10:40:44 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

КАШФИ ТАСОВИРЕ АЗ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Тасовири тозае аз Шириншо Шотемур, аз раҳбарони вақти Тоҷикистон дар авоили даврони Шӯравӣ, дар яке аз бойгониҳои Русия ба даст омадааст, ки гуфта мешавад таърихнигорони тоҷик қаблан ба ин тасовир дастрасии мустақим надоштаанд. Қурбони Аламшоҳ, аз муҳаққиқони зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур, мегӯяд филмҳои мустанадеро бо тасовири Шоҳтемур аз бойгонии шаҳри Красногорски Русия пайдо кардааст.

 

Ин тасовир қарор аст барои нахустин бор аз телевизиюни маҳаллӣ дар Бадахшон намоиш дода шаванд. Оқои Аламшоҳ, ки қаблан хабарнигори Би-би-сӣ дар Бадахшон буд, мегӯяд дар пайи мутолеъаи 200 филми марбут ба Тоҷикистон, ки дар бойгонии синемо ва акси шаҳри Красногорск мавҷуданд, вай ду филми мустанадро бо тасовири кӯтоҳе аз Шоҳтемур ба даст овардааст.



Яке аз ин филмхо дар бораи анҷумани шонздаҳуми Ҳизби Кумунисти Шӯравӣ будааст, ки соли 1930 дар Маскав баргузор шуд. Дар ин филм Шириншоҳ Шоҳтемур ҳангоми фурӯд омадани вакилони Тоҷикистон ва истиқбол аз онҳо дар истгоҳи Қазон дар ҳудуди 30-40 сония намоиш дода мешавад.

Ба гуфтаи оқои Аламшоҳ, ин навор бо вуҷуди кӯтоҳ буданаш чеҳраи воқеъӣ, қаду қомат ва ҳаракоти Шоҳтемурро ба бинанда хеле возеҳ ва рӯшан муъаррифӣ мекунад.

Филми дигар ба ҳангоми таҷлил аз 19-умин солгарди Инқилоби Октябр дар соли 1936 дар Душанбе ба навор гирифта шудааст, ки дар он Шоҳтемур бо дигар роҳбарони Тоҷикистон дар пойи минбар зоҳир мешавад. Мардум бо аксҳое аз Истолин, Шоҳтемур ва роҳбарони дигари вақт аз хиёбони Путовский (ҳоло Исмоъили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе убур мекунанд.

Қурбони Аламшоҳ мегӯяд, ки мутаассифона, дар ин наворҳо ба сабаби текнулужии филмбардории он замон суханрониҳои Шириншоҳ Шоҳтемур намоиш дода намешавад. Бо ин вуҷуд, таърихшиносони маҳаллӣ ин наворҳоро барои таҳқиқи саҳафоте аз зиндагии шахсиятҳои таърихӣ ва муъаррифии чеҳраи воқеъӣ ва хисоили онҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи Файзи Мирҳасан, як тан аз муҳаққиқони маҳаллӣ дар Бадахшон, такопӯ ва ҳаракоти зиёди Шоҳтемур дар навори дувум аз пуркории ӯ шаҳодат медиҳад. 

Ба эътиқоди оқои Мирҳасан, Шоҳтемур аз афроде будааст, ки "ҳар лаҳзаи зиндагии кӯтоҳашро ба мардуми хеш бахшидааст." Қурбони Аламшоҳ, муҳаққиқи зиндагии Шоҳтемур, мегӯяд филми кӯтоҳи дигаре бо тасовири Шоҳтемур дар бойгонии родию-телевизиюни давлатии Тоҷикистон маҳфуз аст, ки ба ҳангоми охирин сафари ӯ ба Бадахшон дар соли 1936 наворбардорӣ шудааст.

Ин филм намоёнгари баргузории мусобиқоти дучархарониву мотосиклронӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзист ва дар ин маросим Шириншоҳ Шоҳтемур бо Нусратуллоҳ Махсум, аз раҳбарони дигари вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардумро ба муносибати солгарди таъсиси ин ҷумҳурӣ шодбош гуфтаанд.

 

Оқои Аламшох мегӯяд чанд филми мустанади дигар бо тасовири Шоҳтемур вуҷуд дошта, вале дар пайи душман эълом шудани ӯ дар соли 1937 ин наворҳо аз байн бурда шудаанд.

Қурбони Аламшоҳ ҳамчунин теъдоде аз аксҳои Шириншоҳ Шоҳтемурро пайдо кардааст, ки ба иддаъои ӯ, то ҳол дар ягон нашрияи Тоҷикистон чоп нашудаанд. Ӯ мусаммам аст дар остонаи таҷлил аз 110-солагии зодрӯзи Шоҳтемур бо нашри китобе ба унвони "Шириншоҳ Шоҳтемур" бозёфтҳои тоза дар бораи ӯро дар ин китоб дарҷ кунад.

Оқои Аламшоҳ дар гузашта низ дар бораи Шоҳтемур китобе ба унвони "Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам"-ро нашр карда буд, ки унвони он аз суханони Шоҳтемур гирифта шудааст. Шириншоҳ Шоҳтемур, ки аз пешвоёни инқилоби булшевикӣ дар Осиёи Миёна дар оғози даврони Шӯравӣ маҳсуб мешавад, дар соли 1899 дар деҳаи Поршневи вилояти кӯҳистонии Бадахшон мутаваллид шуда ва дар соли 1937, дар замони саркӯбгариҳои Истолин, кушта шудааст.

Вай аз авоили солҳои 1920 дар симатҳои мухталифи ҳизбию давлатӣ фаъолият карда ва дар байни солҳои 1933-37 раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол пеш Шириншоҳ Шоҳтемурро дар канори афроди саршиносе, монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Нусратуллоҳ Махсум "Қаҳрамони Тоҷикистон" эълом кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi