10:24:49 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Бо шунидани номи падар бе ихтиёр аз чашмамон ашк мерезад

Дуруду салом ба хонандагони сомонаи «Рӯзгор». Соат ба 12-и шаб наздик мешуд. Ва ман бо ҷамъи хонавода, бо модару бародарҳову апаҳоям дар утоқи падар нишаста суҳбат мекардем, гоҳе мегиристему гоҳе аз рӯзгори ширине, ки падарҷонамон бо мо буд, ёд меовардему механдидем. Лаҳзаҳое, ки ба ёдошон гоҳ чашмонамон пуроб мешуданд ва гоҳи дигар аз ширингуфториҳои қиблагоҳии марҳум лабонамон ба табассум моил мешуд, гоҳи дигар наметавонистем худро бидорем ва механдидем.

1.s.hamad 65124555Вақте ба утоқи хобам мерафтам, то сар ба болини истироҳат гузорам, хостам сайре ба сафҳаи фейсбукам дошта бошам. Вақте саҳифаро боз кардам, аввалин чизе, ки ба чашмам расид, видеои дӯстам дар бораи падар буд. Диққати маро ба сабти видео номи ПАДАР кашид ва ба суръат онро боз кардаму шунидам. Ёдам омад, ки ман борҳо таронаҳои марғуберо дар васфи падар шунида будам, аммо ба гумонам каме аз онҳо ба мисли ин тарона пуртаъсир буд.

Вақте сурудро шунидам дигар, тоқати идораи ашкҳоямро накардам, аммо … дар он лаҳза фақат падарамро пеши назар ёд меовардам, ки чӣ рӯзҳои хуше буд, кош падар ин ҳама рӯзҳое, ки шуморо аз даст додаем, дар хоби ман бошаду ман аз ин хоби пур аз дарду ғами бепадарӣ бедор шавам, шуморо болои сарам бинаму аз пешониатон ҳазор бор бибӯсам ва дар оғӯши гарму пур аз муҳаббати шумо дароям.

Мисли он рӯзҳое, ки дар паҳлӯятон мисли кӯдакон аз оғуши модар канданӣ нестанд, ман бошам дар паҳлӯятон меомадаму шумо бошед ба оғушатон мегирифтеду мебӯсидед маро. Ва ман бошам, ба шумо саволи кӯдакона медодам, ки падарҷон шумо дар ёд доред, ки бобом шуморо мисли ман оғуш гирифта бошад? Шумо бошед, падарҷон ба як лабханд мегуфтед, ки дар ёд надорам намедонам, инро барои тасаллии дили ман мегуфтед, ки ман зиқ нашавам ё рости дар ёд надоштед, чунин лаҳзаро. Аммо ман бошам ҳамон лаҳза шукри Худоро кардаму ба дилам гуфтам, ки ман ҳамеша дар ёдам мегирам ва шуморо чунон мебӯсидам, ки аз бӯсидани шумо модарҷонам мегуфт, ки нав вақти кӯдакита ёфтӣ, ки падару писар оғуш гирифта нишастаед.

2.s.hamad_65124555Падарҷон агар ман медонистам, ки ин қадар тез моро тарк мекунед, ҳеҷ гоҳ аз оғуши гарматон дур намешудам. Ва дасти нозуки ларзонатонро аз дастам ҷудо намекардам, Падарҷон. Ман нав фаҳмидам, ки бепадарӣ чи дарде будааст, ки бо шунидани номатон дилам сахт метапад, гиря аз гулӯям мегирад, селоби ашк аз чашмонам ҷорӣ мешавад. Нав фаҳмидам, ки чаро шумо ба шунидани сурудҳои падар ё модар ин қадар аз чашмони зебоятон ашк мерехт, ҳамон вақт мегуфтам чаро бо шунидани суруди модар ин қадар ашк мерезонда бошанд падарам, нав ба дарди шумо ошно шудам, он замон ин дардро ҳисс намекардем, чун Шуморо доштем.

Имрӯз мо ҳис кардем падарҷон бо шунидани номи падар беихтиёр аз чашмамон ашк мерезад. Рости падарҷон, ҳарчанд завқ доштам, ки мисли шумо рӯзноманигор шавам. Бандаро гирифта ба шуъбаи рӯзноманигори ТВ ва радиои донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода бурдед. Ва хушбахтона, бо сари баланд донишкадаро хатм кардам. Лек ман бисёртар ба гирифтани навор ё акс ё коргардонӣ худро банд мекардам.

Аз он рӯзе, ки шумо моро Падарҷон, тарк кардеду хонаи охиратро ба худат авлотар донистед, дар дилам меҳри навиштан зиёдтар шуд, намедонам аз куҷо ва чӣ гуна. Мехоҳам бинависам, чӣ гуна бароямон устод дар пайраҳаи зиндагӣ будед, мехоҳам бинависам, чӣ гуна бо фарзандонатон дӯсти ҳақиқӣ будед, мехоҳам бинависам, чӣ гуна падари заҳматкашу меҳрабон будед.

Боварӣ дорам Падар, ки дунё медонист шумо чӣ гуна шахси бо эҳтирому ҳақҷӯ, ватандӯст будед. Ва боварӣ дорам, ки аз навиштаҳои банда бо ҳама камбудиҳо дӯстон эрод намегиранду дасти мубораки худро дареғ надониста, ба ман кӯмаку раҳнамоӣ мекунанд дар ин ҷода.

Аҳмадшоҳи Султон «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi