20:34:34 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Падар, бишнав ин ҳарфи фарзанди хеш…

yodi padar 454542154Салом падарам!

Аз осмон чӣ хабар?

Меҳмонии Худо тамом нашуд, ки баргардӣ?

Умедворам онҷо ки ҳастӣ, ҳолат хуб аст. Инҷо ҳоли ҳамаи мо якранг шуда. Ғами нестии ҷуз дидани ҷойи холии шумо, ҷуз таҳаммули чашмони ғамгини модар, ҷуз диле, ки дигар бароямон дил намешавад, дар фироқат мондаем.

Чӣ хуб буд, агар саломҳоям посух дошт. Чӣ хуб буд, агар субҳо то шаб ва тамоми шабҳо то субҳ канорам будӣ. Падарам, маънии ҳасратро вақте фаҳмидам, ки барои шод карданат ба ҷойи ҳадя харидан, сари мазорат фотиҳа хондам.

 

Маро бибахш, ки миёни мо нестӣ, то дастонатро ба расми адаб бар дида бигзорам. Ай Худо, чӣ кунам, ки дилам барои садояш, бӯи танаш, як лаҳза дар оғуш кашиданаш, пармезанад!

Бале падар, оғушат амнтарин ҷое дар ҷаҳон буд, ки таҷрибаи дуборааш орзуст. Гарчи ҷисми шумо канорам нест, аммо ёду хотиротатро гиромӣ медорам.

Чӣ дунёест - ин дунё?! Бӯсае, ки падарам аввалин соати таваллуди ман карду ман нафаҳмидам ва ба ёди сӯзандатарин бӯсаи охаре, ки ман ба расми видоъ ба чеҳраи нурониаш задаму ӯ нафаҳмид. Дилам барои он рӯзҳое танг аст, ки медонам боз нахоҳанд гашт. Бидон ҳамеша ёдат дар қалбам зинда хоҳад монд.

Ëди рӯят мекунам ман, эй падарҷонам биë,

Нури чашму қуввати дил зӯри дастонам биë…

Имрӯз зодрӯз дорам Падар! Зодрӯзе, ки пеш аз ҳама ба табрикии ман мешитобидеду маро дар ин рӯз табрик мекардед. Чунон ширинсухан будед, ки ҳатто дил аз суханонат канда намешуд. Соатҳо суҳбатҳо мекардед, гушу ҳушам ба шумо буду бо диққат гуш медодам ба он ҳама панду андарзҳоят, ки имрӯз дар ҷодаи зиндагиям ба кор мебарам. Аммо имрӯзе, ки мехоҳам аввалин шуда табрикоти шуморо гуш бидиҳам, куҷоед, Падар?! Мисли куҳ пуштам будед, аммо бо рафтанат худро шикаста ҳол мебинаму ба ёдат, ба он чеҳраи нурониат, ба он қаду бозуи Рустамонаат, ба он меҳрубониҳоят, ки ба ёд мерасад, ҳамоно дил ба суроғат мераваду чашмонам ба умеди дидорат пур аз об мешавад. Ҳеҷ бовар накарданист, ҳеҷ боварам намеояд, ҳеҷ бовар ҳам намекунам. Гумон мекунам, ки ба куҷое сафар кардаеду имрӯз ё фардо боз хоҳед гашт. Боз садое, ки пур аз меҳру муҳаббат буд, ба гушам мерасад.

Гуфта будед, ки модаратонро ҳамеша ва дар ҳама вақт нагузоред, ки нороҳат бошад. Аммо нороҳатии модарро ман дар набудани шумо мебинам, Падар! Дар назди мо худро мардонавор нигоҳ медораду, аммо дар танҳоӣ дар фироқи шумо менолад. Чунон менолад, ки аз нолаи модар он парандаҳои лаби равзанаатон низ дар нолиш медароянд. Худо шоҳид аст, инро ба чашми сар дидам. Дигар тоқаташро накардаму назди модар рафтам, сахт дар оғуш гирифтамаш, чунон гиристам, ки модари зору нолонам ҳеҷ чизе гуфтан наметавонист. Чунки худаш аз ман дида пур аламтар мегирист…

Рӯзи рафтанат Падар, ман шикастам дар ин дунёи бевафоӣ. Чунон шикастам, ки дигар дар назарам ҳама чиз маънои худро гум кардааст. Шабу рӯз ҳама як ранг аст.

Ҳар вақте ба чеҳраҳои ғамзадаи апаҳоям нигоҳ мекунам, он чашмони зебои пур аз нам гирифтаашон, чунон дардошнои модарро ба ёд меоранд. Мисли модар аз ин хона ба он хона дар суроғи падар овораанд. Кӯдакона дар ҷустуҷӯи падаранд…

Ҳамин тавр бародарони дилхунам низ дар суроғатанд, Падар! Хона меоянду як ба як ба хонаҳо сар мезананд. Мисли ҳарвақт Падар, вақте хона медаромадем аз сари кор, ҳатман дар утоқи кориатон, ки набудед, ба дигар хонаҳо сар мезадем аз онҷо шуморо пайдо мекардем. То ба ҳол ин кор дар дили мо мондааст. Аммо сад афсӯс, ки дар ягон кунҷи хона шуморо пайдо кардан наметавонем. Ҷойи шумо назди Худосту дар дили мо то адаб хоҳад монд.

Соҳибқирони китобхонат ҳар вақте ба утоқи кориат медарояд, ба он китобхонаат менигарат, ба назар чунин менамояд, ки ӯ бо шумо дар суҳбат асту аз шумо кадом як китоберо барои хондан мехоҳад бигирад. Ба ин тарафу он тарафи китобҳо рафта ҳамон китобро пайдо мекунад. Мисли оне, ки меомадем наздат, пурсон шуда, падар фалон китобро доред гуфтаву шумо аз ҷой хеста ба мо он китобро медодед. Ман дар тааҷҷуб меафтодам, ки чӣ тавр аз байни ин қадар китоб беягон кофтукоб, падар медонад, ки чӣ китоб дар куҷо истодааст. Баъдан гуфтед, ки ман ҳамаи ин китобҳоро хондаам ва ҳамаи онҳоро медонам, ки кадомаш дар куҷои ин китобхона ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Ҳамин тавр, Соҳибқиронро дидам, ки беягон ҷустуҷӯ китоберо гирифту мани кунҷкоб пурсон шудам, ин китобро аз куҷо фаҳмидӣ, ки дар он гӯшаи китобхонааст, ҷавоб дод, ки раҳматии бобоям ба ман гуфта буд.

Падар ҳар вақте, ба утоқи кориат медароем, аз ҳамаи он китобҳо бӯи шумо дар димоғамон мерасад. Чунки ҳамаи ин китобҳо то лаҳзаи охар бо шумо буду акнун ки нестед, ба мо дилсӯхтагон бӯи шуморо накҳат мебахшанд.

Худоё, чӣ кунам, ки на тавони ба даст оварданашро дорам, на тавони фаромӯш карданашро…

Чеҳраи меҳрубонатро ҳамеша мебинам, гармии дастонатро эҳсос мекунам ва зам-замаи муҳаббататро мешунавам. Хотироти хуби бо шумо буданро дар фикрам мехонам ва дарди набуданатро ҳамвора бар душ мекашам. Медонам дигар ҳеҷ гоҳе ба суроғам намеойи, вале боз ҳам мунтазирам…

Ба интизори он нигоҳи меҳрубонат, он дастони навозишгарат ва он эҳсоси гарму латиф хоҳам монд. Худат аз он боло шоҳид ҳастӣ, ки ин рӯзҳо бар мо чӣ гуна мегузарад. Ҳамеша дӯстат хоҳем дошт ва ёдат дар дили мо зинда хоҳад монд.

Дар охир аз ҳамаи шумо дӯстони азизам, барои ин ҳама ҳамдардиҳову дуоҳои некатон дар ҳаққи падари раҳматиам ва дар он рӯзҳои мусибат бо мову оилаи мо будед ва то ба ҳол бо моеду дуогӯ ҳастед, бори дигар арзи сипос ва миннатдории худро мерасонам ва ҳамеша дуогӯи сарфарозии яко-яки шумо ҳастам.

Падарам, дидор дар қиёмат. Хонаи охиратат обод. Ҷаннатул-Фирдавс насибат бод! Омин ё РабалЪоламин!

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi