01:08:43 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИКОРИ ШЕРИ ПАНҶШЕР

 

Баҳори соли 1984 дар ҳайати баталёни "ихтисоршуда"-и кӯҳӣ-тирандозии "Эделвейс" (қариб 60 нафар) ба яке аз деҳаҳои на он қадар калони воқеъ дар саргаҳи дараи Панҷшер сар халондем. Дар ҳайати баталён ман ягона намояндаи контрразведка будам, ки ҳамроҳи худ ду агенти ташхисгари афғон доштам ва ҳадафи сафарам аз тарафи фармондеҳӣ хеле дақиқ муайян шуда буд.

Бачаҳои баталён, ҷавонони чусту чолок ва бофаҳм, дар Афғонистон рейдҳои зиёдро паси сар карда буданд ва аз ҳамин сабаб ба деҳа гӯё ба ошхонаи худ бидуни ягон тирпарронӣ ва сару садои зиёдатӣ, дилпурона ворид шуданд. Зери яке аз деворҳо ҳафт нафар афғон машғули сӯҳбат ва чойнӯшӣ буданд (бисёр аз урфу одат ва ҳатто маросими чойнӯшии онҳо, ки хеле дурудароз тӯл мекашид, барои ман муаммо боқӣ мемонад).

Дар байни афғонҳои дастгиршуда моро лозим буд, ки қумондонҳо ё одамони ба онҳо наздикро муайян намоем, зеро аз эҳтимол дур намедонистем, ки онҳо деҳқонҳои дар байни мардум баобрӯ мебошанд. Афғонҳои ташхисгари мо ана барои ҳамин кор лозим буданд. Албатта, мо онҳоро бо сабабҳои маълум ба гумонбарҳои асир нишон дода наметавонистем. 

Онҳо гурӯҳи дастгиршударо ба таври пинҳонӣ аз назар гузаронида бо изтироб, ба ҳамдигар назар дӯхтаву сухани якдигарро бурида, ба ман хабар доданд, ки дар симои як афғони болобаланди лоғар ва чашмонаш калони маҳзун ошпази Аҳмадшоҳи Масъудро шинохтаанд. (Аҳмадшоҳи Масъуд. Соли 1953 дар деҳаи тоҷикнишини Ҷагалак, воқеъ дар шимоли Кобул, дар оилаи полковники пулиси шоҳӣ таваллуд шудааст. 

Соли 1970 дар 17-солагиаш тахаллуси Масъудро гирифтааст. Пешвои муҷоҳидҳои афғон, дар байни мардум обрӯю эътибори калон дошт ва аз тарафи онҳо ҷонибдорӣ меёфт. Сиёсати мустақилро роҳандозӣ мекард. Мардум "Шери Панҷшер" мегуфтандаш. Аз соли 1992 вазири дифои Афғонистон. Қисмати шимолу ғарбии Афғонистон номи Масъудистонро гирифта буд).

"Ана ин кори калон! - хурсанд шудам ман. - Ошпази худи Аҳмадшоҳи Масъуд - яке аз асоситарин ва хавфноктарин қумондонҳои муҷоҳидон!"

Ман, албатта, нишон надодам, ки чизеро медонам ва ба истинтоқ шурӯъ намудам. Вале афғони лоғар гурги борондида будааст, ҷавобҳои мубҳам медод, ягон чизи мушаххас намегуфт ва бо мо ҳамкорӣ кардан намехост. Рафоқинаш ҳам ҳамин хел ботаҳаммул буданд.

"Оҳо,- фикр мекардам ман. - Ин хел намешавад. Ягон макру ҳилларо ба кор бурда, боварии эшонро ба даст овардан лозим".

Ман андешаҳои худро ба қумондони баталён - майор Виктор Викторович, шахси хеле ботамкин, вале ҷанговари варзида баён кардам.

-Виктор, гӯш кун! Биё як корро ташкил мекунем: шабона ҳар сӯ тир мепарронем, гӯё ҷанг карда истода бошем. Баъд агентҳои афғонамонро ба зиндон меандозем, ба назди онҳо. Гӯё ки инҳо ҳам асир бошанд. Каму беш ягон ҷояшонро хуншор мекунем, то дар ҳақиқат ба асирҳо монанд шаванд.

Виктор қабул кард. Баъзе ҷойҳои агентҳоямонро хушрӯякак варам кунондем, рухсораҳояшонро харошидем. Шабона дар канори русто, мисли он ки ба задухӯрди ҳарбӣ даромада бошем, тирпарронии сахт ташкил кардем. Баъди тақрибан ним соат агентҳои худро ба зиндон, ба назди онҳое, ки рӯзона дастгир карда будем, равон намудем.

-Канӣ, ягон чизро фаҳмидед? - пурсидем аз агентҳои худ рӯзи дигар.

-Бале, фаҳмидем, қумондон, фаҳмидем. Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳамин наздикиҳост, бо 40-50 нафар мушовиру муҳофизонаш, дар масофаи 6-7 километр, - хабар доданд агентҳо.

Чӣ бояд кард? Ба фармондеҳӣ гузоришнома навиштану мақсаду асосҳоямонро баён намудан вақти зиёдро мегирад ва ин ҳамчунин кори дилгиркунанда аст. Ҳарчанд мо дар вазъияти ҷангӣ қарор дорем, вале бюрократияи ҳарбӣ дар артиши кадом кишваре набошад, ҳама вақт ҳаст, буд ва боқӣ мемонад. 

То он даме, ки мо бо роҳбарият маслиҳат карда, ба як қарор меоем, Аҳмадшоҳ чапғалат карда, ғоиб мешавад ва ҳамаи даву тозҳои мо бефоида анҷом меёбанд. Ман тасмим гирифтам, ки оҷилан амал намоем. Роҳи ба нақшаи худ розӣ кардани рафиқони ҳарбиамро ҳам медонистам.

-Рафиқ майор, - муроҷиат кардам ман ба қумондони баталён, - агентҳо мегӯянд, ки Аҳмадшоҳ дар ҳамин наздикиҳост, пинҳонгоҳу анбори яроқу аслиҳааш ҳам дар ҳамин ҷост.

"Анбори яроқу аслиҳа" - барои ҳар як қумондони дар Афғонистон буда ин ибора гӯё як луқмаи ширин, сухани шоиронаи дилнишин, матни суруди дӯстдошта буд! Онҳо барои ин "анборҳо" соҳиби орденҳо мешуданд. Мо бошем не.

Дидам, ки чашмони қумондон дурахшиданд. Фикр кардам, ки тирам ба нишон расидааст.

Қумондон афсарҳои худро даъват кард. Онҳо тақрибан 10 нафар буданд. Вазифаҳоямонро муайян намуд - ташкили ду гурӯҳи муҳосиракунанда, гурӯҳи зарбазан ва дастаи даҳнафараи эҳтиётӣ.

Супориш хеле хуб иҷро шуд. Талафот қариб набуд. Вале Аҳмадшоҳ ва чанд нафар ҳамроҳонаш бо пайроҳаҳои барояшон маълум фирор намуданд. Муҳофизони ҳарбиаш вазифаи худро хеле хуб иҷро карданд ва барои Аҳмадшоҳ имконият фароҳам оварданд, ки сиҳату саломат ғайб занад.

Қароргоҳи бойи Аҳмадшоҳ ба дасти мо гузашт. Аз тамошои он ҳамаи мо ангушти ҳайрат газидем: дар танаи кӯҳ бинои сеқабатае сохтаанд, ки як девораш ба кӯҳ мечаспаду дигаронашро сабзаҳо пӯшонидаанд. Бино мисли кӯҳпораест, ки дар ин ҷой бисёр ба чашм мерасад ва аз дурии 20 метр аз шаху санг фарқ кардани он хеле душвор аст. Дохили бино ба таври аврупоӣ оро дода шуда буд - чунон бароҳату зебо, ки аз ин беҳтарашро мо то ҳол надида будем.

Дар байни одамҳои кушташудаи Аҳмадшоҳ аврупоии нозпарварди зебое дар хотирам мондааст, ки амрикоӣ ё инглис буд. ӯ соати швейтсарӣ, пистолети 9-миллиметра ва дафтарчаи қайдҳо дошт, ки аз калимаҳои рамзии англисӣ пур буданд. Афсӯс мехӯрдам, ки ӯро зинда дастгир накардем.

Дар пинҳонгоҳ мо якчанд автомобил, бензин, моддаҳои тарканда ва силоҳи оташфишон пайдо кардем. Ҳамин тариқ метавонистем дар бораи несту нобуд кардани анбори яроқу аслиҳа маълумот диҳем ва омодаи орденгирӣ шавем.

Дар ҳуҷраҳои барҳаво дастгоҳҳои замонавӣ ва зарфҳои қиматбаҳо мавҷуд буданд. Якчанд китоби муқовааш чармин низ пайдо шуд. Лекин онҳо арабӣ буда, мазмуни динӣ доштанд. Якчанд яхдон пур аз анвои хӯрданӣ буд: гӯшт, мева, консерваҳои хориҷӣ. Якчанд қуттии майи фаронсавӣ ҳам ёфтем. Дар ошёнаи болоии ин бино дастгоҳи назоратӣ, яъне дурбини калон насб карда шуда буд. 

Ин ҳуҷра шишабандӣ шуда буд, дар назди шишаҳо растаниҳои гуногун гузошта буданд. Вале аз байни ин растаниҳо мушоҳидаи берун ва гирду атроф ба осонӣ даст медод. Диққати маро ҳамчун афсари оперативӣ пеш аз ҳама ҳуҷҷатҳо ба сӯи худ мекашиданд. Мумкин набуд, ки дар ин бино ҳуҷҷатҳо маҳфуз набошанд. Вале ёфтани онҳо кори хеле душвор буд.

Дар баталёни мо ҷавоне буд бо номи Алексей, соҳиби истеъдоди нодир. Вай хеле мушоҳидакор буд. Метавонист дар он ҷое минаро пайдо ва безарар гардонад, ки дигарон аз ӯҳдаи он намебаромаданд. Аз ин рӯ ба ӯ Минакоб лақаб гузошта буданд. Ман аз вай хоҳиш кардам, ки дар ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳо ба ман кӯмак расонад. Мо муддати тӯлонӣ тамоми ҳуҷраҳои биноро кофтукоб кардем. 

Танҳо дар маротибаи сеюми ҷустуҷӯй ба мо муяссар гардид, ки дар ваннахонаи қароргоҳ махфигоҳро пайдо намоем. Алексей аз он ҷо якчанд ҷузъдонро берун оварда, ба ман дод. Ман онҳоро варақгардон кардам ва чашмам ба рӯйхате афтод, ки хеле арзишнок буд. Ин рӯйхати агентҳои Аҳмадшоҳи Масъуд буд. 

Ашхоси зиёде аз байни ҳукуматдорони Афғонистон, ки ҳамаашон барои Аҳмадшоҳ хизмат мекарданд ва асрори зиёдеро барои ӯ ошкор менамуданд. Аҳмадшоҳ мутмаъин буд, ки махфигоҳаш хеле боэътимод аст. Вале мо ҳам бачаҳои он қадар содда набудем. Дар давоми панҷ соат ба мо муяссар гардид, ки махфигоҳро ошкор намоем ва минаи онро безарар гардонда, ҳуҷҷатҳоро берун орем.

Ман бо диққат ба рӯйхати агентҳо назар андохтам. Ана ин рӯйхату ана ин агентҳо! Дар байни онҳо муовини вазири дифои Афғонистон, як нафар аз вазирҳо, ронандаи вазир ва дигар ходимони давлатӣ буданд. Ҳамагӣ бештар аз 140 нафар! Ин муваффақияти калони мо буд.

Мо бояд барои Аҳмадшоҳи Масъуд чунин вонамуд мекардем, ки махфигоҳашро пайдо накардаем. Ман ҳамроҳи се ҷанговар шабона ба назди роҳбарияти худ расидам. Полковник рӯйхати агентҳои Аҳмадшоҳро дида, ба ҳайрат афтод.

Ҳамин тариқ, ҳамааш хеле хуб анҷом ёфт. Дар байни роҳбарияти Афғонистон аз ашхосе, ки ба фаъолияти хилофи ҳукумат даст доштанд, 120 кас ҳабс карда шуд. Ин зарбаи ҷиддие буд ба артиши Аҳмадшоҳи Масъуд. Вай бештар аз як сол бе "чашм"-у "гӯш" монда буд. Бесабаб набуд, ки соли 1984 танҳо вай, рақиби оштинопазир ва обрӯмандтарини Иттиҳоди Шӯравӣ, розӣ шуд, ки бо СССР шартномаи сулҳро имзо кунад.

Барои баргузории он амалиёти муваффақиятнок якчанд кас соҳиби мукофотҳои баланди ҳукуматӣ шуданд. Ман ҳам ордени нахустини худро гирифтам.

Аз дафтари хотираҳои контрразведчик Леополд Кудасов
Тарҷумаи ҳафтаномаи «Дунё», 28.05.09 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi