18:19:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёди рӯзгори ширин

ДАР СУРОҒИ ПАЙВАНДОНИ АҲМАД ЗОҲИР

Мусоҳиба соли 1993 дар Иолоти Вирҷиниёи ИМА
дар хонаи апаи Аҳмад Зоҳир Зоҳира сурат гирифтааст
ва худи ҳамон сол аз тариқи бахши форсии радиои Би Би Си ба ин шакл нашр гардидааст:

 Суруди Аҳмад Зоҳир «Ба Худо тангаст дилам, тангаст дилам, тангаст дилам» садо медиҳад. Сипас ин овоз паст мешавад.

М.Олимпур: Ин садои ошно ва гӯшнавоз солҳост, ки дар дили мардуми Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон баъзе қисматҳои Эрону Покистон ба дурустӣ нишастааст. Бале, ин садои Аҳмад Зоҳир аст ҳамон хонандаи маъруф ва маҳбуби афғонӣ. Онро аз миёни анбӯҳи садоҳо метавон шинохт. Ин овоз вижаи худи Аҳмад Зоҳир аст. Ҳарчанд Аҳмад Зоҳир имрӯзҳо пайравону шогирдони зиёде дорад, вале ҷояш дар ҳунари Афғонистон ба ҳамешагӣ холист. Чаҳордаҳ сол аз марги асроромезаш мегузарад ва ҳанӯз ҳам ӯ гӯиё бо мардум аст ва барои инҳо самимона ҳамон тур, ки ҳамеша аз таи дил мехонд, тарона иҷро мекунад. Ӯ мақоми таронаро дар сабки хоси худаш ба авҷ бурд. Ӯ ҳунарманди модарзод буд.

Хеле дилам мехост Аҳмад Зоҳирро дар зиндагияш аз наздик бубинам чун насли ман ҳама ошиқи таронаҳои шодиофарини Аҳмад Зоҳир буданд ва ҳастанд. Вале ҳамчунин иттифоқе хубе ба даст надод. Пас аз як рӯзи маргаш вориди Афғонистон шудам. Мардуми Афғонистон дар сӯгвории марги нобаҳангоми ӯ нишаста буданд.

Қотилон мехостанд садои Аҳмад Зоҳирро дар гулӯяш ҳабс намоянд. Вале муяссарашон нашуд. Ин садо бештар аз он чи ки мепиндоштанд, дар Афғонистон ва хориҷ аз он таннинандоз гашт. Кудато ё инқилоби Афғонистон, ки сарчашмаи мусибати ин кишвар гардид, хонаводаи ороми Аҳмад Зоҳирро низ мисли ҳазорон хонаводаҳои дигар ба гӯшаву канори олам парешон кард. Пас аз як соли марги Аҳмад Зоҳир бозмондагонаш ба Амрико ҳиҷрат карданд.

Вақте ба Амрико омадам сароғоз суроғи бозмондагони Аҳмад Зоҳирро гирифтам. Дуктур Равон Фарҳодӣ олими маъруфи афғон яке аз ҳазорон тан алоқамандони ҳунари Аҳмад Зоҳир дар шаҳри Сан-Франсиско нишони ҳоҳар ва ҳамсари хонандаи маҳбубро бароям дод. Онҳо дар иёлоти Вирҷиниё зиндагӣ мекарданд. Аз Вашингтон маҳали зисташон дур набуд.

Қароре мулоқотамон дар манзили хоҳари Аҳмад Зоҳир Зоҳира Азиз шуд. Ҳамсар ва духтари овозхон низ дар ҳамсоягии Зоҳира сукунат доштанд. Рӯҳи Аҳмад Зоҳир дар хонаи хоҳари бузургаш Зоҳираҷон зинда буд. Садои гарми бародар манзили хоҳари меҳрубонро пур карда буд. Бо нигоҳи самимона ва хандаи ҷозибанокаш, ки барои якояки ҳаводорони ҳунараш аз девори хонаи хоҳар ба сӯямон меҳр мерехт, гӯё мегуфт:

«Марҳабо». Гумон мекунам барои ҳар як инсон пас аз модар шахси меҳрубонтарин хоҳар аст. Беҳуда намегӯянд, ки хоҳар бӯи модар медиҳад. Зоҳира дар атрофи мо парвона буд. Гӯиё дар симои мо бародарашро медид. Сӯҳбати нахустро дар бораи Аҳмад Зоҳир ӯ нахуст оғоз мекунад.

Зоҳира: Барои ма шахсан гапзадан роҷеъ ба Аҳмад Зоҳир кори бисёр мушкил аст. Чаҳордаҳ сол аз маргаш шуд то ба ҳол қобили қабул набуд ва нест барои мо. Чун ма худум дар Афғонистон набудум вақте, ки ҳодиса шуд. Шояд як навъ гурез бошад, ки ма нахостум ира қабул кунум, ки Аҳмад Зоҳир вақти ма Афғонистон мерум нест. Локин ма намефаҳмум, ки барои Шумо аз кадом сифати Аҳмад Зоҳир бигӯем.

Шумо уноро аз роҳи ҳунаруш мешиносен, маълумдор. Ма фақат ба таври хулоса баҳратон як чиз гуфта метонум ба ҳайси хоҳари Аҳмад Зоҳир, ки шояд Шумо битонен эҳсоси маро бифаҳмем. Ва ӯ ист, ки агар мара Худованд мегуфт, ки ма ба ту як қудрат метум, ки барои худ як бародар бисозӣ, ҳар тур, ки дилат мехоҳа. Шояд ма аз Аҳмад Зоҳир кадом бародари хубтар, хостатар, меҳрубонтар ва нозанинтар сохта наметавонистум.

Олимпур: Ва аммо Аҳмад Зоҳир аз назари хоҳараш чи хусусияти вижае дошт?

Зоҳира: Аҳмад Зоҳир як истеъдоди ғарибу аҷибу як хонанда танҳо надошт. Фавқулодда мазоқи хубу хуш дошт. Беандоза ҳофизаи хуб дошт, бо и ки як мазоқа ёдеш мона. Мазоқи хуба гуфтануш як истеъдод мехоя. Хандондани мардум як истеъдод мехоя.

Олимпур: Давраоро буд.

Зоҳира: Бисёр зиёд. Масалан соатҳо вақте ки ба Аҳмад Зоҳир шумо мешинен аз ҳар навъ мазоқ роҷеъ ба ҳар кас дошт. Ва яке аз сифатҳои хубе, ки Аҳмад Зоҳир дошт дар мобайни фомил маълумдор ира мекард, берун не. Ва и бисёр зиёд ҷузъиёти як инсона мутавоҷҷеҳ мешуд. Фарз кардем Шуморо медид ба айни маҷлис як кас меомад Аҳмад Зоҳир аз ҳама карда таваҷҷӯҳи ҳаракатҳои бисёр ҷузъии аз ӯ одам мешуд.

Ӯ одам вақте мерафт, Аҳмад Зоҳир, масалан мегуфт ина ҳоли ма. Фарз кунен Осифи бародарам, мегуфт ма ҳоли Осиф ҳастум. Баъд 10 дақиқа шуморо ба ҳайси Осиф механдонд.

Олимпур: Залмай Азиз шавҳари Зоҳира аз ҳамсоягон ва дӯстони хуби Аҳмад Зоҳир аст. Ва аз ҳунару зиндагии дӯсти ҳунарманди равоншодаш хеле гуфтаниҳои ҷолибе дорад.

З.Азиз: Мо ҳеҷ тасаввур карда наметавонистум, ки бародар ва хоҳарои тоҷикистонии мо ба и паймона бо Аҳмад Зоҳиру ҳунари Аҳмад Зоҳир алоқамандӣ дошта бошанд. И муҳаббати Шумо, и алоқаи Шумо яқин дошта бошен, ки дардеро, ки мо солҳо аз марги бисёр таассуфовару нобаҳангоми Аҳмад Зоҳир кашидем и дарда бисёр зиёд коҳиш бахшида. Аҳмад Зоҳир як инқилоберо дар ҷаҳони мусиқии Афғонистон овард.

Як навовариҳоеро дар ҷаҳони мусиқии Афғонистон овард, ки шумо худатон аз ма карда ошноии бештар дорен. И муҷодилеш дар дохили Афғонистон аз фомил шурӯъ шуд. Чун мардумое, ки саршинос буданд дар Афғонистон ва як чавкии баландтареро доштанд дар кишвар, авлоде аз онҳо, фарзандҳое аз онҳо бисёр ба назари бад дида мешуд, ки агар даст ба овозхониву мусиқинавозӣ бизананд. Ва аз Аҳмад Зоҳир аз инҷо шурӯъ кард ва инқилоба аз фомили худ шурӯъ кард ва билохира дигар ҷавонҳои мо аз ӯ таъқиб карданд.

Олимпур: Ин ки Аҳмад Зоҳир чи гуна мурд шоъеоти зиёде сари забонҳост. Ҳар кас чизе мегӯяд, вале бубинем Зоҳира, хоҳари Аҳмад Зоҳир дар барои марги асроромези бародараш чӣ мегӯяд.

Зоҳира: Аҳмад Зоҳир ҳаму туре, ки сифати зиёде дошт, ба ҳайси як инсон кӯтоҳие дошт. Инсон буд. Аҳмад Зоҳир Худо набуд. Аҳмад Зоҳир фариштае набуд. Аҳмад Зоҳир нуқсе калоне, ки дошт, дили бисёр пок дошт ва аз дили поки худ бо ин мардуме, ки дӯст шуд, мардуми дурусте набуданд. Ма фикр мекунум шахсан боиси марги Аҳмад Зоҳир ҳамин саҳвҳое, ки карда буд ба дӯстиҳое мардуми ғалат.

Дар муқобили аз и дӯстиҳо, ки бо Аҳмад Зоҳир пайдо шуда буд боз и соддагиҳо пайдо шуда буд. Аҳмад Зоҳир далели маргуш шояд бисёр осон нест, ки одам бигӯяд, ки чӣ буд. Як қисматуш сиёсӣ буд, як қисматуш аз соддагиҳош буд. Аҳмад Зоҳира шумо порчаҳои охируша ташвиқ барои муҷодила ва ҳамаш ташвиқ барои роҳи Худо.

Бубинен, байдои Аҳмад Зоҳира зиёд байдои дар вақти баъди истеъмори рус зиёд байдой ватанхоҳӣ ва байдои динӣ. Аҳмад Зоҳир аҷибу ғариб ба Худованд эътиқод дошт. Аҳмад Зоҳир як мусулмони фавқулодда хуб буд ба дин. Лекин дар зоҳир ба масҷид намерафт. Локин Аҳмад Зоҳир ба қудрати Худованд ва ба вуҷуди Худованд як ақидаи аҷибу ғариб дошт.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi