13:01:42 01-уми Июли 2025 сол

ТАБАРОВ: "САНГАК БО ИНТИХОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУВОФИҚ БУД"

"Аксари қумандонҳо, алалхус бобои Сангак, ба интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб розигӣ доданд." Ин матлаб дар китоби Ҳабибулло Табаров, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон ва вакили мардумӣ дар порлумони даҳаи 1990, ки ахиран бо номи "То мард сухан нагуфта бошад..." мунташир шуда, таъкид мешавад. Дар ин китоб хотираҳои оқои Табаров аз фаъолияти вай дар симатҳои мухталифи давлатӣ ва ҳизбӣ ва ҳамчунин, бардошти вай аз ҳаводиси ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст.

                         

Ба навиштаи вай, соли 1992, замоне ки Ҷиёнхон Ризоев, раиси вақти Комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб, аз сӯйи мухолифонаш ба қатл расид, гурӯҳе аз "пиронсолони хирадманду рӯзгордидаи" ин вилоят, назири Худоёр Раҷабову Мирзо Бекматов, Тағай Раҳмонову Султон Мирзошоев, дар як ҷаласаи ғайрирасмӣ мавзӯъи интихоби раиси ҷадидро матраҳ карданд. Оқои Табаров навиштааст, ки барои арзёбии назарот ва пешниҳодҳои қумандонҳои саҳроӣ як кумисиюн ташкил шуд.

 

Ба навиштаи вай, "аксари қумандонҳо, алалхус бобои Сангак, розигӣ доданд" ва ба ин тартиб, Эмомалӣ Раҳмонов раиси Комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуд. Зимнан, дар сатҳи Тоҷикистон Ҳабибулло Табаров баъд аз раёсат дар иҷлоси 16-уми Маҷлиси Олӣ, ки моҳи ноябри осли 1992 дар Қасри Арбоб, дар ҳаволии шаҳри Хуҷанд, баргузор шуд, маъруф шуд.

 

Дар ин иҷлос Эмомалӣ Раҳмонов раиси порлумон ва раҳбари Тоҷикистон интихоб шуд. Зеро баъд аз истеъфои Раҳмон Набиев симати раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар лағв шуд. Ба навиштаи Ҳабибулло Табаров, вакилони кӯлобӣ ба Хуҷанд тавассути қаламрави Ӯзбакистон сафар кардаанд. То марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон онҳоро чархболи нерӯҳои ҳавоии Русия интиқол додаанд.

 

Вай навиштааст: "Дар Тирмиз моро ба самолёти (ҳавопаймои) вазири мудофиъаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон Аҳмадов шинонда, пеш аз парвоз вазир бо мо вохӯрӣ гузаронид. Салому паёми Ислом Каримов, орзӯву омоли ӯро дар боби барқарор шудани ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон ба мо расонд ва гуфт, ки президенти Ӯзбакистон иқдоми кӯлобиҳоро тарафдор аст."

 

Ҳабибулло Табаров дар посух ба вазири дифоъи вақти Ӯзбакистон гуфтааст, ки "шумо сутуни дили мо бошед, мо сахт мубориза мебарем ва ғалаба мекунем." Оқои Табаров ҳамчунин ёдовар шудааст, ки "то баргузории иҷлосияи 16-ум Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбакистон ва Қирғизистон сафар карданд ва то ҷое шинохта шуданд. Муносибатро аввал бо ҳамсояҳо хуб карданд."

 

Дар матни як мусоҳибаи оқои Табаров, ки дар ин китоб мунташир шудааст, вай мегӯяд: "То ҷое ман огаҳӣ дорам, Набиевро дар доираҳои баланди роҳбарии Ӯзбекистон нағз намедиданд. Дигар, ҳамин ки Эмомалӣ Раҳмон ҷавон буд, дар ҷанг саҳм надошт ва намояндаи як гурӯҳи даргир буд, ки бартарӣ ба ҷонибашон буд. Депутатҳои вилояти Ленинобод ҳама розӣ буданд, гапи моро гӯш мекарданд."

 

Ҳабибулло Табаров ба хотир овардааст, ки бо супориши вакилони порлумон ҳамроҳи чанд тан аз депутатҳои дигар ба манзили Раҳмон Набиев, ки ҳамчунон раиси ҷумҳури қонунӣ дониста мешуд, рафтааст. Вай мегӯяд: "Раҳмон Набиевич, - гуфтам ман, - миссияи мо он қадар фарҳбахш нест. Ҳамчун намояндаи вакилон мо омадаем, ки шуморо ба сессия даъват кунем ва бо тантана, бо тамоми имтиёзҳои президентӣ ба нафақа гусел кунем."

 

Ба навиштаи оқои Табаров, Раҳмон Набиев дуру дароз хомӯш монд ва дар чеҳрааш якчанд ранги мухталиф раду бадал шуд. Сипас, оқои Набиев гуфтааст: "Ман бо Сангак Сафаров бо телефон гап задам, фикрҳои ӯ дигар хеланд."

 

Вале Ҳабибулло Табаров ба Раҳмон Набиев гуфтааст, ки "ин ҷо ягон хели дигараш намешавад. Роҳбари вилоят фикрҳои Сангак Сафаровро гирифтааст. Масъала пурра ҳал шудагӣ." Ба навиштаи оқои Табаров, дар ин миён ҳамсари Раҳмон Набиев эътироз кардааст, ки "Шумо барои ҳукумати қонунӣ мубориза мебаред. Монед, ақалан се-чор моҳ кор кунанд."

 

Вале Ҳабибулло Табаров посух додааст: "Вақте мардуми Кӯлоб ва навоҳии дигар хун мерехт, чаро Раҳмон Набиев натавонист аз Ленинобод гурӯҳеро ба кумак фиристонад? Чаро як фарзандашро равон накард?... Ана, имрӯз забонаш дароз мешуд."

 

Ин сӯҳбат тӯли чаҳор соъат идома доштааст ва сипас, натоиҷи онро ин ҳайъат ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додааст. Ба навиштаи оқои Табаров, вақте Раҳмон Набиев вориди иҷлос шуд, нахостааст истеъфо диҳад. Вай навиштааст: "Чанд маротиба Раҳмон Набиев аз толори ҷаласа берун мешуд ва бармегашт ва баъд аз бори севум дар назди ҳозирин матни истеъфои худро қироат кард."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/2636--q------q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ