10:40:29 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Сталин: «Лаврентий, не дури, Айнӣ не виновен!» – II

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

АЙНИРО ДАРСОЛИ 1937 КӢ АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД?

-Устод, шумо дар боло ишора намудед, ки кӯшиши аввалини валангор сохтани хонаи устод Айнӣ шуда буд. Ин воқеа кай рух дод? Оё, ин марбут ба "тройка"-и сталинӣ набуд?

1 sadriddin 4545445-Бояд гуфт, ки ки то солҳои чилум ба ҳаёту зиндагии домулло Айнӣ хавфу хатар таҳдид мекард. Вазъи замона хуб набуд. Собиқ мударриси мадрасаи олии Бухорои амирӣ, домулло Айнӣ дар сатҳи поину болои ҳукумат ҳанӯз ҳам душманони худро дошт ва ана аз ҳамин ҷиҳат домулло тарсу ҳарос доштанд. Ин, албатта, марбут буд ба обрӯю мартабаи эшон дар Осиёи Марказӣ. Бинед, ки баъди солҳои сиюм домулло Айнӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ чун нависандаи тавонои ду миллат эътироф гардид. Асарҳояш бо забони русӣ чоп шуда, дар паҳнои Шӯравӣ хонандагон бо исми нависанда Садриддин Айнӣ ошно шуданд.

Дар Анҷумани якуми нависандагони Шӯравӣ домулло маърӯза карда, он ба русӣ баргардону дар чанд рӯзномаи марказӣ чоп гардид. Аз ҳама муҳим қиблагоҳ бо Максим Горкий, Алексей Фадеев ва Вячеслав Тихонов барин нависандагону шоирони барҷастаи рус ошноӣ пайдо карда, устод Айнӣ аз дидорбинӣ ва мулоқоти хоса бо Максим Горкий як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Домулло боре, вақте ки ман факултаи шарқшиносии Ленинградро хатм карда ба хона омадам, забондонию ҷаҳонбинии маро имтиҳон карда гуфтанд: "Бачем, Камолиддин, агар соли 1934 худат тарҷумони ману устод Гуркий мешудӣ, ҳатман вай барои азобҳои кашидаам дар замони амирӣ ва 75 чӯб хӯрданам ашк мерехт".

Ман қиблагоҳоро хуб фаҳмидам, ки ба кию ба чӣ ишора мекард. Иштироки падари бузургвор дар Анҷумани якуми нависандагони Шӯравӣ барои эшон тақдирсоз буд. Ӯро рафиқ Сталин шинохт. Дар рӯзи аввали кори Анҷуман Михаил Калинин иштирок карда, табрикоти Сталинро ба Анҷуман қироат мекунад. Вай мебинад, ки дар президиум дар паҳлуи М.Горкий мӯйсафеде нишастааст. Тавассути Максим Горкий аз шахсияти устод Айнӣ ҳамчун нависандаи шӯравии тоҷик огоҳ шуда, инро ба Сталин мерасонад.

Роҳбари Шӯравӣ бори аввал номи устод Айниро шунида, мегӯяд, ки Айнӣ кист, ки ман ӯро то ҳол намешиносам ва китобашро ҳам нахондаам. Баъд аз ин бо таъкиди Сталин чопи осори устод Айнӣ ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад. Бояд ва зарур аст, ки ба мавқеи ҷамъиятии устод Айнӣ дар он солҳо баҳо дод. Дар сини 52-солагӣ инқилоби болшевикиро пазируфт, вале дар ҳаёту зиндагӣ ба истилоҳи имрӯз на "сафед" буду на "сурх". То охирин нафас дар баробари эҷодкор будан чун мусалмони комил ва домулло боқӣ монд, панҷ вақт намозашро тарк накрдааст. Асарҳое эҷод кард, ки талаботи давру замон буданд ва бовар дорам, ки бо тағйир хӯрдани системаи сиёсӣ, асарҳои устод Айнӣ ҳеҷ гоҳ мазмуну муҳтаво ва ғояашро аз даст намедиҳад.

Навиштаҳои устод Айнӣ хоҳ бадеӣ бошад ва хоҳ илмӣ инъикоси таърихи халқи тоҷик ва миллатҳои дигаре аст, ки тӯли садсолаҳо бо тоҷикон паҳлӯи ҳам зиндагӣ доштанду доранд. То миллати мо боқист номи устоди Айнӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Мушарраф шудани устод Айнӣ ба унвони хеле баланд- Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳодати хизматҳои бузурги вай дар назди миллат аст. Суҳбати мо сари рӯзгори қиблагоҳ дар Самарқанд буд. Бале, онҳое, ки дар ин шаҳри қадими тоҷикнишин мансаби баланд доштанд, аз ҷумлаи душманони домулло Айнӣ, хостанд " тройка"-и Сталинро барои ҷисман нобудсозии эшон истифода кунанд. Яъне се "шоҳид" барои як бегуноҳ басанда буд.

Маълум, ки падари бузургвори мо солҳои бистуму сиюм дар таъсиси рӯзномаи "Бедории тоҷик" ва маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" саҳми шоиста дошт. Мақолаҳои пуршӯраш дар саҳифаҳои ин нашрияҳо ба нашр расидаанд. Домулло Айнӣ ҳеҷ гоҳ зидди сиёсати Шӯравӣ чизе нанавишта ва нагуфта буд ва чун шахси бедору худогоҳ аз тақдири миллат ранҷҳо мекашид. Талош ба он дошт, ки миллат барои худшиносӣ саросар босавод бошад. Бинед, домулло дар таъсис додани маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" чӣ машаққатҳое мекашад. Масъалаи таъсиси маҷалла ба ҳайси органи обкоми Самарқанд бо забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад.

stalin 65454554Инро қиблагоҳ хеле хуш истиқбол мегирад, аммо намедонист, ки душвориҳо ҳанӯз дар пешанд. -Чӣ душвориҳо пеш омада буд ё дар он замон домулло Айнӣ танҳо буданд? -- Домулло танҳоӣ намекашид, шарикони бовафояш, ки ҳеҷ гоҳ ба ӯ хиёнатеро раво надида буданд, дар назди қиблагоҳ ҷамъ меоянд. Душворӣ, ки мо онро имрӯз проблема мегӯем, нарасидани маблағ барои чопи маҷалла пеш меояд. Саид Ализода, ки вай ҳам шахсияти таърихӣ аст, дарёфти маблағро ба дӯш мегирад. Панҷ нафар маорифпарварони ҷафокашидаи сохти амирӣ, ба мисли Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Роҷии Самарқандӣ ва чанде дигарон ба қиблагоҳ мегӯянд, ки мо омода ҳастем ба "Шӯълаи инқилоб" ройгон хизмат кунем.

Овозаи таъсиси ин маҷалла ба шаҳрҳои Бухорою Хуҷанду Душанбе мерасад. Аз Душанбе Шириншоҳ Шоҳтемур маблағ мефиристад, бухороиён бештар аз як миллион маблағ равон мекунанд. Қиблагоҳ мегуфтанд, ки шахси хеле фарҳангию бедордил Ҳоҷибоеви хуҷандӣ (бобои шоира Фарзона) дар он замон барои нашри "Шӯълаи инқилоб" пули калоне кумак расонд. Дар Самарқанде, ки он солҳо аз нигоҳи сиёсӣ дар ихтиёри тоҷикон набуд, чопу ба нашр расондани рӯзномаю маҷалла бо забони тоҷикӣ кори саҳлу сода набуд, аз шахс қаҳрамонӣ талаб мекард.

Чанде нагзашту абри тираи "тройка" болои хонаи мо лангар партофт, гирудорҳо бо шиори " душмани халқ" сар шуданд. Ман бачаи 9-10 сола будам. Домулло Айнӣ ҳам ба қатори "душманони синфӣ" дохил шуд. Ёд дорам, дар ақиби хонаи мо навиштаҷоте бо забони ӯзбекӣ "ЙУҚ ОЛСУН ДУШМАНЛАРИ КӮЧА- ХИЁБОНИ АЙНИЙ" (нест бод душманони кӯча- хиёбони Айнӣ) пайдо шуд.Қиблагоҳ натарсиданд ва мо- аҳли оиларо дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки ин дасисаи навбатии душманон аст.

Аммо хатар падарро таҳдид мекард ва ӯро ҳабси хонагӣ карда, мо хабар надоштем, ки аллакай ҳукми парронданашро дар Маскав Берияи хабис имзо кардааст. Дӯстону қадрдонҳои қиблагоҳ хабари ҳабси хонагии ӯро ба Душанбе, Тошканду Маскав расонданд. Хуб дар ёдам ҳаст, ки қиблагоҳ мехостанд дар ҳамон шабу рӯз ба устод Лоҳутӣ, ки дар Маскав буд, занг занад, аммо иҷозати аз хона берун рафтан надоштанд. Устод Лоҳутӣ хабар ёфт, оҷил ба номи Александр Фадеев, ки муовин ё котиби Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ буданд, мактуб навишта, китоби "Дохунда"-ро, ки нав бо забони русӣ тарҷума шуда ба нашр расида буд, ба вай мерасонад. Александр Фадеев, ки ба қиблагоҳ эҳтироми бузург дошт, аз ин хабар хеле нороҳат мешавад.

Вай бо ҳамроҳии Ставитский ва устод Лоҳутӣ ба ҳузури Молотов- раиси Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ рафта, худи Молотов қазияро хеле оҷил ба рафиқ Сталин мерасонад. Сталин ҳанӯз ҳам аз домулло Айни чизе нахонда буд ва мегӯяд, ки ин мулло, мударрис ба мо чӣ хизмате кардааст? Молотов боҷуръатона суханони Фадеевро, ки домулло Айнӣ дар анҷумани якуми нависандагони Шӯравӣ Шарқро бо Ғарб ошно сохт, шарҳу эзоҳ медиҳад. Аз ин суханон Сталин безобита шуда, тавассути телефон аз Берия пурсон мешавад, ки вай нависандаи тоҷик Айниро мешиносад.

Берия саросемавор чунин посух медиҳад; " Иосиф Висаринович, фармони қатли мулло Айниро аллакай имзо кардам". Сталин бо қаҳр амр медиҳад: " Лаврентий, не дури, берегите товарища Айни. Он не виновен!". Устод Лоҳутӣ ба қиблагоҳ гуфтааст, ки вақте ҷавоби мусбатро аз Сталин мегиранд, соат се шаб будааст. Оҷилан дар тайёра Ставитский- муовини А.Фадеев, устод Лоҳутӣ ва чанд нафар шоирону нависандагони дигар ба Тошканд парвоз мекунанд. Устод Лоҳутӣ бо кадом суориши А.Фадеев дар Тошканд чанд соате маътал мемонад. Соатҳои нуҳ ё даҳи рӯз буд. Дарвозаи хавлии моро кӯфтанд. Бо ишораи қиблагоҳ модарамон аз сӯрохии дарвоза ба берун нигарист ва омада ба қиблагоҳ гуфт, ки дар ақиби дарвоза шахсони бегонаи бекулоҳанд. Домулло Айнӣ дар он рӯзҳои шум ба мо, фарзандон таъкидан мегуфтанд, ки агар дарвозаро шахсони кулоҳи чарминдор кӯбанд, накушоед, бекулоҳ бошанд, иҷозати даромадан диҳед.

-Дар чунин вазъ ҳолати рӯҳонии домулло Айнӣ чӣ гуна буд? Дар хотиратон мондагист?

sadriddin-lohuti-5489895-Қиблагоҳ, чун фарди мӯъмину мусалмон ба тақдири пешонӣ бовар дошт, фикр мекунам, ки тарс надошт, вале мо, ки хурдсол будем, инро дар ваҷоҳати қиблагоҳ пай бурда наметавонистем. Намояндагони ОГПУ ҳамроҳи комиссияи Маскав дохили ҳавлӣ шуданд. Қиблагоҳ фикр кард, ки кор тамом. Мо, фарзандон ба қиблагоҳ часпидем, домулло Айнӣ кафи росташро болои сари ман гузошт. То ҳол гармии дасти падарро дар фарқи сарам эҳсос мекунам.

Ман баъди гузашти ин қадар солҳо фикр мекунам, ки падар дар он лаҳзаҳо агар тарсу ҳарос медошт, он ҳарорати кафи муборакаш аз куҷо буд? Нафари Маскав худи Ставитский, ки баъдан ман шахсияташро муайян кардам ба қиблагоҳ бо русӣ гуфтанд, ки бо супориши Сталин ба ин ҷо омадаанд. Тарҷумон ҳарфҳои меҳмононро ба қиблагоҳ бо табассум тарҷума мекард, вале домулло мепиндошт, ки онҳо ӯро бо роҳи фиреб аз хона берун бурданианд.

Бинобар он аз онҳо устод Лоҳутиро пурсон шуд, ки вай дар куҷост, сиҳату саломат ҳаст ё не? Дар хотирам намондааст, ҳамин қадар дар ёд дорам, ки намояндаи Маскав бо як меҳру муҳаббат нарангушти дасташро боло бардошта "товарищ Лахути жив и здоровь" гуфта, падарро ба оғӯш кашида ва илова кард, ки "домулло, мо омадаем, ки шуморо ба Маскав, ба хонаи Иттифоқи нависандагон барем". Қиблагоҳ солҳои баъдӣ дар як суҳбаташон он рӯзҳои сиёҳи Самарқандро ба ёд оварда, ба ман гуфтанд: "Бачем, азбаски забони русиро намедонистам, фикр доштам, ки хонаи Иттифоқи нависандагон ҳабсхона ё зиндон аст". Бале, бузургон тарсу ваҳм ва даҳшатро ба тарзи худ таҳаммул менамоянд. 

Рузи дигар қиблагоҳро дар як вагони махсус ба Маскав бурданд. Хонаи моро силоҳдорон муҳофизат карда, дигар шиорҳои зидди устод Айнӣ ба гӯш намерасид. Дар кӯчаю бозор моро муҳофизон муроқибат менамуданд. Вақте ки домулло Айнӣ соли 1937 дар Самарқанд ҳабси хонагӣ шуд, душманон амри вайрон кардани хонаи моро содир намуданд. Гуфтанд, ки ин бино валангор карда шуда, ба нависанда Айнӣ аз қисмати дигарӣ шаҳр барои сохтмони хона замин ҷудо мекунанд.

Бо омадани комиссияи Маскав ин нақшаҳо барбод рафт. Дили падар ба ҳавлӣ хеле месӯхт. Бо вуҷуди бошукӯҳ буданаш онро соли 1934 ҳукумати Тоҷикистон таъмир намуда, худи ҳамон сол Тоҷикистон ба домулло Айнӣ мошини хизматӣ туҳфа карда буд. Дар Маскав ба домулло Айнӣ меҳрубонӣ, қадрдонӣ ва муруввати зиёде карда мешавад. Қиблагоҳ то охири умр хизматҳои бузурги устод Лоҳутӣ ва шахси хеле далеру шуҷоъ Александр Фадеевро фаромӯш накарда буданд.

Нависанда Айниро аз Маскав ба Сочӣ интиқол дода, барояш муҳити хуби эҷодӣ муҳайё месозанд. Тирамоҳи соли 1937 устод Айнӣ бо устод Лоҳутӣ ба Самарқанд, ба хона баргашт. Бегуноҳии ӯ дар Самарқанд барқвор паҳн гашт. Устод Лоҳутӣ бо мошин қиблагоҳро давродаври шаҳр гардонд. Одамон бо сиҳату саломат дидани устод Айнӣ ашки шодӣ мерехтанд. Баъди солҳои зиёд мани хурдсол, ки акнун неку бадро каму беш фарқ мекардагӣ шудам, бори аввал дар лабони қиблагоҳам табассумро медидам. Домулло Айнӣ тамошои бозорро хеле ҳам дӯст медошт, бо мардуми одӣ ҳамсуҳбат мешуд, ҳатто аз мусоҳиб пурсон мегашт, ки аз куҷо аст, падару бобояш чӣ ном доранд ва кадом китобҳоро хондааст?

Пас аз бозгашт қиблагоҳ пазмони бозори Самарқанд шуда буд ва ду ё се рӯз бозорро давр зада, хуб тамошо кард. Дар тамошои бозор маро ҳам ҳамроҳ мебурд. Муҳофизон аз пешу ақиб моро муроқибат менамуданд. Барои домулло Айнӣ тамошои растаи нонфурӯшон ҳаловати аҷиб мебахшид. Нонфурӯшон нависандаи дӯстдоштаашонро хеле хуб мешинохтанд. Як гуфтугузори аҷиби бозор дар хотири қиблагоҳ боқӣ монда буд, ҳар гоҳе дар бораи фасоҳату зебогии лаҳҷаи тоҷикии самарқандиён баҳс сурат мегирифт, бо табассуми аҷибе ин манзараро қисса менамуд.

Он манзара ҳам ҳанӯз пеши хотири ман боқӣ мондааст. Дар растаи нонфурӯшон домулло Айнӣ қариб ҳамаи занону духтаронро хуб мешинохт ва медонист кӣ дар кадом куча зиндагӣ мекунад. Баъди қариб ним соле, ки қиблагоҳ дар бозор ташриф надошт, ҳама пазмони эшон буданд. Аз растаҳо мегузаштем, бӯйи нони гарм ба машоми қиблагоҳ расид. Домулло се- чор нонро даст-даст карда, ба машом наздик овард. Холаҳои нонфурӯш ҳис намуданд, ки домулло нон мехарад, саросемавор нонҳои худро таъриф карданд. Яке аз онҳо ду- се нони гармро болои лаълӣ бардошта, ба домулло муроҷиат карда, гуфтанд:

"Домулло, дошта бинед, аз ман гармакак" Аз ин ибора устод Айнӣ табассуми аҷибе намуда, ба ҳамроҳон маънидорона нигаристанд ва гӯё ки ин ибораҳо дар забони нонфурӯшон хеле маъмул аст, бо як меҳрубонӣ ба он хола гуфтанд: "Боракалло, духтарам, дафъаи дигар аз шумо ҳатман нон мехарем". Тамошои бозор барои устод Айнӣ як ҷаҳон ҳаловат мебахшид, ҳамчун нависанда бисёр чизҳоро аз мардуми бозор меомӯхт ва дар навиштаҳояш моҳирона истифода мекард. Пас аз воқеаҳои соли 1937, зиндагии мо дар Самарқанд боз ба маҷрои пештарааш даромад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi