ДУ ДАҲАИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ МАҲАЛЛГАРОӢ ТО ТАМАРКУЗИ ҚУДРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Билофосила, пас аз эъломи истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 1991 нооромиҳои густарда дар ин кишвар шурӯъ шуд. Дар майдони “Озодӣ”, дар наздикии сохтмони порлумон, тазоҳуроти доимӣ бо задани хаймаҳо барпо шуд. Бархе бар ин назаранд, ки истиқлол барои мардуми Тоҷикистон ғайримунтазира буд, ба таври ройгон ва бидуни мубориза ба даст омадаю аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик ба қадраш нарасиданд.
Аз тазоҳурот ба ҷанг
Аммо ба назари Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, ин кишвар дар соли 1929 ба унвони як ҷумҳурии соҳибистиқлол дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуд ва бар асоси қавонини Шӯравӣ ҳаққи хурӯҷ аз ин иттиҳодро дошт. Оқои Шабдолов мӯътақид аст, ки истиқлол боъиси нооромиҳо ва ҷанги дохилӣ нашудааст, балки мухолифати шадиди ду идеулужӣ - сусиёлистӣ ва исломию демукрот ва боло гирифтани рӯҳияи маҳаллгароӣ дар ҷомеъа мунҷар ба тазоҳуроту даргириҳо шуда ва пуштибонҳои хориҷии онҳо барояшон сармоя ва силоҳ додаанд.
Ӯ гуфт: “Мутаассифона, Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошиду давлати ҷавони Тоҷикистон артиши миллӣ надошт, то аз оғози ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад. Теъдоди нерӯҳои пулис ва ниҳодҳои амниятӣ кам буд ва онҳо танҳо ба ҳифозати сохтмону муассисоти муҳим ва истротежик муваззаф шуда буданд. Дар баъзе ҳолатҳо афроди пулис ба ин ё он гурӯҳи даргир пайваста буданд.”
Дуктур Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи исловииТоҷикистон, ки дар замони музокироти сулҳи тоҷикон узви ҳайъати давлатӣ буд, низ мӯътақид аст, ки дар он замон бархе аз кишварҳои хориҷӣ дар нооромиҳои Тоҷикистон даст доштаанд. Ба гуфтаи вай, мушкилоти Тоҷикистон аз “бегонаҳои дохилӣ” оғоз шуд. Яъне, ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар умури дохилии Тоҷикистон мудохила карданд. Аз ҷумла, оқои Усмонов мӯътақид аст, ки Озарбойҷон ва Литваю Латвия дар ҳаводиси хунини моҳи феврали соли 1990 дар Тоҷикистон нақш доштанд.
Ин нахустин тазоҳуроти густардаи сокинони шаҳри Душанбе дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар вокуниш ба хабаре дар бораи вуруди паноҳандагони армании Озарбойҷон ба Тоҷикистон ва дар ихтиёри онҳо гузошта шудани манозил дар шаҳри Душанбе барпо шуд. Аммо баъдтар шиъорҳои мӯътаризон тағйир ёфт ва онҳо ҳалли мушкилоти фақру бекорӣ ва истеъфои раҳбарони вақти давлати Тоҷикистонро тақозо карданд. Ба ҳангоми пароканда кардани мӯътаризон дастикам 30 нафар кушта шуданд ва ин ҳодиса бо номи "Баҳманмоҳи хунин" маъруф шуд.
"Мудохилаи кишварҳои хориҷӣ"
Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эъломи истиқлоли Тоҷикистон мавориди мудохилаи кишварҳои хориҷӣ дар умури дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфт. Аз ҷумла, Дуктур Усмонов мегӯяд, чун теъдоде аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Тоҷикистон мустақар буданд, ин кишвар ба таври мустақим дар таҳаввулоти дохилии Тоҷикистон нуфуз дошт. Дар даҳаи 1990 бархе аз кишварҳои исломӣ, бахусус Эрону Арабистони Саъудӣ, низ кам-кам бар фаъолияти гурӯҳҳои исломгаро дар Тоҷикистон нуфуз пайдо карданд.
Оқои Усмонов ба унвони мисол, аз барафрохта шудани парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тазоҳуроти мухолифони давлати Тоҷикистон дар майдони “Шаҳидон”-и шаҳри Душанбе дар моҳи апрели соли 1992 ва замзамаи байти ҷавонони инқилобии эронӣ алайҳи Амрико ёдовар шуд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, байти маъруфи инқилобиёни эронӣ, “Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту” бо каме ислоҳ дар ин майдон садо додааст: “Золимин, золимин, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон!”
Оқои Усмонов мегӯяд, ки дар маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Абулқосими Фирдавсӣ дар майдони “Озодӣ”-и шаҳри Душанбе дар тобистони соли 1992 теъдоди эрониён аз тоҷикон бештар будааст. Вай мӯътақид аст, ки дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аз Фронти халқӣ, ки ҳукумати феълиро ба сари қудрат овард, Русия ва Ӯзбакистон ва аз нерӯҳои Иттиҳоди мухолифон Эрон ва кишварҳои арабӣ пуштибонӣ мекарданд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, размандагони Фронти халқӣ дар тирамоҳи соли 1992 бо тонкҳои Русия дар вилояти Қурғонтеппаи пешин ( ҳоло Хатлон) ба нерӯҳои мухолифон пирӯз шуда, баъдан ҳамин нерӯҳо савор бар тонкҳои Ӯзбакистон дар моҳи декабри ҳамон сол вориди Душанбе шуда буданд. Ба ин тартиб, Ӯзбакистон дар канори Русия аз бозигарони аслии минтақа буда ва бо нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ дар ба қудрат расидани давлати феълии Тоҷикистон саҳми боризе доштааст.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи шоҳидон, иҷлоси 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки дар моҳи ноябри соли 1992 давлати феълиро сари қудрат овард, низ таҳти назорати Ӯзбакистон баргузор шудааст. Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист мегӯяд, ки шояд ба далели мудохилаи хориҷиён ва идомаи даргириҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон дар ин иҷлос имкони дастёбӣ ба сулҳу оштӣ вуҷуд надошт. Ӯ гуфт: “Кишварҳои минтақа аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон ҳимоят мекарданд. Заминаи ҷанг дар Тоҷикистон фароҳам буд ва нерӯҳои хориҷӣ аз он истифода карданд.”
Бархе дигар аз таҳлилгарон маҳаллгароӣ ва низоъҳои байни минтақаҳои мухталифи Тоҷикистонро, ки тӯли қарнҳову солҳо аз ҳам ҷудо зиста ва фарҳангҳои мухталиф ва вазъи иқтисодию иҷтимоъии мутафовите доштанд, омили аслии ҷанги дохилии ин кишвар медонанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар замони ҷанги дохилӣ бахши аъзаме аз тарафдорони мухолифон аз минтақаҳои Рашту Бадахшон бархоста буданд, ки онҳо "вовчик" номида мешуданд ва тарафдорони аслии Фронти халқиро намояндагони минтақаи Кӯлоб ташкил медоданд, ки лақабашон "юрчик" буд.
Қатли чеҳраҳои саршинос
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, низ аз ҷумлаи касонест, ки нақши кишварҳои хориҷиро дар нооромиҳои даҳаи 1990 дар Тоҷикистон муассир медонад. Вай мегӯяд дар он замон фаъолияти сохторҳои ҷосусии хориҷӣ низ густариш ёфт.
Дар даврони ҷанги дохилӣ ва баъд аз он то соли 2001 чанде аз чеҳраҳои саршиноси сиёсию иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон, чун Моёншо Назарашоев, муъовини раиси порлумон, окодемисиянҳо Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, рӯзноманигор ва аз аъзои фаъоли Кумисиюни оштии миллӣ, Сайф Раҳимзод, раиси Кумитаи радию ва телевизиюн, Карим Юлдошев, мушовири умури хориҷии раисҷумҳур, женерол Ҳабиб Сангинов, муъовини вазири умури дохила ва Абдураҳим Раҳимов, вазири фарҳанг, дар шароите машкук кушта шуданд.
Ба эътиқоди оқои Шарифов, марги ин афрод фармоишӣ буда, ин аъмол ба манзури паст кардани обрӯи давлати Тоҷикистон ва эҷоди фазои ваҳшат дар ҷомеъаи ин кишвар анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд: “Шояд ин амал дастури сохторҳои ҷосусии хориҷӣ бошад. Дар солҳои ҷанги дохилӣ шабакаҳои зиёди ҷосусии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъол буданд. Ҳадаф пароканда кардани Тоҷикистон ва чун давлат ба по нахестани Тоҷикистон буд. Бо қатли афроди номӣ мехостанд алангаи оташи ҷангро бештар фурӯзон кунанд. Зеро кушта шудани Моёншо Назаршоев боъиси ғазаби бадахшониҳо ва қатли Осимию Ғуломов мунҷар ба ғазаби мардуми шимол мешуд.”
Ҷонибҳоро чи чиз водор ба сулҳ кард?
Ҳамзамон, Иброҳим Усмонов таъкид кард, ки дар канори мудохилаи кишварҳои хориҷӣ бо талошҳои Эрону Русия ҷонибҳои даргири Тоҷикистон ба сулҳу оштӣ даст ёфтанд. Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати ин кишвар, мукарраран таъкид мекарданд, ки хатари аз миён рафтани давлати тоҷикон онҳоро водор ба гузашт ва сулҳ кардааст. Ҳамчунин, вазъияти ноором дар Афғонистон ва наздик шудани Толибон ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон давлат ва раҳбарони гурӯҳҳои мухолифро ба имзои қарордоди сулҳ водоштааст.
Султони Ҳамад, сухангӯйи пешини Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон, гуфт: “Ҳар ду ҷониб хоҳиши сулҳ кардан доштанд. Аммо наметавонистанд ба ҳам гузашт кунанд. Вақте Толибон дар Кобул давлати Раббониро мағлуб кардаю қудратро ба даст гирифтанд ва ба манотиқи шимоли Афғонистон таъарруз карданд, ин вазъ раванди сулҳро тасреъ бахшид.”
Ба эътиқоди оқои Ҳамад, ҷунбиши Толибон аз тафсири муттаъасибонаи ислом пайравӣ мекунанд, ки онро мардуми тоҷик қабул надоштанд. Аз ин лиҳоз, муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон дар дуроҳа қарор доштанд: ё бо нерӯҳои Эътилофи алайҳи Толибон дар Афғонистон пайваста дар ҷанг бо Толибон ширкат мекарданд ё бо сулҳу оштӣ ба ватан бозмегаштанд. Тоҷикон роҳи дуюмро интихоб карданд.
Оқои Ҳамад иддаъоҳои марбут ба фишори Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд бар раҳбарони мухолифони тоҷик барои бозгашти сареъ ба ватанро рад кард, вале гуфт, ки ду чеҳраи саршиноси Афғонистон ба мақомоти Тоҷикистон ва раҳбарони мухолифон ҳушдор дода буданд, ки агар сулҳ накунанд, ин кишвар бо сарнавишти Афғонистон рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, ки дар ин марҳилаи барои Тоҷикистон ҳассос Ӯзбакистон намояндагони мухолифонро даъват карда ва гуфта буд: ”Агар мехоҳед, мо кумак мекунем, бо Абдумалик Абдуллоҷонов (нахуствазири пешини Тоҷикистон) якҷо шавед ва ҳукуматро шикаст диҳед. Аммо раҳбарони иттиҳоди мухолифон ин пешниҳодро напазируфтанд.”
Султони Ҳамад гуфт, ки баъдтар Ӯзбакистон низ хостори сулҳи тоҷикон шуд, зеро пайвастани муҳоҷирони тоҷик ба ҷунбиши Толибон барои ин кишвар хатари ҷиддӣ дошт. Дар дохили Тоҷикистон низ бархе аз фармондеҳони саршиноси Фронти халқӣ, бахусус сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ва иддае аз масъулони давлатӣ бо имзои сулҳ бо мухолифон ва вуруди нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон ба Тоҷикистон мухолифат доштаанд.
Оқои Ҳамад гуфт, ки ба далели чунин мухолифатҳо дар тӯли се соли музокироти давлати Тоҷикистон бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон ҳеч музокирае дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор нашудааст. Ӯ гуфт: “Боре, дар моҳи марти соли 1996 раҳбарони мухолифон барои ширкат дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе даъват шуда буданд, аммо ду ҳафта қабл аз он Музафар Раҳмонов, ҳамраиси кумисиюни муштараки оташбас нопадид шуд. Бино бар ин, раҳбарони мухолифон аз омадан ба Тоҷикистон иҷтиноб варзиданд.”
Пас аз музокироти тӯлонӣ ва гузашт ба ҳамдигар ҳайъатҳои давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони давлат бо миёнҷигарии Русия, Эрон, Амрико ва СММ ба сулҳ даст ёфта ва дар моҳи июни соли 1997 Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав имзо шуд.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>