21:41:26 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН ВА ЧАШМАИ БИБИ ФОТИМАИ ЗАҲРО

Кӯхистони Бадахшони Тоҷикистон саросар аз ҷойҳои таърихӣ, мазорҳои қадима иборат буда дорои  катибаҳои зиёд мебошад. Аз ҳама бештар ҷойҳои таърихӣ ва муқаддасотро метавон дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ дучор омад. Ноҳия қадқади соҳили дарёи  Панҷ, ки дар ҳамзамон марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ  мебошад, тӯл кашидааст.  Яке аз муқаддасоти ин макон Қалъаи Ямчун ва Чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро мебошанд. Қалъа ва чашма дар болои нишебии санглохи доманаи кӯҳ, болотар аз деҳаи Ямчун воқеъ гардидаанд.

badakhshan_14545.jpgҚалъаи Ямчун, ё ки бо номи қалъаи Қаҳ-Қаҳа миёни мардуми ин водӣ маъруф гаштааст, дар болои баландие бино гардидааст. Девори гирди қалъа сангин буда, бо 22 манораи гирдшакл ба ҳам часпидааст. Аз рӯи навиштаҳои таърихӣ ин қалъа ба даврони Кушониён мансуб мебошад. Ҳокими ин қалъа бародари Қаҳ-Қаҳа  Зангибор будааст, вале идае боз  бар онанд, ки ҳокими қалъаи Ямчун хоҳари  Зангибор Зулҳашам будааст ва Зангибор корҳои қалъаро роҳбарӣ мекардааст.

Болотар аз қалъа дар дараи Ямчун чашмаи гарм аз дили санг фавора мезанад, ки таърихи ин чашмаи давобахшро ба таърихи қалъа тавъам медонанд. Сарчашмаҳо мегӯянд, ки Ҳазрати Алӣ Қаҳ-Қаҳаро нобуд месозад ва пас он пеши бародараш Зангибор меравад. Зангибор Алиро дида, роҳи гурез мекобад ва нохост бар нӯги шохаи тези дарахте бар мехӯрад ва беҳол мегардад. Зани Алӣ - Фотима мехост, то хуни синаи Зангиборро тоза кунад, вале дар он ҷо аз об дараке пайдо намекунад.

Пас он Ҳазрати Алӣ бо шамшераш сангро шикоф месозад, ки аз он оби гарм берун мешавад. Фотима остин канда, онро тар мекунад ва хуни Зангиборро пок мекунад ва ба захми  ӯ шифо мебахшад.  Аз он номи чашма – Чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро ҳифз гардидааст ва то ҳол ин чашма вуҷуд дорад.

Дар ҳоли имрӯз барои зиёрати ин қалъаву чашма ва хусусан барои табобат гирифтан мардуми зиёде, чи хориҷиву чи муқимӣ ба дараи Ямчун мераванд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi