07:45:11 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Рӯзи қудс. Чаро? Аҳамияти Байтулмуқаддас

Байтулмуқаддас ба далоили мутаъаддид барои мусалмонон ва ҷаҳони ислом аз қадосат ва аҳамияти вежа бархурдор аст:

baitul-muqaddas-555

Якум. Фаластин, сарзаминест, ки дар он аввалин қиблаи муслимин, дуввумин масҷиди Ислом, саввумин ҳарами шариф (баъд аз Макка ва Мадина) қарор дорад ва бино ба фармудаи имом Алӣ (а) яке аз чаҳор қасри биҳиштӣ дар дунё (Масҷидулҳаром, Масҷидуннабӣ (с), масҷиди Байтулмуқаддас ва масҷиди Куфа) аст.

Ин шаҳр ба яксон барои пайравони ҳар се дини Иброҳимӣ, муқаддас аст ва қиблаи умматҳои пешин низ буда аст. (Доиратулмаъорифи ташаййӯъ, ҷ 3, с 558). Дар сенздаҳ соли аввали биъсат - ки Паёмбар (с) дар Макка зиндагӣ мекарданд - ва низ то ҳабдаҳ моҳ баъд аз ҳиҷрат ба Мадина, он ҳазрат ва мусалмонон ба сӯи масҷидул Ақсо намоз мегузориданд.

Дуввум. Масҷидулақсо аз ҷиҳати дигар ҳам барои мусалмонон ҳоизи аҳамият аст ва он қадосат ва аҳамияти Исро ва Меъроҷи паёмбари акрам (с) аст, ки аз Масҷидулҳаром ба қасди Масҷидулақсо ва аз онҷо ба осмонҳо сурат пазируфт. Қуръони карим дар ин бора мефармояд: "Субҳоналлази асро биъабдиҳи лайлан минал масҷидил ҳароми илал масҷидил ақсаллази боракно ҳавлаҳу". (Исро (17), ояти 1). "Пок ва муназзаҳ аст Худое, ки бандаашро дар як шаб аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақс - ки гирдогирдашро пурбаракат сохтем - бурд, то оёти худро ба ӯ нишон диҳем ...". Ҷумлаи "боракно ҳавлаҳу" баёнгар ин матлаб аст, ки Масҷидулақсо илова бар ин ки худ сарзамин муқаддас аст, атрофи он низ сарзамини муборак ва пурбаракат аз назари моддӣ ва маънавӣ аст. Ин сарзамини муқаддас дар тӯли таърих конуни паёмбарони бузурги Худо ва хостгоҳи нури тавҳид ва худопарастӣ буда аст. (Тафсири Намуна, ҷ 12, с 10). Аз ҳазрати имом Содиқ (а) нақл шуда аст: "Масҷидулақсо яке аз муҳимтарин масоҷиди ислом аст ва ибодат дар он фазилати бисёр дорад".Р.к: фаслномаи Ҳузур, ш. 40, баҳори 1381, с 111.

Саввум. Дар шаҳри Байтулмуқаддас, илова бар Масҷидулақсо 36 масҷиди дигар вуҷуд дорад, ки 29 масҷид дар дохили шаҳр ва 7 масҷид низ дар хориҷ аз бофти қадим ва дар ҳумаи шаҳр қарор дорад. Илова бар он, мақбараҳо ва зиёратгоҳҳо бисёр аз раҳбарон бузурги ислом ва асҳоби паёмбари акрам(с) дар ин шаҳр воқеъ аст. (ҳамон ҷо, с 112).

Чаҳорум. Афзун бар масъалаи қадосат ва пойгоҳи мумтоз Байтулмуқаддас ва ин сарзамин дар манобеъи асили исломӣ он чи ки дар шароити кунуни масъалаи Фаластинро барои ҷаҳони Ислом аз аҳамияти вежаи бархурдор намуда, мавзӯъи ишғоли он ба василаи саҳюнизм ва истикбори ҷаҳонӣ ва рӯъёрӯии ҷаҳони ғарб бо ҷаҳони Ислом аст. Ба гунае, ки ишғоли Фаластин, ҳаргиз ишғоли як сарзамин ва як кишвар нест, балки эҷоди як конуни истеъмори зидди исломӣ - он ҳам дар қалби ҷаҳони Ислом - дар ҷиҳати нобудии ҷаҳони Ислом ва ҷилавгири аз шаклгирии муҷаддади тамаддуни Ислом аст. Аз ин рӯ қазияи Фаластин илова бар буъди динӣ, бо истиқлол, амният ва манофеъи миллии соири кишварҳои исломӣ низ шадидан дар иртибот аст. Ин воқеъият аст, ки ҳам аз ормонҳо, усул ва барномаҳои нажодпарастона ва тавсеъаталбонаи режими саҳюнистӣ (шиъори густариши Исроил аз Нил то Фурот ва иддаъои тасоҳуби бисёре аз амокини исломӣ) ва ҳам аз назари таърихӣ ва амалкарди он режим дар қиболи мардуми Фаластин ва кишварҳои ҳамҷавори он ва билохира ҷаҳони Ислом, ба хуби қобили исбот аст. Бинобар ин Исроил барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳони Ислом таҳдиди бисёр ҷидди аст. Муҳимтарини ин таҳдидҳо иборат аст аз:

1-4. Таҳдидҳои ношӣ аз фаъолиятҳои низомӣ?

2-4. Таҳдидҳои ношӣ аз ҳузури сиёсӣ?

3-4. Нақши амалкарди иқтисоди Исроил дар минтақа?

4-4. Энержӣ ва масоъили мутараттиб бар он?

5-4. Муҳити зист ва манобеъ табиъӣ .р.к, Сайидҳусейни Мусавӣ, таҳдидҳои ҷадиди амниятии Исроил дар минтақаи Ховари Миёна (Маҷаллаи мутолиъоти минтқаӣ, ш. 8).

Исроил то кунун худро - муқаййид ба муоҳидоти байналмилалӣ - ки дар бораи манъи тавлид ва истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ ва куштори ҷамъӣ, мунъақидшуда, накарда аст. Исроил шашумин қудрати ҳастаии ҷаҳон аст ва баробари баъзе гузоришҳо, ин кишвар ҳудуди 180 то 200 кулоҳаки ҳастаӣ дар ихтиёр дорад. Таслиҳоти таҳоҷумӣ ва атомии Исроил бо таваҷҷӯҳ ба шумори ҷамъияташ, 150 баробари таслиҳоти дифоъии аъроб аст. Ғарб шадидан Исроилро пойгоҳи хатти муқаддам ва ҳомии манофеъи мухталифи худ медонад. Ва бартарӣ ва тасаллути Исроилро бар минтақа ва ҷаҳони Ислом хостор аст.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар мавриди аҳамияти қазияи Фаластин мегӯяд: "агар Пайғамбари Ислом (с) зинда мебуд имрӯз чӣ мекард? Дар бораи чӣ масъалае меандешид? Валлоҳ ва биллоҳ қасам мехурам, ки Пайғамбари акрам (с) дар қабри муқаддасаш имрӯз аз яҳуд меларзад ... ин яҳудиёне, ки шумо имрӯз исмашонро мешунавид - Мушаи Доён, Зили Ашкул, Гулдо Моир - охир бубинед аз куҷои дунё омадаанд? Муддаъи ҳастанд, ки ин сарзамин, сарзамини мо аст ... ҳадаф магар танҳо ҳамин аст, ки як давлати кӯчак дар онҷо ташкил шавад? ... ӯ медонад, ки як давлати кӯчак билохира наметавонад онҷо зиндагӣ кунад як Исроили бузург, ки доманааш аз ин тараф шояд то Эрони худамон ҳам кашида шавад. Ба қавли Абдураҳмони Фаромарзӣ: ин Исроил, ки ман мешиносам, фардо иддаъои Шерозро ҳам мекунад ва мегӯяд: шоъирҳои худи шумо ҳамеша дар ашъорашон исми Шерозро гузоштаанд "Малик Сулаймон". Ҳар чи бигӯи оқо! он ташбеҳ аст, мегӯяд: санад аз ин ҳам беҳтар мехоҳид? магар иддаъои Хайбарро, ки наздики Мадина аст, надоранд? магар "Рузвелт" (раиси ҷумҳури Амрико) ба подшоҳи вақти Арабистони саъудӣ пешниҳод надод, ки шумо биёед ин шаҳрро ба инҳо бифурӯшид?

Магар инҳо иддаъои Ироқ ва сарзминҳои муқаддаси шуморо надоранд? валлоҳ ва биллоҳ! мо дар баробар ин қазия масъулем. Ба Худо қасам! масъулият дорем ... валлоҳ! Қазияе, ки дили Пайғамбари акрам (с) ро имрӯз хун карда аст, ин қазия аст ... [имруз] агар [имом ] Ҳусайн (а) буд мегуфт: агар мехоҳӣ барои ман азодори кунӣ, барои ман сина ва занҷир бизанӣ: шиъори имрӯзи ту бояд Фаластин бошад. Шемр имрӯзро Мушаи Доён аст. Шемр ҳазору сесад сол пеш мурд, Шемри имрӯзро бишнос ..." шаҳид Мутаҳҳарӣ, Ҳамосаи Ҳусайнӣ, ҷ 1, суханронии устод дар ошурои (1348 шамсӣ)

Илова бар ин "масъалаи Фаластин, танҳо як масъалаи Ислом нест, балки масъалаи инсон ва башар аст ва ҳар кас метавонад бо такя бар арзишҳо ва мабонии инсонӣ, дар мавриди фоҷеаи Фаластин қазоват кунад ва вокуниш нишон диҳад" баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ дар хутбаи дуввуми намози ҷумъа (16/1/81)..ҷиҳати мутолеъаи бештар р.к: диплумосии пинҳони Исроил дар кишварҳои арабӣ, Амин Мустафо, тарҷумаи Муҳаммадҷаъфари Саъидиён?

Рӯзи қудс

Дар аввалин моҳи Рамазон, пас аз пирӯзии инқилоб, имом Хумайнӣ (ра) - ки аз ибтидои қиём, алайҳи режими Паҳлавӣ ва Амрико аз озодии Фаластин ва мардумаш дифоъ мекраданд - охирин ҷумъаи моҳи рамазонро ба унвон Рӯзи қудс эълом карданд то мусалмонон, озодагон ва мустазъафони ҷаҳон, дар ин рӯз нидои озодии қудсро алайҳи мустакбирон сар диҳанд ва бо тазоҳурот ва роҳпаймои ва ҳар гуна иқдоми мумкин, ба ҷиҳод бархезанд. Ин иқдоми муҳим ва таърихии ҳазрати имом Хумайнӣ (ра) аввалан барои зинда нигоҳ доштани масъалаи Фаластин ва ҷалб таваҷҷӯҳи муслимин ва давлатҳои исломӣ ба хатари саҳюнизм буд ва сониян аксуламали ноши аз басират ва ғайрати исломӣ дар баробари хиёнатҳои созишкоронаи бархе давлатҳои арабӣ монанди Анвар Содот буд.

Давлати Миср яке аз кишварҳои пуштибони Фаластин буд ва ба ҳамроҳии Сурия, солиёни сол ба ҷанг ва ситез бо саҳюнистҳо мепардохт: аммо баъдан ба ибтикор ва ҳимояти Амрико, дар соли 1978 ба Анвар Содот, раиси ҷумҳури вақти Миср ба таври якҷониба дар Камп Девиди Амрико сулҳеро бо саҳюнистҳо ба имзо расонд ва на танҳо амалан Мисрро аз гардунаи даргирӣ бо душмани саҳюнист хориҷ кард, балки баҳонаи хуб барои соири давлатҳои кишварҳои исломӣ дар сустӣ ва бетафовути нисбат ба масъалаи мардуми мазлуми Фаластин шуд. Худованди субҳон хуруҷи Мисрро ба воситаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ (ра) ҷуброн фармуданд. Имом дар 16 мурдоди 1358 дар паёми муҳимме барои эълони рӯзи қудс, фармуд:

"Ман дар таи солиёни дароз хатари Исроили ғосибро гушзади муслимин намудам, ки акнун ин рӯзҳо ба ҳамалоти ваҳшиёнаи худ ба бародарон ва хоҳарони Фаластин шиддат бахшида аст ва ба вежа дар ҷануби Лубнон ба қасд нобудии муборизони Фаластинӣ паёпай хона ва кошонаи эшонро бомбаборон мекунад. Ман аз умуми мусалмонони ҷаҳон ва давлатҳои исломӣ, мехоҳам ки барои кутоҳ кардани дасти ин ғосиб ва пуштибонони онон ба ҳам бипайванданд ва ҷамеъи мусалмонони ҷаҳонро даъват мекунам охирин ҷумъаи моҳи муборак Рамазонро - ки аз айёми қадр аст ва метавонад таъйинкунандаи сарнавишти мардуми Фаластин низ бошад - ба унвон рузи Қудс интихоб ва таи маросими ҳамбастагии байналмилалии мусалмононро дар ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии мардуми мусалмон эълон намоянд. Аз Худованд пирузии мусалмононро бар аҳли куфр хосторам". (Саҳифаи нур, ҷ 8, с 229).

Ва дар паёми дигаре мефармояд:

"Рӯзи Қудс як рӯзи ҷаҳон аст, рӯзе нест, ки фақат ихтисосе ба Қудс дошта бошад, рӯзи муқобалаи мустазъафин бо мустакбирин аст. Рӯзи муқобалаи миллатҳое аст, ки дар зери фишори зулми Амрико ва ғайри Амрико буданд ... рӯзе аст, ки бояд мустазъафин муҷаҳҳаз бишаванд дар муқобили мустакбирин ва димоғи мустакбиринро ба хок бимоланд ... рӯзи Қудс рӯзи Ислом аст, рӯзи Қудс, рӯзе аст, ки Исломро бояд эҳё кард ва эҳё бикуним ва қавонини Ислом дар мамолики исломӣ иҷро бишавад. Рӯзи Қудс рӯзе аст, ки бояд ба ҳамаи абарқудртҳо ҳушдор бидиҳем, ки Ислом дигар таҳти сайтараи шумо - ба воситаи аъмоли хабиси шумо - воқеъ нахоҳад шуд. Рӯзи Қудс, рӯзи ҳаёти Ислом аст. Бояд муслимин ба ҳуш биёянд, бояд бифаҳманд қудртеро ки муслимин доранд, қудратҳои моддӣ қудратҳои маънавии муслимин - ки як милиард ҷамият ҳастанд ва пуштвонаи худоӣ доранд ва Ислом пуштивонаи онҳост ва имон пуштивонаи онҳост - аз чи бояд битарсанд? ... Ислом дини Худо аст ва бояд дар ҳамаи ақтор, Ислом пешравӣ кунад. Рӯзи Қудс, эъломи як ҳамчу матолибе аст. эъломи ин матлаб аст, ки муслимин ба пеш барои пешрафт дар ҳамаи ақтори олам. Рӯзи Қудс фақат рӯзи Фаластин нест, рӯзи Ислом аст, рӯзи ҳукумати Ислом аст, рӯзе аст, ки бояд ҷумҳурии исломӣ дар сартосари кишварҳо, байрақаш афрошта шавад. Рӯзе аст, ки бояд ба абарқудратҳо фаҳмонданд, ки дигар онҳо наметавонанд дар мамолики исломӣ пешравӣ кунанд. Ман рӯзи Қудсро рӯзи Ислом ва рӯзи Расули акрам (с) медонам. Рӯзе аст, ки бояд мо, тамоми қувваи худамонро муҷаҳҳаз кунем ва муслимин аз он инзивое, ки онҳоро кашонда буданд, хориҷ шаванд ва бо тамоми қудрат ва қувват дар муқобили аҷониб биистанд ...". (Ҳамон, ҷ 5, с 286.).

Дастовардҳо

Эъломи рӯзи ҷаҳонии Қудс аз сӯи ҳазрати Имом (ра) ва густариш ин масъала ба тамоми кишварҳо исломӣ, Фаластинро аз масъалаи дохилӣ будан, хориҷ ва онро ба унвони яке аз муҳимтарин масоъилӣ ҷаҳони ислом, табдил кард. Ин масъала боиси огоҳӣ, бедорӣ, ва иттиҳоди ҷаҳони ислом, дар қиболи аҳдофи шуми Амрико ва саҳюнизми байналмилалӣ шуд ва афкори умумии ҷаҳони исломро ба конуни ин тавтеъаҳо, суқ дод.

Ин мавзӯъ ва эҳтимоми ҳазрати Имом (ра) ба мавзӯъи Фаластин, дар дохили он кишвар низ дорои таъсироти бисёр арзандае буд, пас аз даҳаҳои  солҳои 50 то 70 - ки Ислом аз саҳнаи Фаластин хориҷ буд - муҷаддадан масъалаи Фаластин ба марказияти наҳзати исломии муъосир мунтақил шуд ва бо ин пуштвонаи ҷадид, ба муқобила бо падидаи Исроил рафт. ("Шақоқӣ, Фатҳӣ Иброҳим, интифоза ва тарҳи исломи муъосир, Теҳрон, интишороти байналмилалии Ал-ҳудо,, 1371 с 4).

Аз ин ба баъд усули ҷиҳод, шаҳодат ва фидокорӣ дар роҳи ҳадаф - ки намодҳои шиъаён ва шиъорҳои инқилоби Эрон буд - ба унвони усули асосии ҷиҳоди исломии Фаластин матраҳ шуд. Шайх Абдулъазиз Увда мегӯяд: "инқилоби Хумайнӣ (ра) муҳимтарин ва ҷадидтарин талош дар бедорсозии исломӣ, барои итиҳҳоди миллатҳои мусалмон буд". Ӯ мегӯяд: "Эрон танҳо кишваре буд, ки воқеъан бар рӯи масъалаи Фаластин мутамаркиз шуд". (Кадивар, Ҷамила, рӯъёрӯии инқилоби исломии Эрон ва Амрико, интишороти иттилоъот, 1374, с 114).

Ҷиҳоди исломии Фаластин эълон кард: "масъалаи Фаластин як масъалаи исломӣ аст, на як масъалаи миллӣ ки танҳо марбут ба фаластинён бошад ва ё як масъалаи аъроб, ки фақат ба аъроб иртибот дошта бошад. Ин масъала, масъалаи ҷаҳони Ислом аст". (Ҳамон ҷо).

Эҳёи исломи асил ва иқболи мардуми Фаластин ба тарафи он, шаклгирии гурӯҳҳои муборизи Фаластин бо такя бар омӯзаҳои асили исломӣ, густариши рӯзафзун интифоза ва дар паи он эҷоди ваҳшат ва ноамнӣ барои ишғолгарони мутаҷовиз, ба чолиш кашондани сиёсатҳои режими саҳюнистӣ ва ... аз дигар натоиҷи ин мавзӯъи муҳим аст.

Алиризо Муҳаммадӣ, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi