17:50:54 01-уми Майи 2026 сол

Ҳаёт ва фоҷеаи Алмоси Шарқ

(Бо истинод ба китоби «Султони қалбҳо», Душанбе, 2012, саҳ. 3-7, 28-33, 44-46, 66-73)

Марде, ки бо садояш ҷаҳонро тасхир кард

ahmad zahir 1 6545542454545Аҳмад Зоҳир 33 сол умр дид. Дар ин муддат беш аз 600 суруд офарид, 7 сол пай дар пай «Беҳтарин овозхони сол» дар Афғонистон шуд, ӯро дар Эрон «Алмоси Шарқ» номиданд ва то имрӯз дар саросари ҷаҳони форсизабон садояш ҳамчун рамзи ишқу дилтангӣ зинда аст.

Аз оилаи сарвазир то саҳнаи ҳунар. Аҳмад Зоҳир 14 июни соли 1946 дар Кобул чашм ба дунё кушод. Падараш доктор Абдузоҳир сарвазири Афғонистон дар замони шоҳ Муҳаммад Зоҳиршоҳ буд (саҳ. 28-29). Оилаи сарватманд, аммо дӯстдори фарҳанг ва ҳунар. Аз хурдсолӣ Аҳмад Зоҳир ба аккордеон шавқ дошт. Падараш, ки дар Амрико таҳсил карда буд, на танҳо монеъ намешуд, балки мегуфт: «Агар мардумро дилгарм карда метавонӣ, бихон» (саҳ. 30).

Дар литсейи "Ҳабибия" ӯро «Булбули Ҳабибия» лақаб доданд. Аввалин сурудаш – «Ай булбули шӯрида» дар синни 15-солагӣ, соли 1964 аввалин консерташ дар толори «Кобул Нандорӣ» баргузор шуд (саҳ. 32).

Се издивоҷ ва се дард. Аҳмад Зоҳир се маротиба оиладор шуд:Ноҷия – ишқи аввалинаш. Аз ин издивоҷ соли 1970 писари ӯ Ришод ба дунё омад. Вале рашк ва фишорҳои берунӣ боиси ҷудоӣ шуданд. Таронаҳои «Бевафо ёрам» ва «Аввалин ишқам ту будӣ» дар ҳамин давра эҷод шуданд (саҳ. 39-42).

Холида – издивоҷи маҷбурӣ. Падари Холида шахси мансабдор буд ва Аҳмад Зоҳирро маҷбур кард, ки ӯро ба занӣ бигирад. Баъдтар Холида кушта шуд ва Аҳмад Зоҳирро бегуноҳ ба ин ҷиноят айбдор карданд. Шаш моҳ дар зиндон буд (саҳ. 44-46).

Фахрия – зани сеюм ва охирин. Аз ин издивоҷ духтараш Шабнам таваллуд шуд, ки дар ҳамон рӯзи марги Аҳмад Зоҳир – 14 июни 1979 ба дунё омад (саҳ. 67).

Солҳои тиллоӣ ва дардҳои пинҳонӣ. Солҳои 1972 то 1979 ӯ ҳар сол беҳтарин овозхони сол дониста мешуд. Консертҳояш дар Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот ҳазорҳо мухлис ҷамъ мекард. Вале дар паси ин шуҳрат дардҳое буданд, ки то охири умр ӯро таъқиб мекарданд: ҷудоӣ аз Ноҷия, марги модар, зиндонҳои бегуноҳӣ, таҳдидҳои сиёсӣ.

Дар сурудҳояш хеле зиёд номи Худоро меорад: «Худо бувад ҳамроҳет, Қуръон пушту паноҳет». Дар беш аз 150 таронааш ӯ аз Худо ёд кардааст (саҳ. 30-31).

Куштори Соланг – чаро ва кӣ? Самади Дор-Дор, дӯсти наздикаш, дар мусоҳиба гуфтааст: «Аҳмад Зоҳирро ба ҳамроҳии бо Маҳбубуллоҳ (додарарӯси бародараш) ва ду духтар ба дараи Соланг равона карданд. Дар роҳ мошини онҳоро як мошини дигар роҳбандӣ мекунад. Аҳмад Зоҳирро берун даъват мекунанд, пас тир ба пешонааш мезананд» (саҳ. 55, 68-73). Баъдтар ин воқеаро ҳамчун садамаи автомобилӣ пешниҳод карданд – дурӯғи маҳз.

Аҳмад Зоҳир фарзанди сарвазир буд, аммо ҳунар ӯро аз дастгоҳи қудрат дур кард. Ӯ ошиқ буд, вале бевафоӣ дид. Ӯ шинохта шуд, вале ба қатл расид. Осори ӯст, ки ҷовидон монд – «На мову на манҳо, бимонад суханҳо».

Субҳиддини Султон, “Рӯзгор” 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ