18:28:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЗОДМАРДИ ҶОНФИДО

 

 ЁДЕ АЗ ФАРЗОНАФАРЗАНДИ ОЗОРДИДАВУ 
ИЗЗАТНАДИДАИ ТОҶИК ТОҲИРИ АБДУҶАББОР 


Бо гузашти рӯзҳою моҳҳо фироқи озодмарди зиндаёде чу Тоҳири Абдуҷаббор, азоби маҳрумият аз ӯ, ба аҳли ақлу фаросат гарон меафтад. Дигар он ҷасурмарди ҷонфидое, ки оид ба ҳар масоили гарони зиндагии мардум, ҳам дар сатҳи иқтисоду сиёсат, ҳам иҷтимоиёту маънавиёт, давлатдорию ҳифзи мустақилият сухани ҳақро ботамкину боасос ва беибо гӯяд, бо мо нест. 

Дигар пушту паноҳи ҳар фардро Худои мутаол ба худи ӯ вогузоштааст. Тоҳире нест, ки бе мансабу курсӣ, бе молу чиз, дар ғами беҳбудии зиндагии мардум, шарики ташвишу ғаму ғуссаи он бошад ва аз номаш сухани ҳақ гӯяд. Худои меҳрубон ба ӯ фақат синни мубораки пайғомбариро муносиб донистааст. Дар ҳиҷрони аз номи мардум ҳақталошию ҳақгӯӣ озодмардон ҳамеша худро сарфи назар кардаанд ва дар маҳрумияту нодорию бехудӣ зистанро насиб донистаанд. Ва аз ин тақдир боре гиламанд нагаштаанд ва шикояте надоштаанд. Вале онҳо аз ҷаҳолат, кундии ақлу заковат, бефарҳангӣ, худношиносию бардагии аксари мардум бо дарду ҳасрат ва таассуф рафтаанд. Ва ин таассуфу ҳиҷрон ҳамон орзуи амалинашудае аст, ки ҳам ҷисму ҳам ақлу заковати нобиғаро хазон сохтааст.

Ба мисли аксари фардоне, ки Тоҳири Абдуҷабборро дар марҳалаи бозсозии сохтори шӯравӣ ва баъди вакили мардумӣ интихоб гаштани ӯ шинохтаанд, мулоқоту шиносоии мо ҳам, дар танаффуси байни ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ ба вуқӯъ мепайваст. Ҳуҷраҳои кории барои Кумитаи назорати конститутсионӣ таъин шуда, ки банда он вақт фаъолият доштам, дар қабати сеюми бинои Шӯрои Олӣ ҷойгир буд. 

Дар байни ҷаласаҳо вакилон ба утоқи кориам медаромаданд ва оид ба баъзе масъалаҳои таҳия ва қабули қонунҳо сӯҳбатҳо баргузор мешуданд. Ҳар як баромади Тоҳири Абдуҷаббор дар музокироти порлумонӣ ва чопи мақолаҳояш дар саҳифаи рӯзномаҳо, сӯҳбатҳояш дар телевизиону радио он солҳо боиси диққату эътибор буд. Ҳам дар байни вакилон ва ҳам берун аз Шӯрои Олӣ пешниҳоду таклифҳои ӯро бо завқ шунида, ҳақҷӯ будани ӯро дарк мекарданд. Вале барои қабули онҳо ҳанӯз тайёр набуданд. 

Баъзе аз мансабдорону вакилон пешниҳодҳои муфиди ӯро бо тамасхур, дигаре бо истеҳзо шунида, майлу рағбати қабули онро надоштанд. Бо вуҷуди ҳанӯз дар Шӯрои Олӣ ҳукмронии якандешии коммунистӣ ӯ мавқеи худро дар сатҳи маърифати баланд ва ақлу фаросат ба гӯши ношунавои «вакилон» ва мардуми дар хоби гарон буда, расонидан мехост. 

Аммо якандешии онвақта хислати болшевикона дошта, роҳи баҳсу талоши созанда ва муколамаро намепазируфт ва бинобар ин таклифу пешниҳодҳои берун аз қолаби таффакури худро бо ҷангҷӯӣ ва ҳайоҳуй пешвоз мегирифтанд. Азбаски аксарияти вакилон қобилияти гуногунандеширо дарк кардан ва одобу баҳсу талошро намедонистанд, нисбати ӯ дуруштию ҳарзагӯиро муносиб медонистанд. 

Воқеан аввалин сӯҳбатҳои мо бо Тоҳири Абдуҷаббор дар хусуси лоиҳа ё меъёри қонунҳое авҷ мегирифт, ки дар Шӯрои Олӣ ва сохторҳои он баррасӣ мегаштанд ва ман мекӯшидам, ки роҳи дурусти ҳуқуқии ҳалли онро фаҳмонам. Дар марҳалаи майдонбароию шиоргӯии мардум ӯ аксаран дар хиҷолат буд. Зеро ки аз анбӯҳи мардуми аз маърифати ҳуқуқию сиёсӣ дурро ба кӯчаю майдон кашидан ва онро ба ихтиёри ҳар гуна ҳангомаҷӯю тундгароён гузоштан меҳаросид. 

Ҳодисаҳои февралии соли навадум як ҳушдори ваҳмангезе барои ҳамаи озодандешони тоҷик буд. Гарчи ҳукуматдорон тавонистанд, ки ташаббускорони қину қоли ҷавонмардони тоҷикро аз беруни кишвар нишон диҳанд, аммо аслан иҷрокунандаю ҳавасмандони такрори ин кирдор дар дохил низ кам набуданд. Инро Тоҳири Абдуҷаббор хуб дарк мекард ва аксаран даъвати мардумро ба майдон чандон намепазирфт. Воқеан агар касе ба барномаю ҳадафҳои созмони мардумии «Растохез» аз ибтидо боҳушу бекина назар андозад, дар он нишонаҳои даъват ба тундгароиро намебинад. Ва дар ҳадафи асосии он аз бедорсозии тоҷик аз хоби гарони бисёрасра ва даъват ба худшиносии асли хеш, чизи дигареро намебинад. 

Аммо як зумра ҳангомаҷӯён, таъмакорон ва чандрӯяҳо дар баробари озодандешони асл, ки воқеан мавқеи Тоҳири Абдуҷабборро дарк ва дастгирӣ мекарданд, дар атрофи ӯ ба худ ҷой ёфта, бо мурури дар ҷомеа эҳтиром пайдо кардани ин созмон, дар атрофи он ба мисли парвона давр мегаштанд. 

Чанде аз онҳо маҳз бо ҳамин роҳ худро маълуму машҳур сохтанд ва бо ишораи аввалини ҳукуматдорон ба мансабҳо соҳиб гашта, аввалину охирин шуда, санги маломатро ба сари ёрони хеш заданд. Барои онҳо ин мансаб чи аз ҳокимияти шӯравии аз қудрат маҳрум гашта, чи аз тоифаи ба ҳифзи ҳукумати «конститутсионӣ» бархеста тӯҳфа шудааст, чандон фарқ надошт.

Муҳимаш он буд, ки ба сари хони ҳукуматдорон даъват гарданд. Ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки аз байни онҳо баъдан вазирон, мушовирони давлатӣ, вакилон ва ҳатто сафирон пайдо гаштанд. Вале ҳамаи онҳое, ки дар атрофи Тоҳири Абдуҷаббор бо мақсади неки бедории мардум ҷамъ гашта буданд, аз ин «ҳангомаҷуён» ҳаросида ё худро канор мегирифтанд ва ё кӯшиш ба харҷ медоданд, ки алангаи дар атрофи созмон сӯхта истодаро хомӯш созанд. Дар интиҳои кор онҳо аз сиёсат дилгир гашта, хомӯширо пеша карданд ва ё муҳоҷиратро ихтиёр ва дар орзуи бедории тоҷик дар мусофират нони қоқро аз хони пур аз неъмати боминнат авло донистанд. Онҳо орзую ҳадафи худро ба фурӯш нагузоштанд. 

Дар яке аз иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ соли 1991 баҳсу талош дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани вакили халқ, раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов хеле шиддат ёфт. Аз ҷумла, прокурори генералӣ Н.Ҳувайдуллоев дар хусуси гунаҳкор будани М.Икромов хеле истодагарӣ намуд. Дар танаффус дар даҳлез бо Тоҳир рӯ ба рӯ омадем ва бо таассуф гуфт, ки ман бо Нурулло Ҳувайдуллоев хеле эҳтиром дорам, аммо намефаҳмам, ки чаро ӯ нисбати М. Икромов сахт часпидааст. Ба сӯи толори маҷлисгоҳ ишора карда, илова намуд, ки ба ин ҷанобон ҳарду ҳам даркор нестанд. Бо гузашти солҳо ин суханҳоро ба ёд оварда, ҳақ будани ӯро бештар дарк мекардам. 

Мавриди вохӯрии дигар дар хусуси ҳиҷрати Н. Ҳувайдуллоев ба Хуҷанд афсӯс хӯрда, гуфт, ки чанд рӯз аз ин пеш ҳарду сӯҳбат доштем ва барои ҳиҷрати он кас зарурате набуд. Вақте ки шодравон Нурулло Ҳувайдуллоевро хунхорони нобакор ба қатл расониданд, ҷасади ӯ баъди муоина дар мурдахонаи Қарияи Боло барои видоъ ба бинои Шӯрои Олӣ оварда, гузошта шуд. Пеш аз оғози маросим Тоҳир бо чашмони ашколуд дар он ҷой пайдо шуд. Ба ҷасад наздик гашта, афсӯс хӯрд, ки ана боз як фарзанди барӯманди миллатро аз даст додем ва хам шуда, болопӯши қатшударо рост намуд ва то анҷоми аёдат дар он ҷо бимонд.

Аз кашолсозию рӯйтобии роҳбарони ҷумҳурӣ аз қабули яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии шӯравии дар марзи Тоҷикистон буда Тоҳири Абдуҷаббор дар ҳайрат афтода буд. Дар ҷаласаҳои порлумонӣ ва берун аз он, ба таъҷилан соҳиб шудан ба ин моликият даъват мекард, ба вакилон муроҷиат менамуд, вале мурвати гӯши онҳо фақат ба мавҷи ларзиши овози роҳбарон мувофиқ гардонида шуда буд. Аз ин рӯ, ақли солим на ҳар вақт ба кор меомад. 

Ҳатто барқияи охирин вазири мудофиаи ИҶШС ба роҳбарони Тоҷикистон оид ба таъҷилан муайян кардани муносибати ҷумҳурӣ барои соҳиб гардидан ба силоҳу муҳимоти ҳарбии дар марзи ҷумҳурӣ қарор дошта, онҳоро аз ҳолати бемасъулиятию манфиатҷӯйии хеш раҳо карда натавонист. Минбаъд он моликият талаву тороҷ гашта, ба тамоми хоки собиқ давлати Шӯравӣ паҳн гардид. 

Ва аҷаб нест, ки он яроқу аслиҳаро соҳибони нав ба «Фронти халқӣ» ва «мухолифини тоҷик» фурӯхта бошанд, то ки онҳо якдигарро бикушанд. Саҳнаи дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ, аз минбари порлумонӣ ба вазири онвақтаи иқтисод Т.Ғаффоров муроҷиат намудани Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ҳанӯз ҳам дар пеши назар аст. ӯ аз вазир пурсид, ки «Тӯхтабой! Шумо гӯед, ки барои нигоҳбонии яроқу аслиҳаи шӯравии дар Тоҷикистон ҷой дошта, ҳар сол чӣ қадар маблағ зарур аст?».

Вазир ҷавоб гардонида буд, ки қариб ду миллиард рубл. Раҳмон Набиев инро шунида, аҳли толорро хеле бо ҳаяҷон бовар мекунонд, ки барои Тоҷикистон ин яроқу аслиҳа зарурат надорад ва барои нигоҳубини он маблағи калон зарур аст, ки мо онро надорем. Ҳол он ки ақли солим тақозо мекард, ки нархи ҳар яке аз даҳҳо танки вазнин ва тайёраҳои ҳарбӣ бо «пулҳои чӯбини» онвақта аз як миллиард кам арзиш надоштанд ва дар ҳолати моликияти ҷумҳурӣ эълон доштани он харҷи худро худ бароварда метавонист. Вале «вакилони халқ» бо сарвари худ яксару якпо буданд. 

Пешниҳодҳои Тоҳири Абдуҷаббор дар хусуси таъҷилан гузаштан ба пули миллӣ, оид ба худпарокандашавии Шӯрои Олии даъвати охирин ва ташкили порлумони нави ҷумҳурӣ ва боз чанде дигар, ки ба манфиати соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва миллати тоҷик дахл доштанд, ё беҷавоб мемонданд ва ё вакилону вазирон баръакси он амал мекарданд. Он вақт ақли солим ба кор намеомад. Сарфи назар аз ҳамаи ин, Тоҳири Абдуҷаббор ҳамоно дар пешниҳодҳои худ истодагарӣ мекард.

Моҳи ноябри соли 1991 Тоҳири Абдуҷаббор бо вуҷуди хавфу хатари воқеӣ ба ҳаёташ, ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд сари вақт ҳозир гашт. Дар рӯзу соатҳои тайёрӣ ба кори иҷлосия дар толори Қасри ӯрунхӯҷаев аллакай ошкор шуда буд, ки тарҳи пешакии кӣ ба сари қудрат омадан ва чи тавр саркӯб кардани ақаллияти ба ном мухолифини порлумонӣ тайёр аст. 

Акнун фақат он тарҳро бе қилу қол ба иҷро расонидан мондаасту халос. Бинобар ин, дар маслиҳату машварати гурӯҳҳои ғайрирасмии нимпорлумонию нимдавлатию нимҷамъиятӣ сухан аз роҳҳои ба зудӣ амалӣ намудани тарҳи кашидашуда мерафт. Дар чанде аз ин ҷаласаҳо иштирок доштам ва медидам, ки ҳар як пешниҳоди Тоҳири Абдуҷаббор оид ба дар доираи қонун, одобу ахлоқи порлумонӣ амал кардан, бо қатъияту дағалӣ рад карда мешавад. 

Дар яке аз ин машваратҳо иштирокдорони ҷаласа ба ман савол доданд, ки роҳи бекор кардани падидаи идораи президентӣ чӣ гуна аст. Ҷавоб гуфтам, ки идораи президентӣ дар Тоҷикистон дар Конститутсия пешбинӣ шудааст ва то он даме, ки Конститутсия дар амал аст, онро бекор кардан илоҷ надорад. Аммо ҷавоби ман пеши чунин иқдомро гирифта натавонист ва идораи президентӣ бекор карда шуд. 

Дар чанд рӯзи кори иҷлосияи шонздаҳум, ки Тоҳир иштирок дошт, ҳамаи соҳибмансабон ва думравон санги маломатро ба сари чанд нафар озодандешони дар толор ҳузур дошта заданд ва ҳатто аз ҳақорату таҳқири кӯчагӣ ҳам худдорӣ намекарданд. Фақат дар рӯзҳои охири кори ин иҷлосия ӯ толорро тарк кард. Он рӯзҳо мансабдорони мақомоти маҳаллӣ ҳам аз ҷасурии вакилон рӯҳ гирифта, дар маҳалҳо озодандешонро боздошту азият медоданд. 

Ҳатто дар баъзе деҳаҳо, ба монанди деҳаи Пунғази ноҳияи Ашт, гурӯҳи махсуси авбошон барои латукӯб ва бадномсозии озодандешон ташкил карда шуда буд. Онҳо мардуми соҳибақлро ба даҳшат андохта буданд. Аз ин рӯ, чанд мӯҳлате, ки Тоҳир дар зодгоҳаш мезист, барояш бехатар набуд. Маҳз бо истодагарии дӯстон ва падару модар, ӯ маҷбур гардид Ватанро тарк гӯяд.

Маъракаи сияҳсозии озодандешон дар он айём то ҳадде расида буд, ки аз ҳеҷ восита ҳазар намешуд. Дар яке аз ингуна маъракаи тӯҳмату бӯҳтон дар чандин рӯзнома ва воситаҳои ахбор хабарҳои супоришие пайдо гаштанд, ки гуё қиблагоҳи Тоҳири Абдуҷаббор аз фаъолияти фарзандаш норозӣ гашта, ӯро «оқ» (нафрин) карда бошад. Худо медонад, ки он рӯзҳо ин бӯҳтон ба падари иззатманд ва бародарони обрӯманди ӯ чӣ гарониҳое овард. Аммо падару модаре, ки чунин фарзанди боақлу ҳушро тарбия намуда, ба воя расондаанд, аз ҳар кас беҳтар аз қалби ӯ бохабаранд. 

Падар ба нохалафон нидо кард, ки ӯ ҳеҷгоҳ фарзанди худро нафрин накардааст, ҳамеша дар дуои тансиҳатию сарбаландиаш буда, аз Тоҳири худ фахр дорад. Намедонам, аз ин раддия дасту забони хабаргузорони дуруғин хушк шуд ё не, вале онҳо дигар ҷуръат пайдо накарданд, ки аҳли оила ва мардуми бофарҳанги сарбаланди деҳаи Аштро муқобили ӯ гузоранд. 

Чанд соли аввали муҳоҷирати Тоҳир аз ҳолу аҳволи ӯ маълумоте надоштам ва фақат мешунидам, ки бо як зумра равшанфикрони тоҷик дар Эрон мебошад. Бинобар ин, баҳорони соли 1996 бо амри тақдир вақте ки ба ёдбуди бузургдошти сарвари аъзами давлати Эрон ҳазрати Имом Хумайнӣ даъват гаштам, ғайр аз қаноатмандию шукргузории дидани ин мулки бузург, инчунин имкони вохӯрӣ бо Тоҳир маро дилгарми ин сафар гардонид. 

Гурӯҳи калони шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзҳои охири моҳи май бо таклифи тарафи Эрон ба Теҳрон расидем ва дар меҳмонсарои «Шаҳр» қарор гирифтем. Дар байни ҳамсафарон чанд кас толибилмони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил доштанд, низ буданд. Аз онҳо аз хусуси Тоҳири Абдуҷаббор пурсидам, онҳо ваъда доданд, ки ӯро дарёб карда, суроғаи моро месупоранд. 

Рӯзи дуюми сафар баъди хӯроки шом дар миёнсарои калони меҳмонсаро чашмам ба Тоҳир афтод, ки мунтазири мо буд. Аз вохӯрӣ хеле хушнуд гаштам. Дар ин асно ҳамсафарам Ҳадятуллои Файзулло низ бо мо ҳамроҳ шуд. Ва онҳо аз ҳоли якдигар хеле бо самимият пурсон гаштанд. Воқеан, Ҳадятуллои Файзулло шахси бофарҳанги озодандешест, ки дар чанде донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз забони арабӣ дарс мегӯяд ва дар ибтидо бо Тоҳири Абдуҷаббор яке аз таъсисдиҳандагони созмони «Растохез» буд. 

Мо меҳмонро ба чойхонаи самти рости миёнсаройи ҳутал роҳнамоӣ кардем. Дар он ҷо аллакай даҳҳо ҳамсафаронамон баъди хӯроки шом ба чойнушӣ оғоз карда буданд. Бо ворид гаштани мо ба чойхона як лаҳза хомӯшие толорро фаро гирифт ва мизи холиеро интихоб карда нишастем. Аҳли толор бо шитобу ҳарос чойхонаро тарк карданд. 

Ин саҳнаи хеле дилгиркунандае буд, ман аз Тоҳир хостам узр пурсам, вале ӯ бо табассум гуфт, ки ба чунин саҳнаҳо дар Ватан бисёр дучор шудааст, аммо дар мусофират бори аввал аст. Дар сари чойнӯшӣ аз ҳолу аҳволаш пурсон гаштем, ҷавоб дод, ки шукри Худо дар мусофират зиндагӣ ба маҷрои муайян даромадааст ва бо ҳамватанони дар Теҳрон буда зуд-зуд вомехӯрад. ӯ аз мо аз хусуси зиндагии мардум пурсон мешуд. 

Дар айни сӯҳбат баъзе аз ҳамватанон чойхонаро бо шитоб тарк карда боз як-як ба он ҷо беҷуръатона баргашта, ҳангоми вохӯрӣ мегуфтанд, ки як навъ кори таъҷилӣ доштанд ва ҳоло онро ба анҷом расонидаанд. Тоҳир бо лабханд ҷавоб медод, ки боке нест, муҳимаш он ки Шумо баргаштед. 

Дар омади гап Ҳадятулло пурсиданд, ки оё пеш аз изҳороти худ дар хусуси қатъ ёфтани фаъолияти созмони «Растохез» Шарофиддин Имом бо Шумо дар тамос буд. Тоҳир ба савол бо савол ҷавоб гардонд, ки оё дар ин хусус дар Ватан, бо Шумо, ки яке аз роҳбарони ин созмон ҳастед, мувофиқа шудааст? Ҳарду иқрор шуданд, ки аз ин «ташаббус» бехабаранд. Як бегоҳии дигар Тоҳир ба меҳмонсаро омад, дар ҳамон чойхонаи дохили ҳутал сари пиёлаи чой хеле нишастем ва дар вақти гусел орзу кардем, ки минбаъд дар Ватанамон вомехӯрем. 

Соли 1998 бо даъвати шӯъбаи Хазинаи Сорос дар Қирғизистон барои омӯхтани таҷрибаи кори онҳо чанде аз фаъолони ин хазина, аз ҷумла, Н. Табаров, О. Бобоназарова, С. Неъматуллоев, Н.Ятимов ва камина ба шаҳри Бишкек омадем. Як бегоҳ ба ҳутали «Достик», ки дар он мезистем, якчанд ҷавонони тоҷик омада, моро ба рӯзи дигар, ба меҳмонӣ таклиф карданд. Бегоҳии дигар моро ба мошинаҳои худ ба канори шаҳр, ба собиқ шаҳраки немисҳо бурданд. 

Ҳавлие ки мо дар назди он қарор гирифтем, ба хати роҳи оҳан наздик буд ва дар он ҷо моро чанде тоҷикписарон пешвоз гирифтанд. Дар байни онҳо шогирдам, хатмкарда факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Хайриддинро шинохтам ва аз ҳолу аҳволаш пурсон гаштам. ӯ ҳам дар муҳоҷират дар шаҳрҳои Россия чанд сол гашта, ҳоло дар Бишкек қарор гирифта будааст. 

Ҳанӯз дохили меҳмонхона нагашта, ходими ҷамъиятию сиёсии тоҷик, собиқ аъзои Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, вазири кишоварзӣ Ҳайдаршо Акбарзода ба ҳавлӣ ворид гашт ва пас аз вохӯрии самимона ба қабати дуюм баромадем. Акнун дастурхон густурда буданд, ки аз поён овози «Устод омаданд» баланд шуд ва баъди лаҳзае Тоҳири Абдуҷаббор вориди меҳмонхона гардид. 

Мо ҳампаҳлу нишастем ва аз ҳолу аҳвол ва зиндагии ӯ дар ҷойи нав пурсон гаштам. Мухтасар гуфт, ки бо таклифи чанде ҳамватанонамон аз Теҳрон ба Бишкек омадааст ва дар Донишгоҳи байналмилалии ин ҷо ба кори омӯзгорӣ шӯрӯъ кардааст. Вазъи Бишкекро барои муҳоҷирони тоҷик мусоид дониста, дар ин самт эътибору ғамхории Президенти Қирғизстон Аскар Ақоевро қайд намуд. Дар лаҳзаи сӯҳбат яке аз тоҷикписарон ба меҳмонхона даромада, моро аксбардорӣ намуд, ки аз он нишаст нишона мондааст. Бо соҳиби хона, соҳибкори ҷавони тоҷик Саидбек С. самимона хайрухуш карда, ба ҳутал баргаштем. 

Бегоҳии дигар моро Сафарбеки Солеҳ, кинорежиссёри маъруфи тоҷик, собиқ ҳамсояам дар маҳаллаи Зарафшон, ки дер боз дар Бишкек истиқомат дошта, дар сафоратхонаи Эрон кор мекард, ба манзили худ бурд. Дар он ҷо Тоҳир бо ҷавоне сӯҳбат дошт. Дар рафти нишаст аз ӯ пурсидам, ки кай азми бозгашт ба Ватан дорад?  

Илова намудам, ки вазъи ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбудӣ аст, Комиссияи оштии миллӣ кори худро ба анҷом мерасонад ва ғояи ваҳдат пойдор гашта, хусумату бадбинӣ хотима меёбад. ӯ баъди андеша гуфт, ки оё дар Душанбе барояш ҷойи кор ёфт мешуда бошад. Гуфтам, ки дар мактабҳои олӣ имрӯз омӯзгорони соҳибунвон намерасанд, дар муассисаҳои илмӣ низ аҳвол ҳамин тавр аст. ӯ ваъда дод, ки то анҷоми соли хониш дар ин хусус андеша мекунад.  

Инчунин аз ӯ пурсидам, ки ҳоло бо кадом масоили илмӣ шуғл дорад ва чаро дар матбуоти ҷумҳурӣ чизе ба чоп намерасонад. Ҷавоб дод, ки масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамеша дар зери эътибор аст, аммо бо сабаби дастрас набудани сарчашмаҳои даркорӣ аз вазъи имрӯзаи Тоҷикистон, ӯ наметавонад ягон таҳлили ҷиддиро ба анҷом расонад. Илова намуд, ки аз барномаҳои ҳизбҳои нави сиёсӣ низ бехабар аст. Ваъда додам, ки барои дарёфт ва дастрас намудани онҳо кӯшиш мекунам. Воқеан, баъди бозгашт ба Душанбе яке аз китобҳоро дар хусуси ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бо шиносе ба ӯ фиристодам.  

Бо гузашти чанд сол барои иштирок дар семинари байналмилалие, як гурӯҳ ба Бишкек омадем. Рӯзи дуюм баъди анҷоми машғулият дар даромадгоҳи ҳутал бо шиноси деринаамон соҳибкор Саидбек рӯ ба рӯ омадем. ӯ мунтазири мо будааст, баъди каме сӯҳбат гуфт, ки пагоҳ маросими буръёкӯбон дорад ва иштироки моро тақозо кард. Мо аз банд буданамон сухан кушодем, аммо ӯ гуфт, ки бегоҳирӯзӣ бароятон мошин меояд ва ҳатман биёед. 

Дар вақти ваъдагӣ барои моро бурдан дӯсти деринаамон Ҳайдаршо Акбарзода омада, маро ҳамроҳи ходими намоёни давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ Одил Бердиев дар мошинаи худ ба ҷойи таъиншуда, канори шаҳр ба назди бинои нави боҳашамате овард. Сар-сари роҳ Ҳайдаршоҳ нақл кард, ки Саидбек хонае бино карда имрӯз дӯстонро аз Ватан ва аз ин ҷо хабар кардааст.

Моро дар толори азими қабати сеюм, ба назди меҳмонони сершумор шинониданд, ки аксари онҳо аз Тоҷикистон маҳз барои иштирок дар ҳамин маросим омада будаанд. Ҳамон лаҳза Тоҳир низ пайдо гашта, ба назди мо омада нишаст. Яке аз ҳофизони шоистаи дар мусофират будаи тоҷик Амриддин Кабиров бо овози дилфиреби то андозае маҳзунаш, сурудҳои навини худро бо маҳорати баланд иҷро карда, меҳмононро лаззат мебахшид ва ба таамулу андеша, аз гардиши фалаку гузашти айём рӯҳафтода нашудан даъват менамуд.  

Дар рафти сӯҳбат аз Тоҳир сабаби ба Ватан барнагаштанашро пурсидам. Бо овози маҳзун ҷавоб дод, ки вақте азми бозгашт қатъӣ мегашт, хабари қатли фарзанди содиқи миллат, рӯзноманигори обрӯманд Отахон Латифӣ расид ва ин азми мо пир шуд. Бо вуҷуди дар Донишгоҳи байналмилалӣ ҳамчун устод ва олими закӣ машҳур будан ва Тоҳир ҷисман ва рӯҳан хастаҳол менамуд. Баъдтар Ҳайдаршо дар хусуси сабаби ошуфтаҳолии ӯ гуфт, ки «Устод марди фикру андеша ва хаёл ҳастанд. 

Дар хусуси кайфияту лаззати зиндагӣ бепарвоанд ва биноан танҳоӣ охири охирон касро хаставу ошуфта месозад. Гарчи дар байни ҳамватанон ва шиносон ҳурмату эҳтироми беандоза доранд, вале носозии зиндагӣ бетаъсир намемонад. Хаёлмандии Устод то ҳаддест, ки аллакай чандин бор маоши худро то хона нарасонида, дар роҳ тӯъмаи дуздон кардаанд» ва илова намуд, ки вале аз касе тамаъе надоранд. 

Инак, соли 2006 хушхабаре расид, ки Тоҳири Абдуҷаббор ба зодгоҳ баргаштааст. Дар охири моҳи августи он сол рӯзе телефони хона занг зад ва овози Тоҳирро шунидам, ки аз омадани худ ба Душанбе хабар медод. Ман бо хушнудӣ ӯро ба кулбаам даъват намудам ва сари чой хеле ҳолпурсӣ кардем. Азбаски ҳоло ӯ ҷойи кор надошт, барои аз рӯйи касби омӯзгорӣ ҷойи кор пайдо намудан азм кардем. 

Ба чандин кафедраҳои умумидонишгоҳии иқтисодӣ, факултетҳои иқтисодии ДМТ муроҷиат кардем, бо баҳонаи сарбориҳо аллакай тақсим шудан, аз қабули ӯ сар мепечиданд. Охири охирон, дар Донишкадаи технологӣ ва инноватсионӣ ҷойи кор пайдо кард. Аз хонаи холии яке аз дӯстон, рӯзноманигори маъруфи дар муҳоҷират буда Насибҷони Амонӣ, ҳуҷрае пайдо намуда, дар он танҳо мезист. Дертар дар яке аз вохӯриамон ӯро пурсидам, ки ҳолаш читур аст ва чаро шалпар менамояд. Гуфт, ки дар сарбориаш дарсҳои шифоҳии бисёр дорад, ҳатто баъзе рӯзҳо 8-10 соат дарс мегӯяд ва барои истироҳат вақт кам аст.

То ба касалӣ мубтало гаштан Тоҳир бо ҳамин минвол кор мекард. Илова ба ин рӯзноманигорон мунтазам ӯро ба сӯҳбат даъват намуда, аз ӯ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ маводи таҳлилӣ дархост мекарданд. ӯ хислати дархостро бе ҷавоб гузоштан надошт ва илова ба ин, меҳнати рӯзноманигоронро қадр мекард. Бинобар ин, ҷисман имкони истироҳат надошт.

Дар оғози соли хониши 2008-2009 раёсат ба яке аз кафедраҳои умуми донишгоҳӣ барои аз фанҳои иқтисодӣ навиштани рисолаҳои курсӣ ва дипломӣ иҷозат дод. Ба ин муносибат дар ин кафедра барои ёздаҳ омӯзгор якбора ҷой пайдо шуд. Вақте ки дар як нишасти хоса мудири ин кафедра дар хусуси душвории дарёб кардани ҷавонони лаёқатнок ташвиш изҳор кард, ба ӯ тавсия намудем, ки Тоҳири Абдуҷабборро ба кор даъват намояд. 

Зеро онҳо якдигарро хуб мешинохтанд ва дар сафари хизматии дарозмӯҳлат якҷоя будаанд. Аммо мудири мӯҳтарам ба ташвиш афтода гуфт, ки ин корро карда наметавонад, чунки дар боло маъқул намедонанд. Мо гуфтем, ки ёздаҳ ҷавони бетаҷрибаро якбора ба кори устодӣ ҷалб кардан масъулияти ҷиддиест. Агар дар қатори онҳо ба монанди Тоҳири Абдуҷаббор омӯзгори пуртаҷриба ва олими намоён фаъолият намояд, аз ӯ ҳам омӯзгорони ҷавон ва ҳам донишҷӯён бурд хоҳанд кард. Вале мудир дар аҳди худ истодагарӣ кард. 

Охирин, вохӯриамон бо Тоҳир моҳи октябри соли 2008 ба вуқӯъ пайваст. Ин дафъа рангу рӯяш парида ва беҳол менамуд. Дар хусуси саломатиаш гуфт, ки нотоб аст ва аз муоинаи тиббӣ гузашта истодааст. Минбаъд ба занги телефонӣ ҷавоб намегуфт ва баъдтар пурсуҷӯ карда, муайян сохтем, ки барои табобат ба Эрон рафтааст. Умедвор гаштем, ки табибони он ҷо шояд даъвои дарди ӯро биёбанд. Вале афсӯс, Худои мутаол ба ин марди наҷиб фақат синни пайғомбариро насиб дониста будааст.

Тоҳири Абдуҷаббор бо қалбу пурҳарорату дили озурда орзуҳои худро дар дил ниҳон дошта, дунёи фониро падруд гуфт. Аз Худои меҳрубон илтиҷо менамоем, ки охирати ин бандаи ҷонфидоро обод ва раҳмати худро насиб гардонад. Ҳамзамон тавре, ки Тоҳир мехост, мардуми ғафлатии тоҷикро соҳиби ақлу фаросат, худогоҳу зирак ва дар ҳифзи манфиати хеш ҷасур гардонад. Омин.  

Ҳоҷӣ Ашӯрбой Имомов,
номзади илми ҳуқуқ, дотсенти ДМТ.
(«Ҷомеа», с.2009, 28 май). 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi