19:43:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИСТИБДОД ҲАҚРО ДАР ЗӮРӢ МЕДОНАД…

 

 Чанд андеша дар ҳошияи як нигоштаи адиби фаромӯшшудаи тоҷик

Таърихнигорӣ ва воқеанависӣ дар адабиёти хаттии тоҷик собиқаи хеле қадимӣ дорад, ки шоҳаншоҳону шоҳон, амирону подшоҳон дар дарбори хеш шахсони ҷудогонаро барои иншои таърихи воқеоти дарбор ва зафарҳояш дар ҷангҳои гуногун нигоҳ медоштанд. Таърихномаҳои зиёде ба мерос монда, ки қисмате аз онҳо тасвири ҳашамат, иқтидору нерӯ, тавоноиву шаҳомати ҳокимони вақтро хеле пурдабдабаву пуровоза дар бар гирифтаанд. 

Дар баҳои лашкаркашиҳо, ҷангу ҷидолҳо ба хотири таъкиди тавониву қудрати шоҳон аз доираи ҳақиқат хеле дур рафта, гоҳо тасвири воқеият ба иғроқ ҳам расида. Бино ба таъкиди устод Айнӣ «бисёртарини муаррихони Машриқзамин, хусусан ононе, ки ба дарбори подшоҳон тарбият ёфтаанд, асоси таърихнависиро ба қасида ва мадеҳанигорӣ гузоштанд, дар назди мурдаву зинда тамаллуқ ва риёкориро пеша карданд. Ночор ахлоф (ворисон) аз дардҳои кӯҳна ғофил монданд ва ибрате гирифта натавонистанд. Бинобар ин мо, аҳли Машриқ, хусусан туркистониён, батнан баъди батнин (аз як насл то насли дигар) дар чоҳи мазаллат фурӯ рафтем ва меравем. Бо ин ҳама нақоиси худро камолот пиндошта дар ғурури ғафлати худ исрор кардем» …

Таърихнависиву воқеанигорӣ ба шарофати адабиёти маорифпарварӣ, ба вижа поягузори ин ҷараён Аҳмади Дониш хусусияти реалӣ пайдо кард, ки муносибат ба воқеият бо назари ибрат ва таҳаммул оғоз гардид. ӯ бо иншои «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» , ки бо номи «Рисолаи таърихӣ» маъруф аст, саҳифаи наве кушод дар таърихнависӣ. 

Дар ин асар аз як тараф, таърихи ба тахт омадан ва хидмату ҳиммат, мақому манзалати ҳар кадоме аз амирони пешинаи манғитияи Бухоро то ба амир Музаффар ба риштаи тасвир кашида, аз тарафи дигар ба воқеаҳои он замон ба назари танқид баҳогузорӣ шуд, ки сабаби ба ин пастиву хорӣ афтидани Бухоро дар охири садаи Х1Х чист? Чаро зимомдорони вақти аморат шукӯҳу шаҳомати Бухороро бад-ин пояи нестӣ овардаанд? Чӣ бояд кард, ки Бухоро дар ақсои олам чун давлат соҳибном бошад ва аз ҳама муҳимаш, дар замони таҳавуллоту тағйироти азим чун кишвари ҷудогона пойбарҷо монад?

Таҳлили фаъолияти амирони манғитияи Бухоро ва воқеоти Туркистони охири садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ аз ҷониби пайравону шогирдони Аҳмади Дониш идома ёфт. Вале, мутаассифона, чун амир Музаффар фарзандаш амир Абдулаҳад ва наберааш амир Олимхон, ки маорифпарварону равшанфикрон, ислоҳотхоҳону таҷаддудгароёни оғози садаи ХХ аз ӯ умеди зиёд доштанд, аз пайи ислоҳи назму низоми аморат нагардиданд. 

Ин тарзи таърихнигорӣ дар замони шӯравӣ доман густурд. Зеро ҳукумати шӯроӣ бо ҳар роҳу восита мехост, ки бартарии ҳукумати ранҷбарону коргаронро назар ба ҳукумати собиқа собит созад. Ҳадаф ҳар чи бештар таъкиду талқини наҷоти мардум аз зулму фишор ва беадолатиҳои зимомдорони вақт ба туфайли инқилоб ва ҳизби ҳукмрону доҳиёни замон буд, ки дар воқеъ, дар гузаштаи на чандон дур мардум аз ҷониби боёну сарватмандон бераҳмона ғорату истисмор мегардиданд. 

Ҳатто баъди тасарруфи Осиёи Миёна аз ҷониби ҳукумати подшоҳии рус ин зулму ситам кам нашуда, ҳукми дуҷониба пайдо кард: мардуми бечораро ҳам сарватмандони маҳаллӣ истисмор мекарданд ва ҳам мансабдорони рус зулму ситам. Мардум аз беадолатиҳо ба дод омада, ҳам дар аморати Бухоро ва ҳам генерал-губернатории Туркистон қиём кардаанд, ки аз ин хусус матбуоти шӯравӣ ба забонҳои маҳаллӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон менавиштанд. 

Дар очерки «Таърихи силсилаи манғития, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд» (дар 27 шумора) ва силсиламақолаҳои устод Айнӣ, силсиланигоштаҳои бунёдгузори аввалини нашрияи тоҷикии даврони шӯравӣ дар Самарқанд Сайидризо Ализода дар ҳафтаномаи «Шӯълаи инқилоб» бештар дар ин хусус сухан рафта. 

Аз назари кормандони ҳафтанома маркази дигари фарҳангии тоҷикон_Бухоро ҳеч дур намемонд ва ба таври мунтазам воқеоти солҳои 1919-20-ро дар аморат ва баъд Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро ба рӯйи сафҳа меоварданд. Аз мушкилоту ғафлатзадагии Бухоро ба фиғон меомаданд: “Оҳ Бухоро, Бухоро! Магар хоки туро бо ҷаҳолати абадӣ сириштаанд? Оё хамири туро бо ваҳшонияти доимӣ омехтаанд? 

Сабаб чист, ки тамаддуни асри бистум заррае ба ту асар намекунад? Ҷиҳат чӣ чиз аст, ки тараққӣ ва таҷаддуди оламгири замона ба ҳолат ҳеҷ тафовут намебахшад? Бархез, ҳаракате кун, ки ҳамаи дунё аз ҷаҳолат ва ваҳшонияти ту ба сутӯҳ омада... 

Инсон аз бурдани номи ту нанг мекунад… Бардор гулхани худро аз миёни гулшанҳои дунё! 
Ҳамаи дунё тоза шуд, ҷавон гашт, таҷдид ёфт, тараққӣ кард, магар ту ки ҳанӯз дар замони кӯҳнаи доқиюнус боқӣ мондаӣ… 

…Хуршеди маданият ва маърифат ба ҳамаи офоқ партавафкан, вале ту ҳанӯз дар гиреваи ҷаҳолат ва торикӣ поён мебошӣ... 

Миллатҳо озод шуд, мамлакатҳо обод гашт, вале миллати ту ҳанӯз занҷири асорат ва бандагиро аз гардани худ барнамеандозад, мамлакати ту бо усули пӯсидаи ҳазор сол пеш идора мешавад… Бархез ва лаккаи нангини худро аз миёни дунёи дурахшон дур кун”...

Бо мақсади саҳатии комили ҷисми фигори миллати азияткашидаву азобу уқубатдида дар солҳои бистуми садаи ХХ аввалин қиссаи тоҷикии “Одина”-и устод Айнӣ, аввалин пйесаи тоҷикии “Шӯриши Восеъ” ва рисолаи таърихии“Давраи ҳукмронии амир Олимхон”-и Фитрат аз ҳаёти пурмашаққати мардуми ин сарзамин дар даврони ҳукмронии амирони манғития ва маъмурони ҳукумати подшоҳии рус ба рӯйи сафҳа омад. Пйесаи Фитрат соли 1927 дар театри Самарқанд ба саҳна гузошта шуд, ки дар ин хусус рӯзномаи “Овози тоҷик” хабаре интишор карда буд.

Дар соли 1926 ду таърихнома-“Мавод барои таърихи инқилоби Бухоро”-и устод Айнӣ ба забони ӯзбекӣ ва “Доир ба таърихи инқилоби Бухоро”-и Ф. Хоҷаев ба забони русӣ дар Маскаву Тошканд ба табъ расид, ки доир ба воқеоти аморати Бухоро дар оғози садаи ХХ ва ҳаракати ҷадидия маълумоти пурқимате медиҳанд. 

Китоби устод Айнӣ воқеаҳоро бидуни тобишҳои сиёсӣ дар ҳамон шакли маъмулаш дар бар гирифта, вале Ф. Хоҷаев аз нуқтаи назари идеологияи замон баҳогузорӣ карда буд, ки дар саҳифаҳои матбуоти русизабони он замон баҳси доманадореро ба вуҷуд овард. Муаллифро маҷбур сохтанд, ки аз баъзе андешаҳояш доир ба пешқадамии ҳаракати ҷадидия баргардад ва китобашро бо ислоҳу таҳрир аз нав дар соли 1932 аз нав нашр кунонад.

Анъанаи рӯ овардан ба таърих ва ба вижа воқеоти охири садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ дар аввали солҳои сиюми садаи гузашта идома ёфт, ки дар ҳамина замина соли 1936 очерки таърихии “Шӯриши Дизах”-и Қӯқандбой Абдухолиқзодаи Самарқандӣ ба рӯйи коғаз омад. Бино ба таъкиди муаллиф “ҳар воқеае, ки дар ин китобча навишта шудааст, худи нигоранда дар рӯзҳои шӯриш ва фароварди вай дидааст ва шунидааст”. 

Аз тарафи барҳақ менигорад, ки барои инъикоси дурусту беолоиши “воқеаҳо ҳуҷҷатҳои навишта, аз қабили мақолаҳои ба газетаҳо навишташуда, порчаҳои фотографӣ чизе дуруст нест, зеро ки ин гуна чиз ва маълумотҳоро дар вақташ касе нанавиштааст, ҳам дар он вақтҳо мумкин набуд ва касе ба навиштан ҳам ҷуръат намекард, чунки матбуот комилан дар дасти ҳукумати мустабида буд”.

Аз он ки муаллиф чун шоҳиди бевосита воқеаро ба риштаи таҳқиқ кашида “аз иштироккунандагони шӯриши Дизах Барот Қучқоров ном шахс, ки аз вулуси Накрути собиқ буд, дар Тошканд сукунат доштааст ва таърихнависон аз ӯ истифода мебурданд, умедворист, ки сар то ба пой ин маълумотро ҳамон рафиқ Қучқоров тасдиқ бикунад ва чалаҳои нигорандаро ислоҳ бикунад” бар он водор мекунад, ки нигоранда масъулияти дурустии тасвирро пурра ба зимма мегирад.

Очерки “Шӯриши Дизах” аз муқаддима ва бобҳои “Сабабҳои шӯриш”, “Ибтидои шӯриш”, “Давраи суд, суди аввал ё аз нӯки хамир фатир”, “Суди дувум”, “Суди саввум”, “Суди ҳарбии чаҳорум”, “Суди панҷум”, “Натиҷаи шӯриш”, “Ҷадидон аз кадом табақаи халқ буда, мақсадашон чӣ буд? (ва бар шӯриш алоқа доштанд ё не)», «Дар бораи панисломизм ва пантуркизм» иборат буда, аз воқифии комил аз ҷараёни воқеа ва ҷаҳонбинии мукммал муаллиф шаҳодат медиҳад.

Дар очерки таърихии муаллиф, ки сабабҳои сар задани шӯриши Дизах муфассал таҳлилу баррасӣ шуда, сиёсати ғосибонаи ҳукумати подшоҳии рус нисбати мардуми Осиёи Миёна, зулму ситам ва беадолатиҳои маъмурони генерал-губернатори Туркистон аз солҳои аввал то ба рӯзҳои охири фаъолияташон дар ин сарзамин, дар мисоли як маҳал-Дизах бе ҳеч тахайюлу суханпардозӣ дақиқу мушаххас инъикос шудааст, ки дар замони реша давондани шахспарастӣ ба ҷомеа нашри чунин як китоб мушкил буд. 

Зеро назарҳо ба эҷодиёти адибону олимон тағйир хӯрда, аз ҳар нигошта номувофиқатиро ба сиёсати замон ва гуфтаҳои раҳбарони даврон меҷустанд, меёфтанд ва ҷазо медоданд, ки он дар солҳои 1937-38 ба авҷи аълояш расид. Маҳз дар ҳамин солҳо аксари адибону олимони маъруфи тоҷик бо ҷурми ҷосусиву хиёнат ба Ватан, душманӣ ба ягонагии миллатҳо, дӯстии халқҳои шӯравӣ, ҷудоихоҳӣ ва мухолифат ба ғояҳои идеологияи ҳукмрон зиндонӣ, бадарға ва қатл гардиданд. 

Ҳатто кор ба ҷое расид, ки аввал қатл карда, баъд ҳукми додгоҳро мебароварданд, ки чунин қисмат насиби Абдуррауфи Фитрат ҳам гардид: 4 октябри соли 1938 қатл ва 5 октябри ҳамон сол доир ба ҷазои олии қатл ҳукми додгоҳ баромад. Сайидризо Ализода, ки дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ленинӣ хеле корҳоро анҷом дода, бори аввал осори доҳии муаззамро ба забони тоҷикӣ баргардонида, дар ҳафтаномаи “Шӯълаи инқилоб” чоп карда буд, соли 1938 ҳабс ва оқибат дар яке аз зиндонҳои Русия ба ҳалокат расид. 

Сиёсати замона хеле мураккабу печида буд ва ҷони ҳар кадоме аз равшанфикрони ватандӯсту миллатпараст дар сари мӯй қарор дошт. Ба ҳеч кас раҳму шафқат надошт, ки гулҳои сари сабади миллатҳоро нобуду маҳв мекард.

Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки чунин як очерки пурмӯҳтаво ва фошкунандаи сиёсати ғосибонаи ҳукумати подшоҳии рус дар шакли дастхат боқӣ монда, то ба ҳол рӯйи чопро надида.

Қ. Абдухолиқзода барои ошнои бештари хонандагон бо сохтори генерал-губернатории Туркистон дар муқаддимаи очерк маълумоти мухтасаре овардааст, ки “Туркистон пас аз он ки аз тарафи Русияи подшоҳӣ истило шуд, Туркистанский край ё музофот номида шуд. Ба идораи муваққатии вай аз тарафи подшоҳ, гинрол губурнотур таъин шуда буд, ӯ ҷойнишини подшоҳ дониста шуда, тамоми Туркистонро идора менамуд. Аҳолии Туркистон дар замонҳои аввал ӯро «ярим (ним) подшоҳ» меномиданд. Пойтахташ Тошканд буд». 

Ҷабру ҷафои доимӣ аз ҷониби соҳибмансабону маъмурон боиси норизоӣ ва ғазаби мардуми маҳаллӣ гардида, дар соли 1898 дар Андиҷон ва соли 1916 дар Дизах ошӯбу шӯриш ба амал омада.

Сабабҳои ин шӯришҳоро муаллиф дар боби ҷудогона баррасӣ намуда, хуб дарёфтааст, ки мардуми маҳаллӣ «аз нуқтаи назари ҳукуматдорони Русияи собиқ аз инсоният чунон дур буданд, ки ҳатто ба силки саввум, ки кристиёнон ҳуқуқашон маҳдуд аст, ба мансубшавӣ лоиқ ва муносиб дида нашуданд». 

Аз тарафи дигар, ”деҳқони кристиёни губернияи Архонгелск ҳаққи аз Туркистон замин гирифта деҳқонӣ кардан дошт, балки ҳукумат ба ӯ замин тайёр мекард, аммо мардуми маҳаллӣ аз ватанаш ҳаққи замин гирифтан надошт !!!. Иллат ҳамин, ки ӯ кристиён ва ин мусалмон! Агар ин мусалмон ба дини кристиёнӣ дарояд, он гоҳ бо муҷуки (мужики) Русия ҳаммақсад мешуд. Ин гуна корҳо воқеъ шуда буд. Ана ин кори ҳукумат мардуми маҳаллиро кристиён кардан буд”.

Беадолативу нобаробарӣ дар ҳама ҷо ба чашм мерасид ва барои мардуми маҳаллӣ 6 хели андози бевосита /прямой/ ҷорӣ карда буданд, ки яке аз инҳо Земский сбор номида мешуд. Миқдоре аз ин андоз ба бинои роҳ, пул, мактаб, беморхона ва монанди инҳо сарф мешуд ва миқдори ин андоз ҳар сол ба ҷойи сарфаш нигоҳ карда, аз 20 то ба 35 фоизи андози давлатӣ мерасид, яъне як маблағи куллиро ташкил медод. Ҳарчанд ин андозро аз аҳолии маҳаллӣ меситониданд, аммо ба бинои мактабҳо, калисо ва беморхонаи русон сарф мекарданд.

Ба ин тариқ муҳоҷирони дирӯз лучу бараҳна дар муддати 4-5 сол соҳиби сарват ва мардумони маҳаллӣ аз ҳамаи имтиёзҳо маҳрум мегардиданд. Чи расад ба мактабу беморхона, ҳатто барои чаронидани молашон дар чарогоҳ бояд пул медоданд. Маъмурони рус бо мақсади рахна задан ба суннату урфу одат, расму русум ва фарҳанги мардуми маҳаллӣ аз тамоми воситаву имконият истифода мебурд ва бино ба мушоҳидаи талх ва таъкиди одилонаи муаллиф ғайр аз якчанд мактаби дусинфаи «русско-туземни», ки инҳоро ба мактаби синфдор номидан ҳам шарм меояд, ғайр аз ду-се пунктҳои филширӣ, ки байни якдигар ин ҷо беш аз сад километрӣ буд, ғайр аз посулкаҳо, ки барои муҳоҷирон-кристиёнон даркор буданд, ҳеч коре накардааст!

Ба саволи “пас барои маҳаллиён дар ин ним аср чӣ кор кард? ” чунин ҷавоб дода: “Фоҳишахонаҳо, қиморхонаҳо ва фасодхонаҳо бино карда, онҳоро тараққӣ медод”.

Мардум аз тарафи бонкҳо, “шабона аз тарафи дуздон ва рӯзона аз тарафи мансабдорон, судхӯрон, ҳаннотон, боён, эшонон тороҷу ғорат мешуданд ва ҳукумат додрасӣ намекард, балки худаш ҳам аз тарафи дигар ба андозҳои берун аз тоқаташ тороҷ мекард, аҳолии маҳалли Туркистонро сиёсатан кушта буд…

Хулоса, ҳукумат дар ин муддати панҷоҳсола дар байни аҳолӣ тухми некиро накошта, тухми душманиро мекошт, ин душманӣ рӯз то рӯз бештар мешуд, зеро чашми мардум агарчи куллиятан бино шуд, ҳам қисман рӯз то рӯз ялатар мешуд. Дигаронро медид ва аз дигарон мешунид, ки дар ин Русияи бузург аз вай бадбахттар ва аз вай мазлумтар қавм нест.

Ин душманӣ хона кард ва тартаг шуд, ки дар охир кафид… Яъне Шӯриши Андиҷон ба амал омад, ки дар соли 1898 воқеъ шуда буд.

Барои ин ки ҳукумат сабаби шӯришро фаҳмида кӯтоҳиҳояшро ислоҳ бикунад, не истибдодаш ва зулмаш боз ҳам бештар шуд. 

Оре, одати истибдод ҳамин аст, ки ҳақро дар зӯрӣ медонад”.

Дар гатиҷаи шикасти Русия дар ҷанги Ҷопон тасаввуроти мардумро нисбати бузургӣ ва мағлубнопазирии ҳукумати подшоҳии рус тағйир дод. ”Пас аз инқилоби соли 1905 аҳолии Туркистон, ки то ба ҳоло дар хоби ғафлат фурӯ рафта буд, аз ин хоб нимкола чашм кушод. Дар аввали инқилоб аз муваффақияти инқилобчиён хурсандиҳо карда, пас аз риёксиё аз мағлубияти инқилобчиён ғамгин шуда буд…

Инқилоби соли 1905 агарчи номуваффақият баромад, вале ақлҳоро ба ҳаракат даровард ва ин ҳаракат ба Туркистон ҳам андак таъсир бикард”.

Дар соли сеюми ҷанги якуми ҷаҳон-1916 нокомиҳои аскари рус дар маҷлисҳо ва маҳфилҳо ҳикоят шуда, дар байни мардум интишор меёфт ва ҳар кас дар Туркистон шикасти Русияро мехост. 

Дар ҳамин замон бе ҳеч тарғибу ташвиқи пешакӣ генерал-губернатури Туркистон Мартсон фармон содир мекунад, ки аз маҳаллиён барои корҳои ақиби аскарӣ мардикор гирифта шавад ва ин хабар барқвор ба зудӣ ба ҳамаи Туркистон паҳн мегардад. Азбаски дар мардикоргирӣ қоида ва нишондоди мушаххасе набуд, ба таъкиди муаллиф “ дарвозаи ришват яла шуд” ва ба мардикорӣ барзиёд одамонро номнавис мекарданд. 

Дар тартиби рӯйихат низ ҳиларо ба кор бурда, касе танҳо як писар дорад, ба рӯйихат медароварданд, аммо каси дигар 4 писар дорад, ки яке аз онҳоро ҳам ба рӯйихат намедароварданд. Ё коргари танҳои як рӯзгор ё хонавор ба рӯйихат даромадааст, аммо ҳамсояи вай 5 коргар дорад, ки ҳеч кадомашон ба рӯйихат надаромадааст. Мақсаду ҳадаф мардумро ба ҷанҷолу ва низои ҳамдигарӣ машғул доштан буд, ки ин рафтори онҳо дар аввал мардумро карахт карда буд. 

Аммо ин гуна низоъҳои дохилӣ тӯл накашида, мардум ба зудӣ ба худ омад ва “калонони қавм ҳушёр шуда дар ҳар уезд ба якдигар ба машварат даромаданд, аз шаҳр ба шаҳр ва дар охир ба Тошканд намояндаҳо фиристода шуданд, барои ин ки чорае дида мардикор нафиристонанд. Пас аз он ки чорае дида наметавонистанд, ба тараддуди муқобилат шуданд”.

Дар заминаи ҳамин беадолатиҳо соли 1916 шӯриши Дизах ба вуқӯъ пайваст, ки мардум адолат мехост ва барои талоши ҳақ ба майдон баромад. Бино бар набудани муташаккилӣ ва омодагии пешакӣ шӯриш шикаст хӯрд, ки муаллиф даъвои ҷадидонро доир ба роҳбарӣ ба шӯриш қатъиян рад мекунад: “Даъвои ҷадидон, ки Шӯриши Дизах гӯё бо иштироки онҳо шуда буд, дурӯғ аст, чунин ташкилот, ки аслиҳа ва яроқ ғундошта бошад, тартиб ва низоми ҳуҷум ва рӯзи ҳуҷумро таъин карда қарор дода бошад, мавҷуд набуд”.

Маълумотнома ва иттилооти маъмурони ҳукумати подшоҳии рус оид ба ин шӯриш маҳфуз дар бойгониҳо дар замони шӯравӣ дар китобҳои ҷудогона ба табъ расида буд, ки дурустии андешаҳои муаллифро тақвият медиҳанд. Дар он маълумотномаҳо ширкати ҳар кадоме аз мардумони деҳу русто ва маҳалҳо, ҷонибдорони ҳукумати подшоҳии рус ва бетарафони шӯриш пурра сабт ёфтааст, ки маъмурон “гунаҳкорон” ва бегуноҳонро хуб медонистанд. 

Вале ба таъкиди муаллиф “бинобар тарсондани мардум ва ба ҷойи 20-30 мансабдорони дузди тороҷгари дар шӯриш кушташуда, ки ба кушташавӣ муносиб буданд, ба қавле тақрибан 20 ҳазор аҳолии маҳаллӣ кушта шуда буд, хонумонашон тороҷ ва торумор шуда, қишлоқҳояшон ва пайколҳои ғалладонаҳояшон сӯхта шуда бошад ҳам, хидматгорони содиқи «оқподшоҳ»-и хунолуд ҳанӯз интиқомашонро нагирифта буданд”.

Бо мақсади интиқоми бештар 3-и август ба пирони асо бар даст ва занони кӯдаконашон бар дӯш, эълон шуд, ки дар муддати 3 рӯз саркорони шӯришро дастгир карда ба ҳукумат супоранд! Дар акси ҳол аз шаҳр бароварда бадарға мешаванд. Дар очерк омадааст, ки “миқдори ин мардумони фалакзада аз 15-16 ҳазор кам набуд. 

Аммо миқдори дар маъруфаҳои пулковник Чижиков ва пропорщик Тротской нишондодашуда ҳақиқӣ набуда, тахминӣ буд”. Ва табиист, ки ин пирону занон саркорони сохтаи маъмуронро пайдо карда наметавонистанд ва маъмурон нисбати онҳо ҷазои гӯшнодидро раво диданд: ҳамаи онҳоро ба дашти сӯзон равона карданд, ки ин манзараро муаллиф бо бадеияти баланд ба қалам додааст: “Як тӯдаи якчандҳазораи аз пирон, занон ва кӯдакони нотавон иборати сарупобараҳнаи ба латтаҳо печида гурусна ва ташна дар ҳаракат…Дар пеш ва росту чап як биёбони кушодаи беобу гиёҳ ва бар болои сар офтоби сӯзон, дар таги пойҳо замини тафсон ва дар пушт сарнайзаву милтиқ ва шамшерҳои бараҳна…

Овози фарёду оҳ, нолаву фиғони пирон, занон ва кӯдакон ба осмон баланд… Ҳамаи инҳо ба мурдан аз гуруснагӣ ва ташнагӣ маҳкум”…

Муаллиф тарзи ба маҳкама кашидани “гунаҳкорон”-и бегуноҳ ва чи тарз сурат гирифтани мурофиаҳои додгоҳро ба риштаи тасвир кашидааст, ки маълумоти тоза медиҳад. 

Дар бобҳои “Ҷадидон аз кадом табақаи халқ буда, мақсадашон чӣ буд? (ва бар шӯриш алоқа доштанд ё не) ” ва“ Дар бораи панисломизм ва пантуркизм” ҷадидонро ба ду гурӯҳ - пеш аз инқилоб ва пас аз инқилоб тақсим карда, доир ба ҷадидони пеш аз инқилоб маълумоти ҷолиби таваҷҷӯҳро овардааст: миқдори ҷадидони Самарқандро дар соли 1912 13 нафар қаламдод ва мавҷудияти китобхонаву кироатхонаро тасдиқ кардааст. 

Дар хусуси муносибати ҷадидон ба шӯриши Дизах бо қатъият иброз медорад, ки “а ҷадидон на танҳо ба ин шӯриш иштирок накарданд, балки аз вай хабар ҳам надоштанд. Ин шӯришро фақат оммаи ҷабрдида барпо карда буд” ва тахминимуаллиф дар хусуси “агар аз шӯриш хабар медоштанд, хунрезӣ мешавад гуфта, албатта манъ мекарданд” ба ҳақиқат наздик аст, зеро мақсаду мароми ҷадидон он замон на табаддулот, балки ислоҳоту таҳаввулоти ҷомеа буд. 

Роҳи ягонаи ислоҳотро дар маърифатнокиву илмомӯзии мардум медиданд ва аввалин иқдомҳояшон дар ин роҳ таъсиси мактабҳои нав, рӯзномаву маҷалла, китобхонаву қироатхонаҳо буд, ки таъсиси рӯзномаҳои ҷадидӣ дар Тошканд, мактаби А. Шакурӣ, нашрияҳои М. Беҳбудӣ, китобхонаи ба номи Исмоилбек дар Самарқанд, мактаби Мунзим, рӯзномаҳои “Бухорои Шариф”, созмони “Маърифат”, китобхонаи “Баракат” дар Бухоро ва монанди инҳо дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна аввалин иқдомҳои амалии таҷаддудхоҳон дар оғози сади ХХ мебошад.

Дар воқеъ, нависанда дуруст дарк кардааст, ки “мақсади пешравии умумиро мехостагиашон фақат дар доираи миллӣ буд. Чунончи, дар он вақтҳо тиҷоратҳои калон, бонкаҳо дар дасти дигар миллатҳои ғайри мусалмон буд, завудҳо дар дасти онҳо буд ва заминҳо ҳам ба дасти онҳо гузашта шакли помешикӣ пайдо шуда истода буд. Аммо мусалмонон дар ҳамаи инҳо дар дараҷаи паст буданд. Ана ҷадидон мехостанд, ки ҳамаи ҳамон корҳо ба дасти мусалмонони маҳаллӣ бигзарад, яъне фабрикон мусалмон шавад, соҳиби завод, бонкаҳо, замин ва ғайра ба дасти мусалмонони маҳаллӣ шаванд”. 

 Дар охири ҳамин боб дар рисолаи ҷудогона навиштани фаъолияти гурӯҳи дувуми ҷадидонро дар давраи пас аз инқилоб ваъда карда, ки агар ин кор анҷом гирифта бошад, онро ҳам бе ҳеч таҳриру ихтисор ба хотири ифшои боз як саҳифаи пуртазоду пурихтилофи солҳои бистуми садаи ХХ бояд дастраси хонандагон гардонд.

Ибрози чунин андешаҳо дар солҳои сивуми садаи гузашта далолат аз ҷасорату ғайрати муҳаққиқи ҳақиқат ва воқеъбин аст, ки “баъзе аз рафиқони урупоӣ сабаби шӯришро аз таъсироти панисломизм ва пантуркизм медонанд. Аммо дар ҳақиқат ин панизмҳо ба шӯриши Дизах ва ба гурӯҳи якуми ҷадидҳо дахл надошта, ба гурӯҳи дуюми ҷадидҳо дахл дорад. Ё чунин хаёл мекунанд, ки мақсад аз ин шӯриш «кофиркушӣ» бошад… “

Ба назари муаллиф “дар ин шӯриш «дин» сабаб нашуда, зулм сабаб шуда буд. Омма аз шиддати зулм дар ғалаён омада буд ва ин ғалаёни омма эшонону калонони қабиларо пеш андохта буд, яъне панисломизм ё ғазовоте, ки мегӯянд, ба ғалаёни ба вуҷуд овардаи омма омада часпида буд. Оммаи халқ чӣ будани панисломизмро аслан намедонист”.

 Очерки «Шӯриши Дизах» бофтаву сохтаи муаллиф набуда, ҳикояти як воқеаи таърихист, ки аз камолоти эҷодиву нигорандагӣ ва масъулиятшиносии қ. Абдухолиқзода шаҳодат медиҳад ва бадеияти баланд ҳам дорад. Ташбеҳу истифодаи зарбулмасалу мақолҳои халқӣ очеркро рангину шавқовар кардааст, ки онро хонадагон бо завқи беандоза мутолиа хоҳанд кард. 

Очерки таърихии “Шӯриши Дизах” ҳам аз нигоҳи дар бар гирифтани воқеият ва ҳам бадеият асари мукаммал буда, тақозо дорад, ки рӯзгору осори Қӯқандбойи Абдухолиқзодаи Самарқандиро пурра омӯхта, ҳар чи зудтар асарҳояш дастрас хонандагон гардонида шавад…

Пайванди Гулмуродзода,
(«Ҷомеа», с.2009, 28 май).


ДАР БОРАИ МУАЛЛИФИ «ШӮРИШИ ДИЗАХ»

Қӯқандбойи Абдухолиқзодаи Самарқандӣ (1869-1948) адиб ва мутарҷими тоҷик буда дар солҳои сиюми садаи гузашта романи «Намоз», қиссаҳои «Истадҷон», «Духтари кӯҳистон», Аз нӯги қамчинаш хун мерезад» , очерки таърихии «Шӯриши Дизах» эҷод кардааст, ки порчае аз романи «Намоз» соли 1940 дар «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ва «Духтари кӯҳистон»-аш соли 2006 дар Самарқанд ба табъ расидааст. «Дафтари хотирот»-аш низ қиссаву ҳикоҳои зиёдеро дар бар гирифта, ки ҳоло чоп нашудааст. Ба муносибати 140-солагиаш гузарондани конфронси илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Навоӣ дар назар аст.  



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi