11:11:57 24-уми Июни 2025 сол

АМИН ЧӢ ГУНА САРНАГУН ШУД?

Расо 30 сол қабл, 27-уми декабри соли 1979 Ҳафизуллоҳ Амин, ки ҳамагӣ 100 рӯз пештар дар натиҷаи як сӯиқасди дарборӣ сарвари қаблии Афғонистон, раҳбари Ҳизби халқӣ - демократии Афғонистон Нурмуҳаммади Таракиро аз байн бурда, дар ин кишвар ба сари қудрат омада буд, худ низ дар натиҷаи як амалиёти вижаи нирӯҳои махсуси сохторҳои қудратии шӯравӣ кушта шуд ва қудрат ба дасти рақиби сарсахти ӯ аз ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон ҷиноҳи парчам Бабрак Кармал расид.

 

Дар бораи чӣ гуна сарнагун сохтани Амин инак дар тӯли 30 сол аст, ки расонаҳои хабарии ҷаҳон менависанд. Вале ба назар мерасад, ки ахиран дар ин мавзӯъ баъзе аз тарҳрезон ва татбиқгарони ин амалиёти бесобиқа ба ошкоргӯӣ ва ифшо намудани баъзе аз асрори ин ҳодисаи барои минтақа ва ҳатто ҷаҳон сарнавиштсоз пардохтаанд.

 

Сарнавиштсоз ба ин хотир, ки маҳз натиҷаи ҳамин амалиёт заминаи ба Афғонистон ворид сохтани ҷузъу томҳои Артиши шӯравиро то андозае дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ машруъият бахшид. Зеро дастнишондаи шӯравиҳо ба тамоми ҷаҳон эълон мекард, ки Артиши шӯравӣ бо хоҳиши халқи азияткашидаи афғон ба хотири кӯмак вориди Афғонистон шудааст.

 

Хуб, аз мавзӯъ дур намеравем, Амин чӣ гуна сарнагун шуд?

 

Савлатшоҳи Мерган, ки яке аз афғоншиносони варзидаи собиқ шӯравӣ ва ҳоло Тоҷикистон мебошад ва наздик ба бист соли ҳаёти хешро дар даврони Муҳаммад Зоҳиршоҳ, Муҳаммад Довуд ва замоне, ки шӯравҳо дар Афғонистон будаанд, дар Афғонистон сипарӣ кардааст ва бо роҳбарону иштирокчиёни ин амалиёт борҳо радду бадалҳое доштааст, дар сӯҳбат бо мо дар хусус омодагириҳои мақомоти шӯравӣ ба ин амалиёт  ва анҷоми он дар соли 1979 чунин изҳори ақида намуд:

 

-Амин баъди он ки дар моҳи сентябри соли 1979 Таракиро аз байн бурда ба сари қудрат меояд, маҳали кору зиндагонии хешро тағйир медиҳад. Ӯ аз арки шоҳӣ, ки дар маркази Кобул буд, ба қасри Доруламон, ки дар беруни шаҳр, дар теппаи Тоҷбек аст, мекўчад. Идораи КМ ҳизбро низ ба он ҷо мебарад. Ёдам ҳаст аз миёнаҳои моҳи октябри соли 1979 шурӯъ карда ҳар боре, ки аз шўравӣ тайёра меомад, се нафар, чор нафар то ҳафт нафар ҷавонмардони тануманд либосҳои мулкӣ бар тан  ба Кобул меомаданд ва онҳоро дар ҳамон сафорат ҷой медоданд.

 

Дар зарфи ду-се моҳ онҳо чунон зиёд шуданд, ки дигар дар утоқҳои сафорат имкони онҳоро ҷойгир кунондан намонд. Сипас маҷбур шуданд, ки талабагони мактаби дохили сафоратро ба таътили иҷборӣ фиристанд ва онҳоро дар мактаб ҷой диҳанд. Вақте мо мепурсидем, ки инҳо киҳоянд ва барои чӣ омадаанд, роҳбарият аввалҳо мегуфт, ки инҳо ба хотири таъмини амнияти сафоратхона омадаанд. Баъдҳо, ки аз ҳад зиёд шуданд, мегуфтанд, ки барои ҳифзи  иншоотҳое, ки шўравӣ месозад, оварда шудаанд. ОшпазҳоиТаракиро, ки шаҳрвандони рустабори шўравӣ буданд, Амин баъди марги Таракӣ бо худ ба қасри Доруламон бурд.

 

Тарҷумони онҳо як тоҷики тоҷикистонӣ бо номи Муҳаммадҷон буд. Ман ин қиссаро аз ў ва Дастгири Панҷшерӣ, ки иштирокчии ҳамин ҳодиса будааст, шунидам. Рўзи 27-уми декабри соли 1979 Амин ҷаласаи КМ ҳизбро дар қасри Доруламон таъин мекунад. Бо сабабҳои гуногун ширкаткунандагони ҷаласа ба маҷлис дер меоянд. Тақрибан соатҳои 12-и зўҳр Амин эълон мекунад, ки ҷаласа баъди хўрдани хўроки нисфирўзӣ шурўъ хоҳад шуд.

 

Дастгири Панҷшерӣ, ки чанд рўз пеш аз ин ҳодиса баъди табобат аз шўравӣ омада буд, мегўяд, ки чун духтурон ба ман гуфта буданд, ки аз хўрдани хўроки тезу тунд парҳез кунам, ман хўроки якум, шўрборо, ки тез буд, нахўрдам. Дигарон ҳама онро хўрданд. Пеш аз хўрдани хўроки дуввум, яъне оши палав дидам, ки онҳое, ки шўрбо хўрда буданд, бо шумули Амин, ҳама аз ҳуш рафтанд. Дар ин вақт духтурҳо омада ҳамаро ба ҷуз Амин ба шифохонаи «Чорсадбистар» мебаранд. 

 

Дар он ҷо меъдаи заҳролудшудагон ва дар ин миён аз манро ҳам шуста ҳамаро аз ҳалокат наҷот медиҳанд,- мегўяд Панҷшерӣ. Амин  бошад, дар қасри Доруламон баъди чанде, соатҳои севуним ба ҳуш омада аз муҳофизаш хоҳиш мекунад, ки аз «Чорсадбистар» духтур биёрад. Муҳофиз як духтури рустабори шўравиро ба қаср меорад.

 

Духтур меъдаи Аминро шуста ўро ба ҳуш меорад, ки дар ҳамин вақт, тақрибан соатҳои чоруними аср ба қаср ҳамлаи мусаллаҳона шурўъ мешавад. Касе аз муҳофизини қаср, ки онҳо ҳам асосан  сарбозони шўравӣ буданд, намедонист, ки ҳамла аз ҷониби кӣ сурат мегирад. Ҳамлаварон ҳамон ҷавонмардони шўравӣ буданд, ки ба таври инфиродӣ ба Афғонистон бурда шуда буданд.

 

Онҳо муҳофизони қасрро мешинохтанд ва мекўшиданд то камтар ба онҳо зарар бирасад. Вале Амин ва ҳамон духтури рустабор дар натиҷаи шиллики рокет (тири грантамёт) ба қатл мерасанд. Ҷасади Аминро баъди маргаш касе надидааст, ки дар куҷо ба хок супурда шудааст.

 

Полковник Иван Тараненко, ки  ҳамон шабу рӯз дар сарраёсати иктишофоти низомии (ГРУ)-и  Ситоди генералии вазорати дифои Русия хидмат мекардааст, ахиран дар мусоҳибаи худ ба рӯзномаи «Комсомольская Правда» (25.12.09) гуфтааст, ки амалиёти аз байн бурдани Аминро дар дастгоҳи марказии КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ ва ГРУ тарҳрезӣ намуда онро воҳидҳои вижаи КГБ  «Гром» ва «Зенит», ки баъдан онҳоро «Альфа» ва «Вымпел» меномидагӣ шуданд ва «Баталёни мусалмонӣ»-и ГРУ амалӣ намуданд.

 

То ин ошкорбаёнии Тараненко дар расонаҳои хабарӣ маъмулан аз фаъолияти «Альфа» ҳарф мезаданд. Хулоса «Баталёни мусалмонӣ»-ро моҳи майи соли 1979 бо амри генерали армия Ишутин, ки раҳбари ГРУ буд, полковник Василий Колесник  азҷумлаи 500 нафар низомиёни осиёитабор: ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва туркманҳо, ки забони дариро медонистанд, созмон дод. Фармондеҳи ин воҳиди низомӣ Холбоев  Ҳабиб Тоҷибоевич буд. Моҳҳои июл ва август ба шиддат тамрин мекарданд.

 

Дар Маскав махсус барои ин баталён либоси низомиёни афғониро омода карданд. Ҳар кадом асноди сарбози афғониро дошт. Ба хотири ба бебанду борӣ роҳ надодан дар ин ҳуҷҷатҳо номҳои аслии аскарони шӯравиро  навишта буданд. Рӯзҳои 9-10-уми декабри соли 1979 ин баталёнро дар ду тайёра аз фурӯдгоҳҳои Чирчик ва Тошканд ба майдони ҳавоии Багроми Кобул интиқол доданд. Ба гуфтаи Тараненко ин баталён бояд бо баҳонаи тақвият бахшидан ба қувваҳои амниятии Амин рост ба қаср, ба маркази шаҳр, рафта, ӯро дар ҳамон ҷо сарнагун месохт.

 

Вале чун Амин ҷои буду боши худро берун аз шаҳр, ба қасри Доруламон, тағйир дода буд, дар нақшаҳои кудаточиён низ тағйирот ба амал омад. Атрофи қасри Аминро дар ин минтақа беш аз  дувуним ҳазор сарбози афғонӣ ҳифозат мекард. Бинобар ин санаи сарнагун сохтани Амин низ ба дигар рӯз мононда шуд. Ва ин сана рӯзи 27-уми декабр фаро расид.

 

Дар ин рӯз гурӯҳи «Гром» иборат аз 24 нафар бо роҳбарии майор Романов, гурӯҳи «Зенит» иборат аз 30 нафар таҳти фармондеҳии майор Семёнов, «баталёни мусулмонӣ» иборат аз 530 нафар таҳти фармондеҳии майор Холбоев Ҳабиб, ротаи 9-ми парашютӣ-десантии полки 354-ум иборат аз 87 нафар таҳти фармондеҳии лейтенанти калон Востротин, взводи зиддитанкии 27 нафара таҳти фармондеҳии лейтенанти калон Савостьянов амалиёти сарнагунсозии Аминро пиёда карданд.

 

 Раҳбарии амалиёт ба дӯши тарроҳи он полковники воҳиди низомии вижаи ГРУ генерал Колесник ва муовини ӯ сардори раёсати раведкаи ғайрилегалии КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ генерал Дроздов гузошта шуда буд.

 

Агарчӣ ҳамлаи воҳидҳои низомии вижаи шӯравӣ ба қасри Амин ғофилгирона сурат гирифта бошад ҳам, вале сарбозони Амин шадидан муқовимат мекарданд. Тибқи гуфтаи Тараненко мушовирони низомии шӯравӣ як рӯз қабл бо баҳонаи таъмири аслиҳа сӯзанакҳои аксари силоҳҳо, махсусан пулемётҳоро аз дохили силоҳҳои сарбозони афғонӣ гирифта буданд.

 

Бо вуҷуди ин сарбозони афғонӣ, махсусан 150 муҳофизи Амин, то тамом шудани тиру муҳимоти худ муқовимат карданд. Азбаски силоҳҳои муҳофизони Аминро асосан таппончаҳои олмонии МП-5 ташкил медоданд, тирҳои онҳо аз ҷавшанҳое, ки сарбозони шӯравӣ ба тан пӯшида буданд, намегузаштанд. Амин то лаҳзаи охир бовар надошт, ки ба қасри ӯ воҳидҳои вижаи  шӯравӣ ҳамла бурдаанд.

 

Ӯ ҳатто аз наздиконаш талаб мекардааст, ки аз шӯравиҳо кӯмак талаб кунанд. Ба гуфтаи Таранеко дар ин ҷанг афғонҳо 350 касро кушта ва 1700 касро асир доданд. Аз муҳоҷимин 11 нафар кушта шудааст, ки дар ин байн полковники КГБ Бояринов, чаҳор десантчӣ ва шаш нафар узви «баталёни мусулмонӣ» будааст. Теъдоди захмиҳои шӯравиҳоро Тараненко 38 нафар гуфтааст.

 

Дар масъалаи ҳалокати Амин ӯ гуфтааст, ки шояд аз тири дайдуе ва ё инфиҷори норинҷаке ҷони худро аз даст дода бошад. Зеро ҷасади ӯро танҳо дар хатми амалиёт дидаанд.

 

Вале дар як матлаби Би Би Сӣ омадааст, ки  хонуми Амин, ки ҳини ҳамлаи шӯравиҳо дар дохили қаср бо ҳамрроҳии шавҳараш будааст, ба як хабарнигоре гуфтааст, ки шавҳари ӯро як сарбози шӯравӣ, ки дар дасташ акси Амин будааст, дар ҳамин ҳамла баробари диданаш бо автомат паррондааст. Тибқи ҳамин манбаъ ҷасади Амин дар теппаҳои пушти қасраш ба хок супурда шудааст. Вале то ба имрӯз касе аниқ ҷои онро намедонад.

 

Худи ҳамон шаб тавассути як ҳавопаймо Бабрак Кормалро, ки баъди маъзул шуданаш аз вазифаи сафири Афғонистон дар Чехославакия дар Маскав зиндагонӣ мекард, ба Кобул оварданд ва ӯ аз тариқи Радио ба мардуми Афғонистон муроҷиат карда хабари ба қатл расидани Ҳафизуллоҳ Амин ва шикасти режими ӯро  эълон кард. Аниқтараш сабти муроҷиатномаи ӯро, ки қаблан ҳанӯз дар шӯравӣ таҳия шуда буд, борҳо аз ин ба баъд такроран пахш мекарданд.

 

Ҳамагӣ баъди панҷ рӯзи амалиёт «баталёни мусулмонҳо»-ро бо ду ҳавопаймои АН-22 ба Тошканд баргардондаанд.

 

Ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон даҳ сол давом кард. Дар ин муддат тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон беш аз якуним миллион афғон ба ҳалокат расидааст, панҷ миллион нафар бехонаву дар, ғариби мулки бегона шудааст. Ба гуфтае шӯравиҳо дар ин ҷанг беш аз 15 ҳазор шаҳрванди худро қурбон кардаанд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/1414-amin-chi-guna-sarnagun-shud.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ