02:30:28 23-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Ҳоҷӣ Исмоили ПИРМУҲАММАДЗОДА: «Марги Султони Ҳамад фарҳангӣ буд»

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода – олими барӯманд, шахсияти шинохта рӯзи марги устод Султони Ҳамад ба манзили устод ташриф оварданд, то соатеро бо пайвандони марҳум сипарӣ кунанд. Ин марди нуронӣ ва ин олими хушбаён ва сухандон ҳарфҳое ба забон оварданд, ки барои фарзандону дӯстони устод Ҳамад мояи ифтихор буд.

maxresdefaultМо сабти садои ишонро худи ҳамон рӯз дар сомона гузоштем ва ҳоло бо хоҳиши зумрае аз дӯстон, ки имкони шунидани навори савтӣ надоштанд, он суханонро айнан рӯйи коғаз овардем, ки ин ҷо мегузорем.

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода гуфтанд: Имрӯз Султони Ҳамад моро тарк гуфт. Бисёр як шахсияти аҷоиб буд ва дар журналистикаи тоҷик хизматҳои бисёр калон дорад. Якҷоя бо ғуруби моҳи шарифи Рамазон ин кас ҳам моро тарк гуфт.

Як ду рӯзе, ки ҳаёт аст, чунин бояду зист,

Ба Халоиқ, ки каму беш, санное бирасад.

Вақти рафтан чу расад, низ чунон бояд рафт,

Ки зӣ бегонаву аз хеш дуое бирасад.

Ба хаёли ман Султони Ҳамадро мурданашро касе, ки бишунавад, хоҳ бегона, хоҳ хеш дар ҳаққи ӯ дуои нек мекунад. Чаро, ки ӯ одами сулҳ буд ва дар ҳамин доира қадам мезад. Сулҳаш то он ҷое буд, ки бародарон ёдоварӣ карданд, ки ҳамон тиреза, тирезаи утоқи кориаш будааст ва дӯстӣ бо парандаҳо, қумриҳо омада бо ӯ унс гирифта будаанд. Вақте, ки ба назди тирезааш меомадаанд, бо нули хеш тирезаро тақ-тақ мекардаанд. Ва Султони Ҳамад ба эшон дон медодаанд.  

«Мантиқ-ут- тайр», забони парандагон! Бо ҳама аҳл буд, бо ҳама дӯст буд. Ба хаёлам, ки мурчаро ҳам наранҷонида буд. Як бузург дорем, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Худо раҳматшон кунад, мегӯяд ки:

Чу рахти хеш барбастам аз ин роҳ,

Ҳама гӯянд, ки бо мо ошно буд.

Вале к-ин кас надонист ин мусофир,

Чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо гуфт?

Мо шояд, ки Султони Ҳамадро то вақти мурданаш нафаҳмидем! Баъзан мешавад, ки олимони хубамона баъди вафотшон ҷустуҷӯ мекунем, кофтӯкоб мекунем ва меомӯзем. Ба хаёли ман китобҳои нонавиштаи ӯ, ки хеле зиёд дорад, хело журналист ва дипломати серкор буд. Султони Ҳамад бисёр журналисти пуркор буд. Кадом маъракаи ирфонӣ, адабӣ, фарҳангӣ набуд, ки ман ӯро намедидам! Суратгираш дар болои арқанаш ин қадар фидоӣ буд ин одам.

То Ҳастам, эй рафиқ, надонӣ, кӣ кистам,

Рӯзе суроғе назди ман ойи, кӣ нестам.

Дар остони марг, ки зиндони зиндагист,

Таъна ба хештан натавон зад, ки чунин зистам.

Пайдост аз гулоби сиришкам, ки ҳамчу гул,

Як рӯз ханда кардаму умре гиристам.

Ё Раб, чӣ чашмаест, муҳаббат, ки ман аз он,

Як ҷуръа нӯш кардаму дарё гиристам.

Ҳоло ман ҳамин Аҳмадшоҳ, писарашро пурсидам рӯзи аввале, ки дидам гуфтам чӣ ном дорӣ, гуфт, ки Аҳмадшоҳ ном дорам. Ӯ ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд шуморо номгузорӣ кардааст. Ин кас ҳам тасдиқ кард.

Бисёртар мегуфт, ки ду дӯсти наздик дар Афғонистон дорам, ки ҳарду Аҳмадшоҳ ном доранд. Ӯ Аҳмад Зоҳир ва Аҳмадшоҳи Масъудро дар назар дошт. Ба хаёли ман, ки имрӯз бо оғуши боз дӯстонаш ӯро дар олами арвоҳ пешвоз мегиранд. Ин одами боимон буд, мутаддайин буд, марди намозхон буд ва марди мардон ва шахси фарзона буд. Хидматҳое, ки дар арафаҳои сулҳи тоҷикон бисёриҳояшро ман бо чашм дида будам. Шоҳиди ҳол будам!

Беҳтарин мардуми Худо онҳое ҳастанд, ки аз онҳо дигарон манфиат мебаранд. Мардум аз эшон манфиат бурда буд. Султони Ҳамад аз зумраи ана ҳамин гуна инсонҳо буд.

Парвардигоро, эшонро раҳмату мағфират, шоистаи Ҷаннат бигардонӣ.

Ва ман агар ҳамин қасидаро намехондам ба хаёлам дили ман қарор намегирифт. Чаро, ки ин мард марди фарҳангӣ буд, маргаш фарҳангӣ буд, зиндагияш фарҳангӣ буд. Ва як бузург таманно мекардааст, ки ё Аллоҳ, агар маргам медиҳӣ розиам, агар ҳаётам медиҳӣ розиам, лекин маргам деҳ, маргам деҳ, марги боимонам деҳ, рӯзи одинаву моҳи рамазонам деҳ. Ва ҳамин хел ҳам шуд. Худо раҳмат кунад, Султони Ҳамади бародармона…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi