18:26:28 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХУСУСИЯТҲОИ ЭТНИКИИИ ТАШАККУЛЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАМАРКАЗ ДАР АФҒОНИСТОН - 2

Қисмати аввал

Аз замони ҳукмронии амир Абдураҳмонхон, ҳукумат барои тағйир додани таркиби қавмии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии шимолу ғарби кишвар кӯшиши зиёд менамуд. Бо ин мақсад раванди кӯч додани қабилаҳои паштуни сокини вилоятҳои ғарбӣ ва ҷанубӣ ба минтақаҳои истилогардидаи ғарб, шимол ва шимолу шарқ оғоз гардида буд.

/images/stories/2012/07/06_afghanistan_dn_relief_2012.jpgДар минтақаҳои мазкур аз қадим тоҷикҳо, узбекҳо, туркманҳо, ҳазораҳо ва қавмҳои дигари туркзабон сукунат доштанд. Дар баробари кӯч додани қабилаҳои паштун ба ин минтақаҳо мардумон ғайрипаштун ба дохили кишвар бо мақсади ҷилавгирӣ аз эътироз ва ошӯбҳои онҳо интиқол дода мешуданд. Ин сиёсат дар марҳилаҳои баъдина, то барҳам хӯрдани низоми шоҳӣ дар соли 1973 идома ёфта буд.

Ҳамин тавр метавон хулоса намуд, ки вижагии умда он аст, ки Афғонистон дар тӯли таърих ҳамчун давлати касирулмиллат ташаккул ёфта аст. Яке аз сабабҳои асосӣ аз он иборат буд, ки Афғонистон дар маркази қораи Осиё мавқеъ дорад ва дар ин минтақа, аз замонҳои қадим мардумони қавмҳои мухталиф иқомат менамуданд. Аз ҷониби дигар Афғонистон арсаи кӯч бастан, футуҳот ва лашкаркашиҳои аҷнабиён буда аст.

Ин масъала дар нимаи қарни XIX мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқи олмонӣ К. Риттер қарор гирифта буд: «Таҷҷамӯи аҷнабиён ва тақсимбандии мардуми бумӣ ба қабила, авлод ва хейлҳо ба он оварда аст, ки … дар рӯзҳои мо ҳам Афғонистон аз худ издиҳоми халқҳоро мемонад ва аҳолии он аз муҳити худ бегонагонро дур сохта  тағйирот ва таҳаввулотро кам мепазирад» (Иран К. Риттера. Часть 1. Перевел и дополнил Н.В. Ханыков. – СП б.: Типогр. Имп. Академии наук, 1874. – С. 382-383.).

Замина барои ба вуҷуд омадани мушкилот дар муносибот байни ақвом ва қабилаҳои кишвар баъд аз ташкил ёфтани давлати муттамаркази Афғонистон, ки дар натиҷаи шиддат гирифтани рақобат миёни Британияи Кабир ва Россия ва муайян намудани сарҳадҳои давлати Афғонистон ба ҳайати он иҷборан халқҳои «мунқасим» (паштунҳо, тоҷикҳо, узбекҳо, туркманҳо, балучҳо ва ғ.) дохил карда шуданд. Қисмати аъзами ин халқҳо берун аз марзи Афғонистон иқомат доштанд, ки баъдан ба ҳайати кишварҳои ҳамсоя – Ирон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомил гардиданд.

Характери касирулмиллат доштани Афғонистонро баъзе муҳаққиқони афғонӣ зери шубҳа қарор додаанд. Онҳо дар тадқиқотҳои хеш таваҷҷӯҳи худро ба «нақши бузурги» паштунҳо дар истиқрори давлати Афғонистон ва истеъдоди «беназири» ин миллат равона намуда саҳми мардуми ғайрипаштунро нодида мегирифтанд. Ҳанӯз дар охири солҳои 30-уми қарни гузашта устоди Донишгоҳи Кобул Наҷибулло Турвоёно дар пешгуфтори асари хеш «Ориёно ё Афғонистон.

Таърихи мухтасари Афғонистон» мехост собит намояд, ки ҳама ақвом ва мардуми Афғонистон «афғон» буда, «миллати воҳиди афғон»-ро ташкил менамоянд. Муаллиф тамоми давлатҳои мавҷудаи аҳди бостон ва қуруни вусторо «давлатҳои афғонӣ» номида, тамоми фарҳанги моддӣ ва маънавиро, ки бо заҳмати муштараки ҳама ақвоми сокини кишвар эҷод гардида буд, «хидмати таърихии афғонҳо» номида буд.( Наҷибулло Турвоёно. Ориёно ё Афғонистон. Таърихи мухтасари Афғонистон.- Пешовар.: «Ал-аҳзар», 1379(2000) . - С.12-20.).

Иддаи дигар фақат паштунҳоро ба сифати бошандагони аслии Афғонистон дониста, мардуми ғайрипаштунро ҳамчун муҳоҷир медонанд. Баъзе муҳаққиқон тоҷиконро «бахше аз қабоили паштун» мехонанд, ба ақидаи олимони дигар тоҷикон, узбекҳо, туркманҳо ва гурӯҳҳои дигари этникӣ - сокинони вилоятҳои шимолӣ дар қарнҳои нав, бахусус баъди истилои Осиёи Миёна аз тарафи Россия ва дар солҳои 20-уми қарни ХХ, баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон муҳоҷират намуданд. Қобили таассуф аст, ки ин ақида дар миёни олимони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар байни олимони тоҷик низ ривоҷ буд.

Таҳрифи воқеъияти таърихи гузашта имрӯз ҳам идома дорад. Намунаи кӯшиши аз нав навиштани таърихи гузашта асари муаллифи номаълум - Самсури Афғон «Саққавии дуввум» мебошад. Ин китоб аз тарафи Маркази фарҳанги афғон дар Олмон нашр ва дар Кобул ба забони дари дубора интишор гардида буд. Муаллифи китоб тамоми таърихи қарни ХХ Афғонистонро аз мавқеи миллатгароёни паштун мавриди баррасӣ қарор дода мавҷудияти мардумони ғайрипаштунро инкор сохта аст. Дар муқаддимаи асар муаллиф ба хотири ҳифзи ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Афғонистон иҷрои чанд иқдомро зарур медонад.

Дар баробари пуштибонӣ аз фаъолияти миллатгароёни паштун дар мавриди ба сифати забони давлатӣ ба расмият даровардани танҳо забони пашту ва «афғон» эълон доштани тамоми шарҳвандони Афғонистон, муаллиф ба амал баровардани чанд иқдоми «қотеъона»-ро зарур медонад. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини амнияти минтақаҳои шимолии ҳаммарз бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ва дар атрофи шаҳрҳо ва роҳҳои муҳим, аз тариқи кӯч додани қабоили вилоятҳои ғарбӣ ва ҷанубии кишвар ба ин минтақаҳо, зарурати эҷоди «камари амниятӣ» таъкид мегардад.

Самсури Афғон мехоҳад собит намояд, ки дар тӯли таърихи гузашта водии Панҷшер аз тарафи душманони Афғонистон ба муқобили дигар минтақаҳо борҳо истифода гардида буд ва барои хотима додан ба тавтеъаю дасисҳои душманон, бояд аҳолии бумии водӣ ба дигар вилоятҳо кӯч дода шавад ва қабоили паштун дар Панҷшер маскун гарданд. Чунин ба назар мерасад, ки тарафдорони ҳалли масъалаи миллӣ ва ҳифзи ваҳдати миллӣ аз тариқи ба амал баровардани усулҳои«қотеъона» на танҳо аз ҷониби намояндагони муҳоҷирини афғон дар хориҷ, балки дар доирҳои муайяни дохили Афғонистон, аз ҷумла дар доираҳои ҳукуматдорони расмӣ пуштибони меёбанд.

Кӯшишҳои таҳрифи воқеияти таърихӣ ва аз нав навиштани таърихи гузашта, фақат ба паштунҳо тааллуқ додани тамоми дастовардҳои таърихии фарҳанги моддӣ ва маънавӣ бо ягон далели таърихӣ асоснок карда намешаванд. Масъалаи паҳншавӣ ва мустақар гардидани қавму қабоил дар хоки Афғонистонро дар қуруни вусто ва аҳди нав ба таври равшан аз рӯи маъхазҳои таърихӣ ва мушоҳидаҳои сайёҳони хориҷӣ муайян намудан душвор нест.

Олими рус В.В. Григорев дар шарҳи худ ба китоби «Ҷуғрофиё» - и олими олмонӣ Карл Риттер дар бораи таркиби аҳолии бумии Афғонистон дар ибтидои қарни XIX навишта буд: «…он аз ду қишри асосӣ иборат аст: 1) аз қавми ҳоким, ки ин мақомро дар давраи начандон дури таърихӣ касб намуда аст ва ин қавми афғон аст; ва 2) аз мардумоне, ки дар кишвар то ишғоли он аз тарафи афғонҳо сукунат доштанд: инҳо тоҷикҳо, сватҳо, гиндкҳо сияҳпӯшҳо ва ғ. мебошанд». (Землеведение К. Риттера. География стран находящихся в непосредственных сношениях с Россией. Кабулистан и Кафиристан. Перевел и дополнил В.В. Григорьев. – СПб,: 1867, - С.592.). Дар бахши дигари китоб – «Омадагони замонҳои қадим ва нав», В.В. Григорев «қисмати сеюм»-и аҳолии кишварро ном мебарад, ки аз боқимондагони лашкаркашиҳои гузашта ба ин кишвар иборат буданд: арабҳо, кизилбошҳо, ҳиндуҳо, арманиҳо, яҳудиён, ҳазораҳо, туркҳои чағатоӣ ва дигарон. (Ҳамон ҷо. С. 636,642).

Шарқшиноси шаҳири шуравӣ И.М. Рейснер баъд аз таҳлили маъхазҳои бешумори таърихӣ, таърихномаҳо, осори сайёҳони аврупоӣ ва англисӣ, ки дар нимаи аввали қарни XIX аз Афғонистон дидан намудаанд ва осори бешумори шарқшиносони русӣ дар китоби худ «Рушди феодализм ва ташкили давлати афғонҳо» собит намуд, ки даъвоҳои муҳаққиқони афғонӣ дар бораи нақши ҳалкунандаи паштунҳо дар таърихи Афғонистон пояи илмӣ надоранд.

И.М. Рейснер навишта буд, ки дар қарни XI ва баъд, аҳолии бумии минтақаҳои марзҳои имрӯзаи Афғонистон, аз ҷумла минтақаи байни кӯҳҳои Ҳиндукуш ва кӯҳҳои Сулаймон асосан аз тоҷикҳо ва минтақаи байни кӯҳҳои Сулаймон ва соҳили рости дарёи Ҳинд аз қавмҳои мухталифи ҳинду иборат буда аст. Қабоили афғон бошад дар ибтидо дар атрофи кӯҳҳои Сулаймон сукунат доштанд ва дар сатҳи поёнтари рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ қарор доштанд.

Дар бораи нақши паштунҳо дар таърихи Афғонистон И.М. Рейснер дар асари дигараш навишта буд: «Афғонҳо наметавонистанд дар аҳди қадим ва қуруни вусто «тамаддуни олӣ» дошта бошанд, зеро онҳо хеле баъдтар аз дигар қавмҳо аз низоми авлодӣ ба низоми табақотӣ ва феодалӣ гузар намуданд. Имкон дорад ҷомеаи табақотӣ дар қарнҳои XVI – XVII, давлатдорӣ дар нимаи аввали қарни XVIII ба вуҷуд омада бошад. Афғонҳо баъдтар аз дигарон ба ҳайси қавмият ташаккул ёфтанд ва ҳатман таҳти таъсири фарҳанги дигар мардумони Ҳинд, Осиёи Миёна ва Эрон, аз ҷумла тоҷикону ӯзбекҳо қарор доштанд». (Рейснер И.М. Развитие феодализма и образование государства у афганцев… С.102.).

Мардумони ғайрипаштун дар тӯли таърихи қарни XIX, дар замони мубориза миёни сулолаҳои мухталиф барои касби ҳокимият дар Афғонистон ва ташкил ёфтани давлати муттамарказ нақши намоён доштанд, афғонҳо давлати худро на танҳо бо сайъ ва кӯшиши сардорон ва ҳокимони вақт, балки майлҳои марказхоҳии тоҷикон нигоҳ дошта тавонистанд. Танҳо таҳти таъсири ин омил, ба ақидаи олими намоёни тоҷик Ҳ. Назаров, парокандагии сиёсӣ бартараф ва заминаи барпо сохтани давлати муттамарказ ба вуҷуд омада, тамомияти арзии кишвар ҳифз карда шуд.(Назаров Х. К истории происхождения племен и народов Центральной Азии. – Душанбе.: «Ирфон», 2004. С.86.).

Дар тамоми давраи мавҷудияти давлати Афғонистон ҳукуматдорон барои қонуни сохтани ҳукмронии сиёсии паштунҳо дар ҷомеа ва давлатдории Афғонистон аз ақида дар бораи аксарият доштани паштунҳо дар таркиби аҳолии кишвар истифода менамуданд. Дар ҳакиқати ҳол чунин даъвоҳо асоси воқеӣ надоштанд, зеро дар гузашта ва имрӯз имконияти муайян намудани саршумори аҳолӣ ва таркиби миллии он вуҷуд надошта буд. Дар Афғонистон саршумории сартосарии нуфус гузаронида нашуда аст, арқоми истифодашуда воқеиятро инъикос наменамоянд ва тахминӣ мебошанд.

Имрӯз дар миёни олимон, аҳзоби сиёсӣ ва роҳбарони онҳо, шахсиятҳои фарҳанги кишвар дар мавзӯи муносибат байни ақвом ва гурӯҳҳои этникӣ, саҳми онҳо дар истиқрор ва рушди давлатдорӣ ва намояндагӣ дар мақомоти давлат баҳсҳои доманадор идома доранд. Ҷои таасуф аст, ки дар ин ҷарру баҳсҳо ҳақиқати таърихӣ таҳриф гардида, ҳисси ифтихори миллии қавмҳо халалдор мегардад.

Бештари онҳо аз хотир дур месозанд, ки Афғонистон дар тӯли таърих ҳамчун давлати касирулмиллат ташаккул ёфта аст ва давлате, ки дар аҳди нав номи Афғонистонро ба худ гирифта аст, ватани аслӣ ва таърихии паштунҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, узбекҳо, туркманҳо, балучҳо, нуристониҳо ва гурӯҳҳои зиёди этникии кишвар мебошад. Ҳамаи ин миллату қавмҳо сарнавишт, фарҳанг ва дини муштарак дошта, дар ҳамин минтақа ҳамчун миллат ташаккул ёфтаанд. Инкор намудани ин воқеият барои тамоми  мардуми Афғонистон натиҷаҳои ногувор ба бор хоҳад овард.

Абдуллоев Раҳматулло – ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ

ш. Душанбе, июни соли 2012



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi