20:45:48 20-уми Майи 2025 сол

АҲМАДШОҲ КОМИЛЗОДА: “ТОҶИКИСТОН БА ДУ ҶАБҲА ТАҚСИМ ШУДА БУД”

Аҳмадшоҳ Комилзода дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хабарнигори телевизиюни Тоҷикистон ва дар замони давлати Мусолиҳаи миллии ин кишвар дар соли 1992 раиси ин телевизиюн буд. Оқои Комилзода мӯътақид аст, маҳз Ҷунбиши “Растохез”-и Тоҷикистон, ки ӯ симмати дабирии ин созмонро ба ӯҳда дошт, аз муборизони роҳи истиқлоли кишвар будааст.

/images/stories/2011/08/17_komilzoda_17.8.2011.jpg-Ҳанӯз дар замони “бозсозии горбачёвӣҶунбиши мардумии “Растохез” барои дастёбӣ ба истиқлоли Тоҷикистон мубориза мекард. Ин талошҳо аз чи иборат буд ва шумо он замон тасаввур мекардед, ки вазъи иқтисоди Тоҷикистон пас аз истиқлол чи гуна хоҳад шуд?

-Ҷунбиши “Растохез” дар авохири даҳаи 1980 таъсис шуда буд. Аммо қабл аз он, рӯшанфикрон дар маҳофили мухталиф гирдиҳам омада ва мавзӯъи забони тоҷикӣ ва истиқлолро баррасӣ мекарданд. Рӯшанфикрон гоҳе дар толори Иттиҳоди нависандагон, гоҳе дар синфхонаҳои Донишгоҳи миллӣ ё дар боғи “Ғалаба” ҷамъ меомаданд. Он замон ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд ва гирдиҳам омадан як амали хатарнок буд. Борҳо моро КГБ (Кумитаи Амнияти Давлатӣ) ба таври алоҳида даъват карда ва тарс медод.

Сипас, барномаи Ҷунбиши “Растохез” аз ҷониби Тоҳири Абдуҷаббор таҳия шуда ва баъдан ӯ раиси ин созмон интихоб гардид. Дар ин барнома роҳҳои сулҳомези расидан ба истиқлоли Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд. Нахуст оқои Абдуҷаббор ин барномаро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард. Дар ҳоле ки аъзои тоҷики ҳукумат ба барномаи “Растохез” бо тарс нигоҳ мекарданд, аммо аъзои рустабори он гуфтанд, ки дар ин барнома чизи хатарнокеро намебинанд.

Вақте барномаи истиқлоли Тоҷикистон омода мешуд, авоқиби ин таҳаввулот тасаввур мешуд. Чун Тоҷикистон кишвари фақир буду аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамеша кумаки молӣ мегирифт. Аммо истиқлол рукни муқаддаси ҳар кишвар аст. Мушкилоти иқтисодӣ дар роҳи истиқлол муҳим нест. Мо наметавонем бо зиндагии мураффаҳ забону фарҳанги худро гум кунем ва дар тобеъияти дигарон бошем. Мо инро низ қабул надорем, ки агар ба истиқлол расидем, тамоми чизро аз даст медиҳем. Кишварҳои дигари шӯравӣ низ вазъи душвори иқтисодӣ доранд.

-Роҳҳои сулҳомези расидан ба истиқлол. Ин чи гуна роҳҳо буданд?

-Тазоҳуроти осоишта, ҳамоишҳо ва навиштани номаҳо ба мақомоти кишвар аз ҷумлаи чунин роҳҳо маҳсуб мешуд. Зимнан, нахустин раҳпаймоӣ дар Тоҷикистон дар авохири даҳаи 1980 аз ҷониби аъзои “Растохез” ба раҳбарии Тоҳири Абдуҷаббор сурат гирифта буд. Тазоҳургарон бо шиорҳо дар бораи додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ аз бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Куммунист то бинои порлумон рафтанд. Аз мардум даъват мешуд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон тақозои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикиро кунанд.

Дар барнома истиқлоли Тоҷикистон нахуст дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Шӯравӣ тасаввур мешуд. Танҳо бархе аз озодиҳо ва мустақилият дар сиёсати дохилии Тоҷикистон дар назар гирифта шуда буд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти авоили солҳои 1990 дар Иттиҳоди Шӯравӣ мавзӯъи истиқлоли комили кишвар ба миён омад. Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони намояндаи порлумон се маротиба ин барномаро ба Шӯрои Олии Тоҷикистон (порлумон) пешниҳод кард. Вале пешниҳод рад шуд.

Ин барнома аз ду бахш-додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикии форсӣ ва таъмини истиқлоли Тоҷикистон иборат буд. Ҳамчунин, “Растохез” бо мусоъидати ашхоси саршиносе чун Муҳаммадҷон Шакурӣ барномаҳои ислоҳот дар маориф ва иқтисодро таҳия карда буд, ки ин аснод ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Аммо чун дари “Растохез” барои ҳамагон боз буд, афроди ҷоҳталабу гурӯҳбоз низ ба ин созмон шомил шуда буданд.

-Дуруст аст, ки Эъломияи истқлоли Тоҷикистон аз ҷониби Ҷунбиши “Растохез” таҳия шудааст?

-Эъломияи истиқлоли ТоҷикистонроТоҳири Абдуҷаббор, раҳбари “Растохез” ва намояндаи порлумони Тоҷикистон таҳия карда буд. Дар ибтидо истиқлоли Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, аммо ба тағйири вазъ идея дигар шуд. Аммо ин истиқлол на дар асоси муборизот, балки муфт ба даст омад. Давлатмардони Тоҷикистон то лаҳазоти охир пойбанди Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Тоҷикистон дар миёни ҷамоҳири шӯравии пешин аз ҷумлаи охаринҳо, пеш аз Туркманистон истиқлолро эълом кард.

-Дар даҳаи 1990 дар миёни мардуми Тоҷикистон андешае роиҷ буд, ки маҳз истиқлол боиси ҷанги дохилӣ ва вазъи бӯҳронӣ дар Тоҷикистон шудааст. Шумо ба ин андеша мувофиқ ҳастед?

-Ин андешаи ботил буд. Зеро фурӯпошии як импротурӣ хоҳ-нохоҳ барои кишварҳои узви он мушкилоти ҷидии иқтисодӣ ва вазъияти бӯҳронӣ меовард. Иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ чунон созмон дода шуда буд, ҳама ба ҳамдигар пайванду вобаста буданд. Масалан, корхонаи Тоҷикистон ашёи хомро аз ҷойи дигар мегирифт. Чун шӯравӣ аз ҳам пошид ин равобит низ гусаста шуд. Мутаассифона, аз ҷумлаи ҷамоҳири пешини Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон оташи ҷанги дохилӣ забона зад ва қомати иқтисоду демукросиро шикаст.

-То ҳол ақидае ҳаст, ки ҷанги дохилиро дар Тоҷикистон маҳз журнолистон оташ додаанд...

-Ин андеша дар ҷомеъаи Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мегӯянд, ки матолиби иғвоангези нашрияҳо ва барномаҳои якҷонибаи радиою телевизиюн мардумро аввал ба майдонҳо кашонда ва сипас, боиси даргириҳо дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон шуданд.

Зимнан, пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 ман барои як созмони байналмилалӣ кор мекардам. Вазифаи ман иборат аз ҷамъоварӣ ва тарҷумаи матолиби нашрияҳо дар бораи ҷанги дохилӣ ва сӯҳбатҳо бо ақшори мухталифи ҷомеъа дар ин замина буд. Бештари пурсишшудагон, аз ҷумла, ашхоси сатҳи боло низ ба ин бовар буданд, ки журнолистону рӯшанфикрон аз омилони сар задани ҷанг дар Тоҷикистон ҳастанд.

Ин ақида бепоя аст. На журнолистон, на рӯшанфикрон, на авомили маҳалгаройӣ ва ҳатто на ҳукумати Тоҷикистон омилони ҷанги дохилӣ нестанд. Агар ҳукумат қудрату нерӯи кофӣ дар ихтиёр медошт, пеши ҷангро мегирифт. Далелҳо ҳокист, ки ин ҷанг таҳмилӣ буд. Ба қавли Тоҳири Абдуҷаббор, раиси Ҷунбиши “Растохез” “лаҷоми ҷанг дар дасти бегонаҳо буд ва ин бадбахтӣ ба асоси сенориёи онҳо анҷом мешуд.”

-Дар пайи тасарруфи қудрат дар Тоҷикистон аз ҷониби нерӯҳои исломию демукротҳо ва таъсиси Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ Шумо мақоми раиси телевизиюни Тоҷикистонро касб кардед. Ҳамин тур не?

-Вақте ҷавонони шаҳри Душанбе дар авоили моҳи майи соли 1992 сохтмони Телевизиюни Тоҷикистонро тасарруф карданд, ман дар миёни тазоҳургарон дар дар майдони “Шаҳидон” будам. Намедонам бо дастури кӣ буд, ки аз ман хостанд ба телевизиюн рафта барномаро бибарам. Ман чораи дигар надоштам. Муҳаммадалии Ҳаитзодро даъват кардам, то якҷо равем. Чун барномаҳо дар телевизиюн ба забонҳои тоҷикию русӣ пахш мешуд ва ӯ забони русиро хуб медонист.

-Дар Телевизиюни давлатии Тоҷикистон Шуморо чи гуна пазируфтанд?

-Кормандони телевизиюн дар ҳолати шок қарор доштанд. Зеро афроди муҳоҷим силоҳ доштанд. Кормандони фаннӣ, ки умдатан занону мардони рустабор буданд, аз ин вазъият шадидан нороҳат буданд. Чун ман қаблан солҳо дар телевизиюн фаъолият доштам, маро хуш истқбол карданд. Ман аз силоҳбадастон хостам то аз утоқҳои корӣ берун шаванд, то кормандон тавонанд осуда кор кунанд. Онҳо утоқҳои кориро тарк карданд. Баъдан низ талош мекадем, ки силоҳдорон ба корҳои хабарнигорон мудохила накунанд.

Қаблан телевизиюн аз ҷониби давлат ва тазоҳургарони майдони “Озодӣ”, ки барои “барқарор кардани ҳукумати қонунӣ” умдатан аз вилояти Кӯлоби собиқ омада буданд, пуштибонӣ карда ва дар ҳаққи тазоҳургарони майдони “Шаҳидон” бадгӯйӣ мекард. Пас аз тасарруфи телевизиюн аз ҷониби мухолифон низ ҳамин вазъ идома дошт. Акнун мухолифон ҷониби дигарро аз тариқи телевизиюн сиёҳ мекарданд.

-Шумо барои ислоҳи ин вазъ ва пахши барномаҳои воқеъбинонаю бетараф талош накардед?

-Ман тавони ислоҳи вазъиятро надоштам. Ҳамин қадар тавонистем, ки дар телевизиюн аз дашному алфози қабеҳ истифода нашавад. Гурӯҳҳои мухталиф бидуни иҷоза ба истидию рафта оёте аз Қуръон хондаву ибрози андеша мекарданд. Давлати Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии вақти Тоҷикистон кишварро идора намекард. Президент дар ғами ҷони худ буд, ба телевизиюн парвое надошт. Ҳукумат аз сӯйи гурӯҳҳои мухталиф идора мешуд. Фишори мухолифон ба телевизиюн зиёд буд ва табиист ки андешаҳои онҳо бештар пахш мешуд.

-Шояд ба ҳамин далел буд, ки Телевизиюни Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ пахш шуда ва пахши он дар вилоёти Ленинободу Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа қатъ шуда буд?

-Бале. Тоҷикистон ба ду ҷабҳа тақсим шуда буд. Дар манотиқе, ки ба давлати Мусолиҳаи миллӣ мухолифат доштанд, пахши Телевизиюни Тоҷикистонро қатъ карда ва танҳо барномаҳои телевизиюни худиро пахш мекарданд. Намехостанд андешаҳои мухолифон дар минтақа паҳн шавад.

Зимнан, пас аз тасарруфи Телевизиюни Тоҷикистон аз ҷониби мухолифон пахши мустақими барномаи хабарии телевизиюни Эрон шурӯъ шуд, ки ба эътиқоди таҳлилгарон бештари тамошочиёни тоҷикро нороҳат карда буд. Ин ҳодиса мудохилаи ошкори Эрон ба умури дохилаи Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.

Ман ба унвони раиси Телевизиюни Тоҷикистон аз пахши барномаи хабарии телевизиюни Эрон розӣ набудам. Ман пешниҳод доштам, ки баъзе барномаҳои фарҳангӣ ва филмҳои эронӣ пахш шавад. Аммо ин кор аз ҷониби мақомоти вақти Кумитаи радио ва телевизиюни Тоҷикистон ва гурӯҳҳои дигар барномарезӣ мешуд. Воқеъан, ин ҳодиса дар зеҳнияти мардум тасаввури бадеро ба вуҷуд овард.

Дар моҳи октябри соли 1992 бо дастури Акбаршо Искандаров, кафили раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пахши барномаи хабарии телевизиюни Эрон қатъ шуда, ҳамзамон, пахши барномаҳои телевизиюнҳои Русия ва Ӯзбакистон, ки қатъ гардида буд, дубора шурӯъ шуд. Аммо ин тасмим дер иттихоз шуда ва дар беҳбуди вазъи сиёсии кишвар асари чандоне надошт.

-Пас аз ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ Шуморо ба унвони кӣ боздошт карданд: раиси Телевизиюни Тоҷикистон ё намояндаи мухолифони давлат?

-Вақте намояндаҳои ин ҳукумат ба шаҳри Душанбе омаданд, ман ҳанӯз дар телевизюн фаъолият мекардам. Бо Қозидавлат Қоимдодов, муъовини нахуствазири ин ҳукумат дидор доштам. Мусоҳибаи ман бо ӯ аз тариқи телевизиюн пахш шуд. Аммо дар рӯзи дигар вазъи амниятии Душанбе ба вахомат гароид ва ман маҷбур ба тарки шаҳр шудам.

Ба минтақаи Рашт рафтем. Бештари мардум ба истиснои занону кӯдакон шаҳрро тарк мекарданд. Ҳамчун раиси телевизиюн будан, намояндаи мухолифон будан ва аз минтақаи Рашт будани ман бароям хатар эҷод мекард. Намояндагони водии Рашт дар Душанбе кушта мешуданд. Бештари рӯшанфикрони тоҷики ин минтақа бе ҳеҷ гуноҳе аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ ба шаҳодат расиданд.

Мо се нафар, ман, Хайриддин Қосимов ва Хуршед Назаров, кормандони телевизиюн аз тариқи водии Рашт ба марзи Қирғизистон расидем ва ба шаҳри Ӯш рафтем. Кормандони ниҳодҳои амниятии Ӯзбакистон моро дар ин шаҳр дастгир карда ва ба ҷониби Тоҷикистон таҳвил доданд.

-Дар зиндон шиканҷа шуда будед?

-Оре, дар аввал шиканҷа сахт буд. Баъдан муносибат дигар шуд. Аммо намехоҳам дар ин бора сӯҳбат кунам. Замони зиндонӣ шудани мо вазъи Тоҷикистон ноамн буд. Гурӯҳҳо ба далоили сиёсӣ гирифтори зиндон мешуданд ва бархе бар асари шиканҷа аз байн мерафтанд.

-Чанд муддат дар зиндон будед?

-Ҳудуди 2 сол, аз авоили моҳи январи соли 1993 то моҳи декабри соли 1994-ро дар боздоштгоҳи Вазорати амнияти миллии Тоҷикистон сипарӣ кардам. Сипас, бар асоси тақозои Иттиҳоди мухолифони тоҷик мо 27 зиндониро ба ҳамин теъдод афсарону сарбозони нерӯҳои давлатӣ, ки ба асорати мухолифон даромада буданд, табодул карданд. Ин ҳодиса бо миёнҷигарии Созмони Салиби Сурх Ҷаҳонӣ дар шаҳри Хоруғи Бадахшони Тоҷикистон сурат гирифт.

Салиби Сурх ба зиндониёни пешин пешниҳод кард, ки бар ҳар кишвари ҷаҳон хоҳанд ба он ҷо мебаранд. Аммо ба ин кишварҳо танҳо аз тариқи шаҳри Душанбе рафтан мумкин буд. Ман намехостам дубора ба Душанбе баргардам, зеро нигарони вазъи амниятии худ будам. Чораи дигаре надошем ба ғайр аз рафтан ба Афғонистон ба назди Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони давлати Тоҷикистон.

Бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифон дар қароргоҳаш дар шаҳри Толиқони Афғонистон дидор кардем. Устод Нурӣ мегуфт: “Роҳи наҷоти миллати мо танҳо сулҳ аст ва ман аз пешниҳоди сулҳи давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин замина пуштибонӣ мекунам.” Ин сӯҳбат ба ман асар гузошт ва ман то замони имзои Мувофиқатномаи сулҳ дар он ҷо мондам. Баъдан ба шаҳри Теҳрони Эрон рафта ва дар моҳи сентябри соли 1997 ба Душанбе баргаштам.

-Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бароятон мушкиле эҷод нашуд?

-Мушкили хосе набуд. Касе таҳдид ҳам накард. Аммо худам эҳсоси ноамнӣ мекардам. Дар ҷараёни фаъолият дар Кумисиюни оштии миллӣ хатаре эҳсос накардам.

-Чун Шумо дар Кумисиюни оштии миллӣ кор мекардед, исми шумо дар феҳристи саҳмияи мухолифон дар давлат шомил гардид?

-На. Иттиҳоди мухолифон ба раҳбарии Муҳаммадшариф Ҳимматзода, муъовини раҳбари мухолифон кумисиюни вижае дошт, ки мисли сохтори давлатӣ асноду мадорики ҳар номзадро бо аксҳо омода мекард. Ман ҳеч санаде ба ин ниҳод пешниҳод накардам.

Аммо бо ман дар ин замина гирудоре сурат гирифт, ки ҳайратзада шудам. Вақте мақомҳоро тақсим мекарданд, як гурӯҳи мухолифон ба назди ман омада бо таҳдиду фишор гуфтанд, ки “худатро ба вазифаи вазири фарҳанг пешниҳод кардӣ, мо номзади худро дорем.” Ман дар ин маврид ҳеҷ пешниҳоде накарда будам. Чун дидам, ки онҳо хеле нороҳатанд, ба хотири тавзеҳ баназди Устод Нурӣ рафтам. Оқои Нурӣ хандида гуфт, ки номи шумо ба феҳрист аз ҷониби ҳукумат ворид шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар як мулоқот Абдулмаҷид Достиев, муъовини раиси Кумисиюни оштии миллӣ аз ҷониби ҳукумат гуфтааст, ки чаро шумо ба мақомҳои давлатӣ танҳо муллоҳоро пешбарӣ мекунед? Ин ҷо зиёиёне чун Комилзода ҳастанд. Ва ӯ номи маро навиштааст. Ман расман гуфтам, ки ба мансабе даъво надорам, сипас, аз чанги ин гурӯҳ халос шудам.

-Дигар барои Шумо дар сохтори давлати Тоҷикистон ҳеч мақоме пешниҳод накарданд?

-Мақоми раиси ноҳияи Дарбанд, дар водии Раштро давлат ба ихтиёри мухолифон дода буд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ман муроҷиа карда гуфт, ки дар пайдо кардани номзади арзишманд кумак кунам. Бисёре мегуфтанд, худат бирав. Аммо ман қабул накардам. Оқои Нурӣ ҳам мустақим нагуфт, ки "ту бирав."

Ғайр аз ин мушкилеро, ки ба ҳангоми тақсими мансабҳо ба сари оқои Нурӣ меомад, мушоҳида мекардам. Гурӯҳҳои мусаллаҳ ба назди ӯ омада тақозои мансаб мекарданд. Оқои Нурӣ мегуфт, ки ман чун оқои Раҳмон дар ваъияте қарор дорам, силоҳбадастҳо омада ба тундӣ тақозои мансаб мекунанд. Ӯ мегуфт, ки дар қадами аввал бояд ба гурӯҳҳои мусаллаҳ мансаб диҳем, чун аз ӯҳдаи кор набаромаданд, афроди лоиқ ин корро анҷом медиҳанд.

-Шумо кай аз Иттиҳоди мухолифони пешин канор рафтед?

-Дар соли 2001, пас аз поёни кори Кумисиюни оштии миллӣ.

-Ҳоло бо афроди мухолифони пешин иртиботе доред?

Оре. Ба ашхоси алоҳидае чун хонаводаи Устод Нурӣ, бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳ изби наҳзати исломии Тоҷикитсон, Ҳикматулло Сайфуллозода ва афроди дигар робита дорам.

-Пас аз поёни кори Кумисиюни оштии миллӣ ба чи кор машғул шудед?

-Чанд муддат дар хона нишастам. Чанд китобро аз созмонҳои байналмилалӣ дар бораи ҷомеъаи боз ва демукротик ба тоҷикӣ тарҷума кардам. Дар авохири моҳи декабри соли 2001 радиои Садои Омрико маро ба унвони хабарнигор дар Тоҷикистон барои кор даъват кард ва то имрӯз дар он фаъолият мекунам.

-Ба назари Шумо, Тоҷикистон дар даврони истиқлол чи дастоварде дошт ва интизороти шумо аз оянда чист?

-Истиқлол худ бузургтарин дастовард аст. Гарчи Тоҷикистон имрӯз аз нигоҳи сиёсӣ пойбанди баъзе кишварҳо аст, аммо раиси ҷумҳурӣ, порлумон ва сохтори марбутаи мустақил дорад. Истиқлол неъмати бузург аст. Мушкилоти иқтисодиро ҳамаи кишварҳои собиқи шӯравӣ, Русия, Қазоқистон ё Ӯзбакистон доранд.

Интизороти ман аз ояндаи кишвармон он аст, ки Тоҷикистон ноором ва даргири ҷанг нашавад. Дар сурати сулҳу субот кодрҳои нав бо андешаҳои ҷадид ба саҳна омада ва метавонанд вазъи иқтисодии кишварро беҳтар кунанд. Чун вазъи иқтисодӣ беҳтар шавад, вазъи мардум низ беҳтар хоҳад шуд.

-Барои сӯҳбат сипосгузорам.

Мардони Муҳаммад, Би-би-сӣ, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ