11:50:08 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

"НАҚШИ РУСТАМ"

Бурҳон Салмонов, рӯзноманигор

Қавмҳои ориёӣ дар шаклгирии тамаддуни ҷаҳонӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи хосе доранд. Аз ин ҷост, ки осори тамаддунофари онҳо бо махсусиятҳои мондагорӣ бо ҳаёту рӯзгори оламиён омезиш ёфта, то ҷойе  мояи ифтихор ва ҳайрат шудааст. Барҳақ шоҳони имперотурии Ҳахоманишиҳои ориёӣ яке аз асосгузорони тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб  ёфта, осори таърихӣ ва фарҳангии онҳо алъон дар Аврупо, Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва чанд қисмати дигари ҷаҳони куҳан боқӣ монда, ба рушду пешрафти ҷомеаъи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам нақши такконбахшӣ мебозанд.

1 naqshi-rustam 2013Марвдашти куҳан ва навин. Он дар остони Форси Ҷумҳурии исломии Ирон, байни ду шаҳри кадим- Исфаҳону Шероз воқеъ буда, ба қавли муаррихон ҳампои таърихи башарият маҳсуб ёфта, дар домони васеаш осори бузурги таърихӣ ва фарҳангии даврони Ҳахоманшиҳо, Сосониён ва баъдиро ҷой додааст. Дар ин ҷо, дар фосилаҳои гуногун маҷмааҳои Тахти Ҷамшед, Куруши Кабир, Нақши Рустам, вайронаҳои шаҳри Астахр, Нақши Раҷаб, Тахти Гавҳар ва даҳҳо осорҳои таърихӣ-фарҳангӣҷойгир буда, ба ин сарзамин шукӯҳу шаҳомат ва шуҳрат бахшидаанд.

Марвдашт номи олими ҷаҳонгарду сайёҳ Ибни Балхӣ, ки дар садаи шашуми ҳиҷрӣ-қамарӣ ба Ховари Миёна сафар карда, таассуроти диданиҳоро дар "Форснома" ном китоби хеш ба қалам медиҳад, гирифтааст. Дар фасли"Дашти Марв"-и китоб Ибни Балхӣ аз муаррихон Ҳеродод, Газанфар,Лусӣ ва ёдгориҳои таърихии замони Ҳахоманишиҳо,Сосониён, Ашкониёну Пешдодиён маълумоти муфассал ироа медорад. Таваҷҷуҳи муаррихро обидаҳое ҷалб месозад, ки он замон дар Марвдашт назаррабоӣ доштаанд. Ибни Балхӣ онҳоро бо чашми сар дида ва бо катибаҳои дар сафолу санг ҳаккокишуда шинос мешавад.

Миёни ин осори таърихӣ-фарҳангӣ маҷмааи Тахти Ҷамшед, мақбараи Куруши Кабир ва Нақши Рустам, ки дар фосилаҳои ба ҳам наздик қарор доранд, аз назару эътибори Ибни Балхӣ дур намондааст. Ибни Балхӣ замоне ба ин ҷо сафар кард, ислом дар ин паҳнои бузург аллакай ҳукмфармо ва аз он шаҳри овозадори Сосониён-Астахр, ки ин обидаҳои таърихӣ марбути он маҳсуб меёфтанд, ғубори хок ба рӯй кашида буд. Хилофати  Араб Астахрро ба вайрона табдил дода, сокинони он маҷбуран шаҳри Шерози имрӯзаро макони иқомат интихоб мекунанд. Ва ин мардуми бумӣ бо вуҷуди аз даст додани дину ойини пешини хеш, ки юнониҳо онҳоро қавми "барбарӣ" меномиданд, дар муқобили аҷнабӣҷоннисорӣ намуда, нагузоштанд, ки аъроб ин осори гаронмояи таърихӣ-фарҳангиро аз байн бибаранд.

ДАХМАИ ШОҲОНИ ҲАХОМАНИШӢ

"Нақши Рустам" дар кӯҳи боҳашамати Ҳусейн воқеъ буда ва дар камари ин ҷиболи боазамат чаҳор оромгоҳ бо нақши чалипо ороёфта ба назар мерасад, ки вусъати ҳар яки он ҳайратовар аст. Дахмаҳо 23 метр иртиқоъ ва15 метр паҳно доранд. Ин гӯри подшоҳони Ҳахоманишӣ ва нақшҳои зебои чалипо, ки гуё дахмаҳоро бо кӯҳ кафшер кардаанд, аз даврони Сосониён ва Эйломиҳо ба ёдгор монда, дар онҳо хусравон, ки як замоне "лаъли оташин дар тоҷи шоҳӣ доштанд", ба хоби абад рафтаанд. Дахмаҳо мансуб ба Хашоёршоҳ, Дориюши Кабир, Ардашери аввал ва Дориюши дуюм буда, онҳо ҳар кадоме дар имперотурии Ҳахоманишиҳо, баъд аз Куруши Кабир нақши мондагоре боқӣ гузоштаанд.

Бояд тазаккур дод, ки нақшҳои ҳаккокишуда хеле барҷаста ба назар мерасанд, ҳатто бо гузашти қарнҳо симоҳои шоҳон бо он шукӯҳу ҷалолу ҷаззобияти ба худашон хос, ки доштанд, боқӣ мондааст. Масалан, тоҷгузории Нарсӣ, пирӯзии Баҳроми дуюм, пирӯзии Шопури аввал ба имперотури Рум, ғалабаи Ҳурмузи дуюм, нақши Эйломиён ва тоҷгузории Ардашери Бобакон хеле зебо офарида шуда, аз хотири ҳар бинанда то дерҳо зудуда намегардад.

Дахмаи шоҳони Ҳахоманишӣ дар "Нақши Рустам" панораммаи бузургеро мемонад. Ҳахоманишиҳо ва Сосониён дар замони хеш санъати баланди сангтарошӣ, ҳайкалсозӣ ва нақшофарӣ дар кӯҳро асос гузоштаанд.

КАЪБАИ ЗАРДУШТ

Дар даромадгоҳи "Нақши Рустам" Каъбаи Зардушт-поягузори дини зардуштӣ дар муқобили оромгоҳи Дориюши Бузург назаррабоӣ менамояд. Аз рӯйи омӯзиши катибаҳо, муаррихон ба ин назаранд, ки Каъбаи Зардуштро Дориюши Бузург бино кардааст. Он чун Оташкада ва ҷойгоҳи муқаддас ба шумор мерафт ва дар замони Сосониён онро ҳатто диж ном мебурданд.

Дар мавриди ин обида назарҳо хеле гуногун аст; гӯё он оташкада набуда, балки хазинаи шоҳ ва ё қубури шоҳон будааст, ки дар он салотини мумиёкардашударо то ковиши дахмаи сангӣ дар он муваққатан нигоҳ медоштаанд. Вале баъди омӯзишу таҳқиқи катибаҳои бешумор оташкада будани ин обида собит шудааст. Каъбаи Зардушт аз сангҳои сафеду сиёҳи мармар сохта шуда, бо мурури вақт баъзе қисматҳои он ба вайрона табдил ёфта ва аз ҳама муҳим, ин обида - Каъбаи Зардушт то имрӯз дар "Нақши Рустам" барҷост.

НӮҲ НАҚШ-НӮҲ АСАР

2 naqshi-rustam 2013Дар синаи кӯҳи Ҳусейн нӯҳ нақш ё ин ки нӯҳ асари муҳташами меъморӣ (сангтарошӣ) осоре аз рӯзгори куҳан боқӣ мондааст. Аввалин нақш як фазои холии мураббаъ буда, тӯлу арзи он ба 15х5 метр баробар аст. Дар он замонҳои дури дур шоҳони Сосонӣ амру фармонҳои хешро менавиштанд. Дар зери ин нақш бист сатр, ки ба назар мерасад, бо забони форсӣ ҳаккокӣ шуда, дар он роҷеъ ба тақсимбандии об ва киштукори заминҳои кишоварзӣ сухан меравад. Нақши дуюм марбут ба тоҷгузории шоҳ Нарсӣ (304-294 то милод) аст.

Ҳангоми тоҷгузорӣ дар паҳлӯи шоҳ нақши зани тоҷдор ба назар мерасад, ки ин ишора ба Аноҳито-олиҳаи об ва ободонӣ мебошад. Дар нақши сеюм ғалабаи Баҳроми дуюм-яке аз шоҳони Сосонӣ бар душман тасвир ёфтааст ва ин нақш дорои ду тасвир (лаҳза) буда, аз нерумандии шоҳ ва пирӯзиаш бар душман башорат медиҳад. Агар Баҳроми дуюм дар расми боло савори аспу бо силоҳи ҷангӣ ҳаккокӣ шуда бошад, дар расми поён зери  пойи аспи ӯ аскари румӣ забун афтодааст.

Бояд гуфт, ки ҳар нақш аз рӯзгори шоҳони Сосонӣ интихоб гардида, тасвирҳо бо муҳтавои худ аз ҳамдигар тафовут доранд. Масалан, нақши чорум-пирӯзии Шопури аввалро (270-239) ба императори Рум бо номи Валеринро мунъакис кардааст. Шоҳи Сосонӣ бори аввал ғосибро дар сарзамини Ирон шикаст медиҳад; Валерин ба зону зада, ба Шопури аввал сари таъзим фуруд овардааст.

Қаҳрамонии Ҳурмузи дуюм, набераи  Шопури аввал дар нақши панҷум барҷастатар ҳаккокӣ ва симои ӯ дар болои асп баҳодурона аст. Нақши шашум, ки аз бузургии шоҳони Сосонӣ дарак медиҳад, дер зери оромгоҳи Дориюши дуюм, дар рӯ ба рӯйи Каъбаи Зардушт ба назар мерасад. Дар расм Шопури дуюм аспсавор найза-силоҳи чангиро ба гардани душман фурӯ бурдааст.

Дар даврони Сосониён дудмони Баҳроми дуюм нақши мондагортаре доштаанд. Дар нақшҳои ҳаккокишуда номи ин шоҳ бештар ба назар мерасад. Бинобар ин, дар як лавҳаи бузурге хонаводаи Баҳроми дуюм, ки дар дираи фармонравоёни Эйломӣ бештар таъсиргузор будаанд, барҷаста нақш ёфтааст. Ин лавҳа аз чанд қисмат иборат буда, дар он шоҳ тоҷ дар сар ва руйӣ дастонаш шамшер ба назар мерасад.

Пораҳои ин нақш бо мурури вақт хира ҳам гашта бошад, нақшҳои муттабоқӣ ба назар равшан мерасанд. Нӯҳумин нақше, ки ин маҷмааи осори таърихӣ-фарҳангиро зебу фари махсус бахшидааст, лаҳзаи тоҷгузории Ардашери аввал аст. Даврони ҳукумати ин шоҳи диловар (солҳои 239-224 то милод) айёми тилоии Сосониён маҳсуб ёфта, доир ба қаҳрамонию диловарии Ардашери аввал асотирҳо низ боқӣ мондаанд.

Муаррихон овардаанд, ки шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ ба дину ойин эҳтироми бузург гузошта, кулли ин музаффарияту пирӯзиҳоро, пеш аз ҳама, аз Худои бузург-Аҳурамаздо медонистанд. Масалан, дар катибаҳое, ки аз номи подшоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ боқӣ мондаанд, аввалин ниёши онҳо ба Худои якто-Аҳурамаздо аст.

Худи шоҳон дар оташкадаҳо ба ҳайси мубадон оташ афрӯхта, ба рӯҳи муқтадири Аҳурамаздо дуруд мефиристоданд. Бо чунин лаҳзаи ниёиш Ардашери аввал (нақши нӯҳум) оташи муқаддасро болои сар бардошта, зери пойи аспи вай каллаи яке аз подшоҳони Ашконӣ бо мӯйҳои мормонанд забуну шармсор афтодааст. Лаҳзаи диданӣ ва хотирмони ин нақш боз дар он аст, ки дар ақиби Ардашери аввал хидматгоре истода, аз тоҷи  вай магасро  дур месозад.

Аз осори илмии нашршудаи Ирон бахшида ба замону рӯзгори шоҳони Ҳахоманишиву Сосонӣ бармеояд, ки кору пайкори онҳо дар ҳифозати сарзамини ориёиҳо мамлу аз қаҳрамониву диловарӣ ва шуҷоату мардонагӣ будааст. Мардум дар сурати онҳо қаҳрамонии Рустами афсонавиро дида, бо як эҳтироми хоса ба ин макон номи "Нақши Рустам"-ро додаанд. Дар баъзе адабиёти илмии қарнҳои баъдӣ ин маҷмааи таърихӣ-фарҳангӣ бо номи "Кӯҳи Хусейн" низ ёд мешавад, аммо миёни мардум ин макон бештар бо номи "Нақши Рустам" машҳур аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi