23:43:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСЪУД: «ИСТИХБОРОТ НОҶИИ ҶАНГ АСТ»-1

Фардо, чоршанбеи 9-уми сентябри соли 2009 ба рӯзи ба шаҳодат расидани Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин фармондеҳи Афғонистон ва ҷаҳон дар охири қарни 20 ҳашт сол пур мешавад. Аҳмадшоҳи Масъуд муддати 10 соле, ки бо артиши шӯравӣ муборизаи мусаллаҳона бурд, сипас тайи панҷ соле, ки муқобили дастаҳои мусаллаҳи гурӯҳи Толибон муқовимат кард, аз истихборот ҳамчун як самти муҳими фаъолияти низомиву сиёсӣ васеъ истифода кардааст.

Дар ин мақолае, ки 7 сол пеш дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон», вале инак бори аввал бо як каме тағйирот дар як сайти интернетӣ ба нашр мерасад, сухан аз боби нақши хадамоти амниятии фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуди ҷовид дар музаффариятҳои низомии ӯ меравад.

 

Ӯ НА ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ БУДУ НА ШАРЛ ДЕ ГОЛ. 
ПАС Ӯ КӢ БУД?

Эй аҳли ҷаҳон, ҷаҳони Масъуд гузашт,
Гар ҷону дилу нури назар буд, гузашт.
Чун толеъи фархунда дар ин даҳри шукӯҳ,
Дер омада буд, ҳасрато зуд гузашт!


Дар давоми 23 соле, ки Аҳмадшоҳи Масъуд - ин рамзи муборизаи мардуми азияткашидаи Афғонистон барои озодӣ ва истиқлолияти кишвар пайваста дар корзор ва муттасил дар пайкор буд, рӯзноманигорону нависандагон, коршиносону муҳаққиқони сиёсиву низомӣ дар бораи ӯ аз мақолаи кӯчаке шурӯъ карда то даҳҳо китобҳои муфассале навиштаанд, филмҳои зиёди мустанад ба навор гирифтаанд. Баъди шиносоӣ ва омӯхтани фаъолиятҳои сиёсиву низомии ӯ иддае аз ин муаллифон маҳорати лашкаркашӣ ва кордонии низомии ӯро дар радифи чунин шахсиятҳои бузурги таърихи инсоният аз қабили Искандари Македонӣ, Амир Темури Самарқандӣ ва Наполеон Бонапарт гузоштаанд. 

Вале бояд бигӯем, ки ин шахсиятҳои таърихӣ, донишу малакаи низомии худро барои мақсадҳои кишваркушоӣ сарф кардаанд, на мисли нобиғаи даврон Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотири ҳифзи озодӣ ва истиқлолияти Ватанашон. Бархи дигари нависандагон ҷаҳду талоши Аҳмадшоҳи Масъудро дар ин роҳ ба фаъолиятҳои чунин абармардони таърих, аз қабили Шарл де Голл, Иосиф Броз Тито, Мао Цзе дун, Хошимин, Че Геваро муқоиса кардаанд. Чунин қиёс то андозае ба ҳақиқат наздик аст. Зеро ин симоҳои барҷаста дар давраҳои гуногуни таърихи кишварашон дар раъси муборизаҳои мусаллаҳонаи мардум Ватанашонро аз чанголи ишғолгарони бегона наҷот додаанд. 

Чунин буд муборизаи Шарл де Голли фаронсавӣ ва Иосиф Броз Титои югославӣ алайҳи ишғолгарони фашистӣ дар даврони ҷанги ҷаҳонии дуввум. Чунин буд набарди мусаллаҳонаи Мао Цзэ дун зидди милитаристони ҷопонӣ ва пайкори Хошимин дар аввалҳо алайҳи ишғолгарони фаронсавӣ ва баъд зидди амрикоиҳо. Ҳамин тавр буд ҷаҳду талошҳои Че Гаваро дар Куба. Вале боз ҳам аз бисёр ҷиҳатҳо чунин қиёс ноқис ва нопурра ба назар мерасад ва бузургиву шаҳомати Аҳмадшоҳи Масъудро барои хонандаи хориҷ аз кишвари Афғонистон ба пуррагӣ нишон дода наметавонад. 

Зеро Аҳмадшоҳи Масъуд дар баробари ин ки дар ин тӯли 23 сол аз озодӣ ва истиқлолияти Ватанаш қаҳрамонона дифо кардааст, ӯ инчунин рисолати таърихиеро дар назди башарият ба ҷо овардааст, ки аз моҳияти умумиҷаҳонӣ ва умумиинсонӣ бархӯрдор аст. Рӯзноманигори амрикоӣ Каплан ҳанӯз соли 1992 дар китоби худ «Сарбозони роҳи Худо» навишта буд: «Муҷоҳиди қаҳрамон Аҳмадшоҳи Масъуд монанди раиси Ҷумҳури Полша Лех Валенса, роҳбари католикҳои ҷаҳон Папаи Рим Иоҳан Попи II ва раиси Ҷумҳури ИМА Роналд Рейгон камари империализми Иттиҳоди Шӯравиро шикаст ва ҷаҳонро аз шарри вабои коммунизм наҷот дод». (Аз китоби «Марди устувор ва умедвор ба уфуқҳои дур», Теҳрон 1999, саҳ: 307). 

Ин суханон чи тавре, ки дар боло ишора кардем, ҳанӯз соли 1992 гуфта шуда буданд. Дар байн 10 сол гузашт. Дар ин муддат дар таърихи инсоният даврае ба вуқӯъ пайваст, ки дар он нақши Аҳмадшоҳи Масъуд боз ҳам муҳим ва созанда ба назар мерасид. Даврони мубориза алайҳи терроризми байналмиллалӣ. Ба иллати бетаваҷҷӯҳии ҷаҳон ба қазияи Афғонистон ин кишвари ҷангзада бар асари ҷангҳои давомдори дохилӣ ва дахолати кишварҳои хориҷ ба пойгоҳи террористони байналмиллалӣ мубаддал гашт. Боз ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд дар хатти аввали ҷабҳаи зидди терроризми байналмиллалӣ дар раъси муборизаи оштинопазир қарор гирифт. Билохира бо қиммати ҷони худ ҷаҳонро аз ин вабои охирзамон низ наҷот дод.

Тафовут ва фарқияти Аҳмадшоҳи Масъуд аз шахсиятҳои таърихии дар боло зикршуда маҳз дар он аст, ки Аҳмадшоҳ дар маҳдудаи танги кишвари худ, яъне дар қаламрави Афғонистон, ҳатто дар як бахши кӯчаки он аз манофеи умумибашарӣ ва умумиҷаҳонӣ ҳимоят кардааст. Дар сурате, ки абармардони дар боло зикргардида таърихӣ асосан барои кишвари худ, миллати худ, кишваркушоӣ ва хизматҳои дигар кардаанд.

Боз як фарқияти ҷиддии Аҳмадшоҳи Масъуд аз шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар он аст, ки ӯ дар раддаи ин афроди бузург ягона шахсест, ки аз ормонҳои волои исломӣ дифо кардааст. Дар даврони таҳоҷуми шӯравиҳо ба Афғонистон Аҳмадшоҳ агар барои тасбити ҳуқуқҳои мусалмонон ҷиҳод карда бошад, дар замони зуҳури Толибон ва таҷовузи аҷнабиҳои террорист кӯшишҳо ба харҷ додааст, ки аз чеҳраи исломи ноби Муҳаммадӣ дифо намояд ва нагузорад ки дар назди оламиён дини мубини Ислом ҳамчун дини террористону даҳшатафканҳо шинохта шавад.

Аз ин ҷиҳат хизмати Аҳмадшоҳи Масъуд барои ҷаҳони Ислом ва мусалмонони ҷаҳон хеле бузург аст.

Вале боз ҳам дар байни Аҳмадшоҳи Масъуд ва он симоҳои барҷастаи таърихие, ки журналистону нависандагон ва муҳаққиқону коршиносон дӯст доранд онҳоро ба ҳам муқоиса намоянд ва монанд кунанд, як умумияте низ вуҷуд дорад. Ва ин умумият он аст, ки ҳам он бузургони таърих ва ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷараёни расидан ба аҳдофи худ ва бароварда кардани мақсадҳояшон касби иттилоот, иттилооти дақиқ, саривақтӣ ва объективиро меҳвари асосии фаъолияти сиёсиву низомии худ қарор додаанд. Бо ин мақсад ҳамаи онҳо, минҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд дастгоҳҳои пурнуфузи истихборотӣ (разведка) ва зиддиистихборотиро (контрразведка) созмондиҳӣ намуда аз онҳо хеле моҳирона ва васеъ истифода кардаанд.


«ИТТИЛООТРО АЗ ГЕНЕРАЛҲОИ РУС МЕГИРИФТАМ»

Дар мусоҳибаҳои сершумори худ бо хабарнигорони хориҷӣ Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷавоб ба саволи гарави асосии пирӯзиҳои ӯ дар сангарҳои ҷиҳод алайҳи шӯравиҳо ва баъдтар дар ҷанги зидди Толибон дар чист, ӯ ҳамеша ҷавоб додааст, ки музаффариятҳои ӯ пеш аз ҳама аз лутфи Худованд ҳасту дуввум аз доштани як дастгоҳи қавии истихборотӣ ва зиддиистихборотӣ. 

Чунончи хабарнигори ҳафтаномаи русии «Собеседник» чопи Маскав Михаил Сердюков дар як мусоҳибаи худ, ба Аҳмадшоҳи Масъуд бо чунин суол муроҷиат кардааст:

- «Сабаби асосии пирӯзиҳои низомии худро шумо дар чӣ мебинед? Америкоиҳо дар он вақтҳо шуморо «Ҷои дастгирнашаванда» лақаб ниҳода буданд. Генерали шӯравӣ Варенников ният карда буд, ки баробари дастгир кардан шуморо ба дор меовезад. Бо ин мақсад даҳҳо гурӯҳҳои вижаи низомии шӯравӣ дар атрофу маҳалҳое, ки он ҷо мебудед, пиёда мешуданд. Вале ҳамеша бенатиҷа. Бигӯед, сирри ин комёбиҳои шумо дар куҷо пинҳон аст?

Аҳмадшоҳи Масъуд: Бале, дар ҳақиқат ман ҳамеша дар ҳаракат будам. Маҳали буду боши доимӣ, чи тавре, ки шумо мегӯед, ситоди доимӣ надоштам. Хеле кам ба вуқӯъ мепайваст, ки дар як манзил паи ҳам ду шабро рӯз карда бошам. Муҳимаш он буд, ки дастгоҳи қавии иттилоотӣ доштам, яъне истихборот ва зиддиистихбороти қудратманд. Ба фикри ман истихбороти қудратманд ноҷии (наҷотдиҳандаи) ҷанг аст. Имрӯз метавонам, ки бидуни худситоӣ бигӯям: Хадамоти махсуси шӯравиҳо, яъне КГБ ва истихборотии низомиро мо дар даврони ҷанг хеле ҳам фиреб додем. Дар ин набарди иттилоотӣ дастгоҳи истихборотии ман ҳамеша баранда буд». («Собеседник», №29, 1997 г).

Айнан ҳамин маъниро Аҳмадшоҳи Масъуд чанде пештар моҳи декабри соли 1991 дар як мусоҳибаи ихтисосиаш ба рӯзномаи дигари чопи Маскав «Труд» низ иброз дошта буд. Ба саволи чӣ тавр аз ҳаргуна набарду даргириҳо, бомбаборонҳо ҷони солим ба дар мебурдед, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфтааст, ки «ин ҳама ба лутфи Худовандӣ ва фаъолияти муназзами дастгоҳи истихборотӣ даст медод».

Дар бораи фаъолияти хуби дастгоҳи истихборотии Аҳмадшоҳи Масъуд на танҳо худи ӯ ва таҳлилгарону хабарнигорон шарҳу тавзеҳоти бешуморе додаанд, балки рақибони асосии ӯ, афсарони олирутбаи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ки бевосита дар ҷангҳо алайҳи ӯ ширкат варзидаанд ва аз тамоми дилу ҷон кӯшишҳо ба харҷ додаанд, ки ӯро аз байн бубаранд, низ бисёр суханҳои мунсифона ва объективона гуфтаанд. 

Чунончи яке аз собиқ фармондеҳони нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон генерал – полковник Борис Громов дар китоби худ «Ограниченный контингент», ки соли 1994 дар Маскав ба табъ расида дар мавзӯи ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи Афғонистон ҳамчун санади муҳиме ба шумор меравад, дар бораи ин ҷиҳати фаъолияти Аҳмадшоҳи Масъуд чунин менависад:  

 

«Ба нақша гирифтани амалиётҳои низомӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани онҳо, ба ҳама маълум аст, кори душвор мебошад. Вале тарҳрезӣ кардани амалиётҳо ва татбиқи онҳо бар зидди Масъуд даҳчанд душвортар буд. Ба ҳангоми омодагиҳо ба ин гуна амалиётҳо фармондеҳии Қитъаоти маҳдудро на танҳо лозим меомад, ки барои касби иттилооти зарурии иктишофотӣ ва таҳлили онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ бидиҳанд, балки ҳамеша боз мувоҷеҳи он бошанд, ки ҳамаи ин кӯшишҳо ва маълумотҳо дастраси тарафи муқобил нагарданд. Тамоми амалиётҳои низомиро мо муштаракан бо нерӯҳои ҳукуматӣ анҷом медодем. Аҳмадшоҳ бошад соҳиби шабакаи васеи истихборотӣ ва гумоштаҳои зиёд дар байни роҳбарияти артиши афғон ва ҳукумати кишвар буд. Албатта ин ҷиҳати кор ба рафти омодагиҳои мо таъсири манфии худро ҳатман боқӣ мегузошт. Тарҳрезии нақшаи амалиёт дар доираи танги одамон сурат мегирифт. То оғози шурӯъи амалиётҳо мо амалан ба афғонҳо дар бораи ҳадафҳои аслӣ, нерӯҳои ширкаткунанда дар ин амалиёт ва инчунин дар бораи манотиқе, ки дар он ҷойҳо ин амалиёт пиёда мешуданд, чизе намегуфтем. Қумандонҳои ҷузъу томҳои низомӣ, афсарони Ситоди кулли урду ва Вазорати дифои Афғонистон дар бораи амалиётҳои низомии қарибулвуқӯъ танҳо як рӯз ва баъзан ҳатто фақат якчанд соат пеш аз оғози онҳо огоҳ карда мешуданд». (Б.В.Громов, «Ограниченный контингент», Маскав, Прогресс» – 1994, стр.181 – 182).  

Ин гуна эҳтиёткориҳои шадиди фармондеҳони шӯравӣ ҳаргиз садди роҳи кормандони хадамоти иттилоотии Аҳмадшоҳи Масъуд шуда наметавонистанд. Онҳо ҳатман иттилооти огоҳкунандаеро дар бораи омодагиҳои қумандонҳои шӯравӣ алайҳи нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфт мекарданд.

Дар як мусоҳибаи ихтисосии худ ба хабарнигори рӯзномаи иронии «Иттилоот» Мирзо Шукурзода Аҳмадшоҳи Масъуд гуфтааст, ки барои мисол аз нақшаи ҳуҷуми ҳафтуми артиши шӯравӣ ба дараи Панҷшер 25 рӯз қабл аз оғози он ҳамла огоҳ шудааст: «Иттилооти ин ҳамла аз маркази фармондеҳии қувваҳои шӯравӣ ба дастам расид. Ҷолиб ин аст, ки бахши зиёди иттилоотро аз женролҳои Артиши Сурх мегирифтем. Ва ин иттилоотро на дар баробари пул, балки аз тариқи женролҳое, ки аз миллатҳои мухталиф буда ва аз шӯравиҳо безор буданд, дарёфт мекардем».

Президенти Академияи Илмҳои Ҳарбии Федератсиони Россия Маҳмуд Аҳмадович Гареев, ки баъди хуруҷи нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон чанд муддат дар он ҷо ба ҳайси мушовири низомии Сарфармондеҳи Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Афғонистон, Раиси Ҷумҳури Афғонистон доктор Наҷибуллоҳ ифои вазифа намудааст, дар китоби худ «Афганская страда», оиди ин самти фаъолияти Аҳмадшоҳи Масъуд менависад: 

«Дар ҷараёни тайёрӣ дидан ва татбиқ кардани амалиётҳои ҷангӣ Аҳмадшоҳ Масъуд таваҷҷӯҳи махсусеро ба хадамоти иктишофотӣ (разведка) зоҳир мекард. Ӯ ва ҳамроҳонаш мавқеи ҷуғрофӣ ва мардуми маҳалиро хеле хуб медонистанд. Асосан мардуми таҳҷоӣ Аҳмадшоҳро муттасил аз таҳарукоти нерӯҳои низомии шӯравиҳо ва нерӯҳои режими Кобул огоҳ мекарданд. Хадамоти иктишофотии ӯ хеле хуб кор мекард. Ҳамеша аз авзои минтақа огаҳӣ доштан, онро дуруст баҳо додану пешбинӣ кардани таҳаввулоти он ба Аҳмадшоҳ имконият медоданд, ки сари вақт нерӯҳои худро аз хатари шикаст ва ё ҳаддиақал талафоту хисороти зиёд наҷот бидиҳад». (М.А.Гареев «Афганская страда», Москав 1999, стр 144 – 145).

Султони ҲАМАД,
(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi