09:43:20 18-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Отахон Латифӣ дар Афғонистон

Рӯзи 22-юми сентябр аз шаҳодати журналисти маъруф ва сиёсатмадори варзидаи тоҷик Отахон Латифӣ расо шонздаҳ сол мегузарад. Отахон Латифӣ дар журналистикаи муосири тоҷик ва умуман ҳаёти сиёсиву иҷтимоии даврони шӯравии Тоҷикистон ва солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нақши муҳимеро бозӣ кардааст.

3-latifi 45784545

Махсусан, ҷаҳду талошҳои ӯ баҳри истиқрори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон хеле пурарзишанд. Отахон Латифӣ азҷумлаи камтарин журналистон ва сиёсатмадорони тоҷик аст, ки он солҳои пурдаҳшат ба Афғонистон сафар дошта аз макони зисту кори муҳоҷирини дар онҷо будаи тоҷик шахсан дидан кардааст ва дасти ҳамдардӣ болои шонаҳои  пурандӯҳи мардуми ғарибуфтода гузоштааст. Султони Ҳамад дар ин маводи хеш аз он рӯзҳои пурошӯб ёде кардааст.

Зимистони сарди Кундуз

Тирамоҳ ва алалхусус зимистони соли 1996 барои муҳоҷирини дар Афғонистон будаи тоҷик соли хеле душвор буд. Ба сабаби шиддат гирифтани ҷангҳои хунин миёни нирӯҳои мухталиф, бахусус миёни гурӯҳи толибон, ки пойтахти кишварро ба таҳти тасарруфи худ дароварда буданд ва низомиёни вафодор ба ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар ҳолати ақибнишинӣ ба шимол ва шарқи мамлакат, ба марзи Тоҷикистон қарор доштанд, масъулини муҳоҷирин наметавонистанд ба таври бояду шояд, сари вақт озуқавории онҳоро кофӣ таҳия намоянд.

Роҳҳои омаду рафт ба шаҳрҳои бузурги дохилу хориҷи кишвар амалан аз сӯи силоҳбадастон, ки миёнашон дуздону роҳзанон кам набуданд, назорат мешуд. Аз сӯи дигар бозгашт ба Ватан низ дар ин шабу рӯзҳое, ки дар манотиқи кӯҳистонии он ҷангҳо миёни сарбозони ҳукуматӣ ва размандагони мухолифин аз сари нав авҷ гирифтаанд, чандон аз рӯи мантиқ набуд. Борҳо шудааст, ки дар чунин мавридҳо «алами Мӯсоро аз Исо» гирифтаанд.

Ана дар ҳамин аҳвол паҳн шудани хабари 9-уми декабри соли 1996 дар минтақаи Бандар Шерхони Афғонистон баргузор гардидани мулоқоти навбатии сулҳи байни Президенти Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди мухолифин шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аввалин нурҳои хуршедиро мемонданд, ки аз паси абрҳои ғализ бо заҳмати зиёд худро намоён сохта кӯшиши соф кардани ҳавои борониро доранд.

Кундуз дар интизори Латифӣ

Рӯзи 9-уми декабр фаро расида бошад ҳам, вале аз ҳавопаймои СММ, ки ҳайати гуфтушунидкунандаи мухолифинро таҳти роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебоист ҳанӯз 7-уми декабр аз шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Кундуз меовард, дарак нест. Муҳоҷирини дар Афғонистон буда ҳар сол 7-уми декабрро «Рӯзи ҳиҷрат» гӯён таҷлил мекарданд. Расо чор сол муқаддам, зимистони соли 1992 маҳз дар ҳамин рӯз аввалин гурезаҳои тоҷик ба хотири наҷоти ҷони худу аҳли хонаводаи хеш дарёи хунталаби Омӯро зери борони тир иҷборан убур карда ба хоки Афғонистон паноҳанда шуда буданд.

6-latifi 45784545

Муҳоҷирини Кундуз, ки аллакай аз расонаҳои хабарӣ ва дигар воситаҳои пахши иттилоот дар ҳайати музокирот будани чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов, Худойбердӣ Холиқназаров ва махсусан Отахон Латифиро медонистанд, бисёр мехостанд, ки ин шахсиятҳо дар ҳамон маъракаи «Рӯзи ҳиҷрат» ширкат варзида бо чашми сар бубинанду бо гӯши хеш шунаванд, ки ғарибуфтодаҳо чи аҳволу чи омол доранд. Онҳо умед мекарданд, ки ёди он рӯзҳои пурдаҳшат азми ҳайати музокиракунандаро дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ дар кишвар боз ҳам устувортар месозад: 

                               «Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод»,

                               Рӯзи қатли дӯстдорон, ёд бод.

                               Ёд бодо тифли монда бепадар,

                               Дар лаби дарё ҳаросон, ёд бод.

                               Ёд бодо хоҳарони гумшуда,

                               Ё ба яғмо рафта эшон, ёд бод.

                               Ёд бодо устодони шаҳид,

                               Сар ҷудо аз баҳри Қуръон, ёд бод.

                               Ёд бодо модари нокоми зор,

                               Рӯи қабре ашкборон, ёд бод.

                               Ёд бодо навҷавони навхате,

                               Монда нобишкастаармон, ёд бод.

                               Ёд бодо дилбаре, к - ӯ то абад,

                               Шуд сияҳпӯшу парешон, ёд бод.

                               Ёд бод он тоҷики дар хун шино,

                               Бе сару бе дасту бе ҷон, ёд бод…

Дидор бо Аҳмадшоҳи Масъуд

Ҳарчанд рӯзи 7-уми декабр як гурӯҳи калони муҳоҷирин дар Майдони ҳавоии Кундуз бо гулу гулдастаҳо то бегоҳ  ҳавопаймои СММ-ро интизорӣ кашиданд, вале он наомад. Баъдтар маълум шуд, ки ҳавопайморо ҷангандаҳо (тайёраҳои низомӣ)-и толибон ҳамон рӯз маҷбуран ба Майдони ҳавоии Шиндан, ки дар наздикиҳои Ҳирот аст, ба замин шинондаанд. Ҳоло касе аз муҳоҷирин ва масъулини дар Кундуз будаи онҳо сабаби чунин сурат гирифтани ҳодисаро намедонист. Аз ин рӯ изтиробу ташвиши мардуми муҳоҷир хеле зиёд буд.

4-latifi 45784545

Рӯзи дигар ҳам намояндаҳои мардуми муҳоҷир ва махсусан кӯдакони кунҷкови онҳо боз аз саҳар ба ба умеде, ки билохира ҳавопаймо мерасаду музокирот дар вақти муқарраршуда оғоз мегардад, роҳ сӯи Майдони ҳавоӣ гирифтанд. Тахминан соати 10-и қабл аз зӯҳр буд, ки дар фазои Майдони ҳавоӣ тайёрае пайдо шуд. Вақте ки он ба замин нишаст мардум хурсандӣ карданд. Зеро он ҳавопаймойи СММ буд. Ҳама боварӣ доштанд, ки аз он чеҳраҳои шинос берун хоҳанд шуд. Вале ҳайҳот, аз ҳавопаймо танҳо ду нафар поин шуданд, ки касе онҳоро намешинохт. 

Яке аз онҳо симои аврупоӣ дошт. Нафари дигар бо эҳтимоли зиёд афғон буд, яъне тарҷумони он аврупоӣ. Хулоса, он ду нафар дар ҳолате, ки изтиробашон хеле зиёд эҳсос мешуд, хомӯшона аз миёни издиҳоми муҳоҷирин убур карда саросемавор дохили мошинҳое шуданд, ки барояшон намояндагии СММ дар Кундуз фиристода буд. Мошинҳо худи ҳамон лаҳза ба самти номаълум ҳаракат карданд. Кӣ будани онҳоро баъди чанд дақиқа фаҳмидем. Ба дунболи ҳавопаймои СММ ду чархболе ҳамзамон ба Майдони ҳавоӣ нишастанд.

Аз даруни яке аз онҳо чеҳраи барои ҳама шиносу азиз Аҳмадшоҳи Масъуд- лашкаркаши нотакрори миллат баромада рост ба назди мардуми муҳоҷир омад. Касеро, ки қаблан дида буд ва мешинохт ба оғӯш мекашид. Бо кӯдакон низ як-як даст дода салом кард. Аввалин сухане, ки аз забони ин абармард гуфта шуд ин буд, ки «ташвиш надошта бошед, иншоаллоҳ бародарони мову шумо ба зудӣ хоҳанд омад. Мо бо толибон дар тамос шудем, гуфтем, ки бародарони тоҷикӣ меҳмон ҳастанд. 

Қадри меҳмонро бояд донист. Фикр намекунам, ки онҳо нияти бад дошта бошанд. Шояд ин ҷо масъалаи музокироти байни шумо ва ҳукумат матраҳ аст. Нирӯе ин музокиротро намехоҳад. Ба ҳар ҳол ман ба ояндаи нек боварӣ дорам. Моро низ имрӯз Норберт Ҳол –намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ ба мулоқот даъват кардааст. Ин ҳавопаймойи ӯст». Баъди ин суханони рӯҳбаландкунанда Аҳмадшоҳи Масъуд моро тарк кард.

Латифӣ гаравгон ё меҳмони толибон?

Он рӯз ҳам ҳавопаймои СММ, ки бояд ҳайати гуфтушунидкунандаи мухолифинро ба Кундуз меовард, наомад. Аз расонаҳои хабарӣ фаҳмидем, ки толибон гӯё иштибоҳан ҳавопаймои тоҷиконро водор ба нишастан кардаанд. Ва барои ҳамин ҳам ба мақсади узрхоҳӣ ҳайатро бо тайёраи худ аз Шиндан ба Қандаҳор пеши Мулло Умар бурдаанд. Ва мулло Умар онҳоро меҳмондорӣ кардааст.

2-latifi 45784545

Рӯзи дигар, яъне рӯзи 9-уми декабр, низ як гурӯҳи муҳоҷирин бо шумули кӯдакони гулбадаст ба Майдони ҳавоии Кундуз омаданд ва мунтазири омадани ҳавопаймо шуданд. Соати дуву чил дақиқаи баъд аз зӯҳр ҳавопаймо ба фурӯдгоҳи Кундуз нишаст. Аввалин шуда аз он эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ баромад. Сипас Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигарон, азҷумла Отахон Латифӣ низ аз тайёраи СММ поин шуданд. Нахуст кӯдакон онҳоро бо гулу гулдастаҳо ва шеърхонӣ истиқбол намуданд. Чашмони пурҳаяҷон ва чеҳраҳои хаста, вале хурсанди меҳмонон як ҷаҳон маъниро дар худ ниҳон дошт.

Суханони нахустини устод Латифӣ дар хотирамон лаҳза нақшбастанд, ки дар муроҷиат ба муҳоҷирин мегуфт:  «Бовар кунед, ҳамдиёрони азиз, ки баъди фурӯдгоҳҳои Ҳироту Қандаҳор шуморо дида гумон кардам на ба Кундуз, балки баТоҷикистон омадаам. Шукри Худо ки ба дидори ҳамдигар мерасидаем». Аз фурӯдгоҳ меҳмононро рост ба шаҳри Кундуз, ба идораи раёсати Кумитаи муҳоҷирин бурданд. Дар он ҷо онҳоро бо фаъолияти Кумитаи муҳоҷирин шинос карданд. Дар ҳамин ҷо маълум шуд, ки мулоқоте, ки байни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бояд имрӯз дар Бандари Шерхон сурат мегирифт, ба сабаби дер ба Кундуз расидани як ҷониби гуфтушунидкунанда лағв гардид.

Мулоқот бояд дар рӯзҳои наздик баргузор гардад. Замон ва макони мулоқотро Аҳмадшоҳи Масъуд ба роҳбарони мухолифин баъдтар хоҳад гуфт. Шарт ҳамин ки роҳбарони мухолифин бояд дар се чор рӯзи наздик ҳамеша дар ҳолати омодабош ба ин мулоқот бошанд. Он шаб ҳама ҳайати музокиракунанда ва дигар роҳбарони мухолифин дар Кундуз меҳмони раиси Кумитаи муҳоҷирини Кундуз Мавлавӣ Ҳақназари Ғойибназар буданд. Бори аввал устод Латифиро аз наздик медидам. Аз фурсат истифода бурда худро ба он анн шиносондам. Устод гуфтанд, ки «шуморо ғойибона мешиносам. Ахиран дар бораи шумо журналистон Олег Панфилов ва Аркадий Дубнов дар расонаҳои хабарии Русия мақолаҳо навишта буданд, хондед?». Гуфтам аз радиоҳо дарак дораму вале онҳоро нахондаам. Ва дар навбати худ анн аз устод Латифӣ суол кардам:

-Устод, дар расонаҳои хабарии дунё оиди маҷбуран ба минтақаи таҳти тасарруфи толибон шинондани ҳавопаймойи СММ тавассути ҷангандаҳои онҳо хабарҳои зидду нақиз пахш шуданд. Бархе мегуфтанд, ки ҳайати музокиракунандаи тоҷиконро толибон гаравгон гирифтанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки «на, онҳоро толибон ба меҳмонӣ даъват карданд». Шумо, ки худ шоҳиди бевоситаи ин ҳодиса ҳастед, дар ин бора чӣ мегӯед?

-Рости гап, анн ҳанӯз ба як хулосаи қатъӣ наомадам. Ҳаминашро аниқ мегӯям, ки чанд рӯзе, ки мо меҳмони (дар нохунак) толибон будем анн худамро хеле бад эҳсос мекардам. Ҳар лаҳза омода будам, ки воқеаҳоро, ки бар зарари мо сурат бигиранд, интизор бошам.

-Тарсу ҳарос доштед, ки ба шаҳодат мерасед?

-На, тарс аз ба шаҳодат расидан набуд. Албатта хавфу хатарҳоеро ба ҷони худ эҳсос мекардем. Вале хавфу хатари мо асосан аз он буд, ки тақдири музокироти сулҳ чӣ мешавад. Мо ин қадар заҳмат кашидем, раванди сулҳро ба ҷое расондем. Худо нахоста воқеае сар занад. Ин воқеа мавқеи тарафҳоро дар ин гуфтушунид метавонад боз ҳам аз якдигар дуртар бисозад. Ман ҳанӯз аз наздик бо муҳоҷирини Афғонистон шинос нашудаам. Вале эҳсос мекунам, ки касе дар байни онҳо нест, ки бозгашти сарбаландона ба Ватани азизро нахоҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар тӯли мавҷудияти худ ҳамчун намояндаи як миллати ботамаддун борҳо ба ин сӯи Омӯ иҷборан паноҳанда шудаанд. Вале касе аз онҳо сарбаландона ба Ватан барнагаштааст. Ҳатто амир Олимхон ҳам бо ҳамон хазинаву дороияш дур аз Ватан дар ҳасрати Ватан ҷон ба Ҳақ супурду натавонист бори дигар аз ҳавои диёраш нафас бикашад. Гум кардани Ватан бузургтарин бадбахтӣ барои инсон аст. 

Барои ҳамин коре накарда дур аз Ватан ба шаҳодат расидан ин, ба фикрам, корнамоӣ нест. Вале барои мардум хизмат кардану дар Ватан ҳатто бо марги худ мурдан ин, ба фикрам, шаҳодат аст. Имрӯз имконияти хуб фароҳам омадааст, ки тоҷикон ба сулҳу оштӣ биёянд. Тарафи муқобили мо ҳам сулҳро мехоҳад. Ва ин имкониятро аз даст додан даркор нест. Мулоқоти навбатии роҳбарони ҷиноҳои даргир ба саволҳои зиёде ҷавоб хоҳанд гуфт. Ҳатто ба саволи шумо ҳам, ки толибон бо кадом мақсад ҳавопаймои моро ба замин шинонданд.

Толибе, ки Латифиро ба ҳайрат гузошт

-Ба ҳар ҳол устод, шумо бо чашми сар толибони зиндаро дар амал дидед?

- Бале, Давлат Усмон ҳатто толиберо ба мо нишон дод, ки ҳеҷ интизор набудам, ки чунин шахсро дар Афғонистон мебинам. Толиб- халабон, пилот ё худ ба истилоҳи мо лётчик. Ин ҳамон халабоне будааст, ки МИГ (ҷангада)-и ӯ ҳавопаймои СММ-ро, ки мо дар дохилаш будем, маҷбур кардааст, ки ба фурудгоҳи Шиндан бишинад. Номаш Сиддиқ будааст ва халабониро дар шаҳри Токмаки Ҷумҳурии Қирғизистон ёд гирифтааст. Забони русиро хеле хуб медонистааст.

8-latifi 45784545

Аҷиб он аст, ки Сиддиқ расо як солу чор моҳ пеш як тайёраи борбарии русии ИЛ-76-ро, ки бо истифода аз фазои Афғонистон ба кадом як мамлакате силоҳу муҳимот мебурдааст, низ иҷборан ба майдони ҳавоии Қандаҳор фароварда будааст. Воқеан, ба гуфтаи Сиддиқ баъдан он тайёраро толибон ба ивази се тайёра пули 10-ҳазорсӯмаи афғонӣ, ки дар Русия чоп карда будаанд, ба русҳо бо роҳи гӯё «фирор» баргардондаанд.

Сӯҳбати мо бо устод Латифиро хабари оҷили раҳбарияти мухолифин қатъ кард. Тибқи он Аҳмадшоҳи Масъуд аз роҳбарияти мухолифин хостааст, ки фардо рӯзи 10-уми декабр, расо соати 9-и субҳ дар Толуқон хабари ӯро дар бораи замон ва макони баргузории мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ интизор бошанд.

Латифӣ ва Протоколи Хустдеҳ

Субҳи барвақти рӯзи 10-уми декабр ҳайати музокиракунандаи мухолифин бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз Кундуз роҳ сӯи Толуқонро пеш гирифтанд. Баробари ба Толуқон расидани онҳо чархболҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам дар фазои Толуқон пайдо шуданд. Чун ҳарвақта онҳо дар чамани шаҳр фуруд омаданд. Мошинҳои Аҳмадшоҳи Масъуду ҳозирбошҳояш роҳи хонаи устод Нуриро пеш гирифтанд.

Дар сӯҳбат бо устод Нурӣ Аҳмадшоҳи Масъуд хабар дод, ки мулоқоти устод Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон баъди яксоат, яъне соати 10-и субҳ дар Хустдеҳи дараи Фархор шурӯъ хоҳад шуд. Ҷониби ҳукумат аллакай дар он ҷо ҳузур дорад. Аз ин рӯ аз устод Нурӣ хоҳиш мекунад, ки ҳайати музокиракунанда ва ашхоси зидахл дар музокиротро гирифта дар чархболҳо бо ҳамроҳии ӯ, яъне Аҳмадшоҳи Масъуд, озими Хустдеҳ шаванд.

Баъди 18 дақиқаи парвоз чархболҳо ба Хустдеҳ расиданд. Расо соати 10 мулоқоти сарнавиштсози Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар он ҷо оғоз шуд…

(давом дорад)

Султони Ҳамад

Бознашр аз ҳафтаномаи «Миллат», 18-уми сентябри соли 2008.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1