“Мавлои Балх ва Алмоси Шарқ”
(ба хотираи неки устодони ҳунари Хуросонзамин Одина Ҳошим, Ҷӯрабеки Назрӣ ва Давлатманди Хол)
Овозхони ҳамаи давру замонҳои мардуми порсилисон ва дар ин замина яке аз беҳтарин овозхонон ва оҳангсозони асри ХХ-и башарият, ки бо садои рӯҳнавоз ва мусиқии хушнавози худ миллионҳо сокинони сайёраро аз байни миллатҳои гуногун шефтаи худ гардонида буд устод Аҳмад Зоҳири ҷовидонзоҳир аст. Ин амал бо гузашти анқариб 46 сол баъди ҳалокати фоҷиабори эшон ҳоло низ давом дорад.
Ҳанӯз шефтагону ҳайратзадагони истеъдоди худододии ӯ пайваста аз ҳисоби наслҳои нави зодашудаи башарият, бо иборае лабрези ҷоми ишқи ин сарояндаи орифу дарвеш мешаванд. Чун ин шахсияти бузурги фарҳангии мардуми порситабор дар умри кӯтоҳи худ тавонист як сарчашмаи хушкнашавандаи овози хушро бо савтиёти латифу хушнавози оҳангҳои офаридаи худу ёронаш дар маъниҳои бисёр баланди ашъори шуарои мардуми порситабор, алалхусус дар сароидани ашъори малакутӣ, ирфонӣ, орифонаю ошиқонаи шуарои қадима ва ё ба таври дигар классикӣ ба риштаи оҳанг дарорад ва онҳоро бо ханҷари довудии гулӯи худ сарояд.
Ин ҳамбастагии оҳанги воло, бо шеърҳои маъниҳои баланд дошта ва овози худовандии овозхони ҳамаи давру замонҳо Аҳмад Зоҳир бо иборае як сегонаеро (трио) ба вуҷуд овардаву бо ҳам чунон жарф ва ҷӯр гирифтаанд, ки камтарин мардуми қораи Африқо, Амрикои Лотину Аврупо ва ё сокини ҷазираи Тасманияи Австралия бо шунидани ин сабки овозу навои мусиқӣ, дарҳол эҳсоси баландеро аз қалб дар бораи ғайритабиӣ ва осмонӣ будани истеъдоди ин овозхон ба зудӣ ҳис мекунад, агарчи забонро нафаҳмад ҳам.Чунин мисолҳо дар навиштаҳои миллатҳои гуногун вобаста бу чунин алмосҳои табиӣ дар сарчашмаҳои зиёде вомехӯранд ва онҷо номи Аҳмад Зоҳири бузург низ пайваста садо медиҳад.
Бояд гуфт, ки маҳз интихоби матни шеър бо садои овозхон ва оҳанги басо дилнишини дар заминаи мавзӯъи ниҳоят баланди матни шеър ва хосатан матни шеърҳои орифонаю ирфонӣ басташуда, боиси ҳамоҳангии бисёр ғайриодие мегардад, ки мардуми порситабор ва ё дигар мардумро маҷбур ба он месозад, ки онро овози худовандӣ номанд зеро дигар бо ин баландии сухану истеъдод иҷро намешавад, ки ин таронаҳои зери созу савтиёти балани иҷрогаштаро бо дигар маънӣ ном бурд, қудрати сухан инҷо пастӣ мекунад!
Аз сарчашмаҳо ва мақолаю китобҳои чопгашта дар бораи Аҳмад Зоҳир хуб медонем, ки ин шахсияти бузург бо истеъдоди худовандии доштааш боз шоир низ буд.Дар ин хусус камина соли 2024 мақолае доштам бо номи “Аҳмад Зоҳир шоири ошиқ ва ё худованди ишқ?!” ва онҷо дар асоси сарчашмаҳо оиди 8 шеъри овозхон, ки худ эҷоду зери оҳангҳои мағруб хондааст ишора намуда будам.
Дар ин хусус мақолаи устоди зиндаёд, шоири маъруфи тоҷик Гулназар бо номи “Аҳмад Зоҳир - шоир ҳам буд” ва ё дар мақолаҳо ва асарҳои чопкардаи устоди зиндаёд ва таҳқиқгари нотакрори ҳаёту фаъолияти Аҳмад Зоҳир , устод Султони Ҳамад дар китобҳои мондагори “Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо”, “Аҳмад Зоҳир - садои ишқасту дилтангӣ”, “Таронаҳои Аҳмад Зоҳир”, ҳамчунин китоби “Аҳмад Зоҳир ва Мавлонои Балхӣ”, навиштаҳои устод Сипос, навиштахои хуби устод Ҷамолиддин Саидзода, шоири маъруф, дӯстам Исфандирё, муҳақиқ ва дӯсти наздики банда, олими варзида Раҷабалӣ Худоёров ва дигарон мавҷуд ҳастанд. Бояд гуфт, ки ҳамбастагию дилбастагии Аҳмад Зоҳир, ки маънии шеъри порсиро бисёр некӯ ва жарф мефаҳид ба шеъри классиконамон бисёр маъруф аст ва аз навиштаҳои чопгаштаву солҳо гушу ҳуш шудан ба овози ин нобиғаи ҳамаи давру замонҳо дилбохтагони ҳунари Аҳмад Зоҳир инро хуб ҳис мекунанд.
Дар байни садҳо оҳангу сурудҳои хондаи ин нобиғаи фарҳангии башарият бо ашъори дилнишини адибони класикамон ба мисли Бобо Тоҳири Урён, Шайх Аттор, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Мушфиқӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Соиб, Ҳилолӣ, Бедил ва дигар каллисконамон, ки билкул ашъори баланду орифонаро дар равоқи таърих барои ворисон ба ёдгор гузоштаанд дучор меоем. Дар ин пасманзар эҳсос мешавад, ки назари овозхон ба шуарое мисли Мавлонои Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷаи Ҳофиз ва дигар шоирони сӯфимашраб ниҳоят баланд аст. Ашъори ин ситораҳои бузурги шеъри порсӣ, ки шоиру мутафакири олмонӣ Иоҳан Гёте, сухани ин се шоири дар боло ишораёфтаро осмонӣ мушуморид, Алмоси Шарқ бо як савтиёти баланду шӯру валвала мехонад, ки ба қалб таъсири амиқу ба андешаи фард таъсири сахти равонӣ мерасонанд.
Дар ҳамин гуфта дар эҷодиёти оҳангсозӣ ва фаъолияти овозхонии Аҳмад Зоҳир ашъори Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ мақоми хосаеро дорад, ки дар ин хусус дар боло ишора намудем.
Аминам, ки дар ин бора дилогоҳону шефтагони пайвастагии ашъори Мавлои Вахш ва Аҳмад Зоҳир оянда тадқиқотҳои арзишмандеро анҷом додаву фикру андешаашонро иброз хоҳанд дошт.
Чун тандеми ашъори шоиру овозхон, ки як доди худовандиянд, ошиқони сухани воло, савту наво ва овози дилкашро ҳеҷ гоҳ серӣ ва ором нахоҳанд гузошт!
Ба ҳамин хотир аз ин шоири хирадгарои бузург каме ҳам бошад аввалан ёд хоҳем кард.
Аҳмад Зоҳир, ки тибқи сарчашмаҳои мавҷуда азҷумла тибқи таҳқиқи устодон Сипосу Султони Ҳамад аз Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, 11 шеърашро овозхонӣ кардааст ва шояд аз ин ҳам зиёдтар хонда бошаду таҳқиқи ин кор вазифаи ояндагон аст, бо номҳои Румӣ, Мавлоно, Мавлавӣ, ориф, сӯфӣ, мутафаккир, нависанда ва шоири маъруфи порисзабон маъруф буда, бунёнгузори равияи мавлавия дониста мешавад, ки намояндагони ин равия ва суфиёни маъруфи он нақши мондагори худро дар тарғиби ашъори ҷовидонаи Мавлоно ва ғояҳои инсонпарваронаи эшон ба ҷой гузоштаанд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки дар Аврупо бар асари ҳиҷрат кардани падараш ба кишвари Византия, ки дар ҷуғрофиёи Иронии сосонӣ бо номи Рум маъруф аст, ҳамчунин бо номи Мавлонои Румӣ низ машҳур аст. Тибқи сарчашмаҳои мавҷуда, мавсуф санаи 30-юми сентябри соли 1207 -и солшумории масеҳҳӣ дар дар водии Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин буда, бо тахаллуси Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх (бубинед, ки музофоти Балхи тоҷик чи гуна шахсон мисли Мавлоно, Сино, Носири Хусрав, оилаи Сомониёну дигар бузургонро ба ҷаҳон додааст-шарҳи Варқаи Зайниддин) буд. Тибқи навиштаи роҳбари маҳфили илмӣ-оммавии “Бонги Най”, марди шариф,тарғибгари беминнати ашъори Мавлоно дар вилояти Хатлон, устод Назруллоев Сайҳомиддин, ки дар ҷили 1-уми асари худ бо номи “Бонги Най”(интишороти Душанбе-2025) овардааст ва ҳангоми сӯҳбати бевосита бо каминаи камтарин иброз дошт, ҷои таваллуди Мавлоно ин мавзеъи Сангтӯдаи ноҳияи имрӯзаи Данғара аст ва дар ин хусус далелҳои хело аҷиб ва боварибахш низ эшон дорад (дар ҳақиқат ин мавзеъ, мавзеъи хело қадимаи мардуми тоҷиктабор аст ва дар канораи дарёи Вахш, ки барои мардуми тоҷик бо ишораи академики маъруфи миллат Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ ва шоири тавонои мо шодравон устод Мӯъмин Қаноат, дарёи муқаддас низ ба ҳисоб меравад ва ривоятҳои ҳалқии мардуми ин воҳа дар ин хусус андешаи моро ба дурустии суханҳои роҳбари ин мафҳил низ ҳидоят мекунанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мераванд. Соли 1232 дар Қуния, назди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизии тоҷиктабор илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ санаи 17-уми декабри соли 1273 дар Қунияи кишвари Рум вафот кардааст.
Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Маънавӣ» буда, соли 1259 ба навиштани ин асар шурӯъ намуда, дар зарфи 10-сол ба эҷод эҷод гаштааст.Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоири бузурги ҳамватанамон ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст (бар хилофи пантуркистони имрӯза, ки дар шеъри Мавлонои Балх дар бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳатто дар Туркия танҳо рӯҳӣ туркӣ меҷӯянд, бехабар аз он, ки кишвари ишғолнамудаи туркҳои оғузӣ, собиқ Византияро аслан аҳолии аслияшро румию юнонӣ, арманӣ, курду ирониҳои порсизабону дигар миллатҳо ташкил додаву он замон ҳамчунин забони ин кишвар порсӣ буду забони туркӣ дар маҳдудаи хело танготанге қарор дошт ва дар роҳи миллати фарҳанги кардани миллати турк, нақши Мавлоно, писараш Султон Валад ва дигар пайвандонаш нақши калидӣ доранд ва онҳо як умр аз мо бояд миннатдор низ бошанд- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Бесабаб нагуфтаанд:
“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ,
Ҳаст қуръон дар забони паҳлавӣ! (яъне забони порсӣ забони модарию падарии Мавлои Балх аст -шарҳи Варқаи Зайниддин). Падараш Баҳоуддин Валад воизе хушсухану нотиқи лафзи волои порсӣ буд, ки ба ҷараёни сӯфия гароиш дошт ва маҷмӯае аз эшон бо номи «Маорифи Баҳоуддин» боқӣ мондааст.
Соли 642, ки дарвеше маъруф бо номи Шамси Табрезӣ ба Қуния омад ва ошноӣ бо ӯ сарнавишти ин муфтиву мударриси ҷавон Мавлоно Ҷаллолидинро, ки худ шогирдону муридони бисёр дошт, ба куллӣ дигаргун кард.
Ин дарвеши оддӣ бо намои қаландармашрабонаи худ ба Қуния омада буд. Сӯҳбати Шамс, ки ҳамагӣ фарогири андешаи бисёр жарфу ҷаҳонбинии озодаандешона ва инсонпарваронаи ӯст, Мавлоноро чунон ба худ ҷалб намуд, ки аз марди баҳсу дарсу нотиқӣ, дар чиҳилсолагӣ аз пири худ дарси ишқу шоирӣ омӯхт ва барои тамоми умур баъдан Мавлоно бо ин роҳ рафт (дар хусуси вохӯрии аввалини Шамс бо Мавлоно ривоятҳои гуногуну аҷибе дар сарчашмаҳои хаттӣ мавҷуданд- шарҳи Варқаи Зайниддин). Дар ҳақиқат, аз сӯҳбати ин дарвеши шӯридаи бесомон як ҷунбиши аҷибе дар рӯҳияи Мавлоно ҳувайдо гашт, ки дарсу ваъзро каноре ниҳод.Бошитоб тарки маснади тадрису дигар амалҳо шуд.
Чанде баъд аз ғайбзании ногаҳонии Шамс, Салоҳуддини Заркӯб дили Мавлоноро рабуд ва Ҷалолуддин бо ҳамон шӯру гармӣ бо ин муриди хоксори хеш дил баст ва ӯро ноиби хеш кард.Баъди сари эшон, Ҳисомуддини Ҳасани Чалабӣ аз мардуми Урмияи Иронзамин то поёни умри Мавлоно маҳбубу муриди вафодору дӯстдоштаи эшон боқӣ монд ва ҳамин дӯстиву шефтагии бепоён буд, ки «Маснавӣ»-и азими маънавиро ба вуҷуд овард. Ҳамин риштаи дӯстӣ ёди Салоҳуддини Заркӯбро низ мисли хотираи Шамс, дар ғазалиёти «Девони кабир» зинда нигоҳ дошт.
Мавлоно шахсияти некандеш, порсо, хоксор ва оддие буд, назари баланде бо ҳама шӯҳрати бемислаш надошт ва нисбати тамоми инсонҳои ҷомеъаи худ қатъи назар аз дину оин, нажоду забонашон аз тамоми қишрҳои ҷомеъаи онрӯза чӣ фақиру сарватманд, гадову дарвешу сафиру сағир як хел муносибат ва муомила дошт. Бештар бо дарвешону пешаварон нишасту бархост дошт. Мегӯянд, ки бо шахсони воломақому соҳибмансабу соҳибмартабаи он давр зимни сӯҳбатҳо чандон эътиборе низ намедод. Либоси соддаю тозаи сӯфиёна мепӯшид ва мардум бо ҳамин ҷилваю намуди хоксоронааш эшонро то арши баланд эҳтиром мегузоштанд.Тибқи сарчашмаҳо дар маҷлиси Мавлонои тоҷиктабор миллатҳои гуногун мисли юнонию, арманиву румӣ, яҳудӣ, зангӣ, сақлобию турку дигарон худро хело озод эҳсос мекарданд.
Метавонистанд бо ин шахсияти маъруфи замон бо як камоли муҳаббату ихлос сӯҳбат намояд.
Вақто, ки Мавлоно аз ҷаҳон рахти сафар баст, ноқилони осор ҳикоя мекунанд, дар ҷанозаи ҳазрати Мавлоно тамоми намояндагони миллатҳои Византия (Рум), ки имрӯз бо номи Туркия шинохта мешавад аз аҳли насоро, мусулмон, яҳудиҳо ва дигар фирқаҳо шикат намудаанд. Ҳама бо чашми гирён бо ин устоди маънавӣ ва умумибашарии худ видоъ мекарданд. Инҷо низ азамати ин орифи бузурги миллати мо, ки бо ҳаёту фаъолияти худ, сухани ноби порсӣ ва навиштаҳои малакутии худ, андешаҳои озод ва хирадгароёнаю ваҳдатсароии хеш доманаи кишварҳои зиёдеро замони барҳаёт буданаш бо илмаш фатҳ кардааст бо пуррагӣ ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки эшон тарғибгарии асосӣ ваҳдат ва дӯстӣ байни мардуму нажодҳои гуногун ва ҳамзистии адёни гуногун дар кишвари Руми он замона аз як тараф, ҷаҳони насорои шарқӣ ва олами исломӣ буд ва бо иборае фалсафаи зиндагии ӯ, эҷодиёту гуфтору рафтору пиндори ӯ (агар ба “Авасто” назар андӯзем-шарҳи Варқаи Зайниддин) танҳо ва танҳо аз инсондӯстӣ, ваҳдатсароӣ, накӯкорӣ, кор аз рӯи ақлу хирад ва инсони озод иборат буд.Маҳз ин андешаҳои эшон намояндагони адёну миллату нажодҳои гуногунро дар нимҷазираи Анталияи онрӯза ба ҳам гирд овардаву номи ӯро замони дар қайди ҳаёт буданаш шӯҳрати офоқ намуда буд.
Беҳуда Ҳазари Мавлонои Вахш нагуфтааст:
Маснавии мо дӯкони ваҳдат аст,
Ғайри воҳид ҳар чӣ бинӣ, он бут аст!
Ин ишора як зарбаи сахте ба ифротгароёну террористони дар ҷаҳони имрӯза зуҳур намуда, ҳам ҷаҳони ислом ва ҳам ба ном “миллати баргузидаи худованд аст”! (Меандешам, ки худованди бузург ҳеч гоҳ бандаву миллатҳои офаридаашро ба баргузидаву нобаргузида, худиву бегона ҷудо намекунад ва ин як аъмоли хандаовар низ ҳаст, ки бархе аз намояндагони адёнҳо имрӯз бо ифтихор ин суханро шарм надошта ироа медоранду бо ҳавопаймоҳо даҳҳо ҳазор инсон ва хосатан тифлакони бегуноҳу як миллати томро тухмаашро палағда (генотсид) намуда истодаанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Мавлонои Балхӣ аз нобиғагони назми классикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун худованди беҳамтои кишвари ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Бо андешаи умумибашарии худ инсонро бузургтарин мӯъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Як андешаи бузурги эшон ба ҳам овардан ба оштӣ бурдану аз зидият берун намудани намояндагони дину мазҳабҳои гуногун буд, ки бо шинохти худ ин мардуми содда тавонанд худро ва пасон худои ягонаро шиносанд. На бо ҳаёҳуйи бесамар ва ҷоҳилона бар зидди ҳам бархезанд ва шарафи инсониро,ки аз ҳамаи дину мазҳаб назди офардигор болотару волтар аст поймол намоянд!
Сулҳу оштӣ,ваҳдати сартосарӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон ба ҳам оварад. Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле бой ва доираи мавзӯъоти зиёдеро дар бар мегирад. Он аз ҷиҳати навъи сухан назму насрро ташкил медиҳад. Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нағмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот ишқро бар имон, ҳаётро ба марг, оштиро ба ҷанг таҳким медиҳад (замони навҷавонӣ аввалин шиносоӣ аз порчаҳои ин девон, каминаи камтаринро ба дараҷаи хело боло шефта ва ошиқи худ гардонид-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ғазалҳои дилошӯб ва хело зебои Мавлоно бештар дар маҷлисҳои рақсу самоъ кафзанию пойкубӣ дар зери навҳаи тарабангези дафу чангу рубобу най дар сӯҳбати дӯстону ҳамнишонидорои андешаи волои мувофиқ суруда шудаанд. Аз ин ҷост ки аз онҳо ҳамеша нағмаи зиндагӣ бо як лаҳни хуш ва хело форам ба гӯш мерасанд.
Дар ин хусус Мавлоно чунин мегӯяд:
Самоъ ороми ҷони зиндагон аст,
Касе донад, ки ӯро ҷони ҷон аст.
Маҳз ҳамин фалсафа ва ҷаҳонбинии Мавлоно навиштаҳои ӯ ва хосатан ғазалҳои эшон савтиёти баланди мусиқӣ доранд ва дилхоҳ хонандаро чун оҳанрабо барои як умр ба худ ҷазб ва ошиқ мекунанд. Ғазалиёти Мавлоно доири мавзӯъҳои ишқу ошиқист. Валекин мавзӯъ дар ғазалиёти ӯ ба таври махсус сурат гирифтааст. Ишқи Мавлоно Балхӣ асоси модӣ дошт ва аз моддиёти заминӣ сарчашма мегирифт ва ахиран ин фалсафа инсонро ба само ба офаридгор, ишқи Худованд мепайвандад.
Ҷалолуддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст. Ӯ бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.«Девони Шамс»,«Маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳ», «Маснавии маънавӣ» асарҳои маъруфи эшон ҳастанд.
«Маснавии маънавӣ» бузургтарин асари фалсафии Ҳазрати Мавлоност, ки бештар аз 25 ҳазор байтро дар бар мегирад. «Маснавии Маънавӣ» аз шаш дафтар иборат ҳаст. Азҷумла, Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мӯҳтавои «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом аст.
Панду андарз ташбеҳи одобу ахлоқ, яке аз анъанаҳои хеле қадимӣ дар адабиёти оламшумули мо буда (аслан онҳо сарчашмаи қадимаи пешазисломӣ дорад ва дар адабиёти паҳлавии аз замони Сосониён мерос монда низ чунин ниёишҳои панду ахолқӣ зиёд ба мушоҳида мерасанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).Омӯзиши эҷодиёти яке аз бузургони ин равия Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барои мардуми мо ҳам дар гузашта ва ҳам дар ҷаҳонӣ имрӯза дорои арзиши баландест. Дар ин асос меандешам, ки мавлоношиносӣ бояд дар тамоми макотибҳои кишвар бо пуррагӣ роҳандозӣ карда шавад. Шинохти дурусти Мавлоно ва омӯзиши эҷодиёти эшон моро аз вартаи радикализми динӣ, ифротгароӣ, аъмоли тамоман ғайриинсонии террористӣ, ки муносиби тоҷик билкул нест ва дигар паёмадҳои бад дар шароити ҷаҳонишавӣ берун кашида, боиси пурқувват гаштани андешаи озоди тоҷикона, инсонпарварӣ, азхудкунии пурраи забони модарӣ ва билохира миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот дод ба шинохти шахияти худ, шинохти миллат миллат ва шинохти дурусти воло хоҳад бурд (шарҳи Варқаи Зайниддин).
Бояд гуфт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон дар роҳи шинохти ин орифи бузурги миллатамон гомҳои нахустин ва пурарзишро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт.Номи тоҷикро дар ин асос ба радифи номи Мавлоно дар сатҳи ҷаҳонӣ бурд(дар ҳақиқат то замони пош хӯрдани шӯравии собиқ, камтар касон медонистанд дар доираи ҷаҳонӣ, ки Мавлоно куллан тоҷик ва зодаи сарзамини Тоқикистон аст ва касоне, ки медонистанд дар доираи СССР ба он чандон эътиборе низ намедоданд).
Дар ҳамин давра ҷашни пуршукӯҳи Мавлоно бо қатъномаи ЮНЕСКО бо ташаббуси сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шуд.
Ҳамин давра буд, ки ҳайкали барқади Мавлоно дар шаҳри Бохтар пайдогашт ва комплекси эшон дар ноҳияи ҳамномаш бо номи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ пайдо шуд.
Дар ҳамин давра чопи асарҳои ҷовидонаи Мавлонои бузург дар кишвари соҳибистиқлоли мо шурӯъ шуд, ки дар ин асос сипоси бепоёни худро шахсан ба роҳбари кишварамон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам!
Ҳоло бо гузашти солҳо ёдам меояд, замоне камина дар прокуратураи ноҳияи Колхозобод фаъолият мекардам ва чи гуна ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ оиди риояи иҷрои конунгузориҳо вобаста ба риояи забони давлатӣ дар ноҳияи собиқи Колхозобод сари ин масъала дар пешниҳодҳои прокурорӣ вобаста ба бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта, ки зимни санҷишҳои прокурорӣ ошкор менамудам масъалагузорӣ мекардам. Камина шахсан дар сӯҳбат бо роҳбарони онвақтаи ин ноҳия оиди ба номи Ҳалевард ва ё Ҷалоллидини Балхӣ гузоштани номи ноҳия пешниҳодҳоямро ироа дошта будам.
Он замон аз тарафи устоди азиз, шахсияти бисёр фарҳангии диёр, донандаи хуби адабиёту фарҳангу таърихи тоҷикон, инсони ҳалиму хоксор ва адабиётдӯстдор, раиси ҳамонвақтаи ноҳияи Колхозобод Ҳабибулло Наимович Саъдуллоев, ки бо ҳам чун акка ва додар будем, нисбати камина аз чи бошад, ки меҳри беандозе ҳам дошт, ҳамроҳи раиси дастгоҳи ноҳия, собиқ рӯзноманигори шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шералиев ин пешниҳоди банда сахт дастгирӣ ёфта будам (рӯҳашон шоду хонаи охирати ин дӯстони азизи беҳтар аз ҷонам пурнур бошад), зеро дар ин ноҳия он замон бархе аз қишрҳои ҷомеъа мехостанд ноҳияро ба номи дигар шахсиятҳои замони шӯравӣ, ки шаҳраку ҷамоату кӯчаҳо ба номашон мавҷуд буда, ба ин иқтифо накарда боз мехостанд рӯ ба номгузории ноҳия биёранд ба таку дав оғоз бахшида буданд!
Мавзӯъи инсон, панду ахлоқ, адаб дар эҷодиёти Мавлоно низ дар тарбияи ватандустӣ, ва тарбияи инсон саҳми босазо гузоштааст.
Ӯ яке аз пешгомтарин шахсиятҳои адабӣ на танҳо дар адабиёту фарҳанги порсилисонҳо, балки адабиёти ҷаҳонӣ аст.
Таълимоти ахлоқии Мавлонои Балхӣ сар то сар аз ғояҳои андешаҳои инсондустӣ маъво гирифта, дар он мавзӯъи меҳнати инсон дар роҳи инкишофи рӯҳии худ мақоми хос дорад. Мавлоно кӯшиш ба харҷ додаст, то мақому мартабаи инсонро баланд бардошта, андешаи маънавии вайро чун инсони озоди дур аз кибру ғурур ва бидуни ғояҳои сарбастаи ифротӣ инкишоф диҳад (ин андеша дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ифротишавии ҷаҳони ҳозира барои ҷомеъа ва махсусан ҷавонони мо фикр менамоям, ки айни ҳол бениҳоят зарури зарур аст-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ба қавли Мавлонои бузург инсон бояд пеш аз ҳама худро шиносад, ки ӯ кист? Шинохти худ инсонро ба покӣ ва некандешӣ мебарад ва рози ниҳонӣ- офариниши инсонро аз тарафи холиқи якто мекушояд. Дар урфияти тоҷикон сухане маъруф ҳаст, ки худшиносӣ ин роҳ ба сӯи худошиносист, ин сухан билкул дуруст аст, нашинохтани худ ва арҷ нагузоштан ба вуҷуди худ ва мақсади зистан, шахсро ба бардаи ашхоси фиребгар ва манфиатҷӯ табдил дода, ахиран ба ҷараёнҳои радикалӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки дар паи он имрӯзҳо ҳазорон ҷавонони мусулмон муттаасифона дар асри нанатехнология қурбон мешаванд хоҳанд бурд (ин амалро имрӯзҳо низ дар андешаҳои аблаҳонаи бархе аз ба ном “олимони дин”, ки дар асл билкул саводе надошта, аз ҷоҳиле беш набуда, аз ифтихори тоҷикият дуранду дар такя ба асарҳои динии замоне зери сиёсати бардагароёнаи империядории муғул турк эҷодгашта ба наҳ задани бузургони миллат чун Куруши Кабир, Абӯмуслими Хуросонӣ, Закариёи Розӣ, Ал-Форобӣ, Ҳаким Фиррдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Шайхурраис Ибни Сино, Носири Хусрав, Насирридини Тӯсӣ ва дигар олимони харадгаро озодандеш, ки ифтихори на танҳо мардуми порситабор ва олами ислом, балки ифтихори ҷомеъаи ҷаҳониянду боз бархе аз бесаводакон онҳоро “бузургони замину само” метарошанд метавон дар саҳифаҳои интернетӣ дучор гашт шарҳи Варқаи Зайниддин). Аҷабам меояд,ки ана ҳамин “уламои радикалии бесавод”, ки гарде аз хоки пои ин бузургон шуда наметавонанд, боз аз нанатехнологие,ки дар асоси кору фаъолияти илмию ақлонии ана ҳамин гуна олимон имрӯз ихтироъ гаштаву дар хизмати башарият қарор дорад бе ягон шарм чун минбар истифода бурда истодаанд!
Ба қавли Мавлоно холиқи андешаи худ, худи инсон аст ва ҳар феъле, ки аз ӯ содир мешавад, марбут ба худи ӯст, яъне бо вуҷудоварандаи рафтору кирдору аъмоли хеш худи инсон аст ва дар ҳамин ҷаҳонбинӣ инсон бояд кору пайкор намояд, бофаросат ва боақлу андешаи инсонӣ рафтор намояд.
Тибқи сарчашмаҳои оварда, азҷумла таҳқиқгари беҳамтои муносибати Аҳмад Зоҳир бо эҷодиёти Мавлои Балх, устод Султони Ҳамад, ки дар китоби “Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зохир” (Душанбе-чопи соли 2022) овардааст аз тарафи овозхон то айни замон сурудани 11 шеъри Мавлои Балх муайян карда шудааст, ки онҳоро дар зер меоварем:
1.Ай қавми ба ҳаҷ рафта куҷоед, куҷоед? (Аҳмад Зоҳир)
2.Биёд,биёед,ба майдони харобот (Фазлаҳмади Найнавоз)
3.Биёед, биёед,ки гулзор расида, (Аҳмад Зоҳир)
4.Биравед ай ҳарифон бикашед ёри моро (Аҳмад Зоҳир),
5.Дидам нигори худро мегашт гири хона (оҳанги номаълум)
6.Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест, (Шоҳвали Валии Таронасоз),
7.Ман масту ту девона моро, ки барад хона? (Фазлаҳмади Найнавоз)
8.Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ, (Аҳмад Зохир),
9.Маъшуқа ба сомон шуд, то боз чунин бодо! (Аҳмад Зоҳир),
10.Пӯшида чун ҷон меравӣ, андар миёни ҷони ман, (Аҳмад Зоҳир),
11.Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун (Аҳмад Зоҳир).
Тибқи ҳамин сарчашма аз 11 шеъри муайянгаштае, ки Аҳмад Зоҳир аз Мавлон сурудааст, ба 7 шеъраш шахсан худи овозхон оҳанг бастааст. Аз тарафи оҳангсозони маъруфи Афғонистони асри пор устодон Фазлаҳмади Найнавоз мутаносибан 2 ва Шоҳвалӣ Валии Таронасози Дарвозӣ ба 1 шеъри нобиғаи адабиёти форсӣ оҳанг баста шудааст.
Муаллифи шеъри маъруфи “Дидам нигори худро мегашт гири хона” айни замон номаълум боқӣ мондааст. Ин ғазалҳо аз китоби “Девони Шамси Табрезӣ”-и ҳазрати Мавлоно ҳастанд.Ба қавли ноқилони осори Мавлоно “Девони Шамс” дарёест, оромиши он зебову ҳаяҷони он фитнаангез аст, мисли дарё пур аз каф, пур аз бод аст”(китоби “Бонги Най”). Бояд гуфт,ки ин ашъори дилошӯбест, ки ҳангоми дар маҷлисҳои рақсу самоъ, зери мусиқии ноби дафу наю чангу рубоб дар сӯҳбат бо ошноёни соҳибдил суруда шудаанд, ки онҷо кайфияти ҳолу аҳвол шахсро ба рақси самоъ мебурд.Қудрати баланди каломи Мавлонои Балх зери мусиқии ноб ошноёну муридонро дар маҷлисҳои хоса ба сӯи рақси самоъ, ки чарх задану дастҳоро рӯ ба осмон бурдан мақсади худро дошт ва ихлосе аз олами болоӣ, яъне офардигорро дар худ ниҳон дошт мебурд.
Дар ҳамин маънӣ ҳаводорони овозхон имрӯз, баъди шунидани ин таронаҳо дар иҷрои Алмоси Шарқ ва дар ин замина оҳангҳои бисёр дар сатҳи баланди касбӣ иҷрогашта, вобаста ба оҳанг даровардани ин ашъори ирфонии Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ ба хуби дарк мекунанд, ки чи гуна ин ашъори баланд боз бо дасти оҳангсозони мумтоз ба қавле заргарӣ гаштаву баъдан бо ханҷари довудии гулуӣ овозхони ҳамаи давру замонҳо Аҳмад Зоҳири бузург хонда шудаанд.
Устод Султони Ҳамад вобаста ба пайвастагӣ ва алоқадории Аҳмад Зоҳир бо Мавлоно андешаҳояшро дар ду китобчаи алоҳида чоп кардааст.
Устод ҳамчунин дар китоби худ бо номи “Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ” сареҳан дар бораи муносибати овозхон бо ин шоиру орифи бузурги адабиёту фарҳанги порсӣ, ки то ҳанӯз башариятро шунидани ашъори вологуҳараш яқинан ба ҷунбиш медарорад ишораҳои хуб дорад. Воқеъан бо як эҳсоси баланд ва нозукхаёли ҳатто шунидани ашъори Мавлонро дар иҷрои овозхони маъруфи мо бисёр ба таври табиӣ низ қайд намудааст. Бояд гуфт, ки ин мақола аввалан дар сомонаи радиои ББС ва баъдан дар нашрияи “Нигоҳ” соли 2007 чоп гаштааст. Азҷумла устод дар ин мақолаи мондагори худ ҷое овардааст:
“Ашъори Мавлавӣ як хусусияти ба худ хос дорад, ки ин чизро дар осори шоирони дигар камтар мебинем.
Ҳангоми дар қолаби мусиқӣ садо додани шеърҳои Мавлоно , онҳо на танҳо рӯҳу қалбҳоро такон медиҳанд, балки узвҳои зоҳирии ҷисми инсонро низ қарор намегузоранд.Ҳатман ҳадди ақал як узви бадан вокунише ба ин тарона нишон медиҳад, ки онро худи одам дарк намекунад.Оё сабаби он пеш аз ҳама дар он нест, ки шеър ва ё аниқтараш ғазал дар васфи пайвандии инсон бо офаридгор ва ин ишқ гуфта шудааст ва шеъри осмонӣ дорои ҳамин гуна хусусиятҳост, ин хусусиятҳо маҳз ҳамон вақт бармало мешаванд, ки агар ғазалро овозхони бузурге ҳамчун Аҳмад Зоҳир сарояд.” Дар ин маънӣ донишманди хело сермаҳсули мо устод Ҷамолиддин Саидзода дар мақолае навиштаанд: “Аҳмад Зоҳирро, ки рӯҳе саршор аз ишқу мастӣ шӯру ҷазаба дошта бештар шеъри Мавлавӣ шефтаву сеҳр мекард ва барменагехт...”
Дар ҳақиқат ашъори баландмазмуне, ки Аҳмад Зоҳири хушсадо аз ҳазрати Мавлоно интихобан ҷудо кардаву зери оҳангҳои дилнавози офаридаи худу пирони оҳангсозии Афғонистони асри пор хондааст чунин вижагиҳоро пуррагӣ дар худ доранд (инҷо айнан такрори ҳамон мафҳилҳои зиёда аз 760 сол пеши замони Мавлоно пурра ба хотир меояд-шарҳи Варқаи Зайниддин). Магар шеъри орифонаи “Ман масту ту девона моро, ки барад хона?», зери оҳанги волои Фазлаҳмади Найнавоз хонади Алмоси Шарқро мешавад бе ҳаяҷон ва тағир ёфтани ҳиссиёти рӯҳи гӯш андохт? Ё худ шеъри “Пӯшида чун ҷон меравӣ, андар миёни ҷони ман”-ро, ки худи овозхон ба оҳанг даровардааст ва ё ғазали “Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест”-зери оҳанги мағруби Валии Таронасозро мешавад бе тағири авзо, зери оҳанги басо ҷаззоби офаридаи ҳунарманд то охир гӯш кард? Алббата не!
Ин шеърҳо ва ин оҳангҳои дилошӯб, ки ҳар кадом дар танҳои як рӯди равонро мемонанд бо овози малакутии Аҳмад Зоҳир, ки зоҳиран рӯди саввум овози ӯст як шуда,ба як рӯди азими табиатро такондиҳандае мисли рӯди Панҷ ва ё рӯди Зарафшон табдил меёбанд. Инҷо сӯжаи шеъри бузургу орифонаи адабиёти бузурги классикии порсилисонҳо бо оҳангҳои хело ғайриоддию касбии офаридашуда дар иҷрои Борбади замон, Аҳмад Зоҳир як ҳамоҳангии гӯшношунидеро ба вуҷуд меоранд, ки чунин падида меандешам, ки дар тамадуни ҷаҳонӣ бисёр ками андар кам рух додааст.
Бесабаб нест, ки ана ҳамин тандеми ашъори орифонаи Мавлои Балх ва дигар шоирони бузурги адабиёти порсӣ тамоми башариятро чи Ғарбу чи Шарқро такон медиҳанд.
Агарчанде, ки забонро низ нафаҳманд ба зудӣ эҳсос мекунанд, ки заргаре, зери овози заррин , ашъори басо зарҳалинро хонда истодааст ва бесабаб нест, ки бисёре аз чунин шахсиятҳо аз байни миллатҳои ғайрипорсӣ ва миллатҳои ҳатто ба мардуми иронинажод низ қаробати хешӣ надошта, ба зудӣ дар такопӯи ёфтани фитаҳои Аҳмад Зоҳир ва фаҳмидани ашъорӣ ӯ ва ҳатто баъдан ошиқи шайдои истеъдоди эшон гаштаву ба хотири фаҳмидани мазмуни шеъру оҳангу овози малакутӣ ба омӯзиши забони порсӣ (забони аҳли биҳишт тибқи фармудаи ҳадиси набавии пйғамбари ислом- шарҳи Варқаи Зайниддин) мегарданд, ки чунин мисолҳо зиёданд.
Устод дар ин силсиламақолаи худ оиди “Пайвандии Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ” дар қисми “Тасаввуф паногоҳе аз ноумедиҳо” дуруст қайд менамояд, ки овозхон дар поёни умри кӯтоҳаш ба зарабаҳои сахти тақдир ва равонӣ дучор гаштааст.Дар муддати чор-панҷ соли охир, яъсу ноумедиҳо доиман домангири овозхон будааст ва агарчанде, ки ӯ инро мардонавор дар ҷомеъа нишон надода , зоҳиран худро хушҳол вонамуд менамудааст.Чи тавре, ки овардааст аз як сӯ ҷудоӣ аз оила ва писарчаи дустрӯяш, аз тарафи дигар вафоти модари ба ҷон баробараш ва бо амри ҳукуматдорони сиёҳдил бо ҷурми набуда зиндонӣ гаштанаш, норомиҳои пайваста дар ҷомеъаи онвақтаи Афғонистон, ҳасудиҳои зиёди душманонаш, ки аз обрӯи баланд ва ҳунарии худододии Аҳмад Зоҳир ҳатто бемор мешуданд, табадулоти апрелии соли 1978 дар Афғонистони нисбатан ором, ки аз тарафи “мӯйсафедони хело пиру фартути Политбюрои КМ КПСС” он замон номи дурӯғини “Иқилоби саври Афғонистон”-ро гирифту боиси бесаранҷомиҳои зиёде дар ин кишвари орому осуда, қатлу гуреза гаштани миллионҳо одамони бегуноҳ гашт, гуруҳҳои ҷиноятпешае низ он замонҳо дар Кобул муқобили ин алломаи замон кор мебурданд(ба ёд биёред қотилеро бо номи Орифи ҷудо(дзюдо)-шарҳи Варқаи Зайниддин). Ҳамаи ин амалҳо авзоъи рӯҳии Аҳмад Зоҳирро ба яъсу ноумедиҳои зиёде мебурд.
Меандешам ва мушоҳидаҳои банда вобаста ҳасби ҳолу аҳволи Алмоси Шарқ нишон медиҳанд, ки Аҳмад Зоҳири ноком қатъи назар аз ҷудошавӣ аз завҷаи аввалаш ва боз оиладор шуданаш, ҳамеша дар андешаи ишқи аввалину писараки ба ҷон баробараш буд ва сӯзи ҷудоиро аз таронаҳои дилошӯбу пур аз оҳу сӯзӣ мавсуф метавон дарк кард.
Дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ки ба ишқи замини рӯй меоварад бе ягон шаку шубҳа аз аввал то охир мухотаби ин овозхони маъруфи ишқи иллоҳӣ пеш аз ҳама ҳамсари аввалинаш ҳаст на каси дигар. Аминам, ки ин ишқу ормонро Аҳмад Зоҳир ахиран ба гӯр бурд.
Замони шӯравӣ, ки бо ашъори шоирони классики худ камтар ошноӣ доштему камтар мефаҳмидем ашъори бузургонеро чун ашъори вологуҳари устод Лоҳутии бузург, аз ҳар шеъри эшон “эҳсоси инқилоб” дар машом эҳсос мекардем, лекин воқеъият ин аст, ки ашъори аслии Лоҳутӣ, ашъори дигару дигар буду, саропо аслан аз ватанпарастӣ ва фироқу дурӣ аз ватани зери зулми сулолаи туркони қочорӣ ва империалистони амрикоӣ қарор дошта буд.
Бисёр вақт ба худованд низ рӯ меовард ва дар ашъори Лоҳутии бузург таъсири Мавлонои Балхӣ хело равшан ба назар мерасад, на чизи дигар!
Дар ҳамин маънӣ низ хонандаи замони шӯравӣ фирефтаи “ошиқиҳои зиёди овозхон ва маъшуқаҳои зиёди мавсуф мешуд”, имрӯз аён шуда, ки билкул ҳақиқат ин тавр набудааст. Аҳмад Зоҳир на “ошиқи пайвастаи маъшуқаҳои зиёд ва нашъаманду фарди беинтизому бенизом” ва овозхони инқилобӣ (чи тавре, ки замони шуравӣ мардумро гӯл мезаданд) балки овозхони сӯфимашраб, самимӣ, дилсоф, меҳанпараст ва ҳамнаво бо қишри озодихоҳи Афғонистон будааст на чизи дигар).
Дар ин асос беҳтарин ашъори хондаи Аҳмад Зоҳир бешак ин аз ашъори шоирони орифи мо, азҷумла ашъори малакутии Мавлонои Балхӣ ҳастанд, ки онҳо тавъаманд бо озодандешӣ, худшиносӣ ва худошиносӣ, одобу ахлоқ, накӯкорӣ, ваҳдати миллату адёнҳои гуногун ва ишқи худованди пок ҳастанд на чизи дигар.Замони мактаббача буданам ба ёдам меояд,ки мисраъҳои зер:
“Бишнав аз най чун ҳикоят мекунам,
В- аз ҷудоиҳо шикоят мекунамро”- ро дар хона қироат мекардам ва худораҳматии бобоям онро аз забони ман шунида маънӣ пурсид.Камина бо як ғурури мандонами наврасӣ он замон 14 сола оиди ишқу ошиқӣ ибрози ақида намудам.
Бобоям каме хандиду баъдан қариб ду соат оиди Мавлои Балх ва ашъори малакутии эшон бароям дарси мондагоре дод.Мисраъҳои зиёдеро шарҳу тавзеҳ дод, ки ин маънидодкунӣ барои ман, мактаббачаи шӯравӣ тамоман ҷаҳони рози пинҳонии дигареро кушоданд, ки барои мани чаҳордаҳсола билкул он замон ноошно буд. Эҳсос намудам, ки ба мо мактаббачагон “суф” мефурӯхтаанд ва “Юсуф” бошад ҳанӯз дар бозор аст!
Дар ҳамин асос, чи тавре ки дар навиштаҳои устод Султони Ҳамад омадааст ва дар ин хусус камина дар бархе аз мақолаҳои дигарам оиди Аҳмад Зоҳир ишораҳо дорам, ба гуфти устод Ҷӯрабек Назрӣ, ашъори Мавлонои Балху устод Лоҳутӣ ва боз чанде аз шоирони маъруфи сӯфимашраби мо ба гуфти Аҳмад Зоҳири ноком ҳасбиёти дили пурдарду захмини овозхон будаанд ва ҳаққо, ки ҳамин тавр низ аст.
Бояд гуфт, ки каломи ноби сӯфиёнае, ки овозхон аз Мавлоно мехонд он замон ҷамъияти дарвешони Кобулро бо номи Чиштиён ахиран мафтуни худ кард ва онҳо дар мафҳил худ сабтҳои овозхонро бо оҳангу ғазалҳои Мавлоно шунида мисли муридони Мавлоно ба рақси самоъ мерафтанд ва мисли ошиқони худованд, бо ин рақсҳо пайвандии худро бо худованд тариқи ғазалҳои орифонаи Мавлоно, оҳанги дилнавоз ва садои хуши Аҳмад Зоҳир дармеёфтанд.Дар ин хусус сареҳан устод Султони Ҳамад дар навиштаҳояш нигоштааст ва оиди вохӯрии ҳунарманд бо яке аз намояндагони тариқати чиштия бо номи Маланг, ки ҳаводори истеъдоди Аҳмад Зоҳир будааст сухан намудааст. Устод иброз медорад, ки дар он замони нокомӣ ва яъсу ноумедиҳо ва душманони зиёде, ки Аҳмад Зоҳир дошт шиносоӣ бо ин тариқат ва вохӯриҳои эшон бо намояндагони ин тариқат ва хосатан Маланг ӯро хушҳол менамуд. Бояд гуфт, ки таблзани маъруф устод Муҳмаад Осифи Чиштӣ баъдан ҳама вақт бо Аҳмад Зоҳир дар маҳфилҳояш иштирок мекард.
Мепиндорам, ин табиист ва аз хӯи инсонӣ бетарбия ва ҳасуду сарватпараст, ки ба маънии таваллуди инсон, мақсади зиндагӣ ва фаъолият дар ҷаҳони дурӯза, ахолқу адабу накуӣ сарфаҳм намеравад ва аз ашъори шоирони орифи мо мисли Мавлои Балх билкул сатреро намефаҳмад сарчашма мегирад, фарсахҳо аз инсоншиносиву инсондӯстиву ваҳадату арҷгузорӣ ба инсону моҳияти дин, тибқи ғояҳои Мавлони бузург дур аст. Хоҳ нохоҳ бо истеъдоди худодоӣ нафари дигаре ба зудиҳои зуд дари рашку ҳасаду нотавонбиниро мекушояд. Ин андеша аз қалби сиёҳи аҳримании чунин ашхос чи мансабдору чи бемансаб сарчашма мегиранд (воқеъан агар ба ном эшону муллову шайху мавлавиҳову мавлудхонону боз ким кадом балогардонҳои гӯё сӯфимашраби мардуми тоҷик, ки солҳои 90-уми асри пор дар майдонҳо аз худ сахт донотарошӣ мекарданд (меандешам, ки аз чормағзи пӯк болотар чизеро намедонистанд) ба ашъори Мавлавӣ дар соли 1992 каме фаротар сарфаҳм мерафтанд, фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ ягон қувва, давлату миллати дигар моро ба вартаи халокат кашида наметавонист, лекин чи кунем, ки аз мост, ки бар мост- шарҳи Варқаи Зайниддин).
Беҳуд Мавлонои бузург нисбати адабу андешаи нек нафармудааст:
Аз адаб пурнур гаштааст ин фалак,
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.
Ана ҳамин беандешагони рӯзгори Аҳмад Зоҳир баъдан фоҷиаи мудҳиштаринеро ба сари ин нобиғаи тамоми асру замонҳо оварданд ва бо ҷаҳолату андешаи иблисонаи худ ахиран Аҳмад Зоҳири нотакрорро санаи 14-уми июни соли 1979 ба таври фоҷиавӣ дар баҳори 33-юми ҳаёташ ба қатл расонидаанд.
Бояд гуфт, қисмати зиёди ин ноқисулақлон, баъдан ба зуди сари худ зуд мисли гирдоб хӯрданд ва куштори Ҳафизулло Амину писарчаи ноболиғаш дар равоқи таърих, ки дар охири моҳи декабри соли 1979 рух дод ва баъдан қатли роҳбари ХАД-и ҶДА (Ҷумҳурии демократии Афғонистон) Асадулло Амин, ки КГБ-и шӯравӣ он шахсро бо ду дасти адаб аз зиндони Маскав СОЛИ 1980 ба роҳбарони вақти ҶДА дод ва бо як хории зорӣ қатлро нисбаташ анҷом доданд ба ҳама маълум ҳаст, ки ин мавзӯъ сазовори мақолаи дигар хоҳад буд.
Агар ҳамин ноқисулақлон каме андеша медоштанд ва аз сарчашмаи эҷодиёти инсонпарваронаи Мавлонои Балхӣ заррае огоҳӣ медоштанд, меандешам, ки хӯю хислати худро билкул дигар мекарданд ва ин амали ноҷавонмардона ва сагонаи худро анҷом намедодан. Барои ҳазорсолаҳо рӯсиёҳи ҳарду оламу нафрини миллионҳо инсонҳои таваллудгаштаву таваллудшаванда қарор намегирифтанд (бисёре аз шахсиятҳоеро аз ҷабҳаҳои даргир медонам,ки баъди воқеъаҳои нангини ҷанги таҳмилии тоҷиккушӣ солҳои 90-уми асри пор аз карда пушаймону бо дарки каме ҳам бошад эҷодиёти ирфонии Мавлонои Балх хӯю андеша, рӯҳия ва рафтори онҳо 360 дараҷа дигар гаштаву инсондӯст, худшиносу меҳанпарасту накӯкирдор гаштаанд ва аз андешаҳои ҷоҳилона дур гаштанд -шарҳи Варқаи Зайниддин).
Устоди зиндаёд Султони Ҳамад оиди майли табақаи чиштиёни Афғонистон ба хотири дар оянда ба вуҷуд овардани қаваллихонони маъруф мисли Пир Иноятхон аз тариқати сӯфиёни Ҳиндустон ва ё Нусрат Алихони машҳури Покистон, ки интихобашонро дар симои Аҳмад Зоҳир медидаанд баён доштааст. Шояд ин андешаҳои устод то андозае дуруст низ бошанд, зеро чиштиёни Афғонистон,низ зери садои оҳангу овози Аҳмад Зоҳир ба рақси самоъ мерафтаанд.
Дар ин андеша бояд гуфт, ки рӯзи ҷанозаи Аҳмад Зоҳир табақаи чиштиён низ зери оҳангҳои Аҳмад Зоҳир ва хонданаш аз ашъори Мавлои Балх ҷанозаи овозхонро то сари гӯри ҳунарманди ҷавонмарг бо рақси самоъ ҳамроҳи намудаанд,ки ин рӯйдоди аввалину охирин дар таърихи Афғонистони муосир аст.
Баъдан табақаи чиштиёни Кобул вобаста ба марги ҷонсӯзи Аҳмад Зоҳир марсияҳои зиёде навишаву навҳасароӣ намудаанд.
Чунончӣ:
Мутрибон зору хароб уфтодаанд,
Чиштиён дар изтироб уфтодаанд.
...........
Ай вафодори ҷаҳони ишқу роз,
Ай навопарда булбул, нағмасоз,
Рафт дил аз синаам бо рафтанат,
Сар фидои ҷойгоҳи хуфтанат!
Меандешам, ки муносибати гарм ва самимию дили поки устод Аҳмад Зоҳир он давраи танҳоиву яъсу ноумедиҳо бо чиштиёни муносибаташон чун сӯфиёни инсонгаро ва некандешу самимӣ ва дарвешсимои оддӣ , ки сароғози онҳо аслан аз сӯфие чун Мавлоно ва мактабу ғояҳои пешқадами инсондӯстии эшон манша гирифтаанд пурра ва наздикии том дошт. Инҷо каминаи камтарин шубҳае низ надорам!
Табақаи чиштиёни Кобул баъдан ҳама сола санаи 14-уми июн, рӯзи таваллуд ва марги овозхон бо асбобҳои мусиқӣ дар сар марқади Аҳмад Зоҳир урс (ёдбуд)-и эшонро бо садои мусиқӣ ва овозхонӣ аз субҳи содиқ то шом давом медоданд.
Бо дили пур метавонам гуфт, ки устод Аҳмад Зоҳир бо таронаҳои орифонаи оҳангбастааш ва хондааш, беҳтарин шогирди мактаби орифонаю суфиёнаи Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ дар бештар аз 760 соли охир дар ҷаҳон бо забони модарии Мавлоност!
Бояд гуфт, ки Пир Вилоят Иноятхон (1916- 2004), олим,омӯзгор,пири рӯҳонӣ ва философ, яке аз симоҳои барҷастаи тариқати суфиёни Ҳиндустон буда, ба ин тариқат, ки падараш ҳазрати Иноят Хон асос гузоштаву бо тариқатҳои Чиштия, Нақшбандӣ, Қодирия ва Сӯҳравардӣ ҳамнаво буд, солҳои дароз роҳбарӣ намуда буд. Нақши ин шахсияти бузург ва падараш дар олами мусулмонҳои Ҳиндустон нақши калидӣ дорад. Дар таълимоти онҳо, ки ба ғайр аз таълимоти аълои олӣ (масалан, Пир Вилоят Иноят Хон дар замонаш Донишгоҳи маъруфи Оксфорди Англияро хатм намудааст) ҳамчунин ҳам падар ва ҳам писар маълумоти баланди мусиқӣ доштанд, ишқи худованд ва мусиқиро бо ҳам тавъаманданд намуда буданд. Худ оҳанг низ меофариданд ва хонандаи мумтоз низ буданд ва дар роҳи анҷоми нақшаҳои тариқати худ аз садои рӯҳнавози мусиқӣ ба хотири ба ҳам овардани адёнҳои гуногуни Ҳиндустон ва ваҳдати миллии сартосарии малакат мисли ҳиндуҳо, сикхҳо, мусулмонон ва дигарон хизмати зиёдеро ба ҷой овардаанд.
Нусрат Фотеҳ Алӣ Хон (1948 - 1997) бузургтарин овозхони Покистон аст, ки асосан дар намуди сози мусиқии сӯфиёна дар намуди қавволӣ ,аз ашъори суфиёна суруд мехонд. Ин шахсият бисёр маъруф ҳаст ва аз лиҳози эҷодӣ 125 албоми созҳои мусиқиро аз худ ба ёдгор гузошта, ба Китоби рекордҳои Гинесс дохил гаштааст.Эшон тахаллуси “Шоҳаншои қаввалихониро” ба худ мӯҳр зада буд.
Бояд гуфт, ки авлодони ин оҳангсоз ва овозхони маъруф зиёда аз 600 сол боз дар нимҷазираи Ҳиндустон машғули қаволлихонӣ ҳастанд. Ишора менамоям, ки 700 сол боз ин ҷониб анъанаи қаваллихонӣ дар Ҳинду Покистон маълуму устувор ҳаст. Дар оммавигардонии ин намуди сурудхонӣ нақши намояндагони тариқати Чиштия бисёр бузург аст. Бояд гуфт, ки аслан асосгузори тариқаи чиштя ин Абу Исҳоқи суриёнист, ки онро дар асри Х дар шаҳри Чишти Афғонистони имрӯза асост гузоштааст. Ин тарқат рушд ёфта баъдан ба нимҷазираи Ҳиндустон низ паҳн гаштааст. Яке аз сӯфиёни намоёни ин силсила , ки дар Сиистон зода шудааст, хоҷа Муиннидин Ҳасани Чиштӣ (1142-1236), баъди саёҳати Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ дар Аҷмир зиндагиро ихтиёр ва ғояҳои ин тариқатро дар ниҷазираи Ҳиндустон паҳн намудааст. Аввалан ин намуди сурудро сари мазори шайхони бузурги тариқати суфия ва дигар табақаи рӯҳониёни бузург мехонданд, ки онро урс (рӯзи ёдкард) меномиданд (чуноне, ки шогирдони Бедил тибқи навиштаи муҳаққиқи номвар Бобобек Раҳимӣ дар асари “Зиндагиномаи Бедил” (чопи Душане 2017) нигоштааст урси Абулқодири Бедилро дар сари оромгоҳаш, ҳар сол рӯзи вафоташ бо хондани куллиёти шоир анҷом медоданд дар шакли қироати шеъри ин шоири бузург бе садои мусиқӣ). Ё худ санаи 17-уми декабр ҳама сола урси Мавлоно дар сари марқадаш дар Қуния аз ҷониби ашхоси тариқати мавлавия бо шеъру суруду рақси самоъ таҷлил мегардад.
Ба шарофати Нусрат Фотеҳ Алӣ Хон ин жанри мусиқӣ дар тамоми ҷаҳон машҳур гашт. Истеъдоди ин ҳунарманди аз тариқати сӯфиён он гуна боло рафта буд, ки баъди шунидани садову оҳанги ҳунари эшон садҳо нафар намояндагони динҳои дигар калимаи шаҳодатро арза карда мусулмон шудаанд (ана ҳамин ҷо хонандагони азиз андеша кунед, ки бархе аз ба ном “рӯҳониёни бесаводаки порсизабон” азҷумла аз байни тоҷикон чи гуна тариқи сомонаҳои интернетӣ дар муқобили созу навои мусиқӣ аз ҳисоби ҷаҳли мураакаби хеш садо баланд мекунанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Меандешам, ки қаволлихонӣ ва иҷрои он аз тарафи сӯфиёни Ҳинду Покистон, ки таърихи 700 сола дорад бо рақсу самоъ ва таронахонии суфиёнаи Мавлонои Балхӣ ва муридони он наздикии зиёде дорад ва шояд таъсирро аз ашъори ирфонӣ ва сисилаи мавлавияи пайравони Мавлонои Балх низ зиёд гирифта бошанд?
Чун забони давлатӣ ва гуфтугузори нимҷазираи Антолия ва инчунин забони давлатии нимҷазираи Ҳиндустон он замон порсӣ буд.
Пешгомони тариқати суфия асосан орифону шоирони ирфонии порситабор будаанд Мисоли барҷастааш боз ҳамон шоири маъруфи порситабори Ҳиндустон Амир Хусрави Деҳлавӣ, яке аз саромадони қаваллихонӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон аст, ки сатрҳои ҷудогонаи ашъори эшон то ҳанӯз аз қониби қаваллихонони Ҳинду Покистон бо забони порсӣ сароида мешаванд!
Бояд гуфт, ки қаввалихонӣ ҳамзамон то имрӯз дар ин кишварҳо дар қатори забонҳои урду, панҷобӣ,гуҷаротӣ, синдӣ ҳамчунин бо забони ноби порсӣ мисли 700 сол пеш анҷом дода мешавад!
Қаваллихонӣ чанд зинаро дар бар мегирад, азҷумла аввалан сурудаҳо оиди ҳамду ситоиши офаридгор, баъдан наҳтхонӣ -муроҷиат ба ҳазрати Муҳаммад, баъдан васфи ҳазрати Алӣ, хондани ғазалҳои лирикӣ бо порсӣ ва урду, коффӣ- жанри суруди лирикӣ бо забони панҷобӣ,вайҳӣ жанри таронаи лирикӣ бо забони синдӣ.
Ин буд чанд аншеда хонандаи азиз оиди ҳамоҳангии ашъори орифонаи Мавлои Балх бо овохони маъруфи ҳамаи давру замонҳо Аҳмад Зоҳири бузург.Аз забони хуши ҳазрати Мавлоно дар ин баҳори хушпай ин мисраъҳо ба ёдам омаданд:
Кадом дона фурӯ рафт бар замин, ки наруст,
Чаро ба донаи инсон ин гумон бошад?
Оре, шоири бузургу орифи мо саҳеҳан дуруст қайд намудааст,инсон баъди марг мисли донаҳои кишташуда аз хок сар берун ҳоҳад кард.
Мисоли барҷасастааш ин ҷаҳонгир шудани номи Мавлоно ва Алмоси Шарқ Аҳмад Зоҳир аст, ки онҳо ҳама вақт ҳамроҳи ҷаҳониёни ҳамаи давру замонҳо боқӣ хоҳанд монд.
Ёдашон гиромӣ бод ва хонаи охираташон пурнур.
Омин!
Варқаи Зайниддин