01:46:37 03-уми Июни 2025 сол

Б. ШОКИРОВ: "ХУДОЙБЕРДИЕВ ДАР АНДИҶОН БУД"

Баҳром Шокиров, аз мухолифони табъидии давлати Ӯзбакистон, мегӯяд, ки сарҳанги шӯришии тоҷик, Маҳмуд Худойбердиевро панҷ сол пеш дар ҷараёни ҳаводиси Андиҷон дидааст. Ин хабар иддаъои мақомоти Тоҷикистонро, ки кишвари ҳамсояро ҳамвора ба паноҳ додани ин сарҳанги ошӯбгар муттаҳам кардаанд, то ҳадде таъйид мекунад. Оқои Шокиров, ки ҳамакнун дар Суэд ба сар мебарад, дар мусоҳибае ихтисосӣ бо бахши ӯзбакии Би-би-сӣ хотироташ дар бораи вақоеъи Андиҷон дар моҳи майи соли 2005-ро дар миён гузошт.

 

"Маҳмуд-ака омад"

Вай дар посух ба ин суол, ки як рӯз пеш аз ҳаводиси хунини Андиҷон чи иттифоқе дар он шаҳр рух дод, гуфт: ӯзи 12 май маро ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Андиҷон даъват карданд. Ман дар он ҷо Маҳмуд Худойбердиев ва Оқмирзоев, раҳбари идораи умури дохилаи Андиҷонро дидам."

 

Идомаи сӯҳбати Баҳром Шокиров аз ин қарор аст:

 

- Манзури Шумо сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев аст?

 

- Бале.

 

- Аз куҷо донистед, ки ӯ Маҳмуд Худойбердиев аст?

 

- Ман бо Носир, муъовини раиси шӯъбаи умури дохилаи Андиҷон сӯҳбат доштам. Дар ин миён як капитан (сарвон) омад ва гуфт: “Маҳмуд-ака омад. Чаҳор зиреҳпӯш аз шаҳри Намангон меояд!”

 

Дар ин вақт вазъи ҳаво бад шуд ва борони шадиде борид. Вакили мудофеъ Дилором бо ман буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки он ҷо бошад ва худам ба Боғишамол рафта, ба бачаҳо гуфтам, ки имшаб "облава" (дору гири пулис) мешавад.

 

- Мехостем як нуктаро рӯшан кунед. Шумо гуфтед, ки дар идораи пулис фармондеҳи пешини горди миллии Тоҷикистон сарҳанг Маҳмуд Худойбердиевро дидед. Сарҳанг Худойбердиев он ҷо чи кор мекард? Ӯ бо мақомоти пулис дар чи хусус сӯҳбат мекард?

 

- Ба ман чизе нагуфтанд. Танҳо чизе ки гуфтанд, ин буд: "Ин шахс аз Тошканд омадааст. Пас аз сӯҳбат бо ӯ Шуморо пайдо хоҳем кард." Сипас, ман ба хона баргаштам.

 

- Худи шумо бо пулис дар чи хусус мехостед сӯҳбат кунед?

 

- Ман барои ҳимоят аз ду писарам, ки аз хона дастгир шуда буданд, ба онҷо рафтам. Зеро медонистам, ки онҳо гуноҳе надоранд.

 

- Баъд чи шуд?

 

- Ман ба Боғишамол рафтам ва писарам Шарифҷон аз ман хост, ки ба шаҳри Ӯши Қирғизистон биравам, чун дар он коре доштам. Ва ман ба Ӯш рафтам.

 

- Пас аз сафар ба Ӯш аз ҳодисаҳое, ки дар Андиҷон рух дод, хабардор шудед?

 

- На. Танҳо дар телевизиюни Ӯш хабарҳое пахш мешуд, ки дар Андиҷон ин ё он ҳодиса рух додааст. Ман натвонистам ба Андиҷон телефун кунам.

 

Дархостҳои беҷавоб

Изҳороти Баҳром Шокиров дар бораи ин ки Маҳмуд Худойбердиевро дар ҷараёни ҳаводиси Андиҷон дидааст, иттилоъоти қаблан мунташиршуда дар ин бораро таъйид мекунад. Дар гузашта, бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки ин сарҳанги шӯришӣ дар саркӯби мӯътаризон дар Андиҷон нақш доштааст, вале мақомоти ӯзбак ин иддаъоро рад ва ё таъйид накардаанд.

 

Маҳмуд Худойбердиев аз фармондеҳони Фронти Халқии Тоҷикистон буд, ки дар даврони ҷанги дохилӣ аз ҳомиёни Президент Раҳмон буд ва алайҳи мухолифони исломии ӯ меҷангид. Вай баъд аз як ошӯб алайҳи оқои Раҳмон дар соли 1997 аз Тоҷикистон фирор кард.

 

Ин сарҳанги шӯришӣ бо теъдоде аз тарафдоронаш дар пойизи соли 1998 ҳамлае ба устони Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, анҷом дод, вале шикаст хӯрд. Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, ки Худойбердиев ва тарафдоронаш ба кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон паноҳ бурдаанд. Онҳо давлати Ӯзбакистонро ҳамвора ба ҳимоят аз ин сарҳанги шӯришӣ муттаҳам мекунанд.

 

Додситонии Тоҷикистон борҳо эълом кардааст, ки ҷониби Ӯзбакистон ба дархости истирдоди Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистон ҳеч посухе надодааст. Мақомоти Тоҷикистон тайи чанд соли ахир даҳҳо нафарро ба занни иртибот бо Худойбердиев боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

 

Равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон аз оғози замони истқилоли ду кишвар чандон гарм набудаааст. Ӯзбакистон дар оғози даҳаи 1990 аз Эмомалӣ Раҳмон алайҳи мухолифони исломияш ҳимоят мекард, вале баъдан равобити ду раиси ҷумҳур тира шуд.

 

Ихтилофоти ду кишвар ахиран бар сари иҷрои тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон, бавижа нерӯгоҳи "Роғун", шиддат гирифта ва мақомоти ӯзбак тайи моҳҳои ахир садҳо вогуни бории Тоҷикистонро дар қаламрави худ нигоҳ дошта ва имкони убур ба ин кишвар намедиҳанд.

 

Мухолифони Каримов

Баҳром Шокиров аз ҷумлаи афродест, ки давлати Ӯзбакистон пас аз ҳаводиси Андиҷон, онҳоро ба иттиҳоми даст доштан дар тазоҳуроти эътирозие, ки тибқи омори расмӣ, мунҷар ба марги дастикам 187 нафар шуд, мавриди таъқибу боздошт ва муҷозотҳои сангин қарор додааст.

 

Додситонии кулли Ӯзбакистон дар як баёния дар моҳи сентябри соли 2005 иддаъо кардааст, ки Баҳром Шокиров ва писаронаш Шарифҷон, Ҳасанбой ва Ҳусейнбой дар моҳҳои январ-апрели соли 2005 дар манотиқи ҷанубии Қирғизистон омӯзишҳои вижаи низомӣ дидаанд. Аммо худи оқои Шокиров, ки ҳоло дар Суэд ба сар мебарад, ин иддаъоро рад карда ва давлати Ӯзбакистонро ба қатли садҳо сокини ин кишвар муттаҳам мекунад.

 

Баҳром Шокиров дар моҳи январи соли 1941 дар шаҳри Андиҷон мутаваллид шуда ва дар соли 1972 аз донишкадаи омӯзгории ин шаҳр фориғуттаҳсил шуд. Дар соли 1988 вай муддате ба ҳайси бозраси умури дохилаи шаҳри Андиҷон ифои вазифа мекард ва соли 1991 корхонаи кучаки “Раҳбар”-ро таъсис дод.

 

Дар соли 1997 пас аз зиндонӣ шудани Акромҷон Юлдошев, раҳбари ҷараёни мазҳабии “Акромия” дар қиболи оқои Шокиров низ таҳқиқоте анҷом шуд ва ӯ ҷарима шуд. Пас аз як сол, писараш Шарифҷон Шокиров ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Акромия” ба муддати 4 сол зиндонӣ шуд ва дар соли 2003 озод шуд.

 

Дар ҳаводиси хунини соли 2005 дар Андиҷон Шарифҷон кушта шуд ва писарони дигараш Ҳасанбой ва Ҳусейнбой дар ҳудуди Қирғизистон ва Қазоқистон дастгир ва ба Ӯзбакистон мустарад шуданд. Ҳоло ҳамсари оқои Шокиров ва 20 наберааш дар шаҳри Андиҷон таҳти назорати доимии маъмурони интизомӣ ва амниятӣ қарор доранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/2307---q---q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854