19:06:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШАБИ СЕШАНБЕИ 13-И ХУНИН

Тибқи нишондодҳои шоҳидони бевоситаи амалёти ҳуҷум ба дидбонгоҳи 12-и рус дар соли 1993, Мулло Абдураҳим ва Аҳмадшоҳ Масъуд ба воқеоти ҳамон шаб тамоман иртибот надоштаанд. Фарзияҳо дар бораи сирф кӯлобӣ будани мухолифин ҳам баҳспазир нест, балки дастаи ба дидбонгоҳ ҳуҷумкарда иборат аз зодагони ҳар маҳалли Тоҷикистон ва хориҷиён буданд. Фақат теъдоди кӯлобиҳо дар даста бештар аз дигарон буд.

Бо гузашти 11 сол аз имзои шартномаи сулҳи тоҷикон, таҳлилу баррасии воқеоти мухталифи ҷанги шаҳрвандии кишвар чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ ҳанӯз идома дорад. Ҳуҷуми ҷангиёни оппозитсиони тоҷик ба дидбонгоҳи 12-уми қисмҳои низомии Русия, ки он вақт муҳофизати марзи Тоҷикистонро ӯҳда мекарданд, яке аз ҷузъиётҳои ҳамин ҷанг аст, ки то ин дам танҳо ҷониби Русия онро мавриди шарҳу баррасӣ қарор додааст. Иштирокчиёни рустабори муҳофизати дидбонгоҳ, баъди марг унвони қаҳрамон гирифтанд. 

Ҳамяроқони тоҷики онҳо бошад дар ин набард, гарчанде баробари русҳо ҷангида, ҷон фидо карда бошанд ҳам, танҳо бо медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардонида шуданду бас. Гӯё тоҷик ситораи тилои нишони қаҳрамониро нигоҳ дошта натавониста, роҳравон гум мекарда бошад. Ҳарчанд шоҳидони ҳол қисса мекунанд, ки ғайримунтазира тоҷикон дар ин дидбонгоҳ беҳтар аз русҳо меҷангиданд.

Ҳамакнун дар ин матлаб тасмим дорем аз забони ҷониби муқобил, иштирокчиёни бевоситаи ин задухӯрд воқеаро баён созем. Ҷониби Русия воқеоти шаби 13 июли соли 1993-ро дар матолиби зиёди интишоршуда дар расонаҳои хабарӣ баён доштааст, ки баъзеашон тамоман аз ҳақиқат дур аст. Масалан, ҷонишини раиси ҲНИТ Саидиброҳими Муҳаммадназар, ки шурӯъ аз соли 1992 яке аз сардамдорони мухолифин маҳсуб мешуд, мегӯяд: «Ҳамон шабу рӯзи ҳуҷум ба дидбонгоҳи 12 ман дар Маскав будам. Чун саҳар дар расонаҳои хабарӣ мутолиа кардам, ки гӯё бо дастаи муҷоҳидин ба дидбонгоҳ ҳуҷум карда бошам, дар тааҷҷуб афтодам.»

Умуман баъди сӯҳбат бо нафарони дигари ҷониби муқобил низ собит шуд, ки нишондодҳои онҳо бо ҷониби Маскав тамоман мутафовитанд. Тибқи иттилои торихнигорони рус, теъдоди ҳуҷумкунандагон бештар аз 250 нафар буду теъдоди марзбонони рус ҳамагӣ 25 нафар. Аммо дар асл чигуна буд?...


50 НАФАР НА, 26 КАС БА ДИДБОНГОҲ ҲУҶУМ КАРДА БУД!

Алиҷон Вафоев (номи шартӣ) иштирокчии бевоситаи ҳамин задухӯрд, ки алҳол дар пойтахти кишвар истиқомат дорад, дар бораи шумораи муҷоҳидини ҳуҷумкунанда мегӯяд: «Дар маҷмӯъ теъдоди ҷанговарони мо ба 70 нафар мерасид, ки ҳар кас вазифаи худро дошт. Ба гурӯҳчаҳо қисмат шуда, роҳҳову баландиҳоро зери назорат доштанд, аз ин ҳисоб ҳамагӣ 26 нафар ба дидбонгоҳи русҳо ҳуҷум кардааст. Ба истиснои 2 гранатомёт ва 1 силоҳи ихтироъкардаи худамон, ки шартан «Ал-Бадр» унвон дошт, дигарон мусаллаҳ бо автомати «Калашникуф» буданд.»

Давлатмурод Шофайзов, иштирокчии дигари ҳамин воқеот дар бораи яроқи ихтироъкардаи худи тоҷикон мегӯяд: «Норасоии яроқ бармало ҳис мешуд. Ба ҷуз чанд автомати кӯҳнаи «Калашникуф» ва 2 гранатомёт чизе дигар надоштем. Бо супориши қумандони даста, ки Усто ном дошту билохира шаҳид шуд, яке аз муҷоҳидин бо исми Мирзоумар, махсус барои ҳуҷум ба дидбонгоҳи русҳо яроқе ихтироъ кард, ки шаклаш ба гранатамёти оддӣ монанд, аммо дарозтару пурқудраттар буд. Тираш ҳамон тири яроқи НУРС буд, ки ба чархбол ва тайраи ҷангӣ насб шудааст.»

Пирмуҳаммад (исми шартӣ), иштирокчии дигари воқеа мегӯяд: «Дар бойгонии мо навори видеоие маҳфуз аст, ки як нафар аз ҳамсангарони мо бо исми Бобохон тахаллусаш Ҳамза, ба назди тӯпи кӯҳнаю фарсуда ва корношоями мо омада мегӯяд «Афсӯс, ба ғайр аз чанд яроқи фарсудаю корношоям чизе дигар надорем.»

Дар расонаҳои хабарии русӣ ҳамон рӯзҳо ахбор дар бораи теъдоди зиёди муҷоҳидини афғону араб паҳн шуд, ки гӯё ба дидбонгоҳ ҳуҷум карда, даст ба бераҳмиву ваҳшонияти бемисл зада бошанд. Иштирокчиёни бевоситаи ин амалёт аз ҷониби муқобил ин иддаоро рад карда, иброз медоранд, ки муҷоҳидини араб ва афғон аҳёнан ба дастаи мо мепайвастанд.

Давлатмурод мегӯяд, ки рӯзе ба дастаи мо 2 нафар навҷавони арабтабор бо исми Авс ва Абдулазиз омада, ба қумандони мо Усто, муроҷиат карда гуфтанд, ки мехоҳанд ба муҷоҳидини тоҷик кӯмак расонанд. Усто ҳам онҳоро хуш пазируфт. Ҳарду ҳам навҷавонони 17 сола буданд. Абдулазиз ончунон сурати зебо дошт, ки кас аз тамошои ӯ сер намешуд, васф мекунад зебоии зоҳирии ӯро Давлатмурод ва меафзояд: «Ин ду навҷавон бо худ як миқдор пул ҳам доштанд, ки ба қумандон дода гуфтанд, барои хариди хӯрок ва яроқи муҷоҳидин масраф кунанд. Ҳарду ҳам орзӯи шаҳодат доштанд».


ТАРРОҲИ АСЛИИ ҲУҶУМ ХУДОБИОМУРЗ 
САЙИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ БУД?

Тибқи иттилои муҷоҳиддин нақшаи амалиёт чанд рӯз пеш аз ҷониби фармондеҳии кулл, ки сарвариашро Саид Абдуллоҳи Нурӣ ӯҳда мекард, ба бошишгоҳи онҳо, ки мустақар дар мавзеи Олури Афғонистон будааст, фиристода шуд. Чанд рӯзи дигар муҷоҳиддин тайёрӣ диданд. Чун ҳама омада шуданд, дарёи Панҷро бо қаиқҳои резинӣ гузашта, ба хоки Тоҷикистон омада, дидбонгоҳро ба ниммуҳосира гирифтанд.

Алиҷон рафти амалиётро, ки соати 3-и шаби 13-уми июл оғоз шуд, чунин шаҳр дод: «Нахуст аз яроқи ихтироъкардаи худамон «Ал-Бадр» мошини зиреҳпӯши БМП-и дар дидбонгоҳ бударо оташ задем. Баъди ин аз автомат ва гранатомётҳо сӯи дидбонгоҳ оташи дастҷамъӣ кушода шуд. Ду навҷавони араб дар ҷанг ончунон маҳорати баланд нишон доданд, ки ҳама аз сангарҳо ба онҳо наззора карда, аҳсант мегуфтем. Ташрифи тоҷик ҳам зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамсинну соли онҳо буду бисёр ҷавони шуҷоъ. 

Ин се навҷавон нотарсона ба ҳуҷум гузашта, чанд тан аз ҳарбиёни русро ба ҳалокат расониданд. Ҳамин дам Абдулазиз аз тири пулемёти русҳо захмӣ шуд. Дар ҳоле, ки оғӯштаи хун буду рост меистод, рӯй ба қафо гардонида, ҷониби мо табассум карда, гӯё видоъ гуфт. Баъд калимаи шаҳодатро бар лабонаш ба такрор ронд. Рафиқи ӯ, Авс аз паноҳгоҳ баромада, дӯсташро ба оғӯш кашида, ба замин афтидан намонд. Тирҳо аз баногӯшашон мегузаштанд. Аз чашмонаш ашки шашқатор мерехту ханда мекард ва мегуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки аввал шаҳди шаҳодатро ту мечашӣ». Баъд оҳиста дӯсташро ба замин гузошта, такбиргӯён ба тарафи дидбонгоҳ шитофт.


КАҲРАМОНҲО ҚАҲРАМОНОНА МЕҶАНГИДАНД?

Бояд гуфт, ҳар нафаре, ки аз мо ба шаҳодат мерасид на аз тири яроқҳои муҳофизони дидбонгоҳ, балки аз захми тӯпҳои дар қисми ҳарбии русҳо буда, ки чандин километр дуртар аз маҳалли воқеа меистоданд, ҳалок мешуданд. Муҳофизони дидбонгоҳ бошанд ба гумонам ҳеҷ гуна қаҳрамонӣ нишон намедоданд фақат берабту бенизом аз яроқҳои бешумори дар ихтиёр доштаашон ҷониби мо мепарронданд. Авс чолокона аз автомати «Калашникуф» тир холӣ карда, чун барқ ҷониби дидбонгоҳ шитофт. 

Мо чунин маҳорати ҷангиро танҳо дар кинофилмҳои муштзӯри амрикоӣ дида будем. Гоҳ ба қафо парида, дар ҳаво муаллақзанон аз тири омадаистода халос мешуду гоҳ каҷмокилеб давида, истеҳком иваз мекард. Гумон кардем, ки ҳамаи русҳо фақат ҷониби ӯ тир мепарронанд. Авс дар як они воҳид худро ба ҳудуди дидбонгоҳ расонида, аз болои халтаҳои пур аз қум парвоз карда, ба дохил даромада, яке аз аскарони русро бо корд зад. Дигарон ба худ наомада буданд, ки дигареро ҳам хуншор кард. Субҳ аллакай дамида буду дар рӯшноӣ мо ҳамаи инро медидем. 

Баъд ҷаста аз болои халтаҳои пур аз қуме, ки барои ҳимоя аз тир ба ҳайси сангар гузошта буданд, худро ба беруни посгоҳ гирифта, сӯи истеҳкоми мо шитофт. Аз қафо садои пулемёти пуриқтидори ДШК баланд шуд. Дар нимароҳ бозистода, ба қафо гашт ва тирҳои боқимондаи автоматро холӣ кард. Ҳамин дам тире ба ҷигаргоҳаш расиду хам шуд. Бо мушкилот қоматашро рост карда, рӯ ба мо оварда, ба назарам табассум кард. Лаҳзае баъд калавида, ба назди ҷасади дӯсташ Абдулазиз, ки чанд қадам дуртар мехобид, омаду дар паҳлӯи ӯ дароз кашида, ҷон дод. Баргашта дидам, ки ашк дар чашмони ҳамсангаронам ҳалқа задаасту хомӯшона мегирянд.


ШИКАСТИ ДИДБОНГОҲ  

Ҳамин дам Ташриф аз пушти сангар баромада, бо нидои «Аллоҳу Акбар» сӯи истеҳкоми русҳо шитофт. Ҳар тараф гулӯлаҳо метаркиданд. Аз байни обу оташ писарак чун барқ шитофта, торафт ба дидбонгоҳ наздик мешуд ва мо аз қафояш.

Билохира, дидбонгоҳро ишғол кардем. Солҳои баъд дар бораи ин дидбонгоҳ ривоёти зиёде шунида, дар ҳайрат меафтодам. Охирин бор шунидам, ки мегуфтанд, Аҳмадшоҳ Масъуд ва Мулло Абдураҳим ба дидбонгоҳ ҳуҷум карданд. Не, ин тавр набуд. Мулло Абдураҳим узви шӯрои фармондеҳон буду қумандонии кулли мавзеъро марде бо исми Яҳё ва бо тахаллуси Ҷоншоҳ ӯҳда мекард. Чуноне, ки гуфтем исми фармондеҳ дастаи мо Усто буд. Мулло Абдураҳим фақат дар кашидани нақшаи амалиёт шояд даст дошта бошад. Ҷоншоҳ бошад, то ишғоли дидбонгоҳ бо мо буд.


ЧАНД НАФАР ДАР ИН НАБАРДИ ХУНИН КУШТА ШУД?

Давлатмурод мегӯяд: «Теъдоди иштирокчиёни ин задухӯрдро аз ҳарду ҷониб ҳам нодуруст нишон медиҳанд. Ман ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки дастаи мо иборат аз 68 нафар буду дар ҳуҷум ба дидбонгоҳ ҳамагӣ 26 нафар ширкат дошт. Аз ҷониби мо 10 нафар дар ин ҷанг шаҳид шуд. Баъди ишғоли дидбонгоҳ дар хобгоҳи русҳо мо 56 рахти хоб ҳисоб кардем. Теъдоди аскарон дар рӯйхати хӯрокхӯрони ошхонаи низомӣ низ ҳамин миқдор буд. Теъдоди кушташудагони рус бошад бештар аз 20 нафарро ташкил медод. Дигарон намедонам куҷо буданд».


КӢ МУРДАҲОРО ТАҲҚИР КАРД? 

Дар расонаҳои хабари Русия ахбори дигари бардурӯғ нашр шудааст, ки гӯё муҷоҳидин ҷасадҳои русҳоро сар буридаву пӯст канда, таҳқир карда бошанд. Ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд. Чун паёмбари Акрам Муҳаммад (с) муқобили ин гуна аъмол буд, мо ҳам ба худ ин рафторро муносиб намедонистем. Ҳатто дидам, ки сарвари мо Ҷоншоҳ комуфлжи дар танаш бударо кашида болои ҷасади яке аз русҳо партофта, гуфт: 

«Мардонавор ҷангид ва қурбони сиёсатбозони давр шуд.» Ҳамаи кушташудагони рус, гумон дорам, мардони баркамолу ҷангдида буданд, чунки дар бадани баъзеашон осори захмҳои куҳан дида мешуд. Аҷиб аст, ки миллатҳои ғайрирус ҳам аз ҷониби русҳо дар ин задухӯрд фидокорӣ нишон доданд. Аммо имрӯз мешунавем касе аз онҳо унвони қаҳрамонӣ нагирифтааст. Ҳамаи сафсаттаву даҳшати нишондодаи русҳо танҳо ба хотири таҳқири тоҷикон буд. Вагарна касе ба мурдаҳо даст нарасонида буд.

 

ҲАДАФИ ХУНРЕЗӢ ЧӢ БУД? 

Бо гузашти 15 сол аз шаби 13-и хунин мардум аз ҳадафҳои ҳуҷум маҳз ба ин дидбонгоҳ пурсон мешаванд. Иштирокчиёни қатории ин ҷанг мегӯянд, ки асрори ин шабехунро намедонанд, онҳо фақат фармон иҷро кардаанд.

Ба иттилои як фармондеҳи олирутбаи нерӯҳои оппозитсион, ки нахост номаш зикр шавад: «Баъди як соли даргириҳо байни нерӯҳои мусаллаҳи оппозитсион ва қӯшунҳои ҳукуматӣ бо шумули сарҳадбонони рус, собит кардан лозим омад, ки нерӯҳои оппозитсион на гурӯҳҳои парокандаи авбош, балки қӯшунҳои муназзами ҷангӣ буда, қудрати зиёд доранд. 

То исботи ин ақида, касе бо мо андешаи атрофи мизи музокироти сулҳ нишастан надошт. Барои чӣ маҳз дидбонгоҳи 12-ум ҳадаф интихоб шуд? Чунки ин дидбонгоҳ байни дигар ҳамтоҳои худ дар қӯшуни марзбонии Русия намунаи ибрати низомӣ ва қудрат буд. Тайёрии ҷангии муҳофизонаш ҳам дар сатҳи баланд қарор дошт. Он ҷо навҷавонони 18 сола набуданд, балки ҷанговарони ботаҷриба сафи муҳофизони онро ташкил медоданд. 

Мо медидем, ки ҷониби ҳукумати марказӣ низ майл сӯи сулҳ дорад. Аммо барои истиқрори сулҳ ва нишаст сари мизи гуфтушунид бояд Маскав аз аспи «такаббур» мефаромад! Дар ҳақиқат, маҳз баъди торумори ин дидбонгоҳ президенти Русия Борис Елтсин моил ба сулҳу салоҳи гурӯҳҳои даргири тоҷик шуд.

ЧАРХБОЛҲО КУҶО БУДАНД?

Суоли дигаре низ то ҳанӯз мавриди баҳс қарор дорад, ки чаро чархболҳои рус расо баъди чор соати задухӯрди шадид пайдо шуданд. Онҳо мисли нӯшдоруе буданд, ки баъди марг ба Сӯҳроб расида, мегӯяд Алиҷон. Субҳдам, вақте ду чархбол пайдо шуд, ки касе аз русҳо зинда намонда буд. Ба ақидаи баъзе коршиносони рус дар тӯли ин маҳдуда, гӯё фазоро нерӯҳои зиддиҳавоии Аҳмадшоҳи Масъуд зери контрол қарор доштаанд. 

Аммо шоҳидони воқеа инро инкор мекунанд. Алиҷон мегӯяд, агар фазо зери контрол қарор медошт, пас чаро вақте, ки онҳо пайдо шуданд ба ҷуз ҷангиёни мо касе сӯяшон оташ накушод? Мо то бегоҳи рӯзи дигар дар ҳамон ҷо дар хоки Тоҷикистон будем, аммо чархболҳо ба касе осеб расонда натавонистанд. 

Онҳо оташи берабту бенизом кушода, боз ба қафо баргаштанд. Дуруст аст, ки мо ҳам як дастгоҳи ДШК доштем, меафзояд Алиҷон, аммо он дар бошишгоҳамон Олур, дар хоки Афғонистон қарор дошту имкони осеб расонидан ба чархболҳоро надошт, чунки байни ДШК ва чархболҳо кӯҳи баланде буд, ки имкони ҳадаф қарор додани объектҳои ин ҷониби дараро намедод.


САБАБИ ШИКАСТИ ДИДБОНГОҲИ НАМУНАИ РУСӢ

Пирмуҳаммад, муҷоҳиди дигар сабабҳои шикаст хӯрдани дидбонгоҳро шарҳ дода, аз ҷумла мегӯяд: «Сабаби асосии ба осонӣ торумор шудани дидбонгоҳ, ки масоҳаташ тахминан ним гектарро ташкил медоду бо тамоми лавозимоти ҷангӣ таъмин буд, дар он аст, ки бо нерӯи рӯҳан ниҳоят пурқувват сари кор дошт. Алиҷон ҳам ба гуфтаҳои ҳамяроқаш илова кард, ки мегӯянд, гӯё тоҷикон барои пул меҷангиданд. Ба Худо қасам ман надидам шахсеро, ки гӯяд барои пул меразмам».

Сарчашмаҳои дигар нуқтаи дигар заъфи ҷангиёни русро қайд мекунанд.

Полковник Расулов Қиёмиддин – (исми шартӣ) афсари олирутбаи ВКД Тоҷикистон, ки дар муайян сохтани оқибатҳои фоҷиаи дидбонгоҳи 12 мустақар дар ҷамоати Ёли ноҳияи Шӯробод, иштирок доштааст, мегӯяд: «Рафти тафтишот собит сохт, ки ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз ҳуҷуми муҷоҳидин ба дидбонгоҳ аз анбори яроқи қисм 30 гранатомёти тамғаи МУХА-5 ва 14 ҳазор тири автомати «Калашникуф» 7,62 нобуд шудааст. Ин исботи ҳамон ҳақиқатест, ки баъзе аз афсарони рус гоҳо ба муҷоҳидин, яъне ба душманонашон лавозимоти ҷангӣ мефурӯхтанд. Ба замми ин қумандони дидбонгоҳ бисёр дағал будаву ҳамаро бо рафтори ношоистаи худ ранҷонида будааст».


ТАММАТ

Мо дар ин матлаб ҷониберо гунаҳкор ва ё бегуноҳии дигареро собит карданӣ нестем, балки сайри таърихие доштем ба сарнавишти начандон тӯлонии худ. Ҳамзамон қайд карданием, ки фаромӯш набояд кард, ки ҳар як ҷанг зулм аст. Ҳар фарди мусалмон ва умуман ҳар индивиди солимфикр барои пойдории сулҳ бояд талош варзад. Фаромӯш набояд кард, ки паёмбари Акрам Муҳаммад (с) гуфтааст:

 

«Барои ободии дунё ончунон бикӯш, ки гӯё ҳеҷ гоҳ намемурда бошӣ, барои ободии охиратат ончунон бикӯш, ки гӯё фардо мемурда бошӣ.» 

Мусоидат карда барои ташкили ҷанг ба хотири қаҳрамонӣ ё шаҳодат дар назди Худованд зулмест азим. Тараққиёти ҷомеа, некӯаҳволии марду ва тарақити дин ҳам дар шароити сулҳу салоҳ хело саҳлтар аст. Танҳо умед дорем, ки марзбонони рус, бародарони мо пас аз шунидани ҳақиқати ҷониби дигар шояд сари моҷарои кушта шудани афсару аскаронашон фикр кунанд ва муҷрими асосии ин фоҷеаро дарёбанд. Зеро то ин рӯз ҳама ҷурму қубҳи дижбони 12-и худро сари армияи муҷоҳидини 250 нафара «списат» мекарданд. Шояд воқеа чуноне буд, ки мусоҳибони ман гуфтанд. Шояд ҳақиқате дигар ин ҷо ниҳон аст? «СССР» ваъда медиҳад, ки посухи ҷониби русиро (агар бошад!) ҳатман нашр хоҳад кард.

Воқеан ҳам марзбонони рус ба иттилоъи сокинони мавзеъи наздисарҳадӣ на танҳо бо муҷоҳидин, ки бо қочоқбарони маводи мухаддира, одамрабоён, говдуздони афғонӣ сахт робита доштанд. Ин робита пули ҳангуфте ба ҳамёни афсарони рус мерехт. Кор то ҷое буд, ки пас аз чанд моҳе аз «ҳуҷуми хунин ба сӯи бародарони худ» дигар марзбонон ин фоҷеаро фаромӯш карда, дубора роҳи ҳамкорӣ бо наркобаронҳои русро ёфтанд ва роҳҳои нав кушоданд. Сокинони мавзеъ қиссаҳои талху пуршӯре роҷеъ ба одамрабоии наркобаронҳои афғон нақл мекунанд. 

Саидашраф (номи шартӣ) мегӯяд, боре афғонҳо чанд сокини мавзеъро ба гарав ба он сӯи марз мебурданд, ва сари ҳар гаравгонӣ 100 доллари амрикоӣ медоданд. Ва хушбахтона чун навбати ман расид, афғон 80 доллар ба афсари рус дод. Афсар гуфт, ки намешавад ва маро бозпас баргардонд. Хурсанд ба он афсар изҳори миннатдорӣ кардам, ки гуфт, «да пошел ты…просто не хотел чтобы тарифы падали». Баътар ман фаҳмидам, ки қаблан афғонҳо бар ивази 150 доллар мардуми бумиро гарав мебурдаанд ва боре афсаре аз яки одамрабоён 100 доллар гирифтаасту бо ҳамин тарифҳо фаромадаанд. Яъне одамрабоӣ бизнеси афсарони аҷнабӣ шуда буд.

Биноан шукр бояд гуфт, ки бо талошҳои пайгиронаи сарвари давлат ахиран умури марз ба дасти тоҷикон шуд ва мизони интиқоли маводи мухаддира, одамрабоӣ ва марзшиканӣ дар ин мавзеъ коҳиш ёфт. Воқеан ҳам лигоми умури сарҳадотро ба зимма гирифтани нерӯҳои давлатӣ, иқдомест ҷавонмардона ва оқилонаи сарвари кишвар Эмомалии Раҳмон. Зеро яке аз нахустин нишонаҳои усулии ҳар давлати соҳибистиқлол будани дижбонҳо, дидбонгоҳҳо ва парафшонии парчами кишвар дар марзҳои ҳамон кишвар аст, ки ахиран мо ба ин дастовард ноил шудем!

Аҳмади ИБРОҲИМ,
Ҳафтаномаи «СССР»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi