«Мурофиаи судии Токио»
(ба хотираи 70 миллион қурбонии Ҷанги дуюми ҷаҳон ва қурбониёни имрӯзаи кишварҳои олам бахшида мешавад).
Моҳи сентябри соли 2025 тамоми халқҳои тараққипарвари ҷаҳон 80 солагии хотима ёфтани бузургтарин ва даҳшатноктарин ҷанги ҷаҳонӣ дар таърихи инсоният, Ҷанги дуюми ҷаҳонро ёдоварӣ хоҳанд кард.
Ин ҷанг дар таърихи хуб бемислу моманд буда, тибқи бархе аз сарчашмаҳо беш аз 70 миллион қурбониро аз тухмаи одамизод ба ҷой гузоштааст, ки дар муқобили 10 миллион қурбонии Ҷанги якуми ҷаҳон, ин рақам хело ва хело зиёду даҳшатбор аст.
Ҳар як ҷангу низоъ бешубҳа сабабу омилҳои худро дорад. Мутаассифона чунин сабабу омилҳо боиси ҳалокати миллионҳо нафар одамон, гуреза шудани мардум, ба харобазор табдил ёфтани шаҳру деҳистонҳо дар зарфи ҳазорсолаҳо дар сайёраи Замин гаштаанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1939-1945 (тибқи навишати бисёре аз муаррихони ҷаҳонӣ,ин ҷанг на соли 1939, чуноне, ки замони шӯравӣ ба мо мактабачагон меомӯзонданд, балки соли 1937 шурӯъ гаштааст- шаҳри Варқаи Зайниддин), чи тавре, ки дар мақолаи қаблии хеш бо номи «Мурофиаи Нюрнберг» қайд намуда будам, боиси қурбониҳои зиёд, азияту даҳшатҳои алими фарзанди инсоният, инҳисороти ҷуброннашаванда ба маънавиёт, истеҳсолот, фарҳангу тамаддуни башарият зада, инсони бошуури асри ХХ-ро ба фикр кардан водор сохт.
Маҳз дар ҳамин асос, қарор қабул карда шуд, ки Трибунали байналмилалии ҳарбӣ дар муқобили саркардагони Олмони фашистӣ ва низоми ҳукумати фашистии онҳо ва ташкилотҳои гунногуни ин низом созмон дода шавад.
Дар ҳамин асос вобаста ба ташкил намудани Трибунали ҳарбии байналмилалӣ барои Шарқи Дур ва иҷрои банди 10-уми Эъломияи Потсдам, хонандаи закитабъи ман каме шарҳ додани таърихчаи ин конференсия ба манфиати кор хохад буд. Бояд гуфт, ки конференсияи зикршуда, сеюмин ва охирин конференсияи сарони “сегонаи бузург”-се абарқудрати бузурги коалатсияи зиддифашистӣ маҳсуб меёбад. Дар кори конференсия раиси Шӯрои комиссарони халқи СССР, раиси Кумитаи мудофиаи СССР Иосиф Виссарионович Сталин, президенти ИМА Гарри Трумен, сарвазирони Бритониёи Кабир Уинстон Черчилл (то 25-уми июл) ва К.Эттли (аз 28-уми июл) ширкат намуданд.Конференсияи мазкур баъди ғалаба аз болои Олмони фашистӣ ва замони ҳамроҳшавии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг ба муқобили Ҷопони миллитаристӣ доир гашта, мақсади гузаронидани он аз кор карда баромадани барномаи сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо ва ҷаҳон иборат буд.
Конференсия дар шаҳри Потсдами наздикии Берлин аз 17-уми июл то 2-юми августи соли 1945 дар қасри Цицилиенхоф доир карда шуд.
Дар кори конференсия пеш аз ҳама масъалаи Олмони мағлубгашта, азнавсозии ҳаёти сиёсӣ дар доираи сулҳхоҳӣ ва асосҳои демократӣ, аз байн бурдани иқтисодиёти ҳарбӣ ва каму беш барқарор намудани зарари аз тарафи дигар кишварҳо расонида ба Олмон ва ҳамчунин ҷазо додани саркардагони Олмон, ки фаъолияти онҳо ба маҳрумият ва азиятҳои зиёди инсоният оварда расонид иборат буд дарназар дошта шуда буд. Дар кори конференсия ҳамчунин дигар масъалаҳо вобаста ба қисмати кишварҳои аз тарафи Олмони фашистӣ ҷангида, ба монанди Италия, Булғория, Венгрия, Руминия, Финландия, ҳамчунин масъалаи Полша ва Югославия ва дигар мавзӯъҳои ба миёномада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин конференсия ба масъалаи Ҷопон низ диққати ҷиддӣ дода шуд.Дар он Изҳорот(декларатсия) оиди Ҷопон қабул карда шуд. Дар ин Конференсия роҳбари СССР И.Сталин розигии худро оиди иштироки СССР ба ҷанги зидди Ҷопон расонаӣ кард,ки ин нуқтаи муҳим барои дигар иттифоқчиёни зидди Олмони фашистӣ низ буд.
Санаи 26-уми июли соли 1945 Изҳороти сиёсии Конференсияи Потсдам, аз тарафи ИМА, Британияи Кабир ва Чин пешниҳод шуда, аз ҳукумати Ҷопон даъват ба амал оварда шуд, ки фавран таслими бечунучарои худро дар асоси пешниҳодҳо ва шартҳои пешгузоштаи ин кишварҳо эълом намояд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади тезтар ба сулҳи деринтизор расидан, санаи 8-уми августи соли 1945 ба Изҳороти мазкур ҳамроҳ гашт.
Акнун хонандаи закитабъи ман каме ҳам бошад дар бораи Санад оиди таслимшавии Ҷопон, ки дар асоси Изҳороти Потстам қабул гашта буд шуморо шинос менамоем.
“Санади таслимшавии Ҷопон” - ҳуҷҷати юридикиест, ки бо қабули ин ҳуҷҷат оиди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон, азҷумла ҷанг дар марзҳои Уқёнуси Ором ва ҷанги Шуравӣ ва Ҷопон башорат медиҳад.
Бояд гуфт,ки санаи 26-уми июли соли 1945 Изҳороти Конференсияи Потсдам, ки аз тарафи коалатсияи зидди Ҷопони миллитаристӣ ИМА, Британияи Кабиру Чин пешниҳод ва ба ҳукумати Ҷопон ултиматум пеш
гузошта буд, ки дар сурати розӣ нашудан бо шарту шароити пешниҳодгашта оид ба таслимшавии бечунучаро, абарқудратҳои иттифоқчӣ “ба таврӣ фаврӣ ва пурра ин кишварро маҳв хоҳанд кард”.
Санаи 28-уми июли соли 1945 роҳбарияти сиёсии Ҷопон ба таври расмӣ аз аз шарти дар ултиматум овардашуда вобаста ба таслимшавии бечунучаро изҳори сарпечӣ кард.
Президенти ИМА Гарри Трумэн, чунин андеша дошт, ки акнун эшон ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки нисбати Ҷопон яроқи атомиро истифода барад. Вай қарори худро бо он асоснок карданӣ мешуд,ки истифодаи бомбаи атомӣ раванди сулҳоро тезонида пеши роҳи қурбониҳои зиёдро хоҳад гирифт.
Аз ҷониби ИМА 6-уми август ба шаҳри Хиросима ва 9-уми август ба шаҳри Нагасаки бомбаҳои атомӣ партоб карда шуд(агарчанде, ки ягон сабабе барои истифодаи яроқи қатли ом вуҷуд надошт, лекин доираи империалистии ИМА бо мақсади боло бурдани қадру манзалати худ ва тарсонидаи чашми роҳбарони дигар кишварҳо дар замони шӯрӯъи давраи баъдиҷангӣ ва тақсимоти қарибулвуқуъи сиёсати ҷаҳонӣ байни абарқудратҳо,ба ин кор даст заданд на чизи дигар-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Санаи 10-уми августи соли 1945 Ҷопон ба таври расмӣ оиди қабули шартҳои дар санади подсдамӣ қабулгашта изҳороти хешро бо иловаи шарти худ оиди нигоҳ доштани низоми ҳукумати императорӣ пахш намуд.Санаи 11-уми август ИМА ислоҳи пешниҳоднамудаи Ҷопонро вобаста ба санади таслимшавӣ рад намуд.Санаи 14-уми август Ҷопон ба таври расмӣ (бо пешниҳоди нав оиди дахлнопазирии шахсии император) санади таслимшавиро пазируфт(ба диққати хонандаи закитаъи худ мерасонам, ки айни замон ин санади таслимшавии бечунучарои кишвари Ҷопон ва фарорасии хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тайибаи Чин, дар қасри президент ҳифз мешавад -шарҳи Варқаи Зайниддин).
Қатъи назар аз он, амалиётҳои ҷангӣ то давраи имзои санади таслимшавӣ идома ёфт.Бояд гуфт, ки ба таври оммавӣ таслим шудани афсару сарбозони ҷопонӣ дар Манҷурия дар муқобили артиши Шӯравӣ санаи 16-уми август шурӯъ гашт. Ишғоли Ҷопон аз тарафи ИМА санаи 28-уми августи соли 1945 шурӯъ гашт.
Ба таври воқеъӣ санади таслимшавии бечунучароии Ҷопон 2-юми сентябри соли 1945, соати 9:02 даққиқа ба вақти Токио, дар киштии америкоии “Миссури” дар халиҷи Токио ба амал омад.
Намояндагони кишварҳои зерин ба санади таслимшавии Ҷопони милитаристӣ имзо гузоштанд:
1.Ҷопон - вазири корҳои хориҷа Сигэмицу Мамору.
2. Ҷопон - сардори ситоди генералӣ Умэдзу Ёсидзиро.
3.ИМА- Сарфармондеҳи артиши иттифоқӣ, генерали артиш, Дуглас Макартур ва адмирали флот Честер.
4.Ҷумҳурии Чин - генерали дараҷаи якум Сюй Юнчан.
5.Британия Кабир адмирал Брюс Фрэзер.
6. СССР - генерал-лейтенант Кузма Николаевич Деревянко.
7.Австралия -генерал Томас Блэми.
8. Канада - полковник Лоренс Косгрейв.
9.Фаронса - генерал Жан Филипп Леклерк.
10.Нидерланд-лейтенант-адмирал Конрад Хелфрих.
11.Зеландияи Нав - вице-маршали авиатсия Леонард Изитт.
Дар имзои санади таслимшавии кишвари Ҷопон намояндагони 9 кишвар: ИМА, СССР, Британияи Кабир, Чин, Австралия, Фаронса, Канада,Нидерлан, Зеландияи Нав иштирок намуданд.
Қайд бояд намуд, ки агар ба таърихи мурофиаи судии байналмилалӣ назар афканем,Трибунали ҳарбии байналмилалӣ барои Шарқи Дур, ки бо номи Мурофаи Токио машҳур аст вобаста ба иҷрои банди 10-уми Эъломияи Потсдам, ки тибқи талаби он нисбати тамоми ҷинояткорони ҳарбӣ, азҷумла онҳое, ки нисбати асирон аъмоли ваҳшиёнаро анҷом додаанд бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ҷазои вазнин мегирифтанд, таъсис дода шуда, мақсади он ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани шахсони муқобили сулҳу ваҳад, муқобили инсоният ва куштори оммвиро анҷом дода буд.
Кишвари Ҷопон ба санади таслимшавии ҳукумати вақти хеш ба шартҳои банди Эъломияи Потсдам розӣ шуда ӯҳдадор гашт, ки тамоми талаботҳои пешовардаи Фармондеҳии қисмҳои ҳарбии ишғолгари иттифоқчиёнро ба иҷро хоҳад расонид.
Агарчи байни итифоқчиён оиди ташкили мурофиаи судии ҷинояткорони ҳарбӣ номувофиқӣ низ ҷой дошта бошад ҳам, лекин Сарфармондеҳи қушунҳои иттифоқӣ , генерал Дуглас Макартур 11-уми сентябри соли 1945 қарор намуд, ки гумонбарони ҷиноятҳои ҳарбиро ба ҳабс гирад ва дар ин асос ҷамъ 29 нафар, асосан аъзоёни ҳукумати генерал Хидэки Тодзидо ба ҳабс гирифта шуданд.
Санаи 19-уми январи соли 1946 дар рӯзи таъсиси Трибунали ҳарбӣ, аз тарафи Дуглас Макартур,Оинномаи трибунали байналмилалӣ доир ба Шарқи Дур тасдиқ карда шуд, ки он тартиби таъсиси трибунали ҳарбиву вазифаи он, ҷиноятҳоеро, ки ба тобеъияти
трибунали ҳарбӣ дохил мешуданд муайян намуд.Ин оиннома низ асосан дар асоси таҷрибаи таъсиси трибунали барои мурофиаи Нюрнберг таъсис дода шуда буд.
Санаи 25-уми апрели соли 1946 дар асоси моддаи 7-и Оинномаи кабулгашта, дастури қоидаҳои Трибунали ҳарбии байналмилалӣ барои Шарқи Дур нашр гашт.
Генерал Дуглас Макарти гуруҳи иборат аз 11 нафар судяро, ки 9-нафари онҳо аз кишварҳои ба санади таслимшавии Чопон имзокарда буданд тасдиқ кард.
Чунончӣ: аз кишварҳои зерин судяҳо дар ин трибунали ҳарбии байналмилалӣ иштирок намуданд:
1.Аз Австарлия, Уилям Уэбб, судяи Суди Олии Австралия, ҳамчун раиси суди трибунали ҳарбии байналмилалии Токио.
2.Аз кишвари Канада, Эдвард Стюарт Мак-Дугалл - судяи суди апеляционии суди Квебек.
3.Аз Ҷумҳури Чин, Мэй Жуа- аъзои Палатаи қонунгузории Юаня.
4.Аз ҳукумати муваққатии Фаронса, Анри Бернар-сарпрокурори трибунали 1-уми ҳарбии шаҳри Париж.
5.Аз Ҳинди Бритонӣ, Радхабинод Пал-омӯзгори факултаи ҳуқуқшиносии Донигоҳи шаҳри Калкута.
6.Аз Нидерланд, Берт Рёлинг- профессори ҳуқуқи Донишгоҳи Утрехт.
7.Аз Зеландияи Нав, Эрима Харви Нортккрофт-судяи Суди болоии Зеландияи Нав.
8.Аз Филлипин, Делфин Хараниля- судяи Суди Олии Филиппин.
9.Аз Бритониёи Кабир,Уилям Доналд Патрик- Судяи суди сесионии Шотландия.
10.Аз ИМА, Ҷон Патрикс Хигтинс- сарсуди Суди олии Массачусетса (ӯро баъдан аз моҳи июли соли 1946 генерал -майор Майрон Крамер судяи генералӣ-адвокати артиши ИМА иваз намуд).
11.Аз СССР, Зарянов Иван Михеевич - аъзои Коллегияи ҳарбии Суди Олии СССР, генерал майор.
Дар ин асос 11 нафар айбдоркунандаҳо низ аз ҳисоби ҳамин кишварҳои ғолиб ва ё худ ба санади таслимшавии бечунучарои Ҷопони миллитаристӣ имзо намуда ва ҳамчунин Филиппин ва Ҳинди Бритониё (чун кишварҳои зарардида) интихоб ва тасдиқ карда шуданд.
Сарпрокурор, сарайбдоркунандаи Трибунали ҳарбии байналмилалии Шарқи Дур аз тарафи шахсан президенти ИМА Гарри Трумен интихоб ва тасдиқ карда шуд.
Онҳоро бо тартиб дар поён пеш меоварем:
1.Аз ИМА- сарайбдоркунанаи мурофиа Жозеф Кинан, муовини Прокурори генералии ИМА, директори парвандаҳои чиноятии Вазорати адлияи ИМА.
2.Аз Австралия- судяи Суди Олии штати Квинселд.
3.Аз Канада -Гери Нолан, муовини Суди генералӣ,адвокати Артиши Канада.
4.Аз Ҷумҳурии Чин- Сян Чже Сюн-вазири адлияи ва хориҷа.
5. Аз ҳукумати муваққатии Фаронса-Роберт Онето.
6.Ҳинди Бритонӣ -Панампилли Говинда Менон, Прокурори шоҳигарӣ ва судяи Суди Олии Ҳинд.
7.Аз Нидерланд- Фридрик Боргерхофф –Малдер.
8.Аз Зеландияи Нав - Роналд Генри Квиллам, муовини генерал-адютанти артиши Зеландияи Нав.
9.Аз Филлипин-Педро Лопез-, Прокурори Филлипин.
10.Аз Бритониёи Кабир-Артур Коминс Карр, аъзои Палатаи ҷомеъи парумони Бритониёи Кабир.
11.Аз СССР- Сергей Голунский- сардори шуъбаи шартномаю ҳуқуқи ВКХ СССР (баъдан эшонро прокурори шаҳри Москва, Александр Василев иваз намуд).
Дар санади айбдоркунӣ иборат аз 55 банд оиди айбдоркунии ҳамаи айбдоршавандаҳо ва ҳамчунин гуноҳи онҳо дар алоҳидагӣ оварда шуд.
Дар хулосаи айбдоркунӣ оиди ҷиноятҳои содирнамудаи ҳукумати императории Ҷопон, ки аз соли 1937 то соли 1945 зери сиёсати миллитаристӣ ва шовинистӣ шурӯъ (аз ҷанги Халхин -Гол) дар як қатор кишварҳо ба мисли Чин, Филлиппин, Бирма, Сингапур, Корея, Муғулистон ва ғайраҳо сиёсати забткорӣ ва қатлу куштори гӯшношунидро амалӣ намуда буданд, далелҳои зиёде пеш оварда шуд.
Чунончӣ, ҳодисаи қатли омми сокинони шаҳри Нанкин, ки соли 1937 дар пойтахти онвақтаи Чин, ҳангоми Ҷанги дуюми Чину Ҷопон тибқи сарчашмаҳо аз 300 ҳазор то 500 ҳазор шаҳрвандони мулкӣ ва сарбозони таслимгаштаи беяроқ қатл карда шуда, аъмолҳои нангини таҷовуз ба номус(тибқи далелҳои пешоварда зиёда аз 20 ҳазор занони чиноӣ аз 7 сола то 60 сола мавриди таҷовуз ба номус қарор гирифта буданд-шарҳи Варқаи Зайниддин) зиёд рух дода,ҳодисаҳои ғасбу ғорати молу мулки шаҳрвандони мулкӣ зиёде рух дода буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ё худ дар шаҳри Манила- пойтахти Филиппин, дар моҳҳои феврал-марти соли 1945 аз 100 ҳазор то 240 ҳазор аҳолии осоишта аз тарафи артиши ҷопонӣ, махсусан занону кӯдакон ба таври даҳшатовар кушта шуда, занону ноболиғон мавриди таҷовузи зиёди сарбозону афсарони ҷопонӣ қарор мегирифтанд(ин аъмоли нангини артишиёни ҷопонӣ баъдан сареҳан дар Мурофиаи Манила ба таври сазовор баҳо дода шуд- шарҳи Варқаи Зайниддин) ё воқеъаҳои «Марши Ботоани», ки дар моҳи апрели соли 1942 баъди асир гирифтани 78 ҳазор сарбозу афсари артишҳои Филлипин ва ИМА( 67 ҳазор аз артиши Филиппин ва бештар аз 11 ҳазор нафар аз артиши ИМА) бар асари гуруснагӣ, беморӣ, азияти сахт аз тарафи ҳарбиёни ҷопонӣ зимни ба ҷои дигар бурдани онҳо, чанд ҳазор сарбозону афсарони асирафтода талаф гаштанд(ин амалҳо аз сиёсати нодуруст ва ғайрибашарию миллитаристию шовинистӣ ва худхоҳии ҳукумати вақти Ҷопон сарчашма мегирад-шарҳи Варқаи Зайниддин) рӯи об оварда шуданд.
Тибқи сарчашмаҳо дар марши ба истиллоҳ Ботоани (нимҷазира дар кишвари Филиппин) ҷамъан аз 5 ҳазор то 54 ҳазор сарбозону афсарони асирафтода ба ҳалокат расидаанд(генерали артиши императории Ҷопон Хомму аз тарафи комиссияи тафтишоти иттифоқчиён гунаҳгор дониста шуд (ин генерал ҳанӯз 3-юми апрели соли 1946 дар наздикии Манила -пойтахти Филиппин парронида шуд- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ба замми ин отряди машҳур ба номи №731 дар ин давра озмоишҳои биологиро вобаста ба сохтани яроқи бактериологӣ бо роҳбарии генералҳои хизмати тиббӣ ва ветеринарии ҷопонӣ як қатор амалҳои ғайриинсониро дар бадани одамон, хосатан асирони ҳарбии аз Чин, СССР, Муғулистон ва кишварҳои истиллогашта ва зери асораташон қарор дошта таҷриба намудаанд. Тибқи сарчашмаҳо ва шаҳодати асирон ва худи сарбозони ҷопонӣ дар давраи солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар озмоишгоҳҳои санҷишҳои яроқи биологии Ҷопон бештар аз 12 ҳазор нафар асирони кишварҳои хосатан чиноӣ, шӯравӣ ва дигар кишварҳои осиёӣ истифода ва ба ҳалокат расонида шудаанд(шояд ҷанговарони тоҷикнасаби дар ҷанги Халхин-Голи Муғулистон асирафтода дар чунин озмоишгоҳҳо низ истифода гашта бошанд- андешаи Варқаи Зайниддин).
Ин ниҳод аз ниҳоди озмоиши тиббии фашистон бо номи «Аненербе», ки таҷрибаҳои гуногунро дар бадани инсонҳо дар соҳаҳои гуногуни тиббӣ анҷом медоданд ягон камӣ низ бо ҷиноятҳои содиркардааш надошт (бояд гуфт, ки боз отряди дигари махсуси ҳарбии №100 созмон дода шуда буд, ки ба таҳқиқи ҳайвонот ва наботот бо мақсади сохтани яроқи бактериологӣ машғул буда, тариқи озмоишгоҳҳои ин отряд низ озмоишҳои зиёде зидди ҳайвоноту табиат низ анҷом дода шуда буд (шарҳи Варқаи Зайниддин).
Қайд бояд намуд, ки мисли мурофиаи Нюрнберг, низ тамоми бандҳои айбдоркунӣ ба 3 категория , категорияҳои «А», «Б» ва «С» тақсим карда шудаанд.
Категорияи А (бандҳои 1-36) оиди ҷиноятҳо дар муқобили сулҳ аз ҷумла:нақшабандӣ, тайёрӣ,ба ҷанг кашидан ва ё бурдани ҷанги истилогарона бо вайрон намудани меъёрҳои муйяннамудаи шартномаҳои байналмилалӣ ҷиноятҳо дар муқобили сулҳ аз ҷумла:
нақшабандӣ, тайёрӣ, ба ҷанг кашидан ва ё бурдани ҷанги истилогарона бо вайрон намудани меъёрҳои муйяннамудаи шартномаҳои байналмилалӣ.
Бо ин бандҳо танҳо амалҳои ҷинояткоронаи роҳбарияти олии Ҷопон басту банд мегардиданд.
Категорияи Б (бандҳои 37-52) оиди айбдорӣ дар кушторҳои оммавӣ, ки он дар муқобили ходимони ҳарбӣ ва сиёсӣ корбаст мешуд.
Категорияи С (бандҳои 53-55) айбдоркунӣ дар содир намудани ҷиноятҳо дар муқобилӣ обычаи ҷанг ва ҷиноятҳои муқобили инсоният, нисбати тамоми қишрҳои ҷиноятсодирнамудаи ҷомеъаи Ҷопон корбаст карда мешуд.
Ба сифати айбдоршаванда ҳамагӣ 29 нафар шахс ба мурофиаи ҷиноятӣ фаро гирифта шуд.
Ба мисли Садао Араки, Кэндзи Доихар, Сэйсиро Итагак, Окинори Кая, Коити Кидо, Хэйтаро Кимураб,Куниаки Коисо,
Иванэ Мацуи, Дзиро Минами, Акира Муто, Такадзуми Ока, Хироси Осима, Кэнрё Сато, ,Иванэ Мацуи, Дзиро Минами
Акира Муто, Такадзуми Ока, Хироси Осима ва дигарон.
Бояд гуфт, ки дар рафти мурофиаи судӣ нисбати 4 нафар айбдоршаванда тафтишоти судӣ қатъ карда шуд.
Нисбати вазири корҳои хориҷӣ Ёсука Макусука,ки дар ҳабсхона аз беморӣ бо марги табиӣ вафтид.
Нисбати адмирал Осами Нагано,ки дар ҳабсхона аз беморӣ бо марги табиӣ вафтиданд.
Нисбати Сюмей Окавӣ - файласуф ва идеологи милитаризми ҷопонӣ,ки номукаллаф дониста шуд.
Нисбати Фумимарро Коноэ- собиқ сарвазири Ҷопон дар солҳои 1937-1939 ва 1940-1941,ки дар ҳабсхона бо истифодаи заҳр худкушӣ кард(айнан монанд ба яке аз роҳбарони ҳукумати фашистии Олмон - Геринг,ки дар ҳабс бо роҳи истифодаи заҳри кимиёӣ худро ба ҳалокат расронида буд-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Дар рафти мурофиаҳои судии Трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар қасри Итигайи шаҳри Токио, 7 нафар айдоршавандагон ба ҳукми қатл,тариқи ба дор овехтан сазовор дониста шуда, ҳукми онҳо дар саҳни бинои зиндони Сугамо санаи 23.12.соли 1948 бо роҳи ба дор овехтан ба иҷро расонида шуд(бояд гуфт, ки дар ҳамин зиндон разведкачии маъруф ва афсонавии СССР, Рихард Зорге соли 1944 ба қатл расонида шудааст-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ҳафт нафар ашхоси ҳукми қатл гирифта инҳоянд:
1.Кендзи Доихара-генерали артиши императории Ҷопон.
2.Сейэсиро Итагаки-генерал артиши императории Ҷопон.
3.Хейтаро Кимра- генерали артиши императории Ҷопон.
4.Иванэ Мацуи - генерали артиши императории Ҷопон.
5.Акира Муто- артиши императории Ҷопон.
6.Хидэки Тодзио- генерал, вазири ҳарбӣ ва собиқ Сарвазири Ҷопон.
7.Коки Хирота-Сарвазир,вазири корҳои хориҷаи Ҷопон.
Ҳамчунин 15 нафар ҷинояткорони дигар ҳукми ҷазои маҳрумӣ аз озодии якумраро гирифта, 3 нафари дигар ба мӯҳлатҳои гуногун ба ҷазо сазовор дониста шуданд.
Бояд гуфт, ки се нафар ҳукми зиндонӣ гирифтагони зерин:
1.Куинаки Коисо - генерали артиши императории Ҷопон ва генерал-губернатори Корея.
2. Тосио Сиратори - сафири Ҷопон дар Италияи фашистӣ.
3. Ёсидзиро Умэдзу- генерали артиши императории Ҷопон дар зиндон баъди ҳукм гирифтан бар асари беморӣ вафтиданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 15 нафари ҷазо гирифта низ соли 1955 афв карда шуда, ба озодӣ баромаданд ва аз байни онҳо 2 нафарашон боз ба сиёсат баргашт.Яке аз онҳо Мимор Сигиэмицу то вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷопон ва якумин намояндаи Ҷопон дар СММ рафта расид.Окинори Кая ,ки ба ҳукми ҷазои маҳрумии аз озодии якумра сазовор дониста шуда буд, дар ҳукумат Ҷопон ба ҳайси вазири адлия иҷрои вазифа намуда, соли 1972 аз кори давлат канор рафтааст.
Аъзоёни хонаводаи императории Ҷопон ва озмоишгарони яроқи биологӣ дар тани беморон, бинобар ваколати дахлнопазириро соҳиб шуданашон аз таъқиби тафтишот ва суд дар канор гузошта шуданд.
Дахлнопазирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани император Хирохито ба тамоми аъзоёни оилаи эшон низ таъсиргузор буд. Ҳангоми мурофиаи судӣ, америкоиҳо сайъ мекарданд, ки барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур намудани император ва аъзоёни оилааш тамоми чораҳоро андешанд. Ҳангоми мурофиаи судӣ генерал Тозио чунин иброз дошт:
"Ягон шаҳрванди ҷопонӣ наметавонад дар муқобили император нишондод диҳад».
Ҳукумати ИМА бо дархости генерал Дуглас Макартур ба роҳбарони барномаи озмоиши яроқи биологӣ дар тани инсон Сироита Итми ва тобеъонаш низ ваколатҳои дахлнопазириро арзонӣ дод( албатта дар ивази додани ахборотҳои ниҳоят зарурӣ вобаста ба натиҷаи озмоишҳои яроқи биологӣ дар бадани инсон, ҳоло он,ки тафтишоти шӯравӣ ҳамон давра ҷиноятҳои нисбати инсон даст задани ин отрядро муайян намудаву ахиран мурофиаи судии Хабаровск соли 1949, 12 нафар асирони ҷопониро, ки вобаста ба озмошиҳои биологӣ, азҷумла 4 нафар генералро, ки ба гуноҳи худ иқрор гашта буданд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида буд- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ба ҳамин тариқ Трибунали ҳарбии байналмилалӣ оид ба Шарқи Дур, ки бо номи «Мурофиаи Токио» маъруф аст, аз 3-юми майи соли 1946 шурӯъ гашта, то санаи 12-уми ноябри соли 1948 идома ёфт.
Трибунал 4356 далелҳои ҳуҷатӣ, 1194 нафар шоҳидони ҳодисаҳои ҷиноят, ки аз онҳо 419 нафараш бевосита дар рафти мурофиаи судӣ даъват шуда шаҳодат доданд ва дигар далелҳои исботкуниро мисли фотосуратҳо, кинофилмҳоро фарогир буда, чеҳраи манфури миллитаризму шовинизми ҷопониро дар ҳампоягӣ бо фашизми олмонӣ , ки иттифоқчии наздик буданд барои мардуми башарият ба намоиш гузошт. Ин мурофиаи ҷиноятии байналмилалӣ, ки хело маъруф аст, агарчанде,ки аз таҷриба ва маводҳои юридкию Оинномаи Трибунали байналмилалии Нюрнберг истифода намудааст, аз он фарқи зиёде низ дорад.
Масалан, Мурофиаи Нюрнберг, ки аз тарафи 4 абарқудрати ҷаҳонӣ(СССР,ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса) ба таври машварати фаъолияташ қабул гашта буд, тамоми масъалаҳо низ бо ҳамин тарз баррасӣ ва ҳал карда мешуд. Мурофиаи Токио бошад дар асоси меъёрҳои мурофиаи ҷиноятии англо-америкоӣ яктарафа қабул гашта, таъсису амали трибунал танҳо аз тарафи ИМА коркард, қабул ва амалӣ мегашт.
Азҷумла сарайбдоркунандаи Трибунали ҳарбӣ бевосита намояндаи ИМА бо имзои президенти ИМА Гарри Трумен таъин гашта буд, ҳоло он, ки дар Трибунали байналмилалии Нюорнберг таъини сарсудя ва сарайбдоркунандаи давлатӣ танҳо ба таври машваратӣ аз тарафи Шӯрои 4 кишвари абарқудрат СССР, ИМА, Бритониёи Кабир ва Фаронса амалӣ мегашт.
Мурофиаи Нюрнберг дар асоси Созишнома ва Оинномаи трибунал, ки дар асоси Конвесияи байналмилалии Гаага(1907) қабул карда шуда буд амал мекард, ин Конвенсия ба Мурофиаи Токио таъсиргузор набуда,
фаъолияташ чи тавре, ки дар боло қайд намудем, асосан дар доираи амалӣ қонунҳои англо-америкоӣ, ки аслан бо ташаббуси як тараф (ИМА) коркард мешуданд ба роҳ монда шуда буд.
Ҷалласаҳои судӣ дар Мурофиаи Нюрнберг ба таври озод бо иштироки намояндагони ВАО пайваста доир карда мешуданд. Дар Мурофиаи Токио аз 830 ҷалласаи судӣ, 131 ҷалласааш ба таври пӯшида сурат гирифта (фикр мекунам,ки дар бисёр ҳолатҳо ҷалласаҳои пӯшида ба хотири аз мурофиа баровардани император, аъзоёни оилааш ва роҳбарони озмоишҳои биологӣ дар тани инсон анҷом дода мешуданд-шарҳи Варқаи Зайниддин) намояндагони ВАО ба онҷо роҳ дода нашуданд. Дар муроифаи судии Нюрнберг 3 ҳукми сафедкунӣ қабул гашта буд, дар Мурофиаи судии Токио ҳукми сафедкунӣ ҷой надошт.
Ҳамчунин дар Мурофиаи Нюрнберг ҳайати роҳбарикунандаи ҳизби миллӣ- сосиалистӣ, отрядҳои муҳофизавии ин ҳизб чун «СС», гурӯҳҳои хадамоти бехатарӣ «СД», пулиси давлатии махфии ҷазодиҳии «Гестапо»-и низоми давлати Олмони фашистӣ ҳамчун ташкилотҳои ҷинояткорона эътироф гаштанд, чунин амал дар Мурофиаи Токио сурат нагирифт, ҳукумати ҳарбии Ҷопон (лоақал ниҳодҳои дорои озмоишгоҳҳои яроқҳои биологӣ, ки исботи пурраи худро дар истифодаи ваксинаҳо дар тани ҳазорон нафар инсони зинда ҳангоми таҷрибаҳои биологӣ ёфта буданд, чун ниҳоди ҷинояткорона дар мурофиаи судӣ мавриди баррасӣ қарор дода нашуданд-шарҳи Варқаи Зайниддин) ҳоло он,ки идеологияи миллитаристӣ ва шовинистию андешаи фатҳу истиллои кишварҳои ҷаҳон камаш бештар аз 50 сол боз ба як ғояи сиёсии ҳукумати императории Ҷопон табдил ёфтаву адовату бетараҳҳумӣ нисбати дигар халқу миллатҳо пайваста ва солҳои дароз дар қароргоҳи императорони Ҷопон пайваста коркард мешуд (мисли қарорҳои дар лонаи фашистон Рейхстаг коркардашуда-шарҳи Варқаи Зайниддин) ва гунаҳгори аслии ин сиёсатҳои нодурусти шовинистию миллитаристӣ императори вақти Ҷопон Сёва Хирохито ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда, ба эшон ҳуқуқи дахлнопазиро доданд, чунин ҳуқуқ ба роҳбари барномаи яроқи биологӣ Сиро Иси низ аз ҷониби америкоиҳо бо мақсадҳои манфиатдоштаи худ арзонӣ дода шуд.
Яроқнокшавӣ ва ҳарбикунонии кишвари Ҷопон ва боло бурдани ваколатҳои ҳарбиён, дар ин замина таъсиси ҳукумати ҳарбикунонидашуда пеш аз ҳама аз ҷониби 2-3 насли императорҳои Ҷопон сарчашма мегирифт.
Ахиран ин назарияи ғайрибашариву истилогаронаро солҳои 1937-1945 императори навбатии Ҷопон Сёва Хирохито (1901-1989), ки соли 1926 ба курсии императори Ҷопон такя зада буд , замони Ҷанги дуюми ҷаҳон то андозае амалӣ кард.Дар ин асос сиёсати мусаллаҳшавӣ бо ғояҳои миллатгароӣ , якҷоя бо таъсироти ғояҳои Олмони фашистӣ ва ғояҳои динии ҷопонӣ(сентоизм) ба оқибатҳои ҷангсолорӣ ва ба як дарди сари кишварҳои осиёӣ табдил ёфт. Охир-ул амр барои мардуми кишварҳои осиёӣ, худи мардуми ҳунарманду меҳнатдӯст ва фарҳангии ҷопонӣ, башарият ин сиёсати императори вақт бо ҳукумати ҳарбикунонидааш як фоҷиаи азимеро илқо карданд.
Қатъи назар аз фарқиятҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ин трибунал, Мурофиаи байналмилалии Токио, ки барои баҳо ва ҷазо додан дар нисбати пеш аз ҳама ҷиноятҳои мудҳиши зиддибашарият ва ҷиноятҳои ҳарбии аз тарафи мошинаи ҳарбии миллитаристии ин кишвар(ҳукумати миллитаристии Ҷопон) таъсис дода шуда буд, то андозае тавонист кори худро анҷом диҳад ва чеҳраи манфури ҳукумати вақти миллитариситӣ, худхоҳ ва ишғолгарро, ки дар ҳавзаи Шарқи Дур, солиёни зиёде бо мақсади ишғолгароӣ ва ҳукмронӣ намудан ба як қатор кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором ҳуҷум овардаву қатлу куштору яғмогарӣ,таҷовуз ба номуси даҳҳо ҳазор занону духтаракону ноболиғонро амалӣ намудаву ҳазор ҷиноятҳои даҳшатоварро нисбати сокинони мулкӣ ва асирони ҳарбӣ анҷом дода, миллионҳо куштаву харобкорӣ ва гушнагиро аз ин амали нангини худ дар қораи Осиё ба вуҷуд овард, тавонист то андозае баҳои ҳуқуқӣ дар чорҷубаи қонунҳои пешқадами байналмилалӣ диҳад.
Ин мурофиа, якумин мурофиаи байналмилалиест, ки ҳукми худро аз санаи 23-юми ноябри соли 1945, баъди қабули санадҳои муҳими байналмилалӣ- Конвенсия оиди пешгирии генотсид ва ҷазо барои содир намудани он аз санаи 9 -уми декабри соли1948 ва Эъломияи ҳуқуқи башарӣ СММ аз санаи 10-уми декабри соли 1948, ки бо қабули онҳо расман генотсид чун поймолкунии сахти принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маънидод гашт, санаи 23-юми декабри соли 1945 ба иҷро ва ба самъи ҷаҳониён расонидааст.
Аз ин рӯ Мурофиаи байналмилалии Токио низ мисли Мурофиаи байналмилалии Нюрнберг дар таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ва рушди он саҳми сазовор дошта, сабақҳо он низ боиси қабул гаштани як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ гаштанд.
Дар ин асос ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз амалҳои даҳшатноку разилонаи ҳукуматдорони вақти Ҷопони миллитаристӣ огоҳ гашта, чунин амалҳои даҳшатноки миллитарстӣ ва шовинизми ҷопониро мисли амалҳои нангину даҳшатноки фашистони олмонӣ ҷомеъаи башарӣ маҳкум намуд.
Ин мурофи низ як дарсу сабақи таърихӣ барои инсоният гардид.
Айни замон Трибунали байналмилалии судӣ ва дигар созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сари ин масъала бомуваффақият кор намуда, баҳри пешгирии ҷиноятҳои зидди башарият ва ба ҷазо кашидани чунин ҷинояткорон то ин муддат чандин мурофиаҳои байналмилалиро вобаста ба ҷиноятҳои қатли оммавии одамону истифодаи инсоният чун материали озмоишӣ дар озмоишгоҳҳои биологӣ дар кишварҳои гуногунро доир намуда, дар роҳи пешгирии чунин ҷиноятҳои даҳшатнок саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар нақши 4-уми достони “Тоҷикистон исми ман”-и устоди бузурги шеъри порсӣ, Фирдавсии Сонӣ, Мӯъмин Қаноат сатре ҳаст: “Ҳар кӣ шамшер мекашад, ӯро шамшер мекушад!” Дар ҳамин маъно қисмати роҳбарони Олмони фашистӣ, Италияи фашистӣ ва Ҷопони миллитаристӣ ҳамин гуна ҳаст.
Ин як ҳушдорест, ба кишварҳои неофашистии имрӯза мисли ИМА ва Исроили саҳунистӣ, ки имрӯзҳо дар Шарқ, ба гаҳвораи тамадуни инсоният Ирони пок, кишварҳое чун Фаластин, Шом, Ироқ, Лубнон, Афғонистон ва ғайраҳо ҳазорон бобаҳоро партоб ва ҳазорон инсони бегуноҳ ва хосатан тифлону занонро оғӯштаи хун карда истодаанд, ба хотири манфиатҳои касифи хеш ва ахиран ин роҳбарон ва кишварҳояшон бо шамшерҳои кашидаашон қатлу кишварҳояшон завол хоҳанд.
Сайёраи Замин-ин модари бузурги мо имрӯз ниёз ба оромию ҳифз зиёд зарурият дорад, хосатан дар ҳолати гармшавии шадиди тамоми ҷаҳон.
Дар дар суруши якуми достони “Суруши Сталинград” бо номи “Замин” абёти ҷовидонае ҳаст:
Маро гаҳвора мегӯянд,
Чу гаҳвораи заррин,
Вале ман модари бечораам, хокам,
Агар тифле ба рӯям по ниҳад, шодам,
Агар марде фитад аз пой, ғамнокам.
Чу модар дар азо бо синаи чокам,
Напиндоред бедорам, кафи хокам!
Модар-Замин имрӯз ба ғамхории зиёди тамоми башарият ниёз дорад, то нохалафоне фарзадони онро бо ҳавопаймо бомбаборон накунанду оташу дудро дар болои Замини пок паҳн, ҷангҳои гузашта барои инсон бояд сабақи абадӣ бошанд!
Рӯҳи 70 миллион қурбониёнии Ҷанги дуюми ҷаҳон шод бошад , бигузор фарзандони одамизод дигар чунин ҷангҳои даҳшатнокро набинад ва Модар -Замин (истиллоҳи шоир Мӯъмин Қаноат) ҳама вақт орому шод бошад!
Зайниддинов Варқа Давлатҷонович, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.
















