Ёди рӯзгори ширин
ПАЙВАНДЕ МИЁНИ ЗОҲИР ВА ВИСОТСКИЙ
Пайроҳаи зиндагии Аҳмад Зоҳир ва Владимир Висотский, ин ду овозхони маъруф то дами марг гуна-гуна буд? Вале зиндагии пас аз марг, бале маҳз зиндагии пас аз марги онҳо он қадар ба ҳам монанд буд, ки ҳаводори Аҳмад Зоҳир яқин пас аз дарки таронаҳои Владимир Висотский тораи меҳр бо навои тори гитори ӯ мебаст ва ё баръакс.
Пайванди онҳо сарчашма аз марги пурасрорашон мегирифт. Рақиби сарсахти Зоҳиризебо собиқ садри Афғонистон Ҳафизуллои Амин шояд тасаввур мекард, ки марг поёни ҳама чиз аст ва садо дар гулӯ ях баставу нола ба дил гиреҳ шуда, Аҳмад барои ҷовидон аздилу дидаи алоқамандонаш зудуда мешавад. Аммо…
Чархи ҳавасбози таърихро то кунун сиёсадмадоре натавониста, ки бо майли хеш барои ҷовид бигардонад. Марги пурасрор шӯҳрати Аҳмад Зоҳирро дучанд фузуд ва дар Шарқ бо вуҷуди обрӯю эътибор, зиёд ҳофизон натавонистанд ҷои ҳунарманди пуровозаро бигиранд.
Шоираи ҷавонмарг Фурӯғ гуфта буд:
- «Ман мехоҳам ҳунарманд дар авҷ бимирад дар авҷи шӯҳрату эҷод, то ба сӯи пириву аз хотирҳо фаромӯш шудан наравад».
Ва Аҳмад Зоҳир ҳам дар авҷи ҳунару эҷод ба ҷабр ин гуна маргро пешвоз гирифт. Вале оё марг поёни ҳама чиз аст? Магар метавон садоро дар гулӯ пойбанд сохту ноларо ба дил гиреҳ?
Владимир Висотский ҳамзамони Аҳмад Зоҳир буд. Пас аз марги пурасрораш баъди сафари шаҳри Бухоро то ҳол саҳифаҳои матбуоти рус аз фарзияву тахминҳо перомуни марги ӯ пур аст. Висотский ба замми садои дилнишин, ҳунари нотакрори суханронӣ дошт. Суханрониҳои ӯ дар ҳар махфилу базм шунавандагонашро ҷоду мекард, ба андеша меовард, ошиқ менамуд. Ҳунарпешаи театр ба замми ин дар бисёр филму намоишномаҳо нақш бозида буд.
Владимир нек ба Маҳмудҷон Воҳиди мо монанд буд, фақат бо доштани як гитор аз ӯ фарқ мекард. Ва ин як гитор ӯро машҳур кард, дилбандонашро фузун намуд. Таронаҳои ӯ бегона ба муҳити фарҳангии замонаш – айёми турктозии коммунистон буд. Он чи Висотский мегуфт, котиби аввали ҳизб ҷуръат надошт бигӯяд. Ӯ дардро хуб эҳсос менамуд ва дардро урён, бе суханбозиву тасвирпардозиҳо баён мекард. Вале таърих собит сохт: «монанд набудан танҳоист» ва ин танҳоӣ ба Висотский гарон меомад ва баҳри куштани ин танҳоӣ ӯ мисли Аҳмад Зоҳир роз бо соғару май мегуфт.
Нависандаи тоҷик Муҳаммадамони Солеҳ аз ин гуна поёнҳо дар авҷи ҳунар хулосабарорӣ карда, ки «барои марги зебо дар зиндагӣ зебо бояд буд». Ва Аҳмад Зоҳиру Владимир Висотский дар зиндагӣ зебо буданд, шоёни таҳсину офарингӯиҳо буданд, мавриди парастишу эҳтиром буданд:
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?
Мавзӯи эҷоди Аҳмад Зоҳир ва Владимир Висотский фарқияти зиёде дошт. Аҳмад Зоҳир - фарзанди собиқ нахуствазири Афғонистон Зоҳиршоҳ, бояд мисли ҷигарбандони дигар амалдорон аз мусибату азиятҳои табақаҳои поён ноогоҳ мемонд. Вале бурди Аҳмад Зоҳир маҳз дар он буд, ки ӯ мавзӯъро аз озору ранҷ, азияту шиканҷаи қалби афгор мегирифт. Таронаҳои ошиқонаро чун Аҳад Зоҳир ин гуна дилангезу рӯҳнавоз пур аламу пурсӯз касе насуруда!
Таронаҳои инқилобӣ мисли «бандагӣ даркор нест» маҳбубияти ӯро фузун намуда бошад, муноҷотҳои ӯ ба даргоҳи Худованд дар дилҳое, ки ғайри умед бастан ва лутфи Худо дигар чорае надоштанд, шамъи умедро рӯшан мекард.
Орзупарвариву эҳсос, ишқу бевафоӣ, ҳасрату надомат, ситоиши марг, нола ба даргоҳи Худованд, ки хос ба мардуми Шарқ аст, тораҳои қалби Аҳмад Зоҳирро ба ларзиш овардаву таронаҳояшро саршори ин ҳавасҳо намудааст.
Висотский бошад бо фошофошу ошкор гуфтан ва ба тарзи инқилобӣ баён намудани андешааш, шуҳратёр гардида буд.
Ӯ таронахояшро бе суханпардозиҳо, бе муҳоботу тасвирпардозиҳо пешкаш сохт ва ин худ такконе буд дар он даврон. Таронаҳои Владимир Висотский дар бисёр филму намоишномаҳо ҳам садо додаанд. Ахмад Зоҳир бошад, аз мактаби мусиқии Ғарб огоҳ буд ва асосгузори омезиш додани мусиқии суннатии Ғарб бо Шарқ мебошад, ки ин сабаби шуҳрати азим ёфтанаш миёни аҳли мусиқии Шарқ аст.
Ҳам Ахмад Зоҳир ва ҳам Владимир Висотский асосгузори мактаби мусиқии хеш буданд ва пас аз онҳо мактабашон натанхо побарҷо монд, балки шуҳрати азимеро шомил шуд. Мактаби мусиқии Аҳмад Зоҳир натанҳо дар Афғонистон яккатоз буд, балки дар Тоҷикистону Узбекистон, Эрону Покистон мавқеи бузургро соҳиб аст.
Мактаби мусиқии Владимир Висотский ҳунарманди номвари дигареро ба камол расонид бо исми Виктор Тсой. Виктор натанҳо пайраҳаи устодонро давом дод, балки навигариву навовариҳои зиёде дар ин мактаб ворид намуда, худ ҳам соҳибмактаб шуд. Маҳбубияти Виктор Тсой боз аз он хотир афзуд, ки ӯ мисли Владимир Висотский ногаҳониву пурасрор ва дар авҷи ҳунар аз байн рафт.
Шуҳрату садои оламгир Аҳмад Зохиру Владимир Висотскийро дар доираҳои занон ҳам ангуштнамо карда буд ва занон таъсири зиёде доштанд ба эшон. Ҳавасхӯрдагони ҳунари ин ду ахтари тобони ҳунар он қадар зиёд миёни ин ҷамоат буданд, ки онҳо барои пешрав будан дар наздикӣ бо эшон байни ҳам меразмиданду ишораҳо дар ин мавзуъ дар таронаҳои Владимир Висотский ҳаст ва як сабаби қатли Аҳмад Зоҳирро ҳам ба занон вобаста медонанд. Вале ин ҳама эҳсоси бегонагиро ба муҳит аз қалби Владимир зудуда натавонист, ки натавонист ва ӯ гуё бо майли хеш сӯи марги тадриҷӣ мешитофт ва онро дарёфт ҳам кард.
Даврони якранг қобил ба ғунҷоиши ҳодисаҳои пуршуру пурҳаяҷон дар рӯзгори Владимир Висотскийро надошт ва овозхони тавоно ба андешаи ҳамкоронаш, ҳаётро бе ягон таассуф видоъ намудааст.
Аммо Аҳмад Зоҳир сояи маргро пешорӯи худ медид, вале истиқболашро шояд ин гуна барвақту ногаҳонӣ чашмдор набуд.
Лек садо, садост, ки мемонад ва садои Аҳмад Зоҳир ҷовидонагӣ монда, садои Владимир Висотский то лаҳзае, ки ангуште ба тораҳои гитор нохун мезанад, лангар хоҳад андохт барои абад!
P.S: 14 июн зодрӯз ва маргрӯзи Аҳмад Зоҳир аст. Ба кулли шодихӯрдагони садояш зодрӯзашро муборак мегӯем ва ба маргаш таслият арз мекунем!
Хуршед Атовулло
«Ҷавонони Тоҷикистон», соли 2000