21:45:09 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Даргузашти Нелсон Мандела

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Аз чаҳоршанбешаби ҳафтаи гузашта ба инҷониб, ки хабари даргузашти як чеҳраи мондагори мубориза зидди нажодпарастӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва аввалин президенти сияҳпӯсти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела паҳн гардид, миллионҳо нафар дар сар то сари олам мотамзада шуданд. Бо гузашти ҳудудан як ҳафта ҳам номаҳои ҳамдардӣ меборанд, шабакаҳои маъруфи телевизонӣ садҳо соат барномаву гузоришот омода ва пахш карданд. То ин замон шояд дар сар то сари олам нашрияҳо садҳо ҳазор саҳифа хабару мақола ва гузоришҳо омода ва чоп кардаанд ва ин саҳифаи "Рӯзгор" илова ба он аст.

Марги марди ҳамосавии таърихи башар

1-nelson-mondela-544545Мандела камтарин шахсияти ҷаҳонист, ки дар зиндагӣ ҳамоса буд, рамзи пайкору мубориза барои озодии башар буд. Ва то охирин лаҳазоти ба муборизаи ҷаҳонӣ барои озодии башар содиқ монд. Ҷейкоб Зума, президент Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аввалин касе буд, ки хабари даргузашти нобиғаи таърихи башарро ба сокинони кишвараш расонд: "Ҳамватанони азиз! Нелсон Манделои дӯстдоштаи мо, поягузори давлати демократии мо имрӯз соати бисту панҷоҳ дақиқа басо оромона дар ҳалқаи пайвандонаш аз олам даргузашт. Миллат фарзанди бузург ва халқ падари худро аз даст дод".

Агар хабар аз забони президент расонаӣ намешуд, шояд ин бор ҳам касе бовар намекард, ки Мандела даргузаштааст. Зеро дар гузашта ҳам ду маротиба хабари марги ӯ паҳн шудаву ду маротиба такзиб шуда буд. Чунончӣ, 6 июни соли ҷорӣ яке аз аввалинҳо шуда дар бораи фавти Нилсон Мандело вазири фарҳанги Африқои Ҷанубӣ Роберто Ампуэро хабар дода буд. "Ҳамин ҳозир Нилсон Мандела, яке аз оқилтарин ва олиҳимматтарин муборизон барои шараф,баробарӣ ва озодии инсон  аз олам даргузашт. Андӯҳгинем аз ин",-навишт вазир дар микроблоги худ дар Twitter. Баъди дусоат бо изҳори маъзарат аз иштибоҳоти худ бознавишт: "Ман басо хушнудам, ки Нелсон Мандела зиндааст".

Марги Мандела ҷаҳони соҳибтамаддунро мотамзада кард. Шояд таърихи муосири олам шахсиятеро дар пояи ӯ надошта бошад, ки ба ин ҳад маҳбубият касб кардаву мағз андар мағзи қалби инсонҳо ҷо гирифта бошад. Ба ҳадде, ки бо дастури президенти ИМА Барак Обама парчами давлатии ин кишвар дар Кохи Сафед ба нишони мотам поин оварда шуд. Дар иртибот ба даргузашти Мандела сарвари ин кишвар гуфт: "Сайёра яке аз бонуфузтарин ва тавонмандтарин фарзанди худро аз даст дод. Мандела умри ҷовид хоҳад дошт".

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз миёни ҳама сарварони Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда унвонии президенти Африқои Ҷанубӣ таъзиянома ирсол кард ва навишт, ки "хотираи ин абармарди бузург ба таври ҳамешагӣ дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд".

Парчами озодӣ ба ивази 27 сол зиндон

Садҳо тан аз тариқи расонаҳои хабариву пойгоҳҳои интернетӣ суол дар миён мегузоранд, ки маҳбубияти Мандела иртибот ба чӣ дошт. Ва коршиносон кутоҳ посух медиҳанд: Вай оламро дигаргун сохт. Ва дар ҳақиқат ба шарофати заҳамоту талошҳои режими нажодпараст дар Африқои Ҷанубӣ аз фаъолият бозмонд. Замоне буд, ки дар ин кишвари Африқоӣ сокинони бумӣ, соҳибони ватан ба ҳукми ғуломон буданд.

Тӯдае аз сафедпӯстон бо пушгтибонии гурӯҳе аз хоинони ин миллат ин кишвари паҳоварро идора мекарданд. Мандела аввалин касе буд, ки зидди ин сиёсат садо баланд кард ва дар ниҳояти кор пирӯз омад. Аммо ба  ивази ҷонбозиҳо ва 27 сол зиндон, ки 17 солашро дар камераи танҳоӣ пушти сар гузоштааст, ки дар шаш моҳ як аёдат ва як номаи иҷозат дошт дарёфт кунад. Баъдан дар китоби хотироташ навишта буд, ки он номаҳо низ ҷиддан хондаву назорат карда мешуданд.

 Аммо ин ҳама иродаи оҳании ӯро нашикаст, вай ба мубориза идома дод, ҳатто озодии ваъдагиро ба хотири озодии миллат рад кард. Соли 1985 президенти Африқои Ҷанубӣ  Питер Бота ба ивази қатъиян даст кашидан аз хушунат чун силоҳи сиёсӣ ба Мандело озодӣ пешниҳод намуд. Аммо Мандело аз тариқи духтараш ба ин пешниҳод посухи рад дод ва гуфт: ӣ озодие ба ман пешниҳод мекунанд, дар сурате, ки созмони мардумӣ мамнӯъ аст? Танҳо одамони озод метавонанд ба гуфтушунид пардозанд".

Соли 1998 дар ҷараёни боздидаш аз Африқои Ҷанубӣ президенти вақти Амрико Билл Клинтон бо Нелсон Мандела дидор кард. Мандело ӯро ба сайри зиндоне даъват намуд, ки 17 соли умрашро сипарӣ кардааст. Онҳо вориди он утоқи таърихӣ шуданд ва Мандела ба Клинтон аз панҷараи зиндон ба берун нигарист ва нақл кард, ки чӣ гуна 17 соли умраш бо ҳамин назораи оламе, ки дар пеш девору боло ғайри осмони гоҳ обиву гоҳ абрӣ чизе надошт, ба поён расид.

Зиндон истироҳатгоҳ нест, зиндон ҷои шиканҷаву азоб, ҷои маҳрумият аз муколама бо мардум, макони дурӣ аз ёрону пайвандон аст. Режими нажодпараст ба ҳадде низоми сангин дошт, ки ӯро иҷозат надод ба ҷанозаи писараш Тембекиле, дар сонеҳаи ҳавопаймоӣ ба ҳалокат расида буд, ширкат кунад.

Мандело дар зиндагӣ ду бор марги фарзанд дидааст. Соли 2005 писарбузурги ӯ дар синни 54-солагӣ аз бемории СПИД даргузашт. Марги фарзанд бар асри бемории лоилоҷӯро шадидан такон дод. Вай даъват кард, ки ба муқобили ин гуна маризиҳои табобатнашаванда фаъолона мубороиза баранд. Ин дар ҳолест, ки дар Африқои Ҷанубӣ наздик ба 5 миллион нафар сироятшудагон ба ВИЧ ва беморони СПИД ҳаёт ба сар мебаранд, ки ин аз ҳар кишвари олам зиёд аст.

Шигифтиҳои ҳаёти Мандела

2-nelson-mondela-544545Википедия чун анъанаи қомуснигории худ дар баробари нақли ҷараёни зиндагонии ин шахсияти нотакрор баъзе шигифтиҳои ҳаёташро бозгӯ кардааст. Аз ҷумла:

Соли 2011 ба муносибати 93-умин солгарди мавлуди Мандела 12 миллион хонандагони мактаб ҳамзамон таронаи табрикӣ суруданд. Аммо худи ӯ ин рӯзи барояш хеле азизро дар иҳотаи хонавода ва пайвандонаш дар зодгоҳаш, рустое воқеъ дар шарқи Кейптуан гузаронид. 

Соли 2009 бар пояи зиндагиномаи Нелсон Мандела драмаи тарҷумаиҳолии "Мағлубнопазир" наворбардорӣ шуд.

Дар ҳаштодумин солгарди умри худ Нелсон Мандела сеюмин маротиба издивоҷ кард. Ин бор вай ба ҳамсари бевамондаи президенти Мозамбик Самора Машел ҳамбистар шуд ва Граса Машел ягона зани олам аст, ки бонуи аввали ду кишвар шудааст.

Нелсон Мандела соли 1993 барои шуҷоату мардонагӣ дар хатми низоми нажодпарастӣ дар олам сазовори ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Ба дунболи он ба дарёфти ҷоизаи Парламони Аврупо ба номи Андрей Сахаров "Барои сухани озод", ҷоизаи сулҳи Сидней, ордени Кумитаи байналмилалии Олимпиада шудааст. Иттиҳоди Шӯравӣ низ муборизаи беамони Мандело ба муқобили нажодпарастиро бо ҷоизаи сулҳи ба номи Ленин қадр кард. 

Чанде пештар Creators Synectics ӯро нобиғаи замони муосир эълон намуд.

Соли 2009 Маҷмаъи умумии СММ 18 июл, ки зодрӯзи Мандела мебошад, чун рӯзи ҷаҳонии Нелсон Мандела эълон кард. Дар таърихи СММ ин аввалин бор буд, ки рӯзе ба манзури  поси хотири шахсияте ихтисос мегирад ва ҷаҳон аз ин рӯз чун рӯзи бедории зидди нажодпарастӣ ёд мекунад. Ва боз ин замоне эълон шуд, ки Мандела дар ҳаёт буд ва худ муддати се сол шоҳиди таҷлили ин сана гардид.

Мандела аввалин президенти аз роҳи демократӣ интихобшудаи Африқои Ҷанубӣ буд ва аз соли 1994 то соли 1999 дар ин вазифа монд. Дар замони ҳокимияти ӯ дар ин кишвар барномаҳои бунёдии ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардиданд.

Аз ҷумлаи ин тағйирот таъмини комили атфоли то синни шашсола бо табобати ройгони тиббӣ, ҷорӣ кардани таълими қатъӣ ва хатми мактаб барои  бачаҳо ва оғози татбиқи сиёсати миллии таъмини аҳолӣ бо муҳимтарин маводи дорувору ба аҳолӣ мебошад. Аммо Мандела ҳамагӣ як давраи президентӣ ҳокимият кард ва соли 1999 аз сиёсат канор рафт.

Дар маҳбаси  "Виктор Верстер" -и Кейптауна, ки Мандело моҳҳои охири 27 соли зиндони худро пушти сар гузошта буд, ҳоло нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.

Гулчини чанд сухани Нелсон Мандела:

"Олами мо олами умедҳо ва ояндаи бузург аст. Аз сӯи дигар ин олами ҷафову кулфат, бемориҳо ва гуруснагист".

"Озод будан танҳо ба маънои он нест, ки завлонаҳоро аз худ дур андозанд, балки эҳтиром ва озодӣ овардан ба дигарон аст".

"Озодӣ наметавонад қисман бошад".

"Боре науфтодан ин хизмати бузург дар зиндагӣ нест. Муҳим он аст, ки ҳар боре уфтодӣ, боз бархезӣ".

"Ман дарк кардам, ки ҷасорат ин нотарсӣ нест, балки ғалаба бар тарс аст. Одами ҷасур на он аст, ки эҳсоси тарс намекунад, балки он аст, ки зидди тарс мубориза мебарад".

"Тағйир додани ҷомеа мушкил нест, худро тағйир додан мушкил аст".

"Ҷангидан ва хароб кардан басо осон аст. Қаҳрамонони асосӣ ононанд, ки сулҳ меофаранд ва онро пойдор нигоҳ медоранд!".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi