06:20:15 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР ИН ҶАНГ МОДАРОНИ ФАРЗАНДГУМКАРДА ЗИЁД БУДАНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 46

Султони Ҳамад

Посухҳои Мирзо Зиёев бисёр содда, мантиқӣ ва самимӣ буданд. «Ман бо аҳли оилаам дар Панҷ зиндагӣ мекардам,- мегуфт ӯ. Ба касе кор надоштам. Як деҳқони обчакор будам. Харбузаву тарбузкорӣ шуғли дӯстдоштаам буд. Ҷанг сар шуд. Мардуми бегуноҳу бечораро маҷбур карданд, ки хонаву дар, гову мол, чизу чораи худро партофта фирор кунанд. Ман ҳам агар дар қатори онҳо фирор намекардам мисли садҳо нафар аҳли ноҳия қатли ом мешудам. Бо як азобе ҷони ҷавонамро гирифта ба он тарафи соҳили Омӯ гузаштам.

Афғонистон ҳам кишваре набуд, ки…

/images/stories/2013/02/25_1-sulh-250213.jpgАфғонистон ҳам кишваре набуд, ки мо он ҷо оромона бидуни мушкилот зиндагӣ кунем,- мегуфт Мирзо Зиёев ба модарони сарбозони асир. Ҳарчанд афғонҳо моро хуб пазируфтанд, вале чӣ кунем, ки дар он ҷо низ ҷанг буд ва қабл аз ҳама мулки бегона буд. Мо бисёр мехостем, ки дар Ватан бошем. Баъзеҳо ҳатто баъди як муддати кӯтоҳи дар ғарибӣ будан довталабона ба Ватан баргаштанд. Вале дар Ватан мавриди таҳқир, таъқибу озори силоҳбадастон қарор мегирифтанд. Ҳатто бархе аз онҳо кушта мешуданд.

Раҳбарони оппозисиюн, ки дар Афғонистон муҳоҷиринро сарпарастӣ мекарданд, ба мо мегуфтанд, ки сабр кунем то музокироте, ки онҳо бо ҳукумат оғоз кардаанд, ба як натиҷа бирасад. Вале музокирот ба кундӣ пеш мерафт. Мо як гурӯҳ ҷавонони муҳоҷир азм кардем, ки сарҳадро убур карда ба ватани аҷдодиамон кӯҳистони Вахёву Қаротегину дигар манотиқи Тоҷикистони азиз биёем ва дар ин ҷо зиндагиамонро идома бидиҳем. Ҳукумат аз омадани мо хабардор шуду алайҳи мо лашкар кашид. Мо маҷбур шудем, ки худро муҳофизат кунем.

Роҳи дигар надоштем. Хориву зории муҳоҷиратро дида будем. Барои мо дигар дар Ватан кушта шудан, дар дари хонаи худ, ки мартабае низ пеши Худои бузург дорад, ҳазор бор беҳтар аз дар ғарибӣ мурдан буд. Барои ҳамин ҳама бо як азми комил муқовимат кардем. Мо ҳамин танку БТР-у тӯпҳоеро, ки мебинед, бо худ аз Афғонистон наоварда будем. Онҳоро ба ин ҷо ба муқобили мо, барои куштани мо оварда буданд. Мо онҳоро аз дасти муҳоҷимон гирифтем.

Шумо, модарон ва падарони азиз, мегӯед, ки чаро мо ба сӯи ҳаммиллатони худ тир паррондем? Чаро онҳоро асир гирифтем? Чаро асиронро ба хонаҳояшон ҷавоб намедиҳем? Бубинед, охир, онҳо ба назди мо бо оғӯши кушод наомада буданд, ки мо низ чунин кунем. Онҳо моро бародарвор пешвоз нагирифтанд, ки мо низ чунин кунем. Ба сӯи мо аз анвои мухталифи силоҳ, аз танку тӯп оташ мекушоданд. Ба болоямон бо тайёраҳои ҷангӣ бомба мепартофтанд.

Мо низ барои ҳифзи ҷони худ маҷбур будем, ки аз силоҳ истифода барем. Маҷбур будем, ки тир парронем. Мутаассифона, дар нн ҷанг аз ҳарду тараф ҷавонон кушта мешуданд. Ман даҳҳо нафар аз ҳамсафонам, ҷавонони нобишкастаармонро бо ҳамин дастони худ ба хоки сияҳ супоридаам. Дар баъзе минтақаҳое, ки баъди ҷангҳои шадид ба ихтиёри мо мегузаштанд, мо баъзан ҷасадҳои сарбозони ҳукуматиро пайдо мекардем, ки онҳоро низ бо расму русуми тоҷикиву мусулмонӣ ҷаноза карда ба хок месупурдем. Аз ин даҳшати бузургтаре буда наметавонад, ки ҳаррӯз ҷавони навхатеро бо либосҳои оғӯштаи хун дар тан бо оғӯши хоки тар бигзорӣ. Фоҷиаи миллат аст ин.

«Мо ба ҳуқуқҳои асирон арҷ мегузоштем»

Барои ҳамин ҳам мо бо роҳҳои гуногун талош мекардем, ки талафоти ҷонӣ дар ин ҷангҳо набошад ва ё ҳарчӣ камтар бошад. Масалан ваъда медодем, ки касе аз сарбозони ҳукуматӣ агар таслим шавад, ҷони ӯро ҳифз хоҳем кард. Бисёриҳо ба мо бовар карда силоҳро ба замин гузошта ба тарафи мо мегузаштанд. Мо ба ҳуқуқҳои асирон арҷ мегузоштем. Ва акнун ба саволи барои чӣ онҳоро ба хонаҳояшон ҷавоб намедодем, ҷавоб медиҳам. Танҳо барои он ки онҳоро дуввумбора ба ҷанг нафиристанд. Дар таҷрибаи мо чунин ҳодисаҳо, мутаассифона, рух медоданд.

Шароити зиндагонии асирон чандон бад нест. Аксарияти онҳо дар бинои як мактаби ҳаштсола нигоҳ дошта мешаванд. Панҷ вақт намозашонро тарк намекунанд. Қуръонхону ҳадисхон шудаанд. Бигӯед, ки оё ин бад аст? Ба корҳои хоҷагидории мардуми таҳҷоӣ кӯмак мерасонанд. Як қисми онҳо дар хонаҳои мардум бо онҳо якҷо зиндагонӣ мекунанд. Хурду хӯрокашон якҷо бо аҳли ҳамон хонавода мебошад. Худо хоҳад, баъди чанде Шумо фарзандҳоятонро хоҳед дид ва ҳамаашро хубтар хоҳед фаҳмид»,- дар хулосаи гапаш гуфт Мирзо Зиёев.

Абдузамир ягона бародарашро мекобад

/images/stories/2013/02/25_2-sulh-250213.jpgПадару модарони сарбозони асир ҳар кадом бисёр мехостанд, ки дар бораи фарзандони худ ба Мирзо Зиёев чизе бигӯянд ва аз ӯ дар бораи онҳо чизе бишунаванд. Дар ин байн ҳикояти як марде, ки ба назар аз дигар падару модарон ҷавонтар менамуд, ба фикри ман хеле таъсирбахш буд. Ӯро Абдузамир мегуфтанд. Аз кадом ноҳияи вилояти Суғд буданашро фаромӯш кардам. Абдузамир гуфт, ки ӯ ба ҷустуҷӯи бародараш Абдураҳим (номҳоро тағйир додам) омадааст. «Мо аз як падару модар ҳамагӣ ду нафар бародар будем.

Падарамон ҳангоми думоҳа будани Абдураҳим бар асари як ҳодисаи фоҷиавӣ ин ҷаҳони фониро падруд гуфт. Модари дар ҷавонӣ бевамондаамон моро бо як азобу уқубат калон мекунад. Мехононад. Бо як орзуву ҳавас аввал маро ва тақрибан се сол пеш, яъне соли 1994, Абдураҳимро низ хонадор мекунад. Тахминан баъди як соли хонадорӣ ба қудрати Худованди бузург Абдураҳим писарчадор мешавад. Аз таваллуди писараш ҳамагӣ 20 рӯз гузашта буд, ки рӯзе ба модарам рафиқони ҳамдеҳаамон хабар медиҳанд, ки дар як «облава» , ки дар маркази ноҳия аз тарафи низомипӯшон гузаронида шудааст, Абдураҳимро дошта ба тарафи Душанбе бурдаанд.

Чанд муддат пас хабар расид, ки додаракамро аз Душанбе  ба Тавилдара ба ҷанг бурдаанд. Тақрибан беш аз дувуним сол мешавад, ки аз ӯ як хабари дақиқ надорем»,- оҳи сарде кашида гуфт бо як андӯҳи зиёд Абдузамир. Ӯ бо худ чанд акси бародарашро низ дошт. Аксҳоро ба Мирзо Зиёев нишон дода аз ӯ пурсид, ки оё ҳамин ҷавонро дидааст ё на? Мирзо Зиёев баъди дидани аксҳо посух дод, ки феълан аник гуфта наметавонад, ки ин ҷавонро дидааст ё не. Зеро бо эҳтимоли зиёд қиёфаи ин ҷавон ва дигар усаро баъди риш мондан тағйир кардааст.

Ин аксҳоро ба муҷоҳиддини қаторӣ нишон диҳад шояд онҳо шиносанд. Зеро муҷоҳиддин бо усаро бештар сару кор доранд. Абдузамир аксҳои бародарашро қариб ба ҳамаи муҷоҳиддони дар Тавилдара буда нишон дод, вале касе аз ҷумлаи онҳо ҳозир нашуд то бигӯяд, ки «бале ин ҷавонро мешиносад ва ё дидааст». Ҳама мегуфтанд, ки «шояд чунин нафар бошад миёни усаро, вале ин лаҳза онҳо ба ёд оварда наметавонанд, ки ӯро дидаанд ва ё на». Абдузамир умедвор буд, ки ҳайате, ки барои овардани усаро ба Вахёи Боло рафта буд, ҳатман бародари ӯ, Абдураҳимро низ бо худ гирифта меорад.

Чӣ рӯзи маҳшаре буд он рӯз…

Ва инак рӯзи овардани усаро фаро расид. Рӯзи душанбеи 3-ми марти соли 1996, деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара. Нисфирӯзист.Чанд лаҳза пас бояд автобуси ҳомили усаро ба ин деҳа бирасад. Ин хабарро ҳама интизор буданд, вале беш аз дигарон падар модарони сарбозони асир. Ҳар яке мехост, ки ҳарчӣ тезтар фарзандашро бубинад. Автобус тақрибан 30-40 метр аз ҷое, ки падару модарон буданд, дуртар истод. Маслиҳат шуд, ки асирон якто- якто аз мошин мефароянд ва касе, ки аз падару модарон фарзандашро шинохт, ба истиқболи ӯ мераваду сипас дар гӯшае сӯҳбаташонро идома медиҳанд.

/images/stories/2013/02/25_3-sulh-250213.jpgЛаҳзаи хеле ҳассос фаро мерасад. Лаҳзае, ки бархе аз падару модарон ва худи асирон низ онро бесаброна ду – дувуним сол бо як хориву зорӣ интизор буданд. Аввалин сарбози асир аз автобус мефарояд. Ҳамаи падару модарон бо як ҳаяҷони бузург ба сӯи он ҷавон назар мекунад. Ҳар яке аз онҳо дуо мекунад, ки фарзанди худро дар симои он ҷавон бубинад. Лаҳзае ҳама моту мабҳутанд. Нохост садои «Вой балам!» баланд мешавад ва зане аз байни гурӯҳи падару модарон ҷудо шуда бо суръат ба сӯи автобус медавад.

Аз он тараф ҳам он ҷавон «Буваҷон» гӯён ба тарафи модараш дав мегирад. Модар мехоҳад тезтар худро ба фарзандаш бирасонад. Вале саросема мешаваду пешпо хӯрда ба замин меафтад. Ва тез аз ҷояш мехезаду боз ба сӯи писараш давиданӣ мешавад, ки ҷавон «Буваҷон» гӯён худро дар як чашм задан ба модар расонда ӯро ба оғӯш мекашад. Дар ҳамин вақт чанд нафар сарбози асири дигар низ аз автобус фаромада ба тарафи падару модарон назар меандозанд.

Баробари дидани асирони аз автобус фаромада чанд модари синадоғи дигар нолаву фарёдкунон ба тарафи онҳо давиданд. Мисле, ки фақат ва танҳо ҳамон як лаҳза бачаҳояшонро медида бошанду халос. Оҳ, он лаҳза дар он маҳдуда чӣ рӯзи маҳшаре ба по шуд! Забон лол асту қалам оҷиз аз тасвири он лаҳзаи барои бархе аз модарон хурсандибахшу барои иддае аз онҳо дарднок. Модароне, ки фарзандонашонро дарёфт карданд, онҳоро ба оғӯш кашида ҳар замон аз сару рӯю гардани онҳо мебӯсиданд. Шукронаи Парвардигорро мекарданд.

Дар ин байн модаре фарзандашро наёфт. Ҳарисона, бо як ҳаяҷони бузург аз ину он мепурсид, ки оё ҷигарбанди ӯро надидаанд. Ҳама изҳори беиттилоӣ мекарданд. «Охир , ӯ ҳамроҳи Шумо буд, Инро ҳама медонанд. Чаро ӯро бо худ наовардед?», гӯён аз гиребони як сарбози асир гирифта фарёд кард модари зор. Банохост аз забони он сарбози асир баромад, ки «модарҷон, фарзанди Шумо ҳалок шуд». Модар баъди шунидани ин хабари шум, лаҳзае хомӯш истод. Сипас «Не -е -е !» гӯён фарёди ҷонгудозе бароварду гиребони он ҷавонро чунон силтав дод, ки ӯ ба рӯи раҳ афтид. Модари фарзандгумкарда дастҳо сӯи осмон ин тараф он тараф медавиду «Не!!!» гӯён наъра мезад.

Ба гапи касе гӯш намекард. Касеро наздики худ омадан намемонд. Фақат «Не!!!» гӯён наъра мезад. Ба ногоҳ рангу рӯяш сафед шудан гирифту аз даҳонаш хаф баромад. Ба замин афтиданӣ буд, ки ӯро доштанд. Ба рӯяш об пошиданд. Баъди лаҳзае чашмонашро кушоду «бачаамро биёред» гуфту чунон нолаи ҷонсӯзе кард, ки то ба имрӯз агар ҳамин лаҳза ба ёдам бирасад, наметавонам ашки чашмонамро боз дорам…

Абдузамир агарчӣ бародарашро он рӯз надид, вале ноумед ба назар намерасид. Худо кунад, ки ӯ баъдан бародарашро ёфта бошад.

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 45

ҚИССАИ КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОНИ САРБОЗОНИ АСИР



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi