Ёди рӯзгори ширин
РӮЙНАМОИИ КИТОБИ СУЛТОН ҲАМАД – "АҲМАД ЗОҲИР: САДОИ ИШҚ ВА ДИЛТАНГӢ"
Рӯзи 12 июни соли 2021 дар толори Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе рӯйнамоии китоби арзишманди нависанда, журналисти маъруфи тоҷик Султон Ҳамад таҳти унвони "Аҳмад Зоҳир: садои ишқ" ба муносибаи 75 солагии хунёгари бузурги Шарқ Аҳмад Зоҳир бо ташаббуси гурӯҳи "Равшандилон, "Рӯзгор-Синамо" ва Маркази Исмоилия ва маҳфили шеъру тарона баргузор гардид, ки ба ҳамагон писанд омад.
Дар ин кори хайр махсусан, фарзандони шодравон Султон Ҳамад бо сарвари Субҳиддини Султон саҳми шоиста гузоштанд. Аз ҳама бештар суханронии шоир ва донишманди сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо ба ҳозирин хуш омад. Ӯ дар бораи мақоми Аҳмад Зоҳир дар доираи фарҳанги мусиқиии Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Ҳиндустон андешаҳои арзишманд изҳор намуда, дар фарҷом, шеъри худро бахшида ба устоди фақид Султон Ҳамад чун ҳусни мақтаъ қироат кард, ки хеле ҷолиб ва хотирмон буд. Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин шеър дурри маънӣ суфтааст, ки онро манзури Шумо, дӯстони нуктасанҷ мегардонам.
ПАЙКАРАИ СУЛТОНИ ҲАМАД
Рўйи мармар дошт Султони Ҳамад,
Қадди арар дошт Султони Ҳамад,
Дар муҳиту мактаби одамгарӣ,
Сабки дигар дошт Султони Ҳамад,
Кӯҳ буд, яъне, ки кӯҳи тоҷикӣ,
Бо ғуруру бо шукуҳи тоҷикӣ,
Бар тавонмандии рӯњи тоҷикӣ,
Сахт бовар дошт Султони Ҳамад.
Ҳамчу афсар буд виҷдони Ватан,
Ҷони ӯ пайваста бо ҷони Ватан,
Соати марги бузургони Ватан,
Дидаи тар дошт Султони Ҳамад.
Дар сиёсат низ марди роҳ буд,
Ёри Раббонию Аҳмадшоҳ буд,
Аз қимори Осиё огоҳ буд,
Фикри кишвар дошт Султони Ҳамад.
Чашму гӯшу ҳӯшу истеъдод буд,
Бегумон, кашшофи модарзод буд,
Сахт огоҳу хирадбунёд буд,
Ҳӯши бартар дошт Султони Ҳамад.
Аз такопӯҳои миллат бохабар,
Нури чашми мардуми соҳибназар,
Эй аҷаб, дар ҳар дару дар ҳар гузар,
Сад бародар дошт Султони Ҳамад.
Гоҳ аз ҳоли ҳунармандон вакил,
Гоҳ аз дарди муҷоҷир хастадил,
Гоҳ аз номардии ёрон хиҷил,
Рӯҳи пар-пар дошт Султони Ҳамад.
Чун фазояш гоҳгоҳе танг буд,
Сарпаноҳаш сангари фарҳанг буд,
Дар сафи фарҳанг ҳам сарҳанг буд,
Ҳарфу минбар дошт Султони Ҳамад.
Ҷилди таърихи Ватан дар қабзи ӯ,
Ҳикмати Бурхи Валӣ дар набзи ӯ,
Мулки Вахё ҷонамози сабзи ӯ…
Дурру гавҳар дошт Султони Ҳамад.
Вусъати рӯҳи матинаш ёд бод,
Хандаҳои ростинаш ёд бод,
Дурбини дурбинаш ёд бод,
Сабки дигар дошт Султони Ҳамад…
Дар ин маврид устоди шодравон Лоиқ Шералӣ барҳақ фармуда:
Бузургонро бузургони дигар зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Ёду корномаи ҳар ду бузургвор: Аҳмад Зоҳир ва Султони Ҳамад гиромӣ бод!
ҚИЁМИДДИН САТТОРӢ