14:00:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЧӢ ТАВР «САДОИ МУҶОҲИД» ҚОСИДИ СУЛҲ ШУД?

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 48

Султони Ҳамад

Дар яке аз бобҳои қаблии силсиланавиштаҳои худ «Сулҳ ҳадяи Худо буд» ишора карда будем, ки размандагони ИНОТ ё аниқтараш муҷоҳиддини Артиши Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз он ки дар моҳи декабри соли 1996 дар Хустдеҳи шимоли Афғонистон раҳбарияти ду ҷониби даргир тасмими ниҳоии худро дар масъалаи истиқрори сулҳу субот дар кишвар гирифтанд, ниёз ба як таблиғоти густурдаи пазириши ин сиёсати сулҳҷӯёнаро доштанд.

«Садои муҷоҳид» дар Тоҷикистон чоп мешуд

/images/stories/2013/03/18_2-sadoi-mujohid-180313.jpgЯъне онҳоеро, ки дар тӯли чаҳор сол ҳамеша ба гӯшашон талқин мешуд, ки

Ҳазар кун, асри бист асри фасод аст,

Илоҷаш муслиминро Иттиҳод аст.

Ба найранги сиёсӣ ҳал нагардад,

Калиди роҳи пирӯзи ҷиҳод аст,

акнун лозим буд, ки ба қабули сиёсати қатъи ҷанг ва баргаштан ба ҳаёти осоишта розӣ кунонем. Ин корҳоро бояд тарзе ба анҷом мерасондем, ки ба торҳои бисёр нозуки эҳсосоти мазҳабиву ғуруру виқори инсонии ҳар як разманда ҳарчи камтар таъсири номатлуби равонӣ дошта бошанд.

Хулоса, дар таблиғи сиёсати сулҳҷӯёна лозим буд, ки чи тавре дар таблиғи сиёсати ҷиҳод аз васоити ахбори омма васеъ истифода бурда мешуд, ҳамин гуна сиёсатро ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин акнун дар манотиқи таҳти нуфузи размандагони ИНОТ бо истифода аз нашрияҳои худ пиёда кунад.

Барои ҳамин ҳам ин ҳайат чопи рӯзномаи АНИТ «Садои муҷоҳид»-ро дар чопхонаи шаҳраки Ғарм ошкоро ба роҳ монд. То ин муддат «Садои муҷоҳид» ба таври махфӣ ба нашр мерасид ва он дар манотиқи таҳти нуфузи размандагони ИНОТ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Афғонистон, дар урдугоҳҳои муҳоҷирин тавзеҳ мегардид.

Нахустин шумораи он моҳи октябри соли 1993 дар яке аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ба таври хеле махфӣ дар чопхонаи яке аз рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба нашр расида буд. Вале барои дур бурдани шубҳа аз болои рӯзноманигороне, ки дар дохили кишвар бо мухолифини тоҷик ҳамкорӣ мекарданд, дар худи рӯзнома нишонии он вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон нишон дода шуда буд.

Нахустин шумораи «Садои муҷоҳид»

Нахустин шумораи «Садои муҷоҳид» ба теъдоди 500 нусха дар чаҳор саҳифаи ҳаҷми рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба табъ расида буд. Рӯзнома бидуни акс чоп шуда буд, ба истиснои расми офтоби аз паси кӯҳ тулуъкунанда, ки дар паспорти рӯзнома ҷой дода шуда буд. Дар ҳамин паспорт рӯзномаро «Нашрияи маркази фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ном бурда буданд. Каломи зерин Худовандӣ шиори газета буд: «Онон, ки ҷиҳод карданд дар роҳи мо, албатта ҳидоят мекунем онҳоро ба роҳи худ».

Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба ҷои сармақола «Паёми раҳбари маҳбуб устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ ба муҳоҷирин ва муҷоҳиддини тоҷик» ба табъ расонда шуд. Паёми устод Нурӣ қариб се саҳифаи рӯзномаро дарбар мегирифт. Дар ин шумора инчунин  хабару шеърҳои сиёсӣ дарҷ гардида буд. Бахши аъзами шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-ро пинҳонӣ ба Афғонистон интиқол доданд ва он дар байни муҳоҷирин паҳн гардид.

Шумораи дуввуми «Садои муҷоҳид» як моҳ пас, моҳи ноябри соли 1993, аз чоп баромад. Он пурра ба яксолагии воқеаҳои хунбори як сол қабли ҷумҳурӣ (соли 1992) бахшида шуда буд. Моҳи январи соли 1994 шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» бо ҳуруфи ниёгон дар Толуқон ба нашр расид. Ҷолиб он аст, ки дар ин шумора раҳбарияти мухолифин тарҳи пешниҳодии сулҳ ба мақсади хатми бӯҳрони ҳарбиву сиёсӣ дар Тоҷикистонро нашр кард.

Бо ибораи дигар бигӯем раҳбарияти мухолифин дар рӯзномаи муҷоҳиддини хеш роҳҳои мусолиматомези қазияи Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ пешниҳод карданд ва ин расо чор моҳ қабл аз оғози музокироти сулҳи байни тоҷикон дар шаҳри Маскав буд. Хулоса то апрели соли 1997 шонздаҳ шумораи нашрияи «Садои муҷоҳид» чоп шуда буд ва миёни муҷоҳиддин ва муҳоҷирини дар Афғонистон буда аз даст ба даст мегашт.

«Садои муҷоҳид» қосиди сулҳ

/images/stories/2013/03/18_1-sadoi-mujohid-180313.jpgБаъди омӯхтани вазъият дар байни муҷоҳиддин ва арзёбии имкониятҳои мавҷуда ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин зарур донист, ки ба хотири таъсири барои раванди сулҳ муфид гузоштан болои муҷоҳиддин нашрияи «Садои муҷоҳид» аз ин ба баъд дар ҳамин шаҳраки Ғарм бо истифода аз имконоти чопхонаи рӯзномаи шаҳрӣ ошкор ба табъ бирасад ва ошкоро дар байни муҷоҳиддини дохили Тоҷикистон паҳн шавад.

Шумораи нахустини «Садои муҷоҳид» ба таври ошкоро рӯзи Иди Қурбони соли 1997 (18-уми апрел) аз чоп баромад. Он дар ҳаҷми як варақ ё худ ду саҳифаи газетаи ноҳиявӣ ба теъдоди 500 нусха чоп шуд. Акнун дар паспорти он ишора мешуд, ки нашрияи Артиши наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Вокуниши ҳукуматдорон баъди ошкор ба чоп расидани нашрия дар дохил, бархилофи интизороти ҳайат, хеле ором ва таҳаммулпазирона буд.

Аслан чопи чунин як нашрияро ба назар мерасид, ки нодида мегиранд. Ба ҳар ҳол касе аз ҳамтоёни ҳукуматии ҳайати низомиву сиёсии мухолифин дар робита ба нашри рӯзномаи «Садои муҷоҳид» дар рӯзҳои аввал изҳори назар накард. Рӯзномаро мехонданду тарҷеҳ медоданд, ки дар борааш ҳарф назананд. Таҳаммулпазирии ҷониби ҳукумат шояд барои он буд, ки дар маводҳои ба нашррасида на танҳо оҳанги хусуматомез ва ё фитнабарангезеро пайдо кардан ғайри имкон буд, балки дар онҳо даъват ба таҳкими сулҳу субот, риштаи дӯстиву муҳаббат ва ваҳдати миллӣ бештар ба назар мерасид.

Дар шумораи нахустини «Садои муҷоҳид»-и ошкоро ба нашррасида дар саҳифаи аввал номаи табрикии устод Нурӣ ба муҳоҷирину муҷоҳиддин ба ифтихори фарорасии Иди Қурбон, табрикоти фармондеҳон Мирзо Зиё, Маҳмадрӯзӣ Искандар ва Мирзохӯҷа Низомов ба ин муносибат, нуқтаназарҳои эшон оиди раванди сулҳ ба нашр расиданд. Дар саҳифаи дуввум таҳти рубрикаи «Дарси ахлоқ», «Насиҳатномаи устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба муҷоҳиддини тоҷик» ба нашр расид, ки дар он аз размандагони мухолифини ҳукумат даъват ба амал оварда мешуд, ки дар чаҳорчӯбаи талаботи ахлоқи исломиву инсонӣ фаъолият карда бо мардум ва мақомоти расмӣ муносибати хуб намоянд ва ҳамеша аз фармондеҳони худ итоат кунанд. Чор шумораи аввали нашрия дар ҳаҷми 1 варақ ё худ ду саҳифаи рӯзномаи ноҳиявӣ ба нашр расид. Шумораҳои минбаъда дар ҳаҷми чаҳор саҳифа чоп мешуданд. Тақрибан моҳе ду маротиба ба нашр мерасид.

Фармон дар бораи манъи шикор

Аз ин ба баъд дар ҳар шумораи «Садои муҷоҳид» феҳристи размандагоне, ки дар тӯли ин даргириҳо ҷоми шаҳодат нӯшиданд, таҳти унвони «Шаҳидон зиндагони ҷовидонанд» ба нашр мерасид. Дар бораи онҳо шеъру қиссаҳо чоп мешуд. Фармонҳои Раиси Ситоди Марказии АНИТ низ дар ҳамин рӯзнома ба нашр мерасиданд.

Масалан яке аз фармонҳое, ки ба нашр расид, фармон «Дар бораи манъи шикор бо силоҳҳои ҷангӣ дар манотиқи таҳти нуфузи АНИТ» буд. Дар фармон, ки аз тарафи Раиси СМ АНИТ Давлат Усмон рӯзи 5-уми май ба имзо расидааст, аз ҷумла омада буд: «Ба сабаби пешгирии нобудшавии ҳайвоноти нодир ва ҳифзи оромиву амнияти манотиқи зери контроли АНИТ фармон медиҳам:

1. Шикор бо силоҳҳои ҷангӣ дар манотиқи таҳти нуфузи АНИТ қатъиян манъ аст.

2. Муҷоҳидоне, ки дар вақти вайрон намудани ин фармон дастгир мешаванд, аз ҷониби гурӯҳи махсус халъи силоҳ гардида, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд».

Ҳамин тариқ соли 1997 чаҳордаҳ шумора ва соли 1998 нӯҳ шумораи «Садои муҷоҳид» нашр ва асосан дар минтақаи кӯҳистонии кишвар, яъне водии Қаротегину Вахё, Бадахшон ва шаҳри Душанбе паҳн карда шуд. «Садои муҷоҳид» дар баробари воситаи ахбори умум будан, яъне иттилоъ паҳн кардан, инчунин ба ҳайси як василае, ки тавассути он болои фармондеҳону размандагони АНИТ таъсири барои раванди сулҳ мусбате гузошта мешуд, хизмат кард.

Баъдҳо, яъне пас аз дар моҳи сентябри соли 1997 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи Оштии Миллӣ, нашрияи «Садои муҷоҳид» ҳамчун як навъ минбари сиёсии ин ниҳод, ба хусус, зеркомиссияи низомии КОМ, корҳои муфидеро дар тарбияи муҷоҳиддин анҷом дод. Ҳар коре, ки дар ин самт анҷом дода мешуд, дар ин нашрия инъикоси худро тақрибан пайдо мекард. Раванди истиқрори сулҳу оштӣ пасту баландиҳое дошт.

Маҷрои он на ҳамеша ҳамвор ҷараён мегирифт. Ҳамин буд, ки раҳбарияти мухолифин дар ҳамин нашрия дар баъзе авқот ин ва ё он мавқеи ҳукуматро шадидан интиқод мекард. Изҳороту баёнияҳои эътирозомези худро дар ҳамин нашрия ба чоп мерасонд. Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ин аввалин бор буд, ки дар дохили кишвар нашрияе, бигузор чопаш ғайрирасмӣ ҳам бошад, дар саҳифаҳои худ фаъолияти ҳукуматро дар ин ва он самт танқид мекард ва ҳукуматдорон мавҷудияти онро таҳаммул менамуданд ва талош барои манъи фаъолияти он намекарданд.

Яъне як хизмати дигари нашрияи «Садои муҷоҳид» ҳамин буд, ки баъди хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба тадриҷ роҳро барои рӯи саҳна омадани як матбуоти гуногунандеш дар кишвар боз мекард ва боз ҳам кард. Мутаасифона, ин ҷиҳатро муҳаққиқини соҳаи журналистикаи тоҷик ё намедонанд ё медонанду ба кадом иллате нодида мегиранд. Зеро дар ягон китоби таълимии таърихи журналистикаи тоҷик ё асарҳои тадқиқотии ба ин мавзӯъ бахшидашуда мо дар бораи нашрияи «Садои муҷоҳид» ҳатто маълумоти мухтасареро пайдо карда наметавонем.

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 47

АСКАР АКАЕВ МОТАМ ДОШТ, ВАЛЕ БА ТОҶИКОН ХИЗМАТ КАРД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi