13:49:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«АЗ ТАЪРИХИ МУРОФИАИ СУДИИ НЮРНБЕРГ» - III

БА МУНОСИБАТИ 76 СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ-1941-1945 БАХШИДА МЕШАВАД.

Шпеер дар сухани охирини худ одамонро бо аҳамияти техника ва ҷанги оянда тарсонидан хоста, нисбати Гитлере, ки тамоми умр дар хизматаш қарор дошт ҳақоратҳои қабеҳро раво дид.

rudenko r.a sssr 1945Нейрат мухтасар изҳор дошт, ки ӯ дар ягон ҷиноят гунаҳгор нест.

Фриче иброз намуд, ки гуноҳи ӯ дар он аст , ки ба гуфтаҳои Гитлер боварӣ дошт.

Баъди сухани охирини судшавандаҳо раисикунандаи трибунали байналмилалӣ то санаи 23-юми сентябри соли 1946 танаффус эълом кард.Ҳайати трибунал барои баровардани ҳукм аз толор хориҷ гаштанд. Санаи 30-юми сентябри соли 1946 расо сати 10-и рӯз дар толори пур аз одамон қироати ҳукми Трибунали байналмилалии ҳарбӣ шурӯъ шуд.Ҳукмро тамоми аъзоёни трибунал ва муовинони онҳо бо навбат қироат мекарданд.Шахт, Папен ва Фриче, ки аз тарафи трибунал сафед карда шуда будан дар замон аз толори судӣ озод карда шуданд (баъдан андешаи махсуси намояндагии шӯравӣ, аъзои трибунали ҳарбии байналмилалӣ оиди ҷинояткории онҳо, ҳамчунин оиди ба қатл сазовор будани Гесс, ки ба ӯ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба таври умрбод дода буданд ва бинобар ташкилоти ҷинояткорона эътироф нагаштани ҳукумати миллатчӣ, ситоди генералии «Рейхи сеюм» ва фармондеҳии олии он ва норозӣ будани намояндагони СССР аз ин қисмати ҳукм пешниҳод ва дар протоколи мурофиавӣ қайд гашт-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Рӯзи дигар , санаи 1-уми октябр қироати қисми қарории ҳукм шурӯъ карда шуд.

Судшавандаҳоро якнафарӣ ба толор дароварда ва Лорентс ба ҳар кадоми онҳо ҷазояшонро мехонд: «Трибунал шуморо бо фалон қисми хулосаи абдоркунӣ гунаҳгор шуморида , фалон ҷазоро таъин кард…»

Аввал Герингро оварданд, ӯ бо тамоми қисмҳои хулосаи айбдоркунӣ айбдор ва ба ҷазои қатл бо роҳи овехтан ҳукм гирифт.

Тибқи шаҳодати иштирокчиёни мурофиа судӣ аз СССР онҳо медиданд, ки Розенберг, Риббентроп, Кейтел, Калтенбруннер, Фрик, Франк, Йодл, Заукел Штрейхер ба истиснои Зайсс-Инкварт чи гуна аз шунидани ҳукми қатл дир-дир меларзиданд. Розенберг, Риббентроп ва Йодлро муҳофизон лозим донистанд, ки аз ду тараф дошта истанд, зеро баъди шунидани ҳукми қатл онҳо дигар дар пояшон истода наметавонистанд.

Умуман тибқи ҳукмномаи Трибунали байналмилалии ҳарбии Нюрнберг 12 нафар саркардагони фашистӣ ба ҳукми қатл(Борман ғоибона) маҳкум гашта, 7 нафарашон ба мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум карда шуданд.Чунин буд натиҷаи мурофиаи аввалини байналмилалии ҳарбии судии башарият!

Трибунал ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи ҳизби миллӣ- сосиалистӣ, отрядҳои муҳофизавии ин ҳизб чун «СС», гурӯҳҳои хадамоти бехатарӣ «СД», пулиси давлатии махфии ҷазодиҳии «Гестапо»-ро ҳамчун ташкилотҳои ҷинояткорона эътироф намуд.

Баъди эъломи ҳукмнома барои дархости авфи гуноҳ мӯҳлати 4-рӯза муқаррар гашта буд.Роҳбарияти машинаи ҷинояткоронаи ҳарбии Олмон ба ин умеди калон дошт.Оиди бахшиши гуноҳ тамоми ҷинояткорон ба ғайр аз Калтенбруннер, Шпеер ва Ширах дархост пешниҳод карданд.Аввалӣ ба он хотир , ки ба бахшидани гуноҳаш боварӣ надошт, дуи дигар азоне, ки ҳукми катли онҳо на тариқи доркашӣ балки бо роҳи паррондан иҷро мешавад хушнуд буданд.Адвокат Берголд барои бахшиши гуноҳи Борман дархост пешниҳод кард.Ҳимоягарони ташкилотҳои ҷинояткорона бошанд барои аз нав дидани ҳукмнома дархост оварданд.

Маҳкумшудагон ҳамчунин як қатор хохишҳоро пеш оварданд.Масалан, Редер хоҳиш намуд , ки ҳабси якумраи ӯ ба ҳукми қатл иваз карда шавад.Геринг, Йодл, Кейтел хоҳиш намуданд ,то дар ҳолати рад гаштани хоҳишашон оиди авфи гуноҳ тарзи иҷрои ҳукми қатлашон аз доркашӣ ба паррондан иваз карда шавад.Санаҳои 9-ум ва 10-уми октябри соли 1946 дар Берлин ҷалласаи Шӯрои назорати оиди Олмон доир гашта, дархостҳои мазкурро дида баромада , чунин қарор кард:

1.Қабули дархост оиди соқит намудани қисмати ҳукмномаи вобаста ба эътирофи ҳайати роҳбарикунандаи ҳизби миллӣ- сосиалистӣ, отрядҳои муҳофизавии ин ҳизб чун «СС», гурӯҳҳои хадамоти бехатарӣ «СД», пулиси давлатии махфии ҷазодиҳии «Гестапо» ҳамчун ташкилотҳои ҷинояткорона ғайримақбул аст , зеро Шӯрои назоратӣ ваколати баррасии ҳукми Трибунали ҳарбиро надошта, танҳо ҳуқуқи тадбиқи авфкунӣ(бахшидан)-ро дорад.

2.Дархости Редер ғайриимкон аст зеро, ки Шӯрои назоратӣ танҳо ҳуқуқи авф карданро бо ҳукми аллакай қабулгашта дошта, дар ин асос тадбиқи ҷазои пурзӯрро пешниҳод карда наметавонад.

3.Дархости Геринг, Гесс Розенберг, Риббентроп ,Кейтел Фрик, Франк, Йодл, Заукел, Штрейхер, Зейсс, Инкварт, Денитса, Функа,Фон-Нейрато оиди авфи онҳо рад карда шавад.

4. Дархости Геринг Йодл ва Кейтел оиди дар ҳолати рад гаштани хоҳиши онҳо оиди бахшиши гуноҳ вобаста ба ивази тарзи иҷрои ҳукми қатлашон аз доркашӣ ба паррондан рад карда шавад.

5.Дархост бахшиши аз номи Борман воридгашта бинобар бармаҳал буданаш рад карда шавад, аммо ба ӯ ҳуқуқ дода мешавад, ки дар мӯҳлати 4 рӯза баъди ҳабсаш бо чунин дархост муроҷиат намояд.

Бегоҳии санаи 15-уми октябри соли 1946 , полковник Эндрюс, ки масъулияи ҳифзи маҳбусон ба зиммаи ӯ вогузошта шуда буд ба назди ҳар як маҳкумшуда рафта, оиди рад гаштани дархости онҳо вобаста ба бахшиши гуноҳ аз тарафи Шӯрои назоратӣ хабар расонид.Нимишабӣ полковник Эндрюс ба утоқи рӯзноманигорон давида омад оиди ҳалокати Геринг хабар медиҳад.Иттило медиҳад, ки сарбози муҳофиз садои нолиши ҷонкоҳро шунида, фавран офитсер ва табиби навбатдоро ҷеғ мезанад.Герингро дар ҳолат ҷонканӣ дармеёбанд.Табиб дар даҳони ӯ хокаи моддаи ишқориро ёфтааст.

Ба ҳайси шоҳиди расмии халқи немис ҳангоми иҷрои ҳукми қатл вазир-президенти Бавария доктор Вилгилем Хогнер ва обер-прокурори шаҳри Нюрнберг, доктор Фридрих Лейснер иштирок намудаанд.Ба онҳо камераҳои маҳкумшудагон аз ҷумла камераи ҷасади Геринг, ки дар кат хобонда шуда будааст нишон дода шудаанд. Соати 00.55 даққиқаи шаби 15-ум ба 16-уми октябр ба вақти Берлин, рӯзноманигорон, Хогнер ва Лейснер ва табибонро ба нуқтаи охири маҳбасхона ки онҷо толори гинастика воқеъ будааст бурдаанд.Дар онҷо 3 дори мехиконидашудаи дар такягоҳи чӯбин сохташуда гузошта шуда будаанд.

Ба онҷо полковник Эндрюс, роҳибони маҳбасхона (католику протестанд),офитсерони муҳофизатии амрикоӣ, аъзоёни Шӯрои назоратӣ -генералҳои шӯравӣ, амрикоӣ, англисӣ ва франсавӣ ворид гаштаанд. Аввалан барои иҷрои ҳукм Риббентропро овардаанд.Ӯ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ қарор доштааст.Рӯҳонӣ мухтасаран дуо мехонад ва сержанти артиши амрикоӣ Ҷон Вуд ба сари ӯ зуд қалпоки сиёҳ ва ресмонро андохта, фашанги дорро зер мекунад маҳкумшуда ба талвосаи ҷон медарояд...Бо навбат дигар маҳкумшудагон низ ба дор овехта мешаванд.Баъдан ҷасади ҳамаи доркашидашудагон ва ҳамчунин ҷасади Геринг қатор ва аксбардорӣ гашта, сӯзонда, хокистарашон тариқи ҳавопаймо ба бод дода мешавад!(Чунин ҳаст расми ин сарои дурушт- сухани Ҳаким Фирдавсӣ ба чунин разилон сахт зебанда аст-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Мана чунин буд натиҷаи ин мурофиаи машҳуртарини байналмилалии судии ҷинояткорони ҳарбӣ, ки дар натиҷаи оқибати кори харобиовар ва ҳаракатҳои ҷинояткорона ин ашхоси аҳриманпеша миллионҳо куштаро аз худ ба ҷой гузошта, ҳазорон шаҳру деҳоту корхонаю муассисаро хароб ва оламро пур аз хору зор намуда буданд.

Таҷрибаи Трибунали байналмилалии ҳарбии Нюрберг барои ояндаи башарият ва пешгирии фашизм ва равияи нажодию миллатпарастӣ барои даҳсолаҳо дар сайёраи азияткашидаи Замин кор дод ва дар оянда то як фосилаи зиёде садои тупу танку ҳавопаймоҳои бомбаандозро хело коҳиш дод.

Натиҷаи таҷрибаи ин мурофиаи беназир боиси қабули як қатор санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оиди пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба генотсид гашта, ба раванди рушди иниститутҳои байналмилалии мурофиаҳои ҷиноятии зидди ҷиноятҳои башарият, аллахусус пешгирии ҷиноятҳои марбут ба генотсид таъсири зиёди мусбӣ расонид.

Маҳз мурофиаи суди байналхалқии Нюрнберг ҷинояти фашистонро чун ҷинояти зиддӣ тухмаи одамӣ, зидди башарият, генотсид эътироф намуд.Ҳуҷҷатҳои ин мурофиа дар моҳи декабри соли 1946 аз ҷониби СММ ҳамчун нормаҳои меъёрии байналмилалии амалкунанда қабул гаштанд.Дар моҳи августи соли 1979 ин асосҳо дар Коннгресси умумиҷаҳонии ассотсиацияи илмҳои сиёсӣ , ки олимони сиёсатшиносӣ зиёда аз 60 кишварро дар бар мегирифт тарафдорӣ ёфтанд.

Ин мурофиа ва рӯйдоди ҷиноятҳои мудҳиши гитлерчиён сабаб гашт, ки институтҳои ҳуқуқӣ, созмонҳои байналхалқӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи бисёр кишварҳо ба ҷинояти зидди инсоният, зидди тухмаи одамӣ диққати махсус диҳанд.

Санаи 9 уми декабри соли1948 Конвенсия оиди пешгирии генотсид ва ҷазо барои содир намудани он қабул гашта, бо ибораи дигар ба таври расмӣ ин ҳаракати зидди тухмаи одами дар миқёси байналмилалӣ чун ҷиноят эътироф гардид.Дар ҳамин давра санаи10-уми декабри соли 1948 Эъломияи ҳуқуқи башарӣ СММ қабул гашта генотсид чун поймолкунии сахти принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дониста шуд.

Айни замон Трибунали байналмилалии судӣ ва дигар созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сари ин масъала бомуваффақият кор намуда, баҳри пешгирии ҷиноятҳои зидди башарият ва ба ҷазо кашидани чунин ҷинояткорон то ин муддат чандин мурофиаҳои байналмилалӣ вобаста ба ҷиноятҳои қатли оммавии одамон дар кишварҳои гуногунро доир намудаанд.Қайд бояд намуд,ки дар баргузории ин мурофиаи хизмати намояндагони ҶШС Тоҷикистон чун ҷузъи таркибии абарқудрати ғолиб(СССР) калон буда, анқариб 300 ҳазор фиристодагони кишвари мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат ва қариб 100 ҳазор нафар ҷон бохтаанд(кишвари мо дар ин асос ҳамчунин ҷузъи таркибии яке аз субеъктони ҷабрдида СССР низ ҳаст-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Дар муҳофизати ин мурофиаи машҳуртарини ҷаҳонӣ, ки яке аз сермуҳофизаттарин мурофиаҳо дар таърихи башарият мафҳуз меёбад дар қатори сарбозони кишварҳои иттифоқчӣ, азҷумла амрикоиҳо сарбозони шӯравӣ аз ҳисоби фарзандони Тоҷикистон низ ширкат варзида, хизмати худро ба ҷой гузоштаанд.Ҳамчунин кормандони судӣ ва прокурории Тоҷикистон дар марзҳои озодгаштаи хоки шӯравӣ дар ҳайти прокуратураҳои ҳарбӣ ва трибуналҳои ҳарбӣ дар тафтиши даҳҳо парвандаҳои ҷиноятии аъмоли нангини фашистон,ки баъдан натиҷаи ин тафтишоту баррасиҳои судии онҳо яке аз омилҳои исботкунии ҷиноятҳои даҳшатноки фашистон дар мурофиаи Нюрнберг дониста шуданд ,иштирок доштанд ва ин амалҳо низ боиси сарфарозӣ ва ифтихори миллати мост!

Аҳли башар аз ин мурофиаи беназир дар роҳи пешгирии зӯроварӣ, истилогарӣ, амалҳои ғайриқонунию даҳшатафкани терроризму ифротгароӣ дар замони имрӯза ҳарчӣ зиёдтар бояд дарси ибрат омӯзанд!

Варқаи Зайниддин, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi