18:21:28 30-уми Апрели 2026 сол

“Аҳмад Зоҳир ва Табиби Исфаҳонӣ”

Табиби Исфаҳонӣ таваллудгаштаи яке аз воҳаҳои Исфаҳон аст. Ниёгонаш дар рӯзгор шоҳ Аббоси аввали Сафавӣ аз Ҷаҳрумба Исфаҳон кӯчиданд ва дар он шаҳр зиндагӣ ихтиёр намудаанд.

ahmad zahir isfahani 6565542121Падараш мирзо Муҳаммадраҳим Табиби Исфаҳонӣ ҳакимбошии шоҳ Султон Ҳусайни Сафавӣ буд ва худи ӯ низ табиб ва надими Нодиршоҳи Афшор. Баъд аз Нодиршоҳ, раиси Исфаҳон шуд ва пас аз чанде ин корро ба бародараш мирзо Абдулваҳоб вогузошт ва худ бо шоирон ва адибони Исфаҳон, Ҳотиф, Ошиқ, Озар, Муштоқ ва Саҳбо ба сўҳбат ва ҳамнишинӣ машѓулӣ меварзад. Аз  шоиронисабки бозгашти Эрон аст.

Соли таваллудаш аниқан маълум нест.Шоири асри ХУ111 аст. Шоир Табиби Исфаҳонӣ соли 1857 вафот карда, дар Исфаҳон нашъи эшон ба хок супорида шудааст.

Ғазал дар ашъори Табиби Исфаҳонӣ нақши намоён дорад ва дар гуфтани ѓазалҳои баланд низ хело дасти тавоно доштааст. Аз осори вай: «Девон»-и шеър, иборат аз қасоид, ғазалиёт, қитаъоту рубоиёт ва маснавии «Маҳмуд ва Аёз» дар ҳудуди 3000 байт то замони мо омада расидааст.

Намунаи ашъор:

Ғамаш дар ниҳонхонаи дил нишинад,
Ба нозе, ки Лайло ба маҳмил нишинад.
Маранҷон диламро, ки ин мурғи ваҳшӣ,
Зи боме, ки бархост, мушкил нишинад.
Халад гар ба по хоре осон барорам,
Чӣ созам ба хоре, ки дар дил нишинад?
Ба дунболи маҳмил чунон зор гирям,
Ки аз гиряам ноқа дар гил нишинад.
Пайи ноқааш рафтам оҳиста, тарсам
Ғуборе ба домони маҳмил нишинад.
Ба дунболи маҳмил сабуктар қадам зан,
Мабодо ғуборе ба маҳмил нишинад.
Аҷаб нест хандад агар гил ба сарве,
Ки дар ин чаман, пой дар гил нишинад,
Бинозам ба базми муҳаббат, ки он ҷо
Гадое ба шоҳе муқобил нишинад
Табиб аз талаб дар ду гетӣ маёсо,
Касе чун миёни ду манзил нишинад?

Ин шеъри бисёр маъруф аз тарафи Алмоси Шарқ Аҳмад Зоҳир бо як сабки ниҳоят зебое сароида мешаванд.                

Аҳмад Зоҳир аз ин шоири маъруф 3 шеърро хондааст.

Сарчашмаи охирини эътимодбахши дар дасти мо мављуд буда, китоби охирини устоди зиндаёд Султони Ҳамад, бо номи “Таронаҳои ҷовидони Аҳмад Зоҳир”,ки соли 2022 интишор ёфтааст маҳсуб меёбад.

Тибқи маълумоти дар ин китоб ва ҳамчунин навиштаҳои устод Муҳаммад Сипос Аҳмад Зоҳир аз ин шоири маъруф 4 шеър хондааст, ки онҳоро дар зер меоварем:

1.Маранҷон диламро,ки ин мурғи ваҳшӣ (оҳанги А.Зоҳир ).

2.Ман нестам чун дигарон, бозичаи бозингарон (оҳанги А.Зоҳир).

3.Магар Худо зи рақибон туро ҷудо бикунад(оҳанги А.Зоҳир).

4. Сахиҷон меравӣ моро дуо кун (оҳанги номаълум).

Аҳмад Зоҳир аз шеъри “Ман нестам чун дигарон, бозичаи бозингарон” танҳо ин байтро хондааст ва он шояд шаҳдрез бошад (оҳанги А.Зоҳир).

Ба се шеъри дар аввали рӯйхат овардашуда шахсан Аҳмад Зоҳир оҳанг баставу сурудааст. Муаллифи оҳанги шеъри чаҳорум “Сахиҷон меравӣ моро дуо кун” айни замон муайян карда нашудааст.

Шояд овозхон шеърҳои дигареро низ аз эљоди ин шоири ѓазалсаро хонда бошад ва хосатан дар маҳфили дўстон, ки одатан мухлисони созу овози Аҳмад Зоҳир он замонҳо одатан бисёр вақт суруди овозхонро тариқи магнитофон сабт мекарданд ва инро оянда вақт муайян хоҳад кард.

Варқаи Зайниддин, узви ИЖ ҶТ,Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ