08:39:46 01-уми Июли 2025 сол

ФАЙЗУЛЛОҲ ХОҶАЕВ ВА ДОСТОНИ САМАРҚАНДУ БУХОРО

Дар Бухоро ҳайкали шахсеро канданд, ки асосгузори Узбакистон ва довари Самарқанду Бухоро шумурда мешавад. Ба ҳамон шевае ки баҳси марбут ба ду шаҳри таърихӣ бефосила идома мекунад, ҳувияти Файзуллоҳ Хоҷаев низ ҳамон гуна торик боқӣ мемонад. Вале дар Узбакистон пайкараи ӯро бо сабабҳои дигар аз поя барканданд.

Сарвазири 24-сола

fayzullo_ubaydulloyevich_33.jpgФайзуллоҳ Хоҷаев фарзанди як миллионери бухороист, ки давлатро бар сарват бартарӣ дод ва ҳама миллионҳои падарашро сарфи инқилоб кард. Инқилобе, ки ӯро дар соли 1920, вақте ҳамагӣ 24 сол дошт, ба курсии баланди раиси Шӯрои нозирон, ё худ сарвазирии ҷумҳурии мардумии Бухоро расонд. Ҳамин тавр, ӯ ҳамагӣ 28 сол дошт, ки сарвазири ҷумҳурии тозабунёди Узбакистон шуд. Ва танҳо 42 сол дошт, ки зери чархи мошини қаттоли режими Сталин монд ва соли 1938 эъдом шуд.

Аммо корзори сиёсии ӯ ба солҳои пуршӯре рост меояд, ки Осиёи Марказӣ батамом ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуд ва дар заминаи хонигариҳои мустақили собиқ ва сарзаминҳои марбут ба Русияаш 5 ҷумҳурии алоҳида, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯи кор омад.

Берун аз хоки Тоҷикистон мондани марокизи таърихии мардуми тоҷик, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, дар натиҷаи тақсимбандии марзии он даврон, ки муаррихи тоҷик Раҳим Масов ҳатто “табартақсим” номаш кардааст, низ ба нақши Файзулло Хоҷаев дар ин тақсимоти солҳои 1924 ва 1929 бармегардад. Ва дар зеҳни равшанфикрони тоҷик ӯ ҳамчун нафаре нақш шудааст, ки бо вуҷуди тоҷик буданаш нагузошт, то ки Самарқанду Бухоро моли Тоҷикистон шавад.

Бойбачае, ки аз роҳи инқилоб рафт

Файзуллоҳ Хоҷаев соли 1896 дар Бухоро ба дунё омадааст. Падари ӯ Убайдуллоҳхоҷа тиҷорати пӯсти қароқӯл дошт ва дар замони худ аз сарватмандтарин афроди аморати Бухоро маҳсуб мешуд. Ба ҳадде ки мегуфтанд, бештар аз ӯ шояд танҳо амир Олимхон дороӣ дорад.

Ӯ вақте ҳамагӣ 11 сол дошт, ҳамроҳ бо падараш ба Русия рафт ва дар онҷо ба таҳсил пардохт. Файзуллоҳ Хоҷаев аз соли 1913 ба ҷадидон пайваст ва алакай дар 20-солагӣ яке аз раҳбарони аввали ҳизби аз сӯи ҷадидон таъсёфтаи ҷавонбухориён шуд. Баъд аз шикасти ҳамлаи Колесов дар соли 1918 ба Русия фирор кард ва дар Оренбург аз сӯи нирӯҳои атаман Дутов муддате боздошт ҳам шуд. Баъди раҳоӣ дар Маскав дар яке аз вазоратхонаҳои Русияи шӯравӣ кор кард.

Файзуллоҳ Хоҷев соли 1920 ба ҳизби коммунист пайваст ва дар “ҳамлаи нирӯҳои артиши сурх таҳти фармондеҳии Михаил Фрунзе ба Бухоро ва суқути амир Олимхон ширкат кард. Ӯ сипас раиси шӯрои нозирони Ҷумҳурии мардумии Бухоро ва аз соли 1924, дар пайи таъсиси Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ раҳбари ҳукумати Узбакистон шуд.

Моҳи июни соли 1937 ӯро аз сафи ҳизби коммунист хориҷ ва аз мақом барканор карданд. Моҳи июли ҳамон сол боздошт шуд ва соле баъд дар Маскав ҳамроҳ бо Николай Бухарин, Алексей Риков ва ҷамъе дигар аз раҳбарони аршади вақт бо ҷароиме, чун ширкат дар тавтиъаи тротскистӣ, қасди барандохтани низоми шӯравӣ дар Узбакистон ва ҷосусӣ ба нафъи Олмону Лаҳистону Ҷопон ва Бритониё маҳкум ба қатл ва 15 марти соли 1938 эъдом шуд.

Сиёҳ, сафед, сиёҳ...

Соли 1965 дар идомаи маъракаи сафед кардани қурбониҳои “террори сталинӣ” Файзуллоҳ Хоҷаевро ҳам сафед карданд. Ба дунбол, дар зодгоҳаш – Бухоро муҷассамаи ӯро гузошта, манзили падариаш дар кӯчаи Тӯқайи Бухороро, ки як қасри хеле пуршукӯҳ аст, ба осорхонаи Файзуллоҳ Хоҷаев табдил доданд. Донишкадаи омӯзгории Бухоро низ номи ӯро гирифт ва соли 1970 сеҷилдаи осори Файзулло Хоҷаев ҳам нашр шуд. Аммо чанд сол қабл бо пешниҳоди Ислом Каримов ба донишкадаи Бухоро номи Аҳмади Донишро доданд ва инак, муҷассамаи ӯро ҳам аз Бухоро бардоштанд.

Муаррихи узбак Гога Ҳидоятов мегӯяд, кандани ҳайкали Файзулло Хоҷаев на эҳёи ҳақиқати таърихӣ, балки идомаи ҳамон нодидагирии хидматҳои ӯ ва онҳоест, ки дар саргаҳи таъсиси Узбакистон истода буданд: “Файзуллоҳ Хоҷаев шахсияти хеле маъруфу хидматкарда буд. Ӯ буд, ки Узбакистонро дар марзҳои кунуниаш таъсис дод. Ӯ аз нигоҳи сиёсӣ хеле обутобёфта ва аз ангуштшумор раҳбарони Шӯравӣ буд, ки ҳарфи худро ба Сталин ошкоро гуфта метавонист. Файзулло Хоҷаев соли 1922 дар Маскав дар як маҷлис ба Сталин ҳатто рӯирост гуфт, ки шумо Иттиҳоди Шӯравиро ба зиндон ва Маскавро ба як макони хатарнок табдил додаед, ки касе меояд, ё мекушандаш ваё ба зиндонаш мекашонанд. Ӯ гӯё аз қисмати худ фол мезад, чунки Файзулло Хоҷаевро дар соли 1938 бидуни кадом мурофиаи қонунӣ маҳз дар Маскав қатл карданд. “

Рашидов Сардоба шуду Охунбобоев – Учкӯпир

Камолиддин Рабимов, таҳлилгари узбаки сокини Фаронса мегӯяд, атрофиёни раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо камранг кардани нақши раҳбарони сиёсии замони шӯравӣ мехоҳанд, дар зеҳни мардум ин боварро талқин кунанд, ки сохтани Узбакистон ба ҳайси як давлати миллии мардуми узбак аслан маҳсули даврони истиқлол ва самараи раҳбарии Каримов аст, то натиҷаи фаъолияти шахсиятҳое, чун Файзулло Хоҷаев, ки Узбакистонро дар марзҳои кунуниаш дар солҳои 20 дар қаламрави як бахши аморати Бухорову як бахши хонигариҳои Қӯқанду Хива ва ҳам қисме аз сарзаминҳои тобеи Туркистони Русия сохтанд.

Камолиддин Рабимов меафзояд, Файзуллоҳ Хоҷаев нахустин ва танҳо нафаре аз раҳбарони аҳди шӯравӣ нест, ки Тошканд мехоҳад ба боди фаромӯшӣ бисупорад: “Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон ду тамойюл мушоҳида мешавад. Аввалан, табдили исми маконҳое, ки ба ёди шахсиятҳои маъруфи замони шӯравӣ гузошта шудаанд. Сониян, аз китобҳои таъриху аз зеҳни мардум зудудани исми афроди маъруфе, ки доманаи шӯҳрати онҳо метавонад шӯҳрати Ислом Каримовро зери соя гузорад. Масалан, ноҳияи Шароф Рашидовро ба Сардоба иваз карданд. Ноҳияи Акмал Икромов дар Тошканд акнун Учтеппа шудааст. Ҳамин тавр, ноҳияи Юлдош Охунбобоев дар Фарғона ба Учкӯпир табдил ном кард. Номи маконҳое, ки ба исми афроди шинохтаи замони шӯравӣ буд, тақрибан ҳамааш иваз шуд.”

Абдуманнон Холҷӯраев, хабарнигори муқими Тошканд аммо мегӯяд, кандани ҳайкалҳои шахсиятҳои замони шӯравӣ ва ҳамин тавр, талоши табдили номгузориҳои бозмонда аз он аҳд ба рашки таърихии шахси Ислом Каримов бармегардад, ки тобу тоқати дидани нафари дигареро дар осмони шӯҳрати Узбакистон дар паҳнои бузурге аз замони Амир Темур то даврони мо надорад: “Решаи сиёсати ҳозираи Узбакистон дар сиёҳ кардани шахсиятҳои таърихӣ печ хӯрдааст. Чеҳраҳои таърихиро барои он сиёҳ мекунанд, ки дар ин майдон дар фосилаи бузурге аз аҳди Амир Темур то ба аҳди Ислом Каримов ситораи ҳеҷ кадоме ба ҷуз ҳардуи онҳо натобад. Ислом Каримов ҳатто исми хушномҳое, чун Муқаннаъ, ё Намоз-паҳлавонро ҳаддалимкон кӯр мекунад, то исми худу аҳди раёсаташро дар саҳифаҳои таърих тобноктар ҷилва диҳад.”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ