“Аҳмад Зоҳир ва Баҳодури Ягона”
Баҳодури Ягона шоир,овозхон ва гуфтан мумкин аст, ки ҳуқуқшиноси варзидае низ будааст. Ин шахсият дар мусиқии анъанавии кишвари Ирон, эҷоди тарона ва ба оҳанг даровардани онҳо дар рушди фарҳанги Эрон нақши монадагореро аз худ ба ёдгор гузоштааст. Мавсуф соли 1922 дар шаҳри Қазвини Ирон таваллуд гаштааст.
Таснифҳои хотираангез ва зебои «Расвои замона» ва «Рози дил» аз ҷумла шоҳкорҳои таронасароии ӯст, ки хонандагони бисёре токунун аз он илҳом гирифтаанд. Эшон дар хатми мактаби миёна, ба ришати ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон дохил ва онро хам мекунад.
Азбаски ў ба адабиёт аз замони навҷавони алоқамандии зиёде дошт ба ин бахш низ сару кор гирифт ва то гирифтани унвони докторӣ дар ин соҳа пешравӣ кард. Ягона дар остони Форс муддате машғул ба хидмат гашт. Баъдан аз Шерозба Теҳрон меравад. Онҷо фаъолияташ бо таронасароӣ ва ҳамкории Шӯрои мусиқии родию ва барномаи родиюии «Гулҳо» идома меёбад. Ин фаъолият то поёни давраи сарнагун гаштани режими Паҳлавӣ дар соли 1979 давом намудааст.
Филми «Духтари фолгир» ба коргардони Сирус Ҷарроҳзода ва бо бозиии Сирус Шондирмунӣ, бо филмноманависии Баҳодури Ягона буд, ки дар соли 1971 нотамом монд ва ҳаргиз пахш нашуд. Устод Баҳодури Ягона соли 1984 дар 62 солагӣ дар Теҳрон дида аз ҷаҳон фурӯ баст.
Аксар таронаҳои Баҳодури Ягона машҳур ва хос ҳастанд ва ҷузви осори мондагор ва бартари мусиқии килоссики Эрон ба шумор меоянд, ки тавассути хонандагони саршиноси он даврон бо оҳангсозии Ҳумоюни Хуррам, Анушервон Рӯҳонӣ, Атоуллоҳи Хуррам, Асадуллоҳи Малик, Ҷавод Лашкарӣ, Аҳмад Зоҳир ва дигарон иҷро шуданд.
Таснифи «Расвои замона» яке аз маъруфтарин таронаҳои вай мебошад, ки Илоҳабо иҷрои он ба родию роҳ ёфт ва боиси машҳур шудани ин хонанда ва таронасароии он гардид.
Ин тарона то кунун тавассути хонандагони дигар чун Марзия, Ҳоида, Маҳастӣ, Шакило, Ҷаҳон, Муҳаммадризо Шаҷариён, Бобаки Родманиш ва дигарон суруда шудааст.
Дар соли 1392 Алиризо Қурбонӣ дар албоме бо номи «Расвои замона» иҷрое ба ёдмондании дигар аз ин таснифи зебо мунташир кард.
Матни таснифи «Рози дил», ки дар дастгоҳи Ҳумоюн, бо оҳангсозии Ҳумоюни Хуррам навохта шуд ва аввалин бор тавассути Илоҳа иҷро гардид ва сипас бо садои Ҳоида ва ҳамчунин Алиризо Қурбонӣ бозхонӣ шудааст. Шеърҳое чун «Эрони ман», «Ҷаҳони гузарон», «Лолаву гул», «Мавҷи оташ», «Ҷудоӣ», «Сароб», ва ғайра аз дигар осори мондагори Баҳодури Ягона ҳастанд, ки тавассути Илоҳа, Маҳастӣ, Шаҳлои Саршор, Парвин, Насрин, Эраҷ ва дигарон иҷро шудаанд.
Аҳмад Зоҳир аз ин шоири маъруф 3 шеърро хондааст.
Сарчашмаи охирини эътимодбахши дар дасти мо мавҷуд буда, китоби охирини устоди зиндаёд Султони Ҳамад, бо номи “Таронаҳои ҷовидони Аҳмад Зоҳир”,ки соли 2022 интишор ёфтааст маҳсуб меёбад.
Тибқи маълумоти дар ин китоб омада Аҳмад Зоҳир аз ин шоир маъруф 3 шеър хондааст, ки онҳоро дар зер меоварем:
1.Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст (оҳанги А.Зоҳир ).
2.Харобам зи мастӣ, харобам, Худоё(оҳанги А.Зоҳир).
3.Имшаб аз бода харобам куну бигзор бигирям (оҳанги В.Таронасоз).
Чи тавре, ки дар ин китоб ва навиштаҳои устод Муҳаммад Сипос омадааст айни замон 3 шеъри ин шоири маъруфи Ирон маълум карда шудааст.
Ба ду шеъри дар аввали рӯйхат овардашуда шахсан Аҳмад Зоҳир оҳанг эҷоднамуда сурудааст.
Муаллифи оҳанги шеъри савум “Имшаб аз бода харобам куну бигзор бигирям” устод Шовалалӣ Валии Таронасоз аст.
Устод Баҳодури Ягона соли 1984 дар 62 солагӣ дар Теҳрон дида аз ҷаҳон фурӯ баст.
Ёдаш гиромӣ боду хонаи охираташ обод!
Варқаи Зайниддин, узви ИЖ ҶТ,Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ
















