17:30:30 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

ҶӮРАБЕК МУРОДОВ: ЁДЕ АЗ АҲМАД ЗОҲИР


Аз овозхонҳои шинохтаи  тоҷик танҳо ду нафар ифтихори дар   сӯҳбати Аҳмад Зоҳир буданро доранд. Ҳарду ҳам Ҷӯрабек ном доранд. Яке Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов ва дигаре ҳунарманду олими маъруфи адабиётшинос ва шарқшинос устод Ҷӯрабек Назриев мебошанд. Нахуст меравем ба сӯҳбати устод Ҷӯрабек Муродов ва аз ӯ мепурсем, ки ин ҳодисаи фаромӯшношуданӣ чӣ гуна иттифоқ уфтод. Вале аввал чанд суханеро дар муаррифии худи устод Ҷӯрабек Муродов  аз Донишнома (Энсиклопедия)-и фарҳанг ва адаби тоҷик меорем.

 Муаррифинома

Муродов Ҷўрабек 24 декабри соли  1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Овозхон, мутриб ва  оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ (1979). Соли 1962 Институти давлатии  омўзгории шаҳри  Ленинобод (Хуҷанди имрўза)-ро хатм кардааст. Аз соли 1963  солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон. 

 Ҷӯрабек Муродов ҳунари мутрибӣ ва  овозхониро дар овони хурдсолӣ аз  волидайн  ва бародараш, баъдтар аз мероси ғании овозхонҳои машҳури кишвар Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷўраев ва Боймуҳаммад Ниёзов баҳра бурдааст.  Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки ҳам дар сабки мусиқии классикӣ, ҳам сурудҳои мардумӣ ва инчунин таронаҳои муосир қуввасанҷӣ намуда комёб ҳам шудааст.

 Репертуари ўро суруду таронаҳои лирикиву гражданӣ, халқӣ ва классикии тоҷикї, сурудҳои халқҳои собиқ шўравӣ (русӣ,  озарбойҷонӣ, арманӣ, гурҷӣ, ўзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, литвонӣ ва ғайра) ва мамлакатҳои шарқи ҳамсоя (афғонӣ, эронӣ, арабӣ ва ғайра) ташкил медиҳанд. Ҷӯрабек Муродов бо дастаҳои гуногуни ҳунарӣ ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ:

 Афғонистон (1966, 1979, 1982), Канада (1967), Булғория (1968), Белгия (1969), Эрон (1972), Ҳиндустон (1976, 1985),  Лубнон (1973), Австрия (1975), Ироқ (1977), Сурия (1977), Япония ( 1982, 1987), Таиланд (1986), сафар кардааст. Овозхонҳои шинохтаи тоҷик  Қ. Содиқов, Ҳ. Ёров, Н. Маҳкамов, М, Насриддинов, Д. Алиматов, Ш. Муҳиддинов, С. Қурбонов, Х. Ортиқова, Хурсандмурод ва Қобилмурод Зарифовҳо, А. Шодиев аз ў ҳунари сарояндагиро омўхтаанд. Дорандаи ҷоизаҳои Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1975), ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ (1987).

 

 Ҷӯрабек Муродов: Соли 1979 буд. Дар Афғонистон ҷанг мерафт.  Мо амалан ба кишваре рафтем, ки дар он ҷо  ҷанг буд. Ба ман навакак унвони Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро дода буданд. Аҳмад Зоҳир ҳамон вақт дар мусиқӣ инқилоб карда буд.  Мусиқии Шарқу Ғарбро бо ҳам пайваста буд. Ман бисёр мехостам, ки бо ӯ шинос шавам.

 Ман бо бисёр ҳунармандони машҳур ва маъруфи олам Алла Пугачёва, Иосиф Кобзон, София Ротару, Зайнаб Хонларова, Раҷ Капур, Ҳафизуллоҳ Хайёл, Абдуҷалил Залонд, Қосимӣ ва боз дигарон аз наздик шинос ҳастам. Бисёр мехостам бо Аҳмад Зоҳире, ки дар мусиқии муосир инқилоб карда буд, бо ӯ низ шинос шавам. Суруди «Зим-зим»-ашро низ дар консертҳоям мехондам. Хулоса, дар  рӯзи аввале, ки ба Афғонистон рафтам, аз намояндаи вазорати фарҳангашон хоҳиш кардам, ки маро бо Аҳмад Зоҳир шинос кунад.

 Гуфтам, ки ман ҳам овозхон ҳастам ва мехоҳам, ки бо Аҳмад Зоҳир вохӯрам. Ҳа, хуб гуфтанду аммо коре накарданд. Борҳо боз ёдовар шудам, вале ҳеҷ не ки Аҳмад Зоҳирро бо ман шинос кунанд.  Ҳатто норозигии худро ба онҳо аз ин корашон изҳор кардам. Гуфтам ё шумо ба Аҳмад Зоҳир чизе нагуфтед, ё ӯ назараш моро нагирифт. Хулоса, рӯзи охирони дар Афғонистон буданамон дар  саҳнаи «Кобул Нандори» консерт доштем.

 Барандаи консерт ровӣ Бурҳон Раҳмонов буданд. Нигинабону Рауфова суруд хонданд. Мавлуда Ҷабборова рақс карданд. Навбати ман шуд. Суруди «Дили модар»-ро, ки матнаш аз устод  Мирзо Турсунзода буд, хондам. Дар ҳамин вақт як ҷавони миёнақад  дастагуле дар даст болои саҳна баромад ва маро ба оғӯш гирифта гулҳоро ба ман супурд ва гуфт:

 Ман ҳам дар бораи модар суруд хондаам, вале ин суруди шумо ҷигари маро реш-реш кард. Дар ин вақт толор ба по хест. Айнан чуноне, ки дар  стадиони Деҳлии Ҳиндустон  50 ҳазор тамошобин ба ҳурмати Раҷ Капуре, ки ба саҳна барои маро табрик кардан баромада буд,  аз ҷойҳои худ хестанд, дар Кобул Нандори низ тамошобинон ба ҳурмати Аҳмад Зоҳир аз ҷойҳои худ хестанд. Ба Аҳмад Зоҳир пешниҳод кардам, ки суруд хонад, вале ӯ рад кард.

 Хоҳиш кардам, ки маро дар толор интизор шавад. Зеро мехоҳам бо ӯ сӯҳбат кунам. Розӣ шуд. Баъди анҷоми сурудхонӣ бо Аҳмад Зоҳир як сӯҳбати кӯтоҳе низ доштам. Гуфтам чаро пеши мо барвақттар наомад. Гуфт, ки пайғоми маро касе ба ӯ нарасонидааст.Аз ӯ хоҳиш кардам, ки бо як сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон биёяд. Омода сохтани заминаи сафари ӯро ба ӯҳда гирифтам. Розӣ шуд. Гуфтам, ки сафари ӯро ба Бухорову Самарқанд низ ташкил мекунам.

 Тифоқо дар ҳамон наздикии мо як бародаре бо номи Файзалӣ аз Орҷоникидзеободи худамон буд, ки дастгоҳи аксбардорӣ доштааст. Акси ману Аҳмад Зоҳирро ӯ дар ҳамон ҷо гирифт. Боз як акси дигар ҳам гирифт, акси якҷоя, акси дастҷамъӣ. Мутаассифона, ҳамин акси дастҷамъӣ гум шудааст. Ин боиси он шуд, ки баъзе нотавонбинҳо овоза кардаанд, ки  акси ману Аҳмад Зоҳир гӯё ҷаълӣ будааст. Гӯё Ҷӯрабек Муродов акси худро бо акси Аҳмад Зоҳир якҷо сунъӣ сохтааст.

 Хулоса, мо ҳамагӣ 45 дақиқа барои сӯҳбат доштем. Зеро баъдан қуюди шабгардӣ шурӯъ мешуд. Аҳмад Зоҳир моро ба хона худ даъват кард. Гуфтем, ки фардо вомехӯрем. Фардои он рӯз мо ба Тоҷикистон баргаштем.

 Аҳмад Зоҳир агарчӣ дар зиндагиаш натавонист ба Тоҷикистон биёяд, вале суруду таронаҳои ӯ ёди ӯро дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ  то ба имрӯз зинда медоранд.

 «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/1442-jurabek-murodov-yode-az-ahmad-zahir.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi