07:46:47 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Аҳмадшоҳи Масъуд аз Панҷшер то Париж

ё ӯ чаро барои таҳсил ба Ҳиндустон нарафт?

Ин мусоҳиба бо Яҳё Масъуд, бародари бузурги Аҳмадшоҳи Масъуд расо 12 сол пеш дар Кобул ба вуқуъ пайваста буд. Ҳамон вақт  он дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расид. Дар китоби «Дар суҳбати соҳибдилон» (соли 2007) низ чоп шудааст. Вале чун иттилооти ҷолибе дар бораи шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд дораду он дар шабакаи Интернет  то ба имрӯз ба табъ нарасидааст, чопи онро дар ин рӯзҳои ёдбуди бузургтарин сипаҳсолори қарн  барои алоқамандони сомона аз манфиат холӣ надонистем.

 Аҳли эҷоди «Рӯзгор»

«Ҳангоми сафари навбатиаш ба Афғонистон рӯзноманигори мустақил Султони Ҳамад бо бародари калонии фармондеҳи машҳур, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд Яҳё Масъуд мусоҳибае орост, ки он асосан ба паҳлӯҳои дар матбуоти мо камтар инъикосёфтаи зиндагиномаи ин абармарди таърих бахшида шудааст.

yahya-masood 55455545

-Имрӯз баъди марги Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи ӯ дар тамоми дунё боз бештар менависанду бисёртар ҳарф мегӯянд. Дар ҳамаи ин навиштаҳо ва гуфтаҳо, мутаассифона як камбудӣ мавҷуд аст. Ин пеш аз ҳама ихтилоф дар соли таваллуди ӯ мебошад. Баъзеҳо онро 1953 мелодӣ менависанду, бархе 1954, идаъе ҳатто санаҳои баъдтарро пеш меоранд. Дар баробари ин касе санаи дақиқи таваллуди Масъуди шаҳидро, яъне рӯзу моҳи мавлудашро нагуфтааст ё худ нанавиштааст. Аз Шумо, ки бародари аз ӯ бузургтар ҳастед, нахуст хоҳиш мекунам сари ин масъала рушанӣ андозед.

-Ду сол ман аз ӯ бузургтар ҳастам ва тақрибан тамоми даврон икӯдакиаш, тамоми даврони мактабхонияш, тамоми даврони таҳсилоташ дар Кобул баёди ман ҳаст. Мутаассифона, рӯз ва моҳи таваллуди бародарамро падарамон ёддошт накарда. Вале соли дақиқи таваллудаш ҳамин аст, ки имсол, яъне соли 1381 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 2002 мелодӣ 50 сола мебошад. Ман аз ӯ 2 сол бузургтар ҳастам ва имсол 52 сола ҳастам. Аммо мутаассифона, рӯз ва моҳаш навишта нашудааст. Дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

 -Лутф мекардед, Шумо аз овони кӯдакӣ ва ҷавониаш лаҳзаҳоеро бар ёд меовардед?

 - Ман ва Омир соҳиби шаҳид на танҳо бародар будем, балки ҳамсинф низ будем. Ба ин маъно, ки падари мо ману ӯро дар як рӯз, дар як сол ба мактаб шомил сохта буд. Аввалин боре, ки мо ба мактаб дохил шудем, мактаби Бозораки Панҷшер буд. Ӯ тақрибан чор сол умр дошт. Ӯ аз синни бисёр хурд ба мактаб шомил шуд. Ӯ аслан намефаҳмид, ки мактаб чӣ ҳаст. Ба ёд дорам рӯзеро, ки аввалин бор имтиҳон шуд. Порчаи имтиҳона, ки муаллим тавзеҳ мекард, дар пеши шогирдон гирифт қатъ кард ва андохташ дар як ҷӯй. Муаллим садо кард, ки «Ай чӣ мекунӣ ту?». Баъдан муаллим таъкид кард, ки ин порчаи имтиҳон аст, ту бояд номата бинависӣ ва саволҳоро бояд ҳал кунӣ. Ба андозае синнаш хурд буд, ки намедонист, ки имтиҳон чӣ ҳаст. Ин лаҳза ҳеҷ вақт аз ёдам фаромӯш намешавад.

Мо дар Панҷшер фақат 8 - моҳ будем, дар мактаби Бозорак. Баъд аз ӯ омадем ба Кобул. Ду – се моҳ дар Кобул мо синфи ду хондем. Баъди се моҳ падари ман табдил шуд ба Ҳирот ба ҳайси қумандони жандарми Ҳирот. Он ҷо рафтем синфи ду, синфи се ва синфи чора дар Ҳирот хондем. Охирои синфи чор буд, ки баъд дубора падари мо табдил шуд ба Кобул ба ҳайси раиси Маҳкамоти вазорати дохила. Вақте мо ба Кобул омадем шомили литсейи «Истиқлол» шудем. «Истиқлол» як литсейест, ки дар он ҷо фаронсавиҳо дарс медоданд ва аз авохири синфи чор ба баъд то ба хатми синфи дувоздаҳум Омир соҳиби шаҳид дар литсейи «Истиқлол» буд. Вале ман аз синфи 10 – ум литсейи «Истиқлол» - ро тарк гуфтам ва рафтам ба «Ҳабибия». Баъди хатми давраи литсей Омир соҳиб ба Пуҳантун имтиҳон дод ва шомили факултаи политехник шуд. То ба синфи аввали политехник ҳам бо мо зиёд маълум намешуд, ки ҷаноби Омир соҳиби шаҳид дар фанҳои физик ва кимиё истеъдоди бисёр зиёди фавқулодда дорад. Дар ин ҷо алоқамандии бисёр зиёд ба илмҳои дақиқ дошт ва мегуфт, ки ман мехоҳам инжинери сохтмон шавам. Ба ҳамин хотир буд, ки синфи аввали политехникиро бо баҳои аъло хатм кард. Вале рӯзе омад ба назди падар ва гуфт, ки ман аз ин факулта шикоят дорам. Падарам гуфт, ки ту чӣ шикоят дорӣ? Гуфт: «Ин ҷо дарс нест. Аслан он фанҳоеро, ки дар политехник дарс мехонанд, устодҳо аз 10 – 15 фисад зиёдтар дарс намедиҳанд. Мехоҳам ҷои дигар дарс бихонам». Бархилофи дигар шогирдон, ки шикоят мекарданд, ки дарс зиёд аст, Омир соҳиб шикоят мекард, ки дарс кам аст. Хуб, падарам гуфт, ки ман чӣ кор бояд кунам? Мо дар фикри он шудем, ки барои таҳсилоти олӣ Омир соҳиба равон кунем ба Ҳиндустон. Ин тасмими падарам буд. Аммо мутаассифона, ин амалӣ нашуд, ба хотири он ки Омир соҳиб алоқамандӣ ба масоили сиёсӣ пайдо кард. Алоқамандии ҷаноби Омир соҳиб ба масоили сиёсӣ ягона ангезааш ҳамин буд, ки коммунистҳо дар дохили Афғонистон фаъолият доштанд, ба хусус аҳзоби «Халқ» ва «Парчам». Фаъолиятҳои бисёр зиёд доштанд. Бо вуҷуди он ки Омир соҳиб сирфатан ва зотан одами бисёр боахлоқ буд, дин, фрҳанг ва таърихи Афғонистонро бисёр зиёд дӯст дошт, натавонист, ки бо коммунистҳо созиш кунад. Ҳамин чизҳо боис шуд, ки оҳиста – оҳиста ба масоили сиёсӣ алоқа бигирад ва ман мутаваҷҷеҳ шудам, ки аз сиёсат сӯҳбат мекард. Боре ба ӯ гуфтам, ки «имрӯз бархилофи одат аз сиёсат сӯҳбат мекунед?». Гуфт: «Афғонистон ба хатари ҷиддии коммунистон ва шӯравиҳо мувоҷеҳ шуд». Ин ягона ангезае буд, ки Омир соҳиб алоқамандӣ ба сиёсат пайдо кард ва шомили Созмони Ҷавонони Мусалмон шуд.

 -Ин кадом солҳо буд?

-Ин соли 1353 (1974) буд. Замони Довудхон буд. Довудхон соли 1352 кудато кард бар алайҳи Зоҳиршо. Дӯсти бисёр зиёд наздике, ки бештар Омир соҳиба ташвиқ мекард ба масоили сиёсӣ инженер Ҳабиб-ур  - Раҳмон буд. Як синф болотар аз Омир соҳиб буд. Хеле як шахси зиёд фаъол буд ва дар фаъолиятҳои сиёсии дохили Паҳантун ӯ ба ҳайси раиси Иттиҳодияи муҳассилин интихоб шуда буд. Дар ҳамин солҳо фаъолиятҳои сиёсии Омир соҳиб бештар шуду коммунистон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки «Созмони Ҷавонони Мусалмон» бар алайҳи онҳо дар Афғонистон фаъолият мекунанд ва шурӯъ карданд ба гиругирифти онҳо. Як теъдоди зиёдашон фирор карданд ба Покистон, теъдоде ҳам кушта шудаанд. Ва Омир соҳиб худ фирор кард рафт ба Панҷшер. Ба Панҷшер рафт ва муддати 8 – моҳ дар Панҷшер монд. Баъд аз 8 – моҳ дар Панҷшер ҳам тавассути пулиси Довуд таъқиб мешуд. Баъдан аз Панҷшер омад ба Кобул ва хеле хуфия аз Кобул фирор кард рафт ба Покистон. Дар он ҷо бо дигар аъзои «Созмони Ҷавонони Мусалмон» як шуд. Мавзӯеро, ки ман мехостам ба шумо бигӯям, даврони кӯдакӣ ва даврони мактабиаш буд. Дар даврони мактаб то синфҳои 9 – 10 истеъдодаш бештар маълум намешуд. Чун зиёдтар алоқаманд бар варзиш буд. Вале баъди синфи 10 ва 11 – ум таваҷҷӯҳи зиёд ба дарсҳои худ пайдо кард. Дар синфи аввалини факултаи политехник ба ҳайси шогирди аввал комёб шуд.

Чизи бисёр муҳимеро барои шумо бигӯям, ки шогирдоне дар риштаи риёзӣ, кимиё ва физик дошт. Ва ин шогирдони худро дар хона, дар манзили шахсии падарам тадрис мекард. Баъди он ки шогирдони ӯ бештар шуд, маҷбур шуд хонаеро кироя бигирад, то шогирдонро дар он ҷо дарс бидиҳад. Ва як курсе дар он ҷо боз кард, бо номи курси зимистонии Парвонмина. Ин дар соли 1352 (1973) буд. Курси зимистонии Парвонмина дар кортаи Маннон буд, ки дар ҳудуди ду – се сад нафар шогирд дошт. Аксаран аз пулитехник аз риштаи инженерӣ, аз синфи 11 – ум ва синфи 12 – ум низ буданд.

-Падаратон ба фаъолиятҳои сиёсии Омир соҳиби шаҳид чӣ гуна муносибат доштанд?

-Дар ин қисмат хизмати шумо бояд бигӯям, ки падари мо як соҳибмансаби аскарӣ буд ва вазъи сиёсии Афғонистонро хеле хуб мефаҳмид. Ин як. Дуввум, шахси бонуфуз буд дар Панҷшер, ҳама ӯро мешинохтанд. Худи падари ман ҳам дар фаъолиятҳои сиёсӣ каму беш алоқа мегирифт. Масалан, як бор мехост, ки аз тарафи Панҷшер намояндаи Шӯрои Миллии Афғонистон бошад. Ва як бори дигар ҳам тасмим гирифт, ки ба ҳайси сенатор аз вилояти Парвон худро номзад бикунад. Биноан манзили мо ҷои рафту омади зиёд аз сиёсатмадорҳо буд. Ва худи падари ман ҳам алоқамандӣ ба сиёсат дошт. Дар он замон на танҳо Омир соҳиб, балки падари ман ҳам зидди коммунистон буд. Ӯ ҳам хатароти коммунизм ва шӯравиҳоро дарк мекард. Ба ин хотир монеъи фаъолиятҳои сиёсии бародари ман намешуд.

-Шумо ин ҷо таъкид кардед, ки дар бораи овони кӯдакӣ ва ҷавонияш маълумотҳоро бештар ироа карда метавонед. Вале ҳоло як савол матраҳ шуд, ки фикр мекунам, Шумо ба он низ эҳтимолан ҷавоб доред. Савол ин аст. Дар бисёр китобҳо муаллифонашон менависанд, ки гӯё Омир соҳиб аз Покистон ба Фаластин рафтаву дар ҷиҳоди он ҷо ширкат варзидааст ва дар бархе аз кишварҳои дигари араб низ будааст? Оё ин ҳақиқат дорад?

-Ин мутлақ дурӯғ аст. Мутлақан ҳақиқат надорад, ин гуфтаҳо. То ҷое, ки ман маълумот дорам Омир соҳиб ҳатто аз Пешовар то Исломобод ва Равалпиндӣ ҳам нарафтааст. Дар Пешовар ҳам, ки буд, аксар вақтҳо меомад ба Кунар, дохили Афғонистон. Он ҷо як теъдодро машқ медод. Дар он ҷо оҳиста – оҳиста фаъолиятҳои худро бар зидди режими Довуд шурӯъ кард. Ин ки ба Арабистон рафтаву Кровосӣ рафта, мутлақ дурӯғ аст. Ҳақиқат надорад ин чиз.

-Мехостам дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани издивоҷи Омир соҳиби шаҳид ҳарф мезадед?

-Ман хабар доштам, ки Омир соҳиб мехоҳад издивоҷ кунад. Аммо ин ки бо кӣ, ҳеҷ намедонистам. Ман рӯзе мехостам аз Пешовар биравам Чатрол. Яке аз наздикони мо, ки исмаш Муҳаммад Ҳотам аст, ҳамроҳ дар мутари мо равон будем ба Чатрол. Бо ин мақсад, ки ман биравам ба дохили Афғонистон. Ҳотам барои ман гуфт, ки мавзӯест, ки ту хабар надорӣ. Гуфтам: «Чӣ мавзӯест?». Гуфт: «Омир соҳиб издивоҷ карда». Вақте ман ин масъаларо шунида будам, ки ҳашт моҳ аз издивоҷи ӯ гузашта буд.

-Ин дар даврони ҷиҳод буд?

-Бале, даврони ҷиҳод буд. Вақте дохили Афғонистон рафтам, ба ёдам меояд, дар минтақаи Пиюд буд ва Пиюд марбут ба вилояти Тахор аст. Як дараи бисёр тангест. Дар он ҷо фомили Омир соҳиб ва фомили хусури Омир соҳиб зиндагӣ мекард. Бо аввалин бархӯрд ва саломалейк, ки кардем, ман гуфтам: «Табрик бошад, вале моро хабар накардед?». Баъдан нишастему чой нӯшидем. Ӯ гуфт, ки «бале, мо шуморо хабар накардем. Мефаҳмед, ки вазъият бисёр ҳассос аст». Аслан Омир соҳиб бо касе издивоҷ кард, ки духтари як марди оддӣ буд, бо номи Тоҷиддин, ки ҳамеша бо Омир соҳиб буд. Ба ман гуфт, ки «хеле фомилҳо духтарони худро барои ман пешниҳод карданд, вале ман ҳамин одамро дӯст дорам. Ҳамин одам ҳамеша бо мо буд. Як муҷоҳид, як одами мубориз ҳастам, дар кӯҳу дашту дараҳо ман сафар мекунам. Фомилеро мехоҳам интихоб кунам, ки бо ман битавонад зиндагӣ кунад. Бо шароити ман зиндагӣ карда битавонад». Ин ҷавобҳои Омир соҳиб буд. Вале ба ҳар ҳол ман тӯҳфаҳоеро, ки бо худ доштам барояшон тақсим кардам.

-Охирин мулоқоти Шумо пеш аз ба шаҳодат расидани Омир соҳиб кай сурат гирифт? Он мулоқотро Шумо дар ёд доред?

-Тақрибан соли 2001 буд. Ман охирин боре, ки аз Поланд (Польша) омадам барои диданашон, дар Тахор буд. Дар мантақаи Дарқад ишонро дидам. Ва тақрибан як моҳ бо ӯ будам. Ман ба хотири ду чиз омада будам. Аввал ба хотири диданашон ва дуюм ба хотири ин омада будам барояшон бигӯям, ки изофа аз 70 фисад мардуми афғони мо, дар Урупо ва Амрико зиндагӣ мекунанд ва хушбинии бисёр зиёде ба Омир соҳиб доранд. Ҳоҳиши ман аз ӯ ин буд, ки як бор сафар бикунанд ба беруни Афғонистон. Омир соҳиб билохира ба дархости ман ҷавоби мусбат доданд. Ман бисёр хурсанд шудам. Шаби бисёр фаромӯшношуданиро бо онҳо гузарондем. Баъд аз Дарқат Омир соҳиб як каме таклифи камар (миёндард) пайдо кард. Омаданд ба Тоҷикистон. Баъди чанд рӯз ман ҳам ба Тоҷикистон омадам. Дар Тоҷикистон як шаб бо ҳам як ҷо шудем. Шаби бисёр хотирмон буд. Тақрибан то соатҳои як – якуними шаб бо ҳам сӯҳбат кардем. Аз ҳар тараф. Фаромӯшам намешавад, ки Омир соҳиб аз шеъру мусиқӣ бисёр сӯҳбат мекарданд. Шеърро бисёр зиёд дӯст медоштанд. Ба мусиқӣ ҳам алоқае дошт. Хусусан ба хондани устод Сароҳанг ва ашъори Ҳофиз, ашъори Мавлавиро хеле хуш дошт. Тақрибан тамоми ҷараёни сӯҳбати мо рӯи ҳамин мавзӯъҳо буд. Баъди соати якуними шаб ман аз эшон худоҳофизӣ гирифтам. Гуфтам, ки пас дубора биравам Поланд. Чун ман ба ҳайси секретари аввал дар сафорати Афғонистон дар Пуланд вазифа доштам. Вақте, ки ман ба Поланд расидам, хабар шудам, ки Омир соҳиб тасмим гирифта, ки биёяд ба Фаронса. Қабл аз ин ки эшон биёяд ба Фаронса, ман рафтам ба Порис. Омир соҳибро дидам ва ин охирин дидори мо буд. Муддате, ки дар Порис буданд, ҳамроҳашон будам.

-Ин моҳи апрели соли 2001 буд?

-Бале. Баъди ҳамин сафарашон Омир соҳиб омад дубора ба Тоҷикистон. Чун ман вазифаи худро тарк карда будам дар Поланд, рафтам ба Свис (Швейсария) ба назди хонаводаам. Аз Свис барош занг задум ва гуфтум, ки мо вазифаро дар Варшав тарк гуфтем. Агар Шумо кадом ҷои дигаре барои мо вазифа медиҳед, ҳарҷое боша муҳим нест, агар дохили Афғонистон бошад ва ё агар берун аз Афғонистон, ман ҳозир ҳастам. Гуфт: «Ман фикр мекунам». Ман мунтазири ҷавобашон будам. Ин охирин тамоси телефонии мо буд. Рӯзе, ки инфиҷор сурат гирифт фаромӯш намекунам, ки рӯзи якшанбе буд. Занг омад аз Ҷарманӣ. Писари кокоям Зулмай ном дорад, гуфт, ки ҳодисае шуда. Шумо хабар доред? Инфиҷор шуда ва мегӯянд, ки Омир соҳиб захмӣ шуда. Ман гуфтум, ки ин ропурҳо бисёр зиёд аст. Инҳо ҳамааш дурӯғанд. Гуфт на. Аз як манбаи хеле муаасир ин ропурро гирифтам. Хеле парешон шудам. Телефон кардам ба бародарам Аҳмад Валӣ ба Лондон. Онҳо ҳам парешон буданд. Баъд аз он фаҳмидам, ки ҳодисае сурат гирифтааст. Ва аз ҳамон лаҳза кӯшиш кардам, ки биёям ба Афғонистон. Мутаассифона, ба ҷаноза расида натавонистам. Чор панҷ рӯз дар Тоҷикистон мондам. Ҳаво хароб буд. Ҳеликоптар парвоз намекард. Баъд аз чор – панҷ рӯз дохили Панҷшер шудам.

-Худо раҳматаш кунад, Омир соҳиби шаҳид Аврупоро чӣ гуна дарёфтанд. Чун Шумо ӯро ҳамроҳӣ мекардед, фикр мекунам аз ин бохабар ҳастед?

-Воқеан баъд аз сафараш ба Аврупо фикраш нисбат ба Аврупо тағйир кард. Чун қаблан кишварҳои Урупо ва Амрикоро надида буданд, дар ибтидо фикри дигаре доштанд. Ба хусус дар қисмати афғонҳо. Чун барои ӯ ропурҳои ғалат дода буданд, ки афғонҳо он ҷо ҳама ғарбӣ шудаанду ҳама айёш шуданду ҳама Афғонистона фаромӯш кардаанд ва бо ин монанд гапҳо. Вале вақте, ки ба Аврупо сафар кард ва афғонҳоро дид аз наздик, фикраш комилан тағйир кард. Афғонҳо хеле алоқамандӣ нишон медоданд ба роҳбарияти сиёсии Афғонистон ва хеле хуш буданд. Як мавзӯъ ҳамин буд. Мавзӯи дуюме, ки мутаваҷҷеҳ шуд Омир соҳиб, ин мардумсолории кишварҳои урупоӣ буд. Ин ду масъала бисёр ҷолиб буд барои Омир соҳиб.

-Роҳбарони Афғонистон, махсусан шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, ки дар Тоҷикистон сулҳ барқарор шавад. Шумо дар бораи ин самти фаъолияти Омир соҳиби шаҳид чӣ медонед?

-Дар даврони созиши сулҳи тоҷикон мутаассифона, ман набудам. Вале дарк кардам, ки Омир соҳиб таҷоруби бисёр зиёде аз ихтилофоти танзимҳои исломӣ дар дохили Афғонистон дошт. Намехост, ки ҳамчун таҷрибае дар Тоҷикистон такрор шавад. Вақте, ки Омир соҳиби шаҳид аввалин бор ба Тоҷикистон сафар карданд, аввалин масъалаеро, ки бо роҳбарони тоҷик дар миён гузоштанд, ҳамин буд. «Мо худ ихтилофоти бисёр зиёд дар дохили Афғонистон дорем. Шумо таҷоруби моро такрор накунед. Ба нафъи шумо нест. Ҳар қадар ҳукумати Тоҷикистон ва танзимҳои сиёсии Тоҷикистон ба ҳам наздик шаванд ва як мувофиқатномаеро имзо кунанд, ин ба нафъи Тоҷикистон ҳаст» - мегуфт Омир соҳиб. Чизе, ки ман медонам ҳамин аст. Ва воқеан орзуи Омир соҳиб ва назароташ дар Тоҷикистон комилан татбиқ шуд. Ман фикр мекунам, ки тоҷикҳо ба ҳамин хотир эҳтироми бисёр зиёде ба ҷаноби Омир соҳиб доранд.

-Аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон киҳоро бештар ёдовар мешуд?

-Аз худи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бисёр зиёд хушӣ мекард. Ӯ мегуфт, ки воқеан Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон оғои Раҳмонов як шахсияти ватанпараст ҳаст. Ин ягона касест, ки метавонад ватани худа наҷот бидиҳад аз ихтилофоти дохилӣ.

-Оё Шумо саволеро интизор будед, ки онро матраҳ накардам? Боз чӣ гуфтание доред?

-Гуфтание, ки ман дорам, ин аст, ки дар панҷ соли охири муқовимат бар зидди толибон воқеан кишвари Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон, миллати Тоҷикистон барои мо ҳамкориву кӯмакҳои зиёде анҷом дода, ки ман шахсан ва тамоми мардуми Афғонистон аз ин ҳамкории тоҷикҳо бисёр зиёд розӣ ҳастем ва хушнуд ҳастем. Орзуи мо ҳамин аст, ки мо битавонем ин ҳамкориҳоро дар оянда ба шакли дӯстона идома бидиҳем. Ташаккур.

-Як ҷаҳон ташаккур аз Шумо.

СУЛТОНИ ҲАМАД

Душанбе – Кобул – Душанбе

махсус барои «Тоҷикистон»

         Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» 5-уми сентябри соли 2002



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi