07:41:52 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЁДБУДИ СОЛГАРДИ ЗАМИНЛАРЗАИ ҲОИТ

Имрӯз, 10-уми июл, аз замони заминларзаи мудҳиш ва харобиовари шаҳраки Ҳоити водии Рашт 60 сол пур мешавад. 

Дар ин робита имрӯз дар маркази Ҳоит маросими ёдбуд баргузор шуд, ки дар он сокинони маҳаллӣ ва намояндагони ҳукумат, аз ҷумла ҷонишини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва ҳамчунин фарҳангиёну хабарнигорон ширкат карданд. Маъракаи ёдбуд бо бардоштани парда аз рӯи маҷмааи нави ёдгорӣ оғоз шуд, ки ҷои муҷассамаи "Модари Ҳоит"-ро гирифт. Пайкараи пешини ҳафтметраи «Модари Ҳоит» дар соли 1993 аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи номаълум хароб шуда буд.

Маҷмааи нав, ки аз сӯи пайкарасози тоҷик Сафарбек Қосимов сохта шудааст, аз се қисм - меҳроб, шоҳсутун ва гаҳвора - иборат аст ва рамзу нишонае аз ин заминларзаи мудҳиш мебошад. Ҳамчунин дар назди ин маҷмаа таҳкурсии осорхонаи нав гузошта шуд, ки дар он ёдгориҳо аз ин ин фоҷеа гирд оварда хоҳад шуд. 

Заминларзаи тақрибан 8 дараҷаӣ дар Ҳоит 60 соли пеш дар рӯзи 10-уми июли соли 1949 ба вуқӯъ пайваст ва ҳудуди 32 ҳазор нафарро кушта ва зери хок беномунишон кард. Ин серқурбонитарин заминларза дар таърихи Тоҷикистон мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi