18:27:32 01-уми Июли 2025 сол

МАСЪУД: «ИСТИХБОРОТ НОҶИИ ҶАНГ АСТ»-5

Чунин аст баҳои идораи истихбороти низомии Артиши Шӯравӣ, ки бо эътирофи роҳбаронаш дар зарфи 9 соли ҷанг борҳо нақшаҳои аз байн бурдани Аҳмадшоҳро кашидаанд.

 

Вале ҳарбор бенатиҷа. Муаллиф бо ишора ба ин гузоришҳои истихбороти низомии Артиши Шӯравӣ оиди Аҳмадшоҳи Масъуд дар идомаи мақолааш менигорад: «Кифоятаст боре ба Панҷшер назар афканед. Дар он ҷо садҳо ҳазор тонн оҳану пӯлодеро мебинед, ки замоне дар шакли чархбол, тонку тӯп вориди Панҷшер шуда буданд. Ва акнун дар зери офтоби сӯзони афғонӣ занг мезананд».

 

Чаҳор таҳоҷуми густурдаеро, ки артиши Шӯравӣ дар якҷоягӣ бо низомиёни режими Кобул бо ширкати даҳҳо ҳазор сарбоз ба роҳ андохтаанд, як амали фавқулодда бемаънӣ ном бурдан мумкин аст, ки дар он талафоти ҷониву хисороти молии беандозаеро муҳоҷимин мутаҳаммил шуданд.

Масъуд бо доштани огоҳии қаблӣ минтақаро тарк мекард, вале ба ҷои худ дар заминҳое, ки дар он ҷойҳо десантҳои шӯравӣ поин мешуданд, минаҳо сершумореро пахш менамуд, гурӯҳҳои вижаашро сафарбар мекард…». (М.Кожухов «Исламский вождь по имени Масуд», «Известия», 29.04.1992).

 

Генералҳои рус чӢ мегӮянд?

Бале, ин гуфтаҳоро журналисти рус ҳанӯз 10 сол муқаддам гуфта буд. Вале имрӯзҳо чӣ мегӯянд? Президенти Академеияи илмҳои низомии Федератсияи Русия Мустафо Аҳмадович Гареев дар китоби «Афганская страда», борҳо ба фаъолияти низомии ва сиёсии Аҳмадшоҳи Масъуд назар афкандааст ва онро ҳамчун як мутахассиси ин соҳа арзёбӣ намудааст.

 

Аз ҷумла баъди овардани тарҷумаи ҳоли Аҳмадшоҳи Масъуд М.А.Гареев менависад, ки «дар матбуоти Ғарб Аҳмадшоҳро ба ҳайси як доҳии низомӣ, муҷоҳиди ғолиб, назариётчии низомии инқилоби исломӣ ва ғайраву ҳоказо қаламдод кардаанд. Баъзе тавсифҳои дигари болотар аз ин ҳам буданд. Вале бояд аз рӯи адолат бигӯем, ки Аҳмадшоҳи Масъуд аз аввал яке аз раҳбарони бағоят донишманду худододи муқовимати Афғонистон буд ва ҳаст.

 

Вай дорои ақли фавқулодда закӣ ва хислатҳои хуби ташкилотчигӣ мебошад. Хадамотҳои махсуси шӯравӣ борҳо ба ҷони ӯ сӯиқасдҳо ва террорҳо ташкил кардаанд, вале ҳар бор ба нокомӣ мувоҷеҳ мешуданд ва обрӯи Аҳмадшоҳ баланд мешуд.

 

Ӯ ҳамчун як раҳбари низомӢ чи

хусусиятҳои фарқкунандае дошт?

Нахуст ҳадафи асосии ӯ танҳо пиёда кардани амалиётҳои низомӣ ва бечунучаро ғалаба кардан дар онҳо набуд. Тамоми амалиётҳои низомии ӯ ба хотири бароварда кардани аҳдофи сиёсиву иҷтимоиаш амалӣ мегардиданд ва тобеи як чаҳорчӯбаи муайяни сиёсиву низомӣ буданд. ӯ бо дурандешии зиёд ба хотири ҳаллу фасл кардани масоили низомиаш заминаи иҷтимоӣ ва сиёсии онро муҳаё месохт. Аҳмадшоҳи Масъуд ба бедодгариву ҷафо алайҳи аҳолии мулкӣ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод, ҳамеша ин кӯшишҳоро пешгирӣ мекард.

 

Дар манотиқи таҳти нуфузаш ӯ масоҷиду мадорис, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, барои онҳое, ки манзилҳояшонро аз даст дода буданд, хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои нақлиётӣ бино мекард, ба деҳқонон тухмиву нуриҳои минералӣ тавзеҳ медод. Ба аҳолии деҳаҳои дурдаст кӯмакҳои башардӯстонаро интиқол медод. Ҳамаи ин кораш дар ҷамъбаст ба ӯ хеле кӯмак карданд. Аҳолӣ ӯро ҳамеша дастгирӣ мекард ва мусоидат менамуд, ки сафҳои дастаҳои низомии Аҳмадшоҳ ҳамеша аз муҷоҳид пур бошад.

 

Дуввум ӯ барои таълиму тарбияи низомии ҳайати шахсии дастаҳои худ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод. Бо ин мақсад ӯ марказҳои таълимӣ созмон медод, мутахассисони таҷрибадори хориҷиро, минҷумла аз ҳисоби усаро барои омӯзиши ҳарбии нерӯҳои низомиаш ҷалб мекард. Масалан, яке аз асирони ӯ, ки аз ҷумлаи аскарони шӯравӣ буд ва ба ӯ номи Абдуллоро дода буданд, ба муҷоҳиддин тарзи истифода кардани пулемётро дарс медод.

 

Ба ӯ зан дода, соҳиби хонаву дар карда буданд. Соли 1989 ӯ аллакай се фарзанд дошт. Гоҳҳо пинҳонӣ бо ӯ дар тамос мешудем, ки аз он ҷо фирор кунад ва ба Ватан баргардад. Вале вай ҳамеша қатъиян рад мекард. Дастаҳои Аҳмадшоҳ аз ҷиҳати моддӣ хеле хуб таъмин буданд. Вай имкониятҳои фаровоне дошт, ки қатораҳои мошинҳои пурбореро, ки аз Хайратон ба Кобул меомаданд ва дар он силоҳу муҳимот, хӯрокворӣ ва сӯзишвории зиёд буд, ба ғанимат бигирад.

 

Сеюм Аҳмадшоҳ ба ҳангоми омодагирӣ барои гузаронидани амалиётҳои низомиаш ба истихборот ё худ ба разведка диққати муҳим медод. Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавсими сарбозгирӣ ба вазоратхонаҳои қудратии давлатӣ, аз ҷумла ВУД, Вазорати Амнияти Давлатӣ, Вазорати Дифоъ нафарҳои худро барои шомил шудан ба ин сохторҳо эъзом мекард, то ин ки дар ҳар яке аз ин ниҳодҳои давлатӣ, воҳидҳои низомии онҳо одамони худро дошта бошад. (М.А.Гареев «Афганская страда», Масква. «Инсан», 1999 стр – 143 – 144).

 

Муҳаққиқон ва коршиносони низомӣ муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъудро «беҳтарин сарбозони пиёданизоми дунё» хондаанд. Дар ҳақиқат Аҳмадшоҳи Масъуд тавонист як гурӯҳи кӯчаки бидуни силоҳро ба як артиши бузурги қариб 60 ҳазор нафара бирасонад, ки бо тамоми навъи силоҳҳо ва техникаи низомӣ муҷаҳҳаз буданд. Муҷоҳиддини Аҳмадшоҳро дар тӯли 23 соли пайкораш ягон нерӯе натавонист аз саҳнаи корзор берун созад, пурра мағлуб намояд, сарлашкар Аҳмадшоҳро водор ба тарки муқовимат намояд, маҷбур ба фирор аз Ватан созад.

 

Нерӯҳое, ки зидди ӯ меҷангиданд, чи аз ҷиҳати теъдод ва чи аз ҷиҳати ҷиҳози ҷанг аз ӯ ба маротиб болотар буданд. Ба муқобили ӯ артиши муназзами кишварҳо меҷангид, ки ҳайати онҳо аз сарбози оддӣ шурӯъ карда, то афсарони баландрутба ҳама таълимдидаву омӯзишёфта ва мутахассиси соҳаи худ буданд. Рӯ ба рӯи ӯ террористони байналмиллалие, ки дар умқи корхонаҳои хадамоти ҷосусӣ, тозатарин шеваҳои қатлу аз байн бурдани инсонҳоро меомӯхтанд ва дар ҳаёт татбиқ мекарданд, дар набард буданд.

 

Бале, дар ин роҳи муборизаи ӯ алайҳи душманони озодӣ ва истиқлолияти Ватанаш, душманони башарият буданд бохту нокомиҳои муваққатӣ. Вале ҳар бор онҳоро Аҳмадшоҳ бо як маҳорати баланди кордонӣ рафъ мекард, аз онҳо хулосаҳои зарурӣ мебаровард. Ба ибораи дигар бигӯем ҳар як нокомии ахири ӯ оғози музаффариятҳои нави ӯ мебуданд. Ин аст яке аз хислати асосии бузургтарин лашкаркаши дунё.

 

Дар ақибнишиниҳои Аҳмадшоҳи Масъуд хавфи бештаре ниҳон аст то дар ҳуҷумҳои ӯ» мегуфтанд фармондеҳони рақибаш. Ва чи тавре, ки дидем хонандаи азиз ва худи Аҳмадшоҳи Масъуд низ борҳо таъкид кардааст, ки асоси ин ҳама музаффариятҳояшро ӯ дар доштани дастгоҳи қавии иттилоотиаш дидааст.

 

Дар ин самт низ Аҳмадшоҳи Масъуд дастовардҳое доштааст, ки беҳтарин хадамотҳои ҷосусии кишварҳои пешрафтатарини дунё ба он ҳасад мебаранд. Бидуни доштани хазинаи молии зарурӣ ва техникаи пешрафтаи ҷаҳонӣ Аҳмадшоҳи Масъуд тавонист бо такя ба омили инсонӣ ва таҷрибаи таърихи аҷдодонаш корҳоеро ба сомон бирасонад, ки имрӯзҳо хадамоти иттилоотии мамолики мутараққии дунё бо доштани имкониятҳои васеи моливу техникӣ аз иҷрои онҳо оҷизанд.

 

Султони ҲАМАД

Назари Шумо

Security code
навсозӣ