22:00:20 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
27 28 29 30    

Ду чеҳраи дурахшони тобнок

(дар ҳошияи дувумин солгарди шаҳодати устод Бурҳонуддин Раббонӣ ва интихоботи қарибулвуқӯи Афғонистон)

Аз он ҷо, ки таърих баёнкунандаи зиндагии миллатҳо ва зиндагии қаҳрамонону навобиғ аст, алано мегардад, ки қаҳрамонону нобиғаҳо дар майдони дардҳо, ранҷҳо ва сахтиҳо шамъвор сӯхтаву нурафшонӣ карданд ва чун ситора дар осмони муборизоти исломии  кишвари худ дурахшиданд. Доктор Салоҳуддин Раббонӣ ва устод Атомуҳаммади Нур ба сони шаҳоб  дар осмони муборизоти исломии Афғонистону минтақа дурахшиданд ва равзанаи умедро ба рӯйи миллати Афғонистон кушоданд.

du-chehra-41857

Ин ду шахсияти барҷаставу шуҳратёру номдор аз шогирдону пайравони раҳбари шаҳид, профессор Бурҳониддин Раббонӣ (Худо раҳматаш кунад) ҳастанд ва муваззафанд, ки ормонҳои муқаддаси ӯро бароварда созанду парчами иззату ливои ифтихореро, ки устод барафроштаву ба эҳтизор дароварда буд, онро баланду партавафшон нигоҳ доранд ва интиқоми хуни поки роҳбари шаҳидро аз душманони кӯрдилу сиёҳтинат бигиранд.

Чунончи номдори таърихи Афғонистон Атомуҳаммади Нур мегӯяд: «интиқоми хуни роҳбари шаҳидро хоҳам гирифт ва душманонро бепосух нахоҳам монд. Ман яқин дорам, ки ҳар қатраи хуни Роҳбари шаҳид, ки заминро рангин сохта, даҳҳо ҳазор ҷавони барӯманду фидоиро мерӯёнад ва чароғеро, ки устоди шаҳид барафрӯхта буд, равшан нигоҳ медорад».

Хуни ноҳақ даст аз домони қотил барнадошт,

Дида бошӣ лаккаҳои домани қассобро.

Аз онҷое, ки банда ин ду шахсиятро аз наздик мешиносам ва ифтихори мулоқоту хидматгузории ишонро дорам, мутмаину боварманд бар инам, ки ин ду чеҳраи шинохташуда метавонанд Афғонистонро аз ин ҳама мушкилоту чолишҳое, ки домангири ин миллати сарбаланд аст, наҷот диҳанд ва Афғонистонро ба сӯйи рушду камол раҳбарӣ кунанд. Наҳзатро, ки ин ду шахсият баъд аз шаҳодати раҳбари шаҳид раҳбарӣ мекунанд, Афғонистоншумул ҳамапазир аст.

Чунончи дар даврони ҷиҳоду муқовимат намояндагони ақвоми мухталифи Афғонистон худро дар бистари ин наҳзат медиданд ва ҷойгоҳи ақвоми мухталиф дар ин наҳзат тасбит шуда буд. Ҳеч қавме бар қавми дигар бартарӣ надошту баъд аз он ҳам ин силсила идома дорад ва намояндагони ақвоми мухталиф аз гӯшаву канори Афғонистон узвияти ин ҳаракатро доранд.

Ҳама медонанд, ки номдорони таърихи ҷиҳоду муқовимати Афғонистон қаҳрамони миллии кишвар – инҷинер Аҳмадшоҳи Масъуд, Забеҳуллоҳи шаҳид, Абдулҳайи Ҳақҷӯ, Мулло Нақибуллоҳи Охӯндзода, Абдулбасири Холид, Ғуломмуҳаммади Ориёнпур, Аламхони Озодӣ, Муаллим Некмуҳаммад, Амир Муҳаммади Исмоилхон, Алоуддинхони шаҳид ва устод Атомуҳаммади Нур ва даҳҳову садҳо тани дигар ё аз фарзандони маънавии устоди шаҳид ва ё пайравони мактаби ӯ буданд ва ин ҳама номдорони таърих ифтихори узвияти мактаби раҳбари шаҳидро доштанд.

Афғонистон дар остонаи интихобот аст ва қарор аст, ки зимоми ояндаи Афғонистон аз тариқи интихоботи озод, шаффофу дур  аз тақаллуб муайян гардад. Ба яқин метавон гуфт, ки мавқифгирии Ҷамъияти Исломии Афғонистон таҳти раҳбарии доктор Салоҳуддин Раббонӣ ва устод Атомуҳаммади Нур дар қиболи интихобот пешраву сарнавиштсоз аст ва метавонанд, ки муъодилоти сиёсиро дар кишвар рақам зананд.

Ин ду чеҳраи тобнок, ки аз миёни тӯдаҳои мардум чеҳранамоӣ карданд ва садҳо ҳазор тарафдор аз ҳар гӯшаву канори Афғонистону аз ақвоми мухталиф доранд, исрор ва таъкид бар он доранд, ки интихобот бояд дар фазои озод ва дур  аз тақаллубу сохтакорӣ баргузор гардад. Чун медонанд, ки ҷамъият дар интихоботи озоду шаффоф рақиб надорад ва барандаи интихобот аст. Ва миналлоҳи тавфиқ.

Амирҳамза Саҳроӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi