09:38:40 01-уми Июни 2025 сол

ДУ ДАҲАИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ МАҲАЛЛГАРОӢ ТО ТАМАРКУЗИ ҚУДРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН - Qismati 2

"Тамаркузи қудрат"

Дар пайи истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими мақоми худ ва бештар шудани салоҳиятҳо ва ихтиёроташ талош кард. Шахсе, ки дар оғоз мардум ба тавоноиҳояш чандон эътимод надоштанд, пас аз соли 2000 бо густариши ихтиёроташ маҳбубияташ низ дар миёни мардум, бавижа мансабдорон ва кормандони давлатӣ, афзоиш ёфт.

Дар референдум ё ҳамапурсии солҳои 1999 ва 2003 салоҳияту ваколатҳои раиси ҷумҳурӣ тавсеъа ёфт ва ӯ дар канори раҳбари давлат будан мақоми раиси ҳукуматро низ, ки қаблан ба нахуствазир мутаъаллиқ буд, касб кард. Ба ин тартиб, ба гуфтаи коршиносон, мақоми нахуствазир дар Тоҷикистон ба як симати ташрифотӣ мубаддал шуд ва нахуствазир ҳаққи ташкили ҳукумат ё таъйину барканории вузароро надорад.

Ба эътиқоди Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, дар дасти як нафар мутамаркиз шудани қудрат метавонад идораи кишварро заъиф кунад. Хонуми Бобоназарова мегӯяд: “Агар оқои Раҳмон вазифаи раиси ҳукуматро низ ба ӯҳда гирад, вақт барои иҷрои вазифаи раҳбари давлат камтар мемонад. Шарт нест, ки Президент аз болои ҳамаи шохаҳои ҳукумат назорат кунад.”

Ҳамчунин, дар ҳамапурсии соли 2003 муддати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 сол то ба 7 сол тамдид шуда, роҳро барои ҳукумати тӯлонии Эмомалӣ Раҳмон боз кард. Пеш аз ин ҳамапурсиҳо, дар соли 1998 оқои Раҳмон барои касби пуштибонии сиёсӣ ба Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон пайваста ва раҳбари ин ҳизби сиёсӣ интихоб гардид. Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки пайвастани раиси ҷумҳурӣ ба Ҳизби халқи демукрот тавозунро дар арсаи сиёсии кишвар дар он замон ба ҳам задааст.

Вай меафзояд: “Раҳбари ҳизби сиёсӣ шудани президент ба ин ҳизб имтиёзҳои зиёде медиҳад. Тамоми сохторҳои давлатӣ, муаассисоту корхонаҳо барои ин ҳизб кор мекунанд. Маҷбур мекунанд донишҷӯёну кормандони корхонаҳои ғайридавлатӣ низ узви ҳизби ҳоким шаванд. Дар натиҷа, теъдоди аъзои ҳизб зиёд ва вазъи молии ҳизб хуб мешавад.”

Оқои Собиров мӯътақид аст, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, раиси ҷумҳурӣ ҳаққи узвият дар ҳизбҳои сиёсиро надорад. Дар моддаи 66-и Қонуни асосии Тоҷикистон омадааст: “Президент наметавонад вазифаи дигареро иҷро кунад.”

Раҳбари Ҳизби демукрот бар ин назар аст, ки раҳбарии оқои Раҳмон дар Ҳизби халқи демукрот боъиси нобаробарӣ дар фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ғайримунсифонаю ғайридемукротик гузаштани интихоботҳои порлумонӣ ва коста шудани эътимоди мардум ба интихобот шудааст. Ӯ гуфт: “Сохторҳои давлатӣ хоҳу нохоҳ аз ҳизби президент пуштибонӣ мекунанд. Дар натиҷа, интихобот шаффоф ва озод баргузор намешавад.”

"Мубориза бо терурисм"

Яке аз муҳиммтарин рӯйдодҳое, ки дар авзоъи сиёсии Тоҷикистон дар оғози қарни ҷадид таъсироти ҷиддӣ бар ҷо гузошт, ҳамалот ба ду манори шаҳри Ню-Йурк дар моҳи сентябри соли 2001 буд. Пас аз ин ҳодиса нерӯҳои Амрикоӣ ва НОТУ вориди Афғонистон шуданд ва мавзеъи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ, ки аз муттаҳидони эътилофи байналмилалии зидди терурисм маҳсуб мешаванд, то андозае тақвият ёфт.

Ба гуфтаи гурӯҳҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, раҳбарони худкомаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи “мубориза алайҳи терурисм” ба саркӯби мухолифон пардохтаанд. Аз ҷумла, ин гурӯҳҳо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон фармондеҳони пешини Фронти халқӣ ва мухолифон Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва иддаи дигар зиндонӣ шуданд.

Ду сол пеш Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешин низ, ки замоне вазорати умури изтирориро ба ӯҳда дошт, дар амалиёте дар Тавилдара, дар шарқи Тоҷикистон, кушта шуд. Тибқи гузориши гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, тайи даҳ соли гузашта садҳо нафар аз пайравони ҷараёнҳои динию сиёсӣ, монанди Ҳизби Таҳрир, Ҷамоъати таблиғ, Салафия ва ғайра ба иттиҳоми ифротгароӣ дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Чолишҳои амниятӣ дар чанд соли ахир аз мушкилоти аслии пешорӯйи мақомоти Тоҷикистон будааст. Ҳаводиси Тавилдара, фирори зиндониён дар моҳи августи соли гузашта, ҳамлае интиҳорӣ ба идораи пулис дар Хуҷанд, ҳамлаи гурӯҳҳои пайкорҷӯ ба корвоне аз мошинҳои низомӣ дар сентябри соли гузашта ва идомаи нооромиҳо дар водии Рашт аз ҷумлаи ин мушкилот будааст.

Ҳамакнун, эъломи хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НОТУ аз Афғонистон ва имкони ташаннуҷи авзоъ дар кишвари ҳамсоя мақомоти Тоҷикистонро шадидан нигарон сохтааст. Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, мегӯяд, барои ҳалли ин мушкил Тоҷикистон ба кумаки кишварҳои абарқудрате чун Амрико ва Русия ниёз дорад.

"Паймоншикании Русия"

Амрико аз солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ба ин кишвар бештар кумакҳои башардӯстона ироа мекард. Вале пас аз хурӯҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марз бо Афғонистон, кумакҳои фаннию низомии Амрико ба мазбонон, пулис, ниҳодҳои амниятию низомии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Русия дар даҳ-дувоздаҳ соли аввали истиқлоли Тоҷикистон нақши боризе дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии ин кишвар дошта ва ҳатто Президент Раҳмон ҳамвора дар суханрониҳояш аз ин кишвар ба унвони "шарики истротежик" ном мебурд.

Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки дар чанд соли ахир равобити ду кишвар ба таври қобили мулоҳизае сард шудааст. Сардии равобити ду кишвар пас аз он шурӯъ шудааст, ки тавофуқоти соли 2004 байни ду кишвар ҷонибҳоро нисбат ба ҳам машкук сохтааст. Дар моҳи октябри соли 2004 дар ҷараёни дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳурии вақти Русия, аз Тоҷикистон, чанд санади муҳимми ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар имзо шуд.

Тибқи ин аснод, Тоҷикистон дар ивази бидеҳиҳои худ дидбонгоҳи фазоии “Окно”-ро бо ҳазинаи 242 милюн дулор, ки коршиносон бисёр ночиз арзёбӣ мекунанд, ба Русия дод. Ҳамчунин, Русия бидуни пардохти маблағе барои иҷораи замин ва хадамоти дигар пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон мустақар кард. Бар асоси тавофуқот, Русия ба навбаи худ барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” мебоист 2 милёрд дулор сармоя ворид кунад, аммо чунин нашуд. Тоҷикистон ширкати русии "Русал"-ро, ки мебоист ин нерӯгоҳро созад, пас аз муддате кор аз ин тарҳ ихроҷ кард.

Танҳо нерӯгоҳи обии “Сангтӯда”-1, дар ҷануби Тоҷикистон, ки бо сармояи ҳудуди 700-милиюндулории Русия сохта шуд, дар соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бархе аз таҳлилгарон дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки "ваъдахилофии Русия" ва "пуштибонии" раиси ҷумҳурии ин кишвар аз мавзеъи Ӯзбакистон дар қиболи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар авоили соли 2009 равобити Тоҷикистону Русияро боз ҳам тиратар сохтааст.

Дар авохири соли 2009 давлати Тоҷикистон эълом кард, ки дар садад аст бо нерӯи худӣ нерӯгоҳи “Роғун”-ро бунёд кунад. Ба ин манзур фурӯши саҳоми ин нерӯгоҳ ба сокинони Тоҷикистон шурӯъ шуд ва маблағи 186 милюн дулор сармоя аз фурӯши ин саҳом ҷамъоварӣ шуд. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки то замони анҷоми бозрасии (экстертиза) иқтисодию иҷтимоъӣ ва зистмуҳитии тарҳи "Роғун" аз идомаи сохтмон дар ин тарҳ худдорӣ кунад.

Ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳоло Русия мехоҳад марзбононаш ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бозгарданд ва фурӯдгоҳи низомии “Айнӣ” дар ихтиёри Русия қарор дода шавад. Вале бархе аз мақомот иҷрои ин хостаҳоро баъид медонанд. Аз сӯйи дигар, дар чанд соли ахир равобити Тоҷикистон бо Эрон, кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, тақвияти бештаре ёфта ва эрониҳо иҷрои тарҳҳои бузурге, монанди тунели "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"-ро дар Тоҷикистон ба ӯҳда доштанд.

Чин низ бо сармоягузорӣ дар тарҳҳои бузурги роҳу иртиботот ва энержӣ нуфузи қобили таваҷҷӯҳе дар иқтисоди Тоҷикистон дорад. Аммо вогузории қитъае аз қаламрави баҳсии Тоҷикистон ба Чин дар Бадахшон дар соли ҷорӣ ба интиқодҳои густардае дар ҷомеъаи мадании Тоҷикистон мунҷар шудааст.

Бо гузашти 20 сол аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон мақомот бо ишора ба иҷрои тарҳҳои бузурге, монанди сохтмони тунели "Истиқлол" ва бозсозии роҳи Душанбе-Чаноқ, эҷоди роҳе, ки вилояти Бадахшонро ба Чин муттасил мекунад, сохтмони пулҳои иртиботӣ бо Афғонистон бар фарози рӯдхонаи Панҷ, Тоҷикистонро як кишвари ором, босубот ва бо иқтисоди дар ҳоли тавсеъа қаламдод мекунанд.

Дар баробари ин, таҳлилгарон мӯътақиданд, ки имрӯзҳо дар канори таҳдидҳо ва чолишҳои амниятӣ ҳамчунин фасоди густарда ва фақру бекорӣ, сиёсатҳои кодрии мубтанӣ бар маҳал ва қавмгароӣ, муҳоҷирати густардаи мардум ба Русия ва кишварҳои дигар барои дарёфти рӯзӣ, аз масоили доғи Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва вазъи ояндаи кишвар ба рафъи ин мушкилот бастагӣ дорад.

Мардони Муҳаммад, Би-би-сӣ, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854