| РИШОД ЗОҲИР- РАВШАНГАРИ ЧАРОҒИ ПАДАР АСТ |
| Мақолаҳо - Ёди рӯзгори ширин | |||
| 02.03.2011 14:08 | |||
Хулоса онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ва Ришод чун хурдсол буд, ҳаққи тарбия ва нигоҳубини ӯро ба модараш медиҳанд. Ин лаҳзаҳои душвори зиндагониро Аҳмад Зоҳир бо мушкилоти зиёде паси сар менамояд. Зеро ӯ аз дидори ду нафари барояш хеле азиз ноилоҷ маҳрум мешавад. Ноҷия ҳамроҳи Ришод ба Амрико мекӯчанд. Аҳмад Зоҳир бори дигар ба Фахрия ном хонуме хонадор мешавад ва баъди се соли хонадорӣ ӯ ба таври фоҷеавӣ ба қатл мерасад. Тақдирро бубинед, ки 14-уми июни соли 1979, дар рӯзи ба шаҳодат расиданаш, ягона духтараш, Шабнам ба дунё меояд.
Ягона писари Аҳмад Зоҳир Ришод бошад ҳарчанд дар муҳити дур аз Ватан ба воя расида бошад ҳам, вале забон ва фарҳанги миллии худро фаромӯш накард. Ӯ аз наврасӣ мисли падараш шавқи овозхониро дар дил мепарварад ва дар аввал асосан таронаҳои падарашро мехонад. Ӯ соли 1987 дар синни 17-солагӣ нахустин албоми худро таҳти унвони «Гули интизор» пешкаши ҳаводорони мусиқӣ мегардонад. Се сол баъд албоми дуввуми ӯ «Ту гули нози ҳама» ба нашр мерасад. Ӯ дар баробари сурудани таронаҳои падараш инчунин худ низ ба эҷод кардан ва сурудани таронаҳои дилнишин машғул мешавад. Бо оҳангсозони маъруфи афғон ҳамкориҳои эҷодӣ дорад. Ҳамин тариқ то ба имрӯз чанд албоми таронаҳои ӯ дастраси алоқамандони мусиқӣ гаштааст.
Таронае ба ёди падар низ сурудааст, ки матнаш ин аст:
Ахиран бо ҳамроҳии оҳангсоз ва овозхони ҷавон, вале маъруфи афғон Алӣ Эътимодӣ, ки фарзанди Абдуллоҳ Эътимодӣ, драмнавоз (ударник)-и Аҳмад Зоҳир мебошад, як таронаи машҳури Аҳмад Зоҳир «Дилбаро гар ту ёри ман бошӣ»-ро, ки бар пояи оҳанги суруди машҳури испонӣ «Ла Палома» эҷод шудааст, ремекс намуда пешкаши мухлисон намудаанд. Бояд гуфт, ки бори аввал ин таронаро 60 сол муқаддам овозхони барои мухлисони тоҷик на он қадар маъруф Гулаҳмади Шефта хонда будааст. Матни онро шоир ва оҳангсоз Салими Сармаст навиштааст.
Оҳангсоз ва трумпетнавози машҳур Фақирмуҳаммади Нангиёлай онро оранжировкаи тоза мебахшад. Вале ин суруд баъди он ки онро Аҳмад Зоҳир бори аввал соли 1975 мехонад ба қалби миллионҳо ҳаводорони мусиқӣ роҳ меёбад ва имрӯз дар қатори беҳтарин таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳисобида мешавад. Онро дигар овозхонҳои афғон аз қабили Акбар Ромиш, Эҳсон Саҳар,Саид Умар, Халил Роғиб ва дигарон низ бо ҳамин тарзе, ки Аҳмад Зоҳир онро хондааст, сурудаанд. То он ҷое, ки мо маълумот дорем, аз овозхонҳои тоҷик Сӯҳроби Маҳмуд суруди «Дибаро гар ту ёри ман бошӣ»-ро даҳ сол муқаддам суруда ба яке аз албомҳои худ ворид кардааст. Дар иҷрои ин овозхони умедбахш ҳам ин тарона хеле хуб садо додааст.
Ва аммо Ришод Зоҳир дар якҷоягӣ бо Навид Оракзай, як овозхони дигари шинохтаи афғон, ин сурудро дар шакли як видеоклипи диданӣ манзури тамошобинон карданд. Ришод Зоҳир оиладор буда ду фарзанд дорад. Писараш Ёсин 12-сола аст ва духтараш Майна 5-сола мебошад.
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/yodi-ruzgori-shirin/4562-rishod-zohir-ravshangari-charoghi-padar-ast.html
|







Назарҳо
Бо ташаккур К
як корбари Рузгор
RSS лентаи назарҳо.