо, аз ин диду боздидҳо, аз ин заҳматҳое, ки бародарҳо барои ислоҳи зотулбайн мекашанд, як фоли хубе мегирам.

Боварӣ дорам, ки иншоаллоҳ, оянда ҷаласоти мо, ба ҳамаи он ормонҳо ва орзуҳое, ки мо дорем, моро бурда мерасонад ва ваҳдат ва якпорчагӣ дар байни миллати ҷафокашидаи Тоҷикистон ба вуҷуд меояд ва иншоаллоҳ, ки мо озоду мустақил хоҳем шуд. Ва кишвари мо ҳам як кишвари хушбахт ва мардуми мо ҳам хушбахт хоҳанд гашт. Ва дар охир дуъо мекунам, ки Худои таборак ва таъоло ин кишвари исломии Афғонистонро ва ин роҳбарияти бузургвори онро ҳамеша дар амнияти худ нигаҳ дорад ва ин ихтилофот ва ташаннуҷоте ки дар ин кишвар аст, ба зудии зуд бартараф шавад, то ин ки ин кишвар пуштибонии ҳамаи кишварҳои мустаъзафи минтақа бигардад. Ва ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ».

Султони Ҳамад

Дар ин мавзӯъ: РОЗҲОИ ПИРӮЗИИ УСТОД БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi