23:54:41 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАМЕШАВАД?


Ҷанги дуввуми ҷаҳон ва даҳшати он беш аз чаҳоряк қарн аст, ки ҷону пайкари на танҳо шоҳидони зинда - иштирокчиён ва собиқадорони он ва мардуми дар ақибгоҳ кору пайкор доштаро, балки чандин насли инсониятро такон медиҳад. То имрӯз ҳазорон хонавода, насли бузургсол ва миёнсол даҳшати он ҷангро ба хотир овардаву ба ёди гумшудагонашон дар он ҷанг ашк мерезанд. То кунун садҳо филму намоишномаҳо, ҳазорон боб китоб дар мавзӯи ҷанги дуввуми ҷаҳон таълиф шудаанд.

 Вале соҳибназарон бар ин назаранд, ки ҳануз бобҳову саҳфаҳои дастнохӯрда, корномаҳои сабтношуда ва ниҳоят ҳарфҳои ногуфтаи он ҷанги мудҳиш зиёд аст ва мавзӯву ҳикмати он метавонад боз ҳам ба чандин наслҳои минбаъда дарси ватандориву эҳсоси миллиро биомӯзад.

 Абдулҳамид Самад, адиби шинохта, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, мегӯяд, мутаассифона мавзӯи ҷанги дуввуми ҷаҳон дар адабиёт ва драмматургияи муосири тоҷик камранг гаштааст, ин ҳам дар ҳолест, ки саҳифаҳои тоза ва ҳарфи мегуфтанӣ дар ин бора, ҳануз кам нест.

 Вай меафзяод, «табиати инсонӣ ҳамин аст, ки ба зудӣ ҳодисоти аз сар гузаштаро фаромуш мекунад ва кам ба моҳияти он сарфаҳм меравад. Бале, шоирону нависандагоне ба мили Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Боқӣ Раҳимзода, ки бархеашон дар он ҷанги хунину нобаробар иштирок кардаву асарҳо эҷод карданд, аммо ҳануз гапи мегуфтанӣ дар ин бора зиёд аст. Ба назари ман, дар кишваре мисли Русия - кишваре, ки заҳри он ҷангро бештар аз ҳама чашид ва хароб шуд, пайдо шудани падидаҳои номатлуб ба монади неофашизм ё фашизми навбаромад, натиҷаи ҳамин аст, ки мавзӯи Ҷанги бузурги Ватанӣ нодида гирифта шуд».

 «Ҳазору як корнома»

Яке аз асарҳои нави камшумор дар бораи ҷанги дуввуми ҷаҳон «Ҳазору як корнома» аст, ки ба қалами адиби ҷангномнависи тоҷик, шодравон Раҳмон Сафар тааллуқ дорад. Дар ин китоб корномаҳои садҳо тоҷикписарони ҷанговар дар се қисм ҷамъоварӣ шудааст. Барои пайдо кардани марқади ҷанговарон ва ё хурдтарин нишоне аз аскарони бенишони тоҷик муаллиф ҷонфишониҳову аз худ гузаштагиҳо нишон додааст.

 Абдулҳамид Самад, нависандаи саршинос, аз гуруҳи камшумори ҳолдонҳои Раҳмон Сафар будааст ва аз он марди сарсупурда ва фидоӣ, кору пайкори ӯ дар роҳи хидмат ба мардуму сарзамини худ ёдовар шуда гуфт, «ин марди сарсупурдаи кору пайкори худ ва ватандори асил заҳматҳои сангин кашид ва ӯ тавонист энсклопедияи Ҷани бузурги ватанӣ ва нақшу ҷойгоҳи мардуми тоҷикро дар он ба вуҷуд орад. Ва ба ин ҳадафаш расид. Чӣ кунем, ки на ҳама ин заҳматҳои таърихӣ ва муҳими ӯро фаҳмида тавонистанд ва қадрашро донистанд». 

Дар манзили хоксоронаи Раҳмон Сафар

Мо дар ҷустуҷӯи манзили Раҳмон Сафар ба хиёбони паҳлӯи бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт рафтам. Манзили Раҳмон Сафар дар ошёнаи дуввуми яке аз биноҳои кӯҳнаи, ба истилоҳ, сталинии канори шаҳр воқеъ аст. Неля Дмириевна, ҳамсари Раҳмон Сафар, мегӯяд, шавҳараш ҳар сол 9 май дар Рӯзи ғалаба либоси низомии худро ба бар карда, ба Боғи ғалаба мерафт ва ё маҳфили дӯстон ва ҷавононро дар макотиб ва донишгоҳҳо бо нақлу қиссаҳо гарм мекард. 

Хонум Неля аз он афсус мехӯрад, ки на дар зиндагӣ ва на баъди маргаш қадри Раҳмон Сафарро надонистанд ва бо гузашти панҷ сол аз даргузашти ӯ ягон кӯча, мактаб ва ё маҳаллаеро ба номи ӯ нагузоштаанд. Вай афзуд, ягона коллеҷи ҳарбии пойтахтро, ки Раҳмон Сафар пешниҳодкунанда ва саҳмгузорааш буд ва чанд соли ахир дар он ба ҷавонон дарси ҷавонмардӣ ва ватандорӣ медод, ба номи дигаре гузоштаанд. 

Корномаи нотамом

Ҳамсари Раҳмон Сафар аз кумитаи ветеранҳои ҷангу меҳнати кишвар сипосгузор аст, ки бо истифода аз хазинаи ӯ, қисми ҷаҳоруми китоби шавҳараш «Ҳазору як корнома»-ро ба чоп расонд ва манзили охирати хоксоронаи ӯро дар қабристони Сариосиё таъмиру бозсозӣ кардааст. 

Дӯстону ҳолдонҳои Раҳмон Сафар боз аз он мутаассифанд, ки шогирде аз Раҳмон Сафар нест, ки корномаи ӯро идома диҳад ва орзуи ӯро, ки мехост «Ҳазору як корнома»-и ӯ аз 80 ҷилд иборат бошад, амалӣ созад. Ӯ кӯшишҳое барои омода кардани шогирдонро карда буд, аммо афсус, ки на ҳар кас ба чунин ҷоннисорӣ дар роҳи хидмат ба миллат ва инсоният қодир аст. 

Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/2268-2010-05-09-11-57-21.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi