12:41:41 01-уми Июли 2025 сол

Дидор дар қиёмат устод

Ҷашни арусӣ доштам… ва хостам ёрону назидкон шодишарики хонаводаи Расулзода бошанд. Чанд ҳафта қабл аз ҷашни арусӣ бо устод Султон Ҳамад суҳбат доштем ва таклиф намудам то дар ин ҷашн ширкат варзанд. Омаданд! Рӯзи арусӣ.

1_s.hamad_555565Мо дар наздикии тарабхона қабл аз шуруъи ҷашнвора саёҳат доштем ва нафарони зиёд моро акс мегирифт. Яке аз дӯстонам бо чеҳраи ҷиддӣ гуфт:

- Кова бубин акос аз Олмон омадаст (воқеъан чеҳраи шабеҳи мардуми урупоӣ доштанд), то аксбардорӣ кунад.

Нигаристам устод Султони Ҳамад! Хеле хушҳол шудам. Суҳбат кардем арусӣ бо ҳузури Султон самимӣ буд. Як шаб меҳмони хонаводаи мо буданд ва субҳ ба истгоҳ бурдаму Худоҳофизӣ кардем…

2_s.hamad_555565Ин охарин дидори ману Султони Ҳамад буд. Султоне, ки дустдори Ватан, Миллат ва Аҳмад Зоҳир.

Чанд маротиба хостем дар Душанбе суҳбат кунем…. ҳатто аз бемориашон ҳарфе намезаданд то нороҳат набошем..

Султони Ҳамад рафт, Султоне, ки қалбҳои мухлисони Аҳмад Зоҳирро шод карда буд.

Дидор дар қиёмат устод!

Кова Тилавпур

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ