13:18:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЗОДИИ МАҲБУСОН АЗ ЗИНДОНҲО ЧӢ ГУНА СУРАТ ГИРИФТ?

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 30

Султони Ҳамад

Дар Душанбе маро дар меҳмонхонаи «Авасто», ки як вақтҳо меҳмонсарои меҳмонони олиқадри Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва дар он ҷо акнун аъзои ҳайати Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон аз ҷониби мухолифин зиндагонӣ мекарданд, ҷой доданд. Чун вазъият дар шаҳр чандон хуб набуд барои таъмини амнияти банда ду нафар корманди амниятиро, ки бо автомати Калашников мусаллаҳ буданд, муваззаф сохтанд. Рӯзҳо агар барои коре аз меҳмонхона берун мебаромадам, ҳатто корҳои шахсӣ ҳам, яке аз онҳо ҳамеша бо силоҳаш дар паҳлӯи ман мебуд. Амнияти тамоми аъзои Комиссияи Созишномаи Оташбас аз ҷониби мухолифин низ ба ҳамин тарз таъмин карда мешуд.

Феҳристи маҳбусон чӣ гуна омода шуд?

/images/stories/2012/06/12_1.sulh-12612-1.jpgҶалолиддин Маҳмудов ва гурӯҳаш чун фаҳмиданд, ки  теъдоди асирони дар дасти муҷоҳиддин боқимонада сиву панҷ нафарро ташкил медиҳанд, як феҳристи маҳбусони дар зиндонҳои ҳукумат будаи мухолифинро тартиб дод ва ба он номи сиву панҷ нафар тарафдорони мухолифинро дохил кард. Қабл аз он ки рӯйхатро ба Амирқул Азимов бисупорад ӯ ба мо гуфт, ки дар ин рӯйхат номи онҳоеро низ дохил кардаем, ки бо эҳтимоли зиёд дар қайди ҳаёт нестанд.

Чунки дар бораи зинда будан ва ё ба шаҳодат расидани онҳо маълумотҳои зидду нақиз дар даст дорем. Дар маҳбасҳо будан ва ё набудани онҳо барои мо дақиқ маълум нест. Бархе аз хешу ақрабои афрод чунин тахмин доранд, ки онҳо шояд дар зиндонҳои ҳукумат бошанд. Барои ҳамин ҳам мо онҳоро ба ин рӯйхат ворид кардем.

Як мушкили дигар он буд, ки бархе аз хешу таборони афроде, ки аниқ маълум буд дар маҳбасҳо ҳастанд, намехостанд, ки номи хеши дар маҳбас будаашонро дар ҳамин феҳрист дохил кунем. Зеро онҳо дар вақти маҳкум шудан ба ҷазо бо мухолифин иртибот доштани худро рад карда будаанд. Аз тарафи дигар ҳанӯз боварӣ надоштанд, ки ин ҳама табодули асирону маҳбусон дар пай ягон нохушие надошта бошад. Онҳо фикр мекарданд, ки шояд дар «паси ин косаҳо нимкосаҳо» мавҷуд аст.

Хулоса дар аввали соли 1997 як рӯйхати иборат аз 35 нафар тарафдорони оппозитсия, ки ба ақидаи ҷониби мухолифин дар зиндонҳои ҳукумат буданд ва бояд бо ҳамин миқдор асири дар дасти размандагони мухолифин буда табодул мешуданд, ба Амирқул Азимов дода шуд.

Оё табодул хилофи қонун буд?

Бояд гуфт, ки дар ҳукумат низ на ҳама тарафдори чунин як табодули маҳбусон бо асирон буданд. Онҳо ба Протоколи Хустдеҳ такя карда мегуфтанд, ки «дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, ки мухолифин асиронро бояд бе қайду шарт озод кунанд. Дар бораи табодули маҳбусон бо асирон дар ин ҳуҷҷат чизе наомадааст».

/images/stories/2.sulh-12612-2jpgДигар ин ки бархе аз масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки мухолифи ин амал буданд, табодули маҳбусонро бо асирон нақзи қонунҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ медонистанд. Зоҳиран ва расман онҳо ҳақ буданд. Барои чунин як коре иҷро шавад бояд афви умумӣ эълон карда мешуд, ки ба чунин як амали густурда ҳукумат ҳанӯз омода набуд.

Вале вазъияти ба вуҷуд омада дар раванди сулҳи байни тоҷикон тақозо мекард, ки аз ҳарду тараф ҳам гузаштҳое карда шаванд. Хулоса, ба гуфтаи Амирқул Азимов, идомаи ин баҳс то ба Президенти кишвар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рафта расид. Танҳо баъди дахолати Раиси ҷумҳур мақомоти ҳифзи ҳуқуқ розӣ шуданд, ки чунин табодуле сурат бигирад.

Баъди ду ё се рӯз буд, ки вокуниши ҳукуматро дар мавриди феҳристи маҳбусон гирифтем. Тибқи ин посух ҳукумат омодааст, ки аз афроди дар ин рӯйхат буда танҳо ҳафт нафарро озод бикунад. Зеро боқимондаҳо ё дар маҳбасҳо умуман нестанд, ё буданду вафот кардаанд ва ё худашон намехоҳанд дар натиҷаи табодул бо асирон ба озодӣ бароянд.

Зеро ба наздикӣ мӯҳлати ҷазояшон хатм хоҳад шуд ва бе ин ҳам онҳо ба озодӣ хоҳанд баромад. Ҷониби мухолифинро ба ҷуз розӣ шудан дар табодули 7 нафар маҳбус бо 35 нафар асир роҳи дигари беҳтаре набуд. Зеро агар ҳукумат ин ҳафт нафарро ҳам озод намекард, ҷониби мухолифин тибқи Протоколи Хустдеҳ муваззаф буд, ки асиронро ҳатман озод намояд.

Аскарони Лаби Ҷар ба Душанбе омаданд

Рӯзи 5-уми январи соли 1997 ба қисми ҳарбии дар Лаби Ҷар будаи нирӯҳои мусаллаҳи ҳукумат аз сӯи ниҳоди фармондеҳиашон амр шуд, ки минтақаро тарк намуда ба Душанбе биоянд. Бо эҳтимоли зиёд котиби Шӯрои Амният Амирқул Азимов вазъро дар атрофи ин қисми ҳарбӣ хеле дуруст фаҳмонда дода будааст, ки чунин тасмиме дар зинаҳои баланди фармондеҳии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гирифта шуд.

Дар иртибот бо ин хабар ҳукумат аз раҳбари ҳайати низомиву сиёсии мухолифин Давлати Усмон хоҳиш намуд, ки ба фармондеҳони дар минтақа будаи оппозитсия дар тамос шуда таъкид кунад, ки ба ин қисми ҳарбии ҳукуматӣ ҳангоми ҳаракаташ аз Лаби Ҷар то ба Душанбе дар тӯли роҳ кордор набошанд ва ба хусус, осебе нарасонанд.

Ҳайати низомиву сиёсӣ каме дар ташвиш аз минтақаи Комсомолобод буд. Ин минтақа таҳти назорати мулло Абдуллоҳ қарор дошт. Амалҳои фармондеҳ мулло Абдуллоҳ баъзан ғайриқобили дарк ва ғайриқобили пешбинӣ буданд. Узви ҳайати низомӣ сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит, ки масъулияти бо ӯ ва гурӯҳаш кор бурданро дошт, тавонист ӯро мутақоид созад, ки аскарони ҳукумат беосеб аз маҳали таҳти нуфузи ӯ гузаранд.

Худи Маҳмадалӣ шахсан дар ин кор саҳм гирифт. Хулоса шукри Худо, ки бидуни ҳодисаи номатлуб корвони техникаи низомии қисми ҳарбии Лаби Ҷар роҳи 150 километриро тай намуда бо 150 аскар бе осеб ба Душанбе расид ва боз як қадами муҳиме ба сӯи истиқрори суботу оромӣ дар ин минтақа ва ҷумҳурӣ гузошта шуд.

Вазъи Қаротегин дар маркази диққат

Рӯзи 6-уми январ ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки муовини сарвазир марҳум Қадриддин Ғиёсов аз сафари ҳайати ҳукуматӣ ба водии Қаротегин ва раванди татбиқи Протоколи Хустдеҳ дар он ҷо як гузориши муфассале кард. Ҳамаи он пешниҳоду дархостҳоеро, ки ҳайати низомиву сиёсии оппозитсия барои беҳбуд ёфтани вазъият ба ҳайати ҳукуматӣ дар Қаротегин ироа карда буд, Қадриддин Ғиёсов дар ин ҷаласа баён кард.

/images/stories/2012/06/12_3.sulh-12612-3.jpgДар натиҷа ҷаласаи ҳукумат қарор қабул кард, ки тибқи он бояд дар рӯзҳои наздик ба водии Қаротегин 1500 тонна сӯзишворӣ, 1500 тонна маводи хӯрока бифиристанд. Интиқоли барқ, ки аз аввали моҳи декабри соли 1996 ба водии Қаротегин қатъ карда шуда буд, боз аз сари нав гирифта шавад. Алоқаи телефонӣ низ барқарор карда шавад. Масъулини барқи вақти кишвар ва вазири алоқаи Тоҷикистон вазифадор карда шуданд, ки ба маҳалҳо, яъне ба Қаротегин, рафта ҳарчи тезтар камбудиҳоро дар ҷояш бартараф намоянд.

Субҳи рӯзи сешанбеи 7-уми январ, Амирқул Азимов хабар дод, ки имрӯз ҳафт нафар маҳбусро аз зиндонҳо озод мекунанд. Омода бошем, ки қарор аст худи ҳамин рӯз онҳоро ба Ғарм бубарем. Дар ин сафар моро  Қадриддин Ғиёсов- муовини Сарвазири ҳукумати ҶТ, раисони навоҳии Ғарму Тоҷикободу Ҷиргатол Тӯйғун Абдуҷабборов, Сироҷиддин Исмоилов, Энекен Давлаталиева ва  полковники милиса, марҳум Алиҷон Имомназаров, ки сардори раёсати кадрҳои ВКД ҶТ шуда кор мекард, ҳамроҳӣ мекунанд.

Хулоса қабл аз зӯҳр чархбол ба ҳаво хест. Дар дохили чархбол ба ғайр аз ҳайати ҳукумат ва маҳбусони озодшуда боз чанд халтаи оддии пурборро дидам, ки раисони ноҳияҳо ҳар чанд лаҳза баъд ба тарафи онҳо нигоҳ карда чизе мегӯянду баланд механданд. Билохира тоқат накарда пурсидам, ки дар даруни ин халтаҳо чи чиз аст. Ҳамагӣ баланд хандиданду ба як овоз гуфтанд: «Пул, пули маоши қариб яксолаи кормандони идораҳои давлатии се ноҳия. Агар мо маоши онҳоро надиҳем, бисёр мушкил аст ба кор ҷалб кардани онҳо. Дар сурати ғайр эҳё кардани фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ бисёр душвор аст».

Аз маҳбусони озодшуда фаҳмидам, ки ҳамаи онҳо аз ноҳияи Ғарм будаанд.

Ҳамин ки чархбол дар варзишгоҳи Ғарм поин шуд аз маҳбусони озодшда хоҳиш кардам, ки дар паҳлӯи чархбол биистанд то ман акси онҳоро барои таърих бигирам. Ҳамин тавр ҳам карданд. Чанд акс гирифта будам, ки марҳум Сироҷиддин Давлатов (қумандон Серёжа) ва Мирзохӯҷа Аҳмадов хоҳиши бо маҳбусони озодшуда акс гирифтанро карданд.

Хоҳиши онҳоро ба ҷо овардам ва дар навбати худ аз Маҳмадалӣ Ҳаит хоҳиш кардам акси маро ҳам бо ҳамаи онҳо якҷо бигирад. Ҳоло аз миёни аксҳои зиёди дар он лаҳза гирифта танҳо ҳамин акс дар архиви ман боқӣ мондааст, ки ҳамакнун онро манзури шумо, хонандаи азиз мегардонам.

(Идома дорад)

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 29

ЧАРО ЧАРХБОЛРО АСКАРОН ЗАХМӢ КАРДАНД?



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi