21:33:28 24-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мӯъмин Қаноат - сарояндаи корномаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

    70- солагииғалабаихалқишӯравӣдарҶБВ

Моҳи октябри соли 2014 дар вохӯрии навбатии кишварҳои аҳдномаи Шанхай (ШОС), ки воқеъан дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе муваффақона анҷом пазируфт, президенти Руссия Владимир Владимирович Путин ба сарони кишварҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ пешниҳод намуд, ки тантанаи ҷашни 70 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ якҷоя дар пойтахти Руссия шаҳри Москва қайд карда шавад. Ин пешниҳод низ аз ҷониби кишварҳои ин аҳднома якдилона пазируфта шуд.

1-mumin-qanoat-458965.jpgБо мақсади шиносонидани ҷавонон ва тарбияи дурусти онҳо, пешгирии таҳрифкориҳо нисбати фидокорию ҷанги адолатноки падару бобоёнамон - сарбозони ватанпарвар ва шуҷоъи собиқ ватани бузургамон СССР ва дар асоси вазъи ҳассоси ба вуҷуд омадаи саёра, дар кишварҳои пеш аз ҳама шӯравии собиқ бояд нашри китобу мақолаҳо сари ин мавзӯъ ҳарчи зиёдтар аз сар гирифта шавад. Дар бораи ҷанги адолатноки халқҳои шӯравӣ ҳазорҳо китоб чоп гашта, садҳо филмҳо ба навор гирифта шуда, ҳазорон тадқиқотҳо анҷом дода шудаанд ва хуб мешуд, ки мисли замони шӯравӣ ин китобу достонҳо боз ба тиражи миллионҳо нусха дар сатҳи давлатӣ ба чоп раванд.

Аз он иборае, ки имрӯз роиҷ аст «иқтисодиёти бозоргонӣ» (яъне агар китобро харанд чоп мекунам) куллан бояд даст кашид! Дар он ҷое, ки сиёсат рафта истодааст, фардо миллионҳо доллар сарф шавад ҳам шояд дури мақсуд ба даст наояд. Мислашро дида истодаем, ки имрӯз бархе аз кишварҳои ғарбӣ ғалабаи бузурги халқи шӯравиро дар ин ҷанг нодида гирифта истодаанд ва ҳатто артиши шӯравиро чун озодкунандаи ҳақиқии лагери марги Освенсим, ки чанде пеш 70 солагии озодкунияшро дар Лаҳистон ҷашн гирифтанд, надонистанд!

Ҳоло он, ки дар озодкунии ин лагери даҳшатбортарини одамкушӣ якчанд артишу дивизияҳои шӯравӣ ширкат варзида, садҳо нафар ҷанговарони шӯравӣҷон бохтаанд! Мояи ифтихори миллати тоҷик низ бояд бошад, ки ҷанговарони тоҷик низ дар озодкунии 7,5 ҳазор асирони зиндамондаи ин «қалъаи марг» фаъолона ширкат варзида, бархеашон ҷони азизи худро аз даст додаанд. Пас мантиқан мебуд, агар роҳбарони худхоҳи ғарбӣ, ки аз набудани шер (манзурам СССР) худро имрӯзҳо паланг меҳисобанд, намояндагони тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ шӯравиро бо як эҳтироми хоса ба ин маърака даъват ва қадрдонӣ мекарданд!

Аз ин рӯ омӯзондану иттилло додан ба аҳолӣ оиди ҳақиқати таърихӣ дар ин раванди басо ҳассоси ҷаҳонишавӣ, ки бархе аз қудратҳо онро мехоҳанд ба манфитҳои худ ба кор баранд кори имрӯзаи ҳар яки мост.

Ин омил ва пешгирии изофанависиҳо ва таҳрифи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи бархе аз кишварҳо амали иттилоотии дастҷамъонаи кишварҳои ИДМ-ро хоҳон аст. Зеро аввалан зарбаи аз ҳама сахтарин ва қурбониҳою инҳисороти зиёдро низ ин кишварҳо чашидаанд, озодкунии башарият низ аз ин вабо бар дӯши ин мардум будааст ва баъдан ин ҷанг ва қурбониҳои он , як қисми фарҳангу таърихи ин миллатҳо гашта, замони шӯравӣ ва баъди он даҳҳо асарҳои назмию насрӣ, филмҳо,асарҳои мусиқӣ ва пайкараҳо офарида шуда, зиёда аз ним аср ин мавзӯъ, мавзӯъи тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва гузашта аз ин ифтихори миллии ин мардум будааст.

Мисоли барҷастаи он офарида шудани асарҳои зиёде дар адабиёти сермиллати шӯравист. Дар адабиёти ба истилоҳ шӯравии тоҷик низ доири ин мавзӯъ асарҳои зиёди назмӣ ва насрӣ офарида шудаанд. Масалан достонҳое чун достони «Ғалабаи Таня»-и устод Лоҳутӣ, достони «Писари Ватан»-и устод Турсунзода, романҳои «Вафо» ва «Ҳар беша гумон мабар,ки холист»-и устод Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон дар сатҳи шӯравӣ сару садоҳоро ба вуҷуд оварда, тариқи нашрияҳои даврии умумииттифоқ чандин маротиба бо тиражҳои калон нашр ва ба фурӯш рафтаанд.

Мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корномаҳои халқи шӯравӣ ва фиристодагони Тоҷикистон дар ин набарду фоҷеаи ҷаҳонӣ мавзӯи ҳамешагии достонсарои забардасти тоҷик устод Мӯъмин Қаноат будааст.

Аз тарафи устод достонҳои машҳури «Сурӯши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Китобҳои захмин», «Ситораи Исмат», монологи «Гули Бодом», шеъри «Хоби қаҳрамон» офарида шудааст, ки устод бо ин навиштаҳои худ замони шӯравӣ тавонист, ки қадру манзалати шеъру достонҳои тоҷикро ба маротиба боло барад ва сару садоҳоеро дар доираи шеъри иттифоқ ва ҷаҳон баланд кунад. Махсусан достони «Сурӯши Сталинград» устод замони шӯравӣ бисёр машҳур гашт ва ба як достони дӯстдоштатарини мардуми шӯравӣ табдил ёфт. Ин достони ҳаммосӣ, ки рӯҳияи мустаҳками ватанпарастӣ дорад ва ба гуфти аъзо-корреспонденти АФ-и СССР-и собиқ, муҳаққиқи шинохта Ломидзе достони эпикӣ-психологист, дар тарбияи ватанпарастии ҳазорон ҷавонони шӯравӣ нақши муҳиме гузоштааст.

Хушбахтона, то имрӯз ин шоҳкории эпикӣ-психологӣ дар тарбияи ватанпарастии ҷавонони рус дар Руссия нақши муҳими худро ба ҷой мегузорад ва ҳамасола дар шаҳри Волгоград озмуни достонсароёни достони «Сурӯши Сталинград» байни мактабиёни шаҳри қаҳрамони Волгоград гузаронида шуда, дар тарбияи ватанпарастии мактабиёни рус нақши боризи худро дорад. Дар ин вилоят ва дигар мавзеҳои Руссия доири ин достон ва қаҳрамонони он ҳатто аз тарафи муаллимаҳои фани математика низ хонишҳои ғайрисинфӣ ба хонандагон ҳанӯз дода мешаванд. Дар асоси ин достон чанде пеш намошномаи театрии «Сурӯши Сталинград»-и театри «Белая птица»-и Челябинск намоиш дода шудааст. Дар асоси ин достон аз тарафи роҳбари Академияи Русӣ-итолиявии бастакорон Алла Ферони мусиқаи «Сурӯши Сталинград» офарида шудааст, ки таваҷҷуҳи тамошобинони хушзавқи русу итолиявиро ба худ ҷалб намудааст.

Асарҳои устод Мӯъмин Қаноат ҳамчунин дар доираи хонандагони Белорус ва Украина низ ҳаводорони худро доранд. Умуман мардуми славянитабор аз навиштаҳои ин нобиғаи достонҳои эпикӣ-психологӣ дар тарбияи ватандӯстӣ ва дарки ҳодисаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хуби истифода мекунанд, ки ин омил бешубҳа, боиси ифтихору эътибори миллати сарбаланди тоҷик низ ҳаст.

Дар ин достонҳо ва дигар навиштаҳои худ устод бо як маҳорати том қаҳрамононии фарзандони миллати тоҷик ва точикистониён аз кабили Саидқул Турдиев, Аҳмад Эргашев, Саидаҳмад Каримов, Исмат Шарифов, Тӯйчӣ Эрчигитов ва дигаронро нишон додааст. Устод Мӯъмин Қаноат пеш аз ҳама ба мадракҳои таърихӣ, аз он ҷумла Бойгонии марказии Вазорати дифоъи СССР, бойгонии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, қаҳрамонони бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шинос шуд, бо онҳо сӯҳбат орост, аз осори мақолаҳои доири муҳорибаҳои алоҳидаи ҷанг чоп шуда, ҷамъоварӣ намуд, онҳоро моҳҳои дароз омӯхта баромад ва баъдан нишаст сари эҷоди достонҳои машҳури ҷаҳонии хеш. Устод барои эҷоди достонҳои ҳарбӣ - қаҳрамонии худ, алалхусус «Суруши Сталинград» зиёд заҳмат кашида, ба ин шаҳри қаҳрамон чанд бор сафар карда, ба мавзеи ҷанг рафта, хонаи машҳури Павловро зиёрат карда, аз байни муҳофизони Сталинград рафиқон пайдо намуда, дар сохтмони «Қӯрғони Мамай»-и машҳур, кӯмаки бевоситаи худро дареғ надоштааст.

Дар шаҳри қаҳрамони Сталинград ӯро бо сарфармондеҳи мудофиаи Сталинград, ду карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Чуйкови машҳур ва дигар қаҳрамонони набарди машҳури Сталинград генералҳо Родимцев, Лелющенко, Шумилов шинос намуданд. Онҷо шиносҳои волгоградияш ба Чуйкови машҳур дар бораи навиштани достони қаҳрамонӣ оиди ин набард аз тарафи ин шоири тоҷик иттилоъ доданд. Маршали дар ҷаҳон машҳур Чуйков ба чеҳраи хело ҷавони шоири тоҷик назар андӯхта изҳор намуда, ки «шубҳа мекунад, охир ӯ хело ҷавон аст, дар бораи ҷанг чиро медонад?!».

Устод Мӯъмин Қаноат ҳамон лаҳза порае аз достони худ «Мавҷҳои Днепр»-ро бо номи «Мавҷҳои бародарӣ», ки ҳамон вақт дар тарҷумаи Ярослав Смеляков дар Маскав чоп шуда, дар сатҳи шӯравӣ шӯреро андохта буд, бо русӣ қироат намуд. Маршалро аз таъсири шеъри шоири тоҷик ҳиссиёти ҳаяҷоноваре фаро гирифт ва изҳор дошт : «Ба ман писарам метавони такя кунӣ!». Ҳамроҳ бо маршал Мӯъмин Қаноат тамоми шаҳри соҳили Волгаро тай кард ва бо чашмони худ ҷойҳои набарди бузургтарини таърихии ҷаҳонро дид ва ҳамон вақт дар дилаш барои фармондеҳи Сталинград боби алоҳидае дар достонаш бо номи «Василий Иванович Чуйков» ҷудо намуд.

Ин достон саҳифа ба саҳифа, ҳарф ба ҳарф таърих аст ва бесабаб нест, ки ин достони машҳур мавриди муҳокимаи Котиботи Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР бо ширкати фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Олии СССР сурат гирифт ва тибқи иттилои нависандагони Шӯравӣ дар чунин пояи баланд хеле боз асари адабӣ мавриди муҳокима қарор нагирифта буд. Онҷо тибқи ёддошти нависанда Михаил Левин устод Турсунзода ба ҳаяҷон омадааст.

2-mumin-qanoat-458965.jpg

Он ҷо ҳамчунин шогирдаш Мӯъмин Қаноат низ дар ҳаяҷон буд. Асар бошад баҳои олӣ гирифта, ин нишонаи арҷгузорӣ ба адабиёти тоҷик буд, нишонаи ворисии адабиёти тоҷик ба «Шоҳнома» - и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ буд. Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамасола шоиру нависандагони зиёде ҷоизахои Давлатии СССР-ро мегирифтанд, лекин қисмати зиёди онҳо ба зудӣ фаромӯш гашта, мавриди муҳокимаи ҷаласаи баландпояи Раёсати ИН-и СССР ва боз бо ширкати фармондеҳони Қуввахои Мусаллаҳи - и СССР ҳатто осорҳои мавзӯи ҳарбӣ низ ҳеҷ гоҳ қарор намегирифтанд ва ин ҷо беихтиёр навиштаи устод аз ин достон ба ёди кас меояд:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

Оре, таъсири сахти равонии ин достон, услуби хоса, диди баланди шоирона ба ин набарди бузург ва муқаддас роҳбарияти Иттифоқи Нависандагони СССР-ро маҷбур сохт, ки онро дар пояи баланд муаррифӣ намуда, бузургии сухани адабиёти шӯравиро назди маршалу генералу адмиралҳои номдор ба намоиш гузоранд ва дар ин асос ин бурди калони адабиёти тоҷик ва миллати мо буд. Зеро хоҳ нохоҳ чунин фармондеҳони баландпоя ва роҳбарони Иттиҳоди нависандагони СССР ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо як таваҷҷӯҳ ва эҳтироми дигаре муносибат хоҳанд кард ва ҳамин тавр низ буд.

Дақиқӣ ва нуқтасанҷии устод дар достони дигараш бо номи «Ситораи Исмат» ба хубӣ айён мегардад. Ӯ дар сарсухани ин достон, ки соли 1989 бори аввал нашр гашта, он оиди қаҳрамониҳои тоҷикписар Исмат Шарифови Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ нақл мекунад, ба хубӣ оиди маргу фоҷиаи ин тоҷикписару аҳлу оилааш, вафоти наздиконаш, се маротиба, аз ҷумла маротибаи охирон санаи 9-уми майи соли 1945 ба зодгоҳаш омадани хати сиёҳи ӯ нақл карда, ҳамаи набардҳо, қаҳрамониҳои ӯ ва фоҷиаи аҳли оилаашро бо як фасоҳати олидараҷаи шоири достоннавис ба риштаи тасвир кашидааст.

Яъне устод барои ба назм даровардани қаҳрамониҳои ин тоҷикписар хело заҳмат кашида, лаҳзаҳои зиндагӣ, корнамоиҳои ӯ, фоҷиаҳои ба сари аҳли оилааш омадаро аз мадракҳои таърихӣ, саҳифаҳои таърихӣ оиди ҷанги мавзеъҳои Курландия (мавзеъи Калинингради ҳозира) ба хубӣ омӯхта баромада, баъдан ин достони бисёр хуби маргу фоҷиаи қаҳрамонии тоҷикписарро ба назм даровардааст. Достони «Китобҳои захмин» низ достоне аст, ки аз хотираҳои бачагии мактаббачаи замони ҷанг устод Мӯъмин Қаноат сарчашма мегирад.

Устод дар хотироти худ «Ёдоштҳо ва бардоштҳо» менигорад: «Замони ҷанг ғаму ташвишҳои зиёде сар шуд. Хешу таборро ба аскарӣ бурданд. Фақат аз як деҳаи мо беш аз 60 нафар ҷавонро бурданд.Таъсираш барои ман калон буд».Ҷои дигаре дар ин асари ёддоштии худ устод менигорад: «Дар ҷаҳони шеър ва кори эҷодии ман саргузашти ду бародарам-акаи Абдулло ва Анвар нақши такондиҳанда дошт. Ангезае ба сурати меҳр ҳамеша дар вуҷуди ман мепечид ва он корномаи баҳодуронаи бародарони аслӣ ва ҳазорон бародарони муборизи дигар, ки дар баробари сипоҳи аҳриманӣ сина сипар намуда, барои фардои дурахшони наслҳои дигар ҷонфидоӣ кардаанд зеҳни маро машғул медошт. Достони «Мавҷҳои Днепр» муҳаббатномаи бародарист. Бародаре, ки мехост ҷойҳои пойи ёдҳои бародари гумгаштаашро дар сарзамини ҷангзада биҷӯяд».

Ҷое менигорад «ҳама осоре, ки ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватани бахшида шудааст, асари эҳсосу таҷрибаҳои кашидаи он замон аст, ки бевосита ҳамаи мардуми ҷаҳонро фаро гирифта буд. Вуҷуди ҳассоси шоир таъсирпазиртар аз вуҷуди дигарон аст ва дардро бештар аз дигарон эҳсос мекунад. Аз ин рӯ симои бародаронам (Абдулло ва Анвар) ва ҳамдиёрони дигарам (Аҳмаду Карам), ки дар блокадаи Ленинград буданд) дар осори ҷангии ман (масалан дар «Китобҳои захмин» «Мавҷҳои Днепр» ва дигар осор) таҷассум гардидааст. Вале шаҳодати акои Абдулло бароям дарди носур буд. Ин эҳсоси пуртуғёну сӯзанда дар қолаби достони «Мавҷҳои Днепр» рехта шуд. Оре як шеъри самимӣ ва дилчасп метавонад дилҳоро мусаххар кунад. Ҳамин тавр ҳам буд. Як шеъру як достон (шеъри «Бародарам» ва достони «Мавҷҳои Днепр» маро дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур кард».

Дар воқеъ устод ҳақ аст. Соли 1967 ӯ ҳамроҳи собиқ сарвари аввали Тоҷикистон Ҷаббор Расулов дар ҷашни 50 солагии Украинаи шӯравӣ иштирок намуда буд. Суханронӣ ва шеърхонии ӯ дар вохӯри бо коргарони калонтарин корхонаи ҳарбии шӯравӣ дар шаҳри Киев, корхонаи «Арсенал» воқеъан дили мардуми зиёдеро тасхир намуда, толорро гирёнда буд. Мардуми зиёде ба расми эҳтироми шоири тоҷик (хонда шавад миллати тоҷик) аз ҷой бархоста то дер гоҳ кафкӯбӣ карда буданд. Баъдан дар маҷлиси тантанавӣ бо ширкати роҳбари аввали СССР Л.И.Брежнев дар ин шаҳр устод боз аз ин ашъори «украинии худ» хонда ҳамаро ба ваҷд оварда буд.

Достони «Китобҳои захмин» низ аз диди кӯдаконаи шоир аз деҳи худ замони ҷанг маншаъ мегирад. Он давра, аниқтараш соли 1942 ҳайати намояндагии Тоҷикистон ба фронт рафта, барои сарбозон тӯҳфаҳои халқи тоҷикро пешкаш намуда буд. Дар бозгашт китобҳои дар Лениград барои мактабҳои Тоҷикистон чопгаштаро чун дастовези ин шаҳри дар муҳосира қарор дошта оварда буданд. Як қисмати ин китобҳо то деҳаи шоир, деҳаи кӯҳистони дурдасти тоҷик низ омада расида буданд. Табиист, ки бар асари бомбаборонҳои пайдарпайи ҳавомаймоҳои душман қисмате аз китобҳо дарида ва сӯрох гашта буданд.

3-mumin-qanoat-458965.jpg

Муллимаашон, ҷавонзани зеборо, ки шавҳараш Карам дар фронти Ленинград буд, дидани «қитобҳои захмин» ба риққат меовард ва сахт мушавваш мегардонид.Табиист,ки ин манзара ва оқибатҳои ахиран дар фронт гумном гаштани омӯзгорашон Карам, хати сиёҳи ӯ ва баъди чанде бо ғами ҷонсӯз фавтидани муаллимаашон дар рӯҳияи як мактаббачаи 10 сола, шоири номвари ояндаи миллат ва ҷаҳон устод Мӯъмин Қаноат сахт таъсиргузор буд ва оянда боиси эҷоди достони маъруфе бо номи «Китобҳои захмин» гардид. Худи шоир дар хотираҳояш менигорад: «Мавзӯъи ҷанг дар адабиёти мо чизи нав набуд.

Аммо ҳар чи буд бештар ҷанбаи ривоятӣ дошт. Ин мавзӯъ нигоҳи дигар мехост. Нафаси созандае лозим буд, ки дар қолабҳои хушки сухан ҷони тозае бидамад. Ривоят, яъне аз дурр (аз фосилаҳо) ба воқеъият назар кардан ва аз шуниданҳои дур (аз воқеъиятҳои фосиладор) сухан гуфтан аст. Ҳунарманд бояд фосилаҳоро бишканад ва байни худ ва воқеъият (байни субъект ва объект) ҳадде нагузорад, худро ба мавзӯи шеър (шоирро ба шеър) омезиш диҳад. Он гоҳ асари ҳунарӣ кайфияту ҷаззобияти дигаре касб мекунад. Ҳар унсури ин асар ҷону эҳсосу отифа дорад, сухан мегӯяд (достони «Сурӯши Сталинград» намунаи чунин осор аст). Ин усули нави ҳунарӣ дар дили хонанда бештар асар мегузорад ва эҳсосбарангез аст (шояд маҳбубият ва шӯҳрати осори банда дар шӯравии собиқ ва ҷаҳон бештар таъсири ҳамин услуб бошад).

Оре, ҳақ ба ҷониби устод аст чун худ шоҳиди бевоситаи воқеъаҳои замони ҷанг буд ва замони ҷанг даъвати сарбозонро ба ҷабҳа, хати сиёҳи онҳо ва ашки чашмони падарону модарон, бародаронро медид ин дардро ҳамон давраи бачагӣ дар дилу рӯҳияи худ ҷо медод. Ахиран фоҷеаи ба сари хонадони онҳо омада, хати сиёҳи бародараш Абдулло, хати сиёҳи бародари дигараш Анвар, дардкашии аҳли оила ва ҳамдиёрон дар ин асос, ногаҳон баргаштани акояш Анвар, таҳаюлотҳое ҳастанд, ки шоирро ҳамон давра барои оянда чун шоири достонсаро тайёр мекарданд.

Воқеъан, ин рӯҳия писхологии аз сар гузаронидаи шоир дар табиати ӯ сахт қавӣ буд.Чун дар сафаре ба Сталинград омаданд ва ин сафари авалини ӯ буд, ҳамсафонаш дигар шоирону нависандагони тоҷик ба зуди аз киштӣ поён шуданд, лекин шоири ҷавон банди тахаюлоти психологӣ қарор дошт. Барои ӯ ин сарзамин, сарзамини муқаддасе буд, ки ҳар як порча заминаш аз хуни аскарбачаҳои шаҳид лабрез буд.

Ин ҳолати равонии шоирро ҳатто зани русе , ки онҷо буд ва он давра падару модарони зиёде дар ҷустуҷӯи аскарбачагони гумноми худ зиёд ба ин марз меомаданд ҳис кард. Ин зан, модари аскарбачаи рус рӯмолашро пеши роҳи зинапояи киштӣ паҳн кард ва ба шоири ҷавон дуо дода , ӯро барои фаромадан ҳидоят кард ва изҳор дошт,ки шумо дили пурмеҳр ва нарме доред писарам, фуроед! Фикр мекунам, ки инҷо низ ангезаи равонӣ, истеъдод ва нақши ояндаи шоир оиди иншои достони машҳуре бо номи «Суруши Сталинград» нуҳуфта буд.

Шоири миллии мо дар давоми умри пурбаракати худ тавонист, ки достонҳо ва ашъори баландмазмуне оиди ин давраи фоҷиабори таърихи инсоният, ки саропо хуну ашк, каҳрамонӣ ва меҳанпарастӣ буд офарад. Воқеъан, достонҳои ҳаммосии шоири мо бо маънии баланд, мантиқ ва фалсафа, сарчашмаҳои зиндаи таърихӣ ва амиқгӯӣ дар офариниши ашъори ҷангӣ дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ назир надоранд ва имрӯз бешубҳа ба як ифтихороти адабиёти тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон табдил ёфтаанд.

Ин ашъор бояд барои тарбияи ватандӯстии ҷавонони мо ҳама вақт дар сархати аввал бошанд.

Зиҳӣ устод, ҳазор сол бизӣ!

Варқаи Зайниддин, узви ИЖ - и ҶТ, Аълочии Матбуоти ҶТ, махсус барои сомонаи «Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1