15:07:14 28-уми Июни 2025 сол

БУХОРОИ 1920: НИГОҲЕ ТОЗА БА ҲАВОДИСИ НАВАД СОЛ ПЕШ

Дар моҳи сентябри соли 1920 дар Бухоро инқилобе ба амал омад, ки боъиси суқути Аморати Бухоро ва таъсиси чанд ҷумҳурии шӯравии сусиёлистӣ дар минтақаи Осиёи Миёна шуд. Аз он рӯйдод то ҳол ба унвони "Инқилоби мардумии Бухоро" ном мебаранд. Аммо донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар китоби тозаи худ ҳаводиси 90 соли пеш дар Бухороро як "инқилоби таҳмилӣ ва балво" унвон мекунад. Ин китоб "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" ном дорад ва ривоятҳои расмии роиҷ аз ҳаводиси сиёсии 90 соли пеш дар Осиёи Миёнаро ба чолиш кашидааст. Суҳроби Зиё бо Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ мусоҳибае анҷом дода ва нахуст аз вай пурсидааст, ки чаро китобро "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" ном гузоштааст?

 

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Ин ном натиҷаи пажӯҳишҳои банда аст, ки чанд сол идома дошт. Банда ба ин ақида омадам, ки ин инқилоб иҷтимоъӣ ва мардумӣ набуд, балки як балво, як ишголғарӣ буд ва ба сари миллат фоҷеъаи бузург овард. Бино бар ин, аз номҳое, ки дар вақташ худи мардум ба он чи ки "Инқилоби мардумии Бухоро" меноманд, дода буданд, ҳамин гуна як ном интихоб шуд.

 

-Устод, дар бештари китобҳо воқеъан аз он рӯйдоде, ки дар моҳи сентябри соли 1920, пас аз се соли Интқилоби Октябр, ба вуқуъ пайваст, инқилоби мардумӣ ё халқӣ ном мебурданд, вале дар ин китоби Шумо ин ривоят инкор мешавад ва гуфта мешавад ки ин як табаддулот дар Аморати Бухоро буд. Хуб, агар ин табаддулот бошад, он чи паёмадҳое дошт?

 

-Дар замони Шӯравӣ расм буд, ки мегуфтанд инқилоб ба мо чи дод? Ман маҳсули ин инқилобро, ки ба миллат дод, ба назар гирифтам. Банда таърихшинос нестам, мутахассиси таърихи инқилоби Октябр ё ин ки таърихи инқилоби Бухоро ё таърихи замони Шӯравӣ нестам. Банда дар соҳаи адабиёти замони инқилоб, се даҳаи пеш аз инқилоб ва ду-се даҳа баъд аз инқилоб андак кор мекардам. Ва дар натиҷа кам-кам маводди бисёре дар бораи инқилоб ҷамъ шуд ва чун дидам, ки маводди бисёр муҳим ва ҷолиб аст ва барои натиҷагирӣ ва хулосаҳои бисёр муҳим имкон медиҳад, пас қарор додам, ки бояд чизе нависам, мутахассисони таърихи ин инқилоб, маъқул медонанд ё намедонанд, лекин ман фикри худро бояд бинависам ва ҳамин тавр ин китоб ба вуҷуд омад.

 

Дар ҳақиқат, дар он замон дар бораи инқилоби Бухоро гуфта шуда буд, навишта шуда буд, чоп шуда буд. Масалан, фикри Садриддин Айнӣ дар бораи ин ки ин инқилоб мардумӣ нест, мардуми Бухоро барои чунин инқилобе омода набуданд, иброз шуда буд. Устод Айнӣ нишон медиҳад, ки аз кадом ҷиҳатҳо ва ба кадом сабабҳо онҳо омода набуданд.

 

Аммо пешвои инқилоб Файзулло Хоҷаев баръакс дар китобҳо ва мақолаҳояш ҳамеша мегӯяд, ки халқ кам-кам омода шуд, мо,- мегӯяд, пешвои инқилоб, -халқро омода кардем, тӯдаҳои зиёде, дастаҳои зиёде тарғибгар, таблиғгар таъсис додем ва пинҳонӣ ба Бухоро фиристодем. Онҳо он ҷо кор карданд ва халқро ба ошӯб, ба исён омода карданд ва Файзулло Хоҷаев ба сарлашкари Шӯравӣ мегуфт, ки ту ба сӯйи Бухоро лашкар бикаш, ҳамин ки ҷанг оғоз шуд аз даруни Бухоро мардум худашон сар мебардоранд ва инқилоб мекунанд ва ин инқилоби мардумӣ мешавад.

 

-Вале дар асл ин тавр нашуд?

 

-Оре, дар асл ин тавр нашуд. Дар рӯзи якуми ҷанг лашкари шӯравӣ ба сӯйи қалъаи Бухоро ҳуҷум оғоз карда буд ва то ними рӯз бо шикаст дучор шуд, хеле ақиб рафт. Фрунзе, фармондеҳи тамоми лашкари Шӯравӣ дар ёддоштҳои худ менависад, ки мо дар дами шикасти қатъӣ, шикасти бад будем, ки ман илоҷи халос шудан аз ин шикастро ёфтам. Илоҷаш ҳамин буд, ки инҳо ёздаҳ ҳавопаймо доштанд. Фармон доданд, ки 11 ҳавопаймо Бухороро бомбаборон кунад. Ин бомбаборон лашкари шӯравиро аз шикаст наҷот дод.

 

Аҷобат дар ин аст ки яке аз собиқ маъорифпарварони тоҷик, ки баъд кумунист шуд, яке аз асосгузорони Ҳизби кумунисти Бухоро, шоъир Аҳмадҷони Ҳамдӣ, он вақт раиси кумитаи инқилобии тамоми Бухоро таъйин шуда буд. Вақте ки сарлашкари Шӯравӣ қарор дод, ки Бухороро бомбаборон кардан даркор аст, як санад омода сохт барои иҷозати ин бомбаборон. Дар ин санад Ҳамдӣ, Файзулло Хоҷаев ва худи Фрунзе, сарлашкари Русия, бояд имзо мекарданд.

 

Ҳамдӣ ин санадро имзо накард. Сахт истод ва гуфт, ки имзо намекунад. Шаҳри Бухоро шаҳри қадимӣ, бостонӣ, маркази фарҳанг буд. Шаҳри Бухоро музей буд, дар ҳар қадам як асари таърихӣ буд, осоре, ки фақат дар Бухоро буд ва дар ҳеҷ ҷо набуд. Ҳамин шаҳрро 4 рӯз 11 ҳавопаймо бомбаборон карданд. Ҳамдӣ нахост имзо кунад. Он вақт, ки лашкари Шӯравӣ дар дами шикаст буд, чашми Фрунзеро хун гирифта буд, лекин Ҳамдӣ рӯ ба рӯи вай меистод ва мегуфт на, ман имзо намекунам. Ин кор аз тарафи Ҳамдӣ як қаҳрамонии бисёр бузург буд, ки ҷонашро ба кафи даст гирифта ва рӯбарӯи Фрунзе меистод ва мегуфт, ки ман имзо намекунам. Ҳамон рӯз ӯро аз мансаби раиси кумитаи инқилобӣ сабукдӯш карданд ва бо амали ваҳшиёнаи ин ҳавопаймоҳои лашкари Русия инқилоб ғалаба кард.

 

-Чаро бо вуҷуди он ки афроде мисли Файзулло Хоҷаев иддаъо доштанд, ки мардум ҳатман аз лашкари Русия ҷонибдорӣ хоҳанд кард, мардум дар охирин лаҳза тасмимашонро иваз карданд? Ё шояд аз қабл имкони ҷонибдории онҳо аз артиши русҳо дурӯғ буд? Чи тур шуд ва чаро мардум тавонистанд муқобилият нишон бидиҳанд? Ба хотири ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангиашон? Чунки аз таърих медонем, ки ҷабру зулму ситами Аморати Бухоро ҳам нисбат ба мардуми оддӣ хеле зиёд буд.

 

-Бале. Аз он чи ки устод Айнӣ дар навиштаҳояш гуфтааст ва дар баъзе ҷойҳои дигар дида мешавад, устод Айнӣ як китоб дорад ба номи “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” ва як китоби дигар дорад ба номи “Таърихи инқилоби Бухоро”. Устод Айнӣ худаш шоҳиди он воқеъаҳост ва ҳамон шаҳодати худро рӯйи коғаз овардааст. Ва аз баъзе чизҳои дигар маълум мешавад, ки пешвои инқилоби Бухоро Файзулло Хоҷаев, ки ҷавон буд ва 24 сол дошт, ҷавоне буд бисёр боистеъдод, доно, лекин бисёр мансабпараст. Ӯ мехост ки ба чи нархе, ки бошад, ба сари қудрат ояд. Ва дар давраи омодагии инқилоби Бухоро бисёр дурӯғ гуфт. Яке аз дурӯғҳои калони вай ҳамин аст, ки мегуфт мо дар Бухоро дастаҳои бисёре, аз ҷумла дастаи пинҳонкор, таблиғгарони пинҳонкор дорем, ки ҳама таблиғ мекунанд, ҳама халқро омода кардаанд ба ошӯб, ба исён.

 

Ин тамоман сухани дурӯғ буд. Файзулло Хоҷаев барои он чунин дурӯғ мегуфт, ки лашкари Русияи болшевикӣ барои ҳуҷум ба Бухоро майлу рағбат пайдо кунад. Аммо Айнӣ мегӯяд, ки ин инқилобиёни Бухоро, ки берун аз Бухоро омодагӣ медиданд, андак қуввае буданд, бисёр кам буданд онҳо, баъзе китобчаҳо ва варақаҳо чоп мекарданд, таблиғу ташвиқи пинҳонӣ доштанд, лекин касе ба сухани онҳо бовар намекард, ин таблиғоти онҳо таъсире надошт. Мардуми Бухоро ҳанӯз шуъури инқилобӣ ҳосил накарда буд. Мардуми Бухоро ба муқобили он ҷабру зулми аморати Бухоро, ба муқобили ҷабру зулми манғитиёне, ки пеш аз инқилоб дар Бухоро дар сари ҳокимият буданд, хеле мубориза карданд. Лекин мардуми мо ба муборизае, ба инқилобе, ки русҳо биёранд, болшевикҳои атеисти бедин аз берун биёранд, омода набуд.

 

-Ин инқилоб ба сари мардум таҳмил шуд, ҳосили ин инқилоб, он гуна ки худи Шумо фармудед, аз назари фарҳангу маънавиёту забон ва алифбою хат барои тоҷикҳо чи буд?

 

-Ҳаминаш муҳим аст, ки ин инқилоб барои мардуми тоҷик як фоҷеъаи бузурги таърихӣ буд. Банда мегӯям, ки ҳама воқеъаҳои солҳои инқилобро, ки мо бисёр дар замони шӯравӣ дар бораи онҳо китобҳо навиштаем, ҳамаи он воқеъаҳоро, воқеъаҳои бузурги таърихӣ, воқеъаҳои бузурги сарнавиштсоз, ки гуё миллати тоҷикро ба вуҷуд овард, миллати тоҷикро ба осмони ҳафтум бардошт ва ҳоказо, ҳамаи инҳоро дубора санҷидан лозим аст аз бинишгоҳи миллат, аз дидгоҳи манфиъатҳои миллии мардуми тоҷик. Ҳамин воқеъаҳои бузурги таърихӣ ки шуд, ба мардуми тоҷик чи натиҷа овард?

 

Миллати тоҷик аз ин воқеъаҳо чи дид? Ин воқеъаҳо ба дасти миллати тоҷик ба вуҷуд наомадааст, аз берун оварданд. Лекин агар таҳмилӣ ҳам буд, шояд хеле манфиъатҳо дошт барои миллати тоҷик. Ҳамаи он воқеъаҳоро аз ин биниш бояд дид ва арзёбӣ кард. Агар аз ин нуқтаи назар бинем, мебинем, ки инқилоб ба сари ҳокимият пантуркистҳоро овард. Масалан, дар дар ҷумҳурии шӯравии Бухоро Файзулло Хоҷаев сарвазир, шахси якум шуд. Вай сарвари ҳамаи пантуркистҳо, панузбакистҳои Мовароуннаҳр ё Фарорӯд буд. Аз рӯзи аввали ғалабаи инқилоби Бухоро дар Бухоро забони тоҷикӣ манъ шуд.

 

Якумин бор дар таърихи бостонии Бухоро забони форсии тоҷикиро аз мактаб берун карданд, аз коргузории давлатию маъмурӣ берун карданд, аз нашриёту матбуъот, аз ҳаёти иҷтимоъӣ берун карданд. Ба ҷойи ин, дар ҳама ҷо забони узбакиро ҷорӣ карданд. Файзулло Хоҷаев ва атрофиёни ӯ эълон карданд, ки мо ҳама турк ҳастем, узбак ҳастем, ба номи тоҷик халқе, миллате ин ҷо нест, онҳое, ки худро тоҷик мегӯянд, баръакс дар асл онҳо ҳам турк ҳастанд, узбак ҳастанд, лекин бо таъсири мадрасаи Бухоро, бо таъсири Эрон, забони туркии худро фаромӯш кардаанд ва забони форсии муғлақро аз худ кардаанд.

 

Инҳоро баргардондан лозим аст ба лонаи туркият. Боз аз инҳо турк сохтан лозим аст. Ва дар тамоми қаламрави Бухоро тоҷиконро узбак навиштанд, мехоҳад-намехоҳад, ҳар кас, сарфи назар аз хоҳиши вай, узбак навиштанд. Ҳар кас ба ин розӣ набошад ва худро тоҷик гӯяд, танқид шуд, бисёр сахт, то ба ин дараҷа ки дар идораҳои давлатӣ агар касе ба форсии тоҷикӣ сӯҳбат кунад, аз ӯ ҷарима мегирифтанд, эълон карданд, ки ба забони тоҷикӣ сӯҳбат кардан дар идораҳо манъ аст.

 

-Ин сиёсати худи пантуркистҳо буд? Нақши русҳо дар ин замина чи буд?

 

-Русҳо нақши бисёр бузург доштанд. Аввал ин ки ҳамин русҳо пантуркистҳоро сари қудрат нишонданд. Ҳамон лашкари Русияи Шӯравӣ буд, ки инҳоро ба сари ҳукумат овард. Дувум ин ки тамоми сиёсати ҳукумати шӯравии Бухоро зери назорати ҳукумати шӯравии Маскав, Русия буд. Бидуни иҷозат, бидуни хоҳиши ҳукумати шӯравии Русия Ҳукумати шӯравии Бухоро наметавонист қадаме гузорад. Бисёр санадҳо ҳастанд дар ин бора, ки русҳо турк шудани тоҷиконро дастгирӣ мекарданд, кумак мекарданд, ба ин ки тоҷикро турк кунанд, турк нависанд, аз тоҷикият маҳрум кунанд ва аз фарҳанги миллии худ маҳрум кунанд ва ба як фарҳанги дигар дохил намоянд. Ин корҳо дар пеши назари русҳое, ки дар Бухоро якбора зиёд шуданд, сурат мегирифт.

 

-Оё дуруст аст ки фарҳанги қавии исломии тоҷикҳо то инқилоби Бухоро боъиси чунин муносибати ҳукуматдорони рус ва пантуркистҳо бо тоҷикҳо шуд ё мавзӯъи форсизабон будани тоҷикҳо матраҳ аст?

 

-Бисёр масъалаи муҳим аст ин масъалае, ки шумо ишора кардед. Чандин сол аст ки мо дар бораи ин масъала сӯҳбат мекунем, ки инқилоби соли 1924, вақте тақсими ҳудуди миллии Фарорӯд сурат гирифт, Бухоро ва Самарқандро ба тоҷикҳо надоданд, ба Ӯзбакистон доданд. Бухороро хароб карданд, Бухоро як маркази илму фарҳанги бузурги исломӣ буд, пас аз Макка ва Мадина ҷойи сеюм дошт дар фарҳанги мазҳабии исломӣ. Манбаъи дониш ҳисоб мешуд. Баъд аз инқилоб дар андак муддат як шаҳри харобазоре, як шаҳри музофотии берангу рӯй ва як ҷойи беаҳаммият шуд.

 

Соли 1924 вақте ки тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёнаро Маскав, шӯравиён ба вуҷуд оварданд, ҷумҳурии Бухороро, ки пас аз соли 1920 таъсис шуда буд, барҳам доданд, онро ба Ӯзбакистон, яъне ба Русияи шӯравӣ илҳоқ карданд. Якумин бор давлати Бухоро ба сифати як воҳиди сиёсӣ аз байн рафт. Дар аввали инқилоб, вақте тоҷикро ӯзбак эълон карданд, миллатфурӯшӣ шуд, масалан аз тарафи Файзулло Хоҷаев ва ҳамдастону ҳамкорони ӯ. Вақте соли 1924 Бухороро илҳоқ карданд ба Русия, ин ватанфурӯшӣ шуд аз тарафи ҳамон пешвои инқилоб, аз тарафи Файзулло Хоҷаев ва дигар касҳо.

 

Дар натиҷаи чунин миллатфурӯшӣ ва ватанфурӯшӣ Файзулло Хоҷаев, раиси шӯрои вазирони Ӯзбакистони бузург ва қавӣ гардид. Сабаб чи шуд, ки Бухороро ба сифати як воҳиди сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ нест карданд? Афсус, ки мо чандин сол боз дар ин бора сухан меронем. Бухоро аз даст рафт, онро аз тоҷикҳо гирифта ба ӯзбакҳо доданд, тоҷикҳо маҳрум монданд аз маркази фарҳангии худ ва соли 1924 Тоҷикистон таъсис шуд. Тоҷикистон ягона ҷумҳурии шӯравӣ буд, ки шаҳр надошт. Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд шаҳрҳои бузурги таърихӣ дар Ӯзбакистон монданд.

 

Ба ӯзбакҳо доданд, тоҷикҳо, эронинажодони тоҷик, ки қарнҳо боз шаҳрҳо офариданд, тамаддуни бузурги шаҳрӣ ба вуҷуд оварда буданд, соли 1924 вақте ки соҳиби Тоҷикистон шуданд, як шаҳр надоштанд. Чаро ин тур шуд? Ба ин савол, афсус, ки мо ҳанӯз ҷавоб пайдо накардаем. Ба фикри ман, сабаб ин буд ки Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд марказҳои фарҳанги тоҷикию эронӣ буданд. Фарҳанги исломӣ барои Русия, хусусан Русияи шуравӣ хеле хавф дошт. Аз ин ҷиҳат ки тоҷикони Бухоро дар байни миллатҳои атроф, яъне туркнажодони гирду пеш, масалан дар байни ӯзбакҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо, уйғурҳо ва тоторҳо, эътибори хеле бузург доштанд, муллоҳои тоҷик дар байни онҳо эътибор доштанд, исломро мардуми тоҷик дар байни онҳо ҷорӣ карда буданд.

 

Ин халқҳо ва миллатҳо ба дасти тоҷикҳо мусалмон шуда буданд, ислом оварда буданд ва тоҷикҳо дар шуъури мардуми туркману ӯзбаку қазоқу қирғиз ва ғайра нуфузи бисёр қавӣ доштанд. Ин ба фоидаи Русия набуд. Русия хост, ки ҳамин нуфузи тоҷикҳоро аз шуъури ин халқҳо тарошад, берун кунад ва ба ҷойи он таъсири худро дар шуъури онҳо ҷорӣ кунад. Масалан, атеизми бединии худ, идеулужии инқилобии болшевикии худро дар шуъури ин мардум ҷо кунад. Ин гуна мақсад буд. Дувум, понтуркистҳо ҳам мехостанд шуъури мардуми туркро аз нуфузи мардуми тоҷик тоза кунанд, аз таъсири мардуми тоҷик халқи худро берун кашанд ва ба ҷойи таъсири халқи тоҷик, ба ҷойи таъсири фарҳангию мазҳабии халқи тоҷик, ки дар шуъури халқҳои турк буд, идеулужии пантуркистиро ҷорӣ намоянд. Манфиъатҳои Русияи шуравӣ ва пантуркизм ба ҳам як шуд.

 

Бино бар ин, байни болшевизм ва пантуркизм созишкорӣ ба миён омад, ҳамкорӣ бар зидди тоҷик ба миён омад ва ҳам пантуркистҳо ва ҳам болшевикҳо қарор доданд Бухороро нест кунанд, Самарқандро натавонистанд нест кунанд. Чаро? Самарқанд ҳам шаҳри қадимӣ, бостонӣ, бисёр бузург, маркази фарҳанги исломии эронӣ-тоҷикӣ буд, лекин фаромӯш накунед, ки Самарқанд пойтахти Темур буд. Қабри Темур дар Самарқанд аст. Як мақбараи бузург ва мӯҳташами бисёр олӣ сохта шудааст, бисёр хуб нигаҳдорӣ шудааст. Аз ин сабаб Самарқанд барои пантуркист аз муқаддасот иборат буд, аз муқаддасоти пантуркистӣ буд. Бино бар ин, пантуркизм нагузошт, ки Самарқандро хароб кунанд ва соли 1924 вақте тақсими ҳудуди миллӣ шуд ва Ӯзбакистон таъсис шуд, якумин марказ, пойтахти Ӯзбакистон шаҳри Самарқанд буд.

 

Пойтахти Туркистони Русия Тошканд буд, аммо чун Ӯзбакистон таъсис шуд, ӯзбакҳо пойтахтро аз Тошканд ба Самарқанд оварданд. Ва Самарқанд нобуд нашуд, ки бисёр кори хуб шуд. Ба ҳар сабаб ки бошад, Самарқанд нобуд нашуд. Хуҷанд ҳам нобуд нашуд. Чаро? Чунки кадом оқил қарор дод, ки Хуҷандро Ленинобод номгузорӣ карданд. Номи Ленин Хуҷандро халос кард аз нобудӣ. Аммо Бухоро хароб шуд.

 

-Ин таҳқиқот ҳоло ба хатти сириллик дар Тоҷикистон мунташир шуда. Аммо аз назари арзиши илмӣ шояд барои доираи густардаи мардуми форсизабони минтақа муҳим бошад. Оё дар фикри баргардони ин китоб ба хатти форсӣ ва ё тарҷумаи он ба забонҳои русӣ ва инглисӣ нестед?

 

-Акнун бисёр мехостам, ки ба хатти форсӣ дар сойти интернетии банда бошад. Фарзандонам мегӯянд, ки ба русӣ ва инглисӣ тарҷума мекунем. Шояд ин корҳо шавад. Шояд вақт талаб мекунад, зуд анҷом додани ин кор душвор аст.

 

-Аввалин вокунишҳо дар бораи ин китоб дар доираҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон чист?

 

-Аз рӯйи шунидам, баъзе хабарҳо, ки меояд, гӯё ки ин китоб шаҳрошӯб шудаасту шаҳрро ба ошӯб овардаасту ҳама ҷустуҷӯ доранд. Дар замони мо қоида ҳамин, ки масалан китоби ман чоп шуд, ҳар кас меояд аз худи ман мегирад, ё худи ман мебараму медиҳам. Хеле меоянд, хеле илтимос мекунанд, ки як нусха пайдо кунед аз китобатон. Ҳамин рӯзҳо кӯшиш мекунем, ки дар сойти интернетии ман дохил карда шавад.

 

-Сипос барои сӯҳбат!

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/2590--1920-------.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ