01:10:46 17-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Кадоме беҳтар: фоҳишаҳои расмӣ ва ё занҳои дуввум?

Масъулини Кумитаи кор бо занони кишвар дар нишасти матбуотии ахири худ хабар додаанд, ки теъдоди талоқҳо нисбат ба никоҳҳои сабтшуда дар соли 2013 ҳудуди700 адад бештар  ба қайд гирифта шудааст. Махфират Хидирова, раиси  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш 3-уми феврали соли 2014 бо нигаронӣ аз афзоиши талоқ хабар дод, ки дар соли гузашта ҳудуди 7500 никоҳ ва 8196 талоқ дар кишвар сабт гардида, ҳамчунин сафи духтарони танфурӯш ва фоҳишахонаҳо нисбат ба соли 2012 зиёд шудаасту то рафт синну соли фоҳишаҳо ҷавонтар мешавад.

konf-zanon 458955

Мувофики оморҳои ғайрирасмӣ наздик ба ду миллион муҳоҷири кории тоҷик  дар Русияву Қазоқистон ва ҷойҳои дигар қарор доранду ба ҳисоби миёна ҳамасола ҳудуди 35 000 (сиюпанҷ ҳазор)-и онҳо бо шаҳрвандони кишварҳои муҳоҷирталаб издивоҷ мекунанд.

Ба иборати дигар, яъне, ба ҳисоби миёна, фақат тайи як сол наздик ба 30 ҳазор марди тоҷик бо шаҳрвандони кишварҳои муҳоҷирталаб-дар Русияву Қазоқистон ва ғайра издивоҷ карда, ба эҳтимоли зиёд беш аз 60 дар сади онҳо ё дар Тоҷикистон қаблан издивоҷ кардаанду аз ҳамсарони қонунии худ дар ин инҷо фарзанд доранд ва ё ин ки баъд аз издивоҷи аввал бо шаҳрвандони хориҷӣ қасди издивоҷи дуввумро дар ватан доранд. Дар дохили кашвар низ сафи онҳое, ки ҳамсари дуввум интихоб мекунанд ангуштшумор нест.

Гуфтанист, танҳо аз ду миллион муҳоҷири меҳнатӣ солона тахминан беш аз бист ҳазори онҳо талоботи Кодекси оиларо вайрон карда, дар назди қонун муҷрим шинохота мешаванд, ҳол он, ки ба гуфтаи коршиносон яке аз омилҳои асосии майл ва рағбат пайдо кардани муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба духтарону бонувони кишварҳои муҳоҷирталаб панаҳ бурдани онҳо дар домани ҳамсарони интихобкардаашон аст.

Ба ақидаи онҳо, дар ин ҳолат ин муҳоҷиронро набояд муқассир ва муҷрим шинохт, чун дар кишвари худ ҷои кори муносиб надоранду аз ночорӣ ва бидуни интихоби вариантҳои беҳтар тарки ватан кардаанд. Яъне ҳукуматдорон аз нотавонии худ истифода карда онҳоро маҷбур кардаанд, ки тарки ватан карда, рӯзии худ ва хонаводаҳояшонро аз кишварҳои дигар пайдо кунанд. Ин интихоби муҳоҷирони корӣ ба хотири сабук кардани бори гарони зиндагии худ дар Тоҷикистон мебошад.

Як гурӯҳе аз ин муҳоҷирони корӣ низ пас аз издивоҷ намудан бо шаҳрвандони хориҷӣ қасди инро ҳам дошта бошанд, ки бо ҳамон ҳамсарони интихобкардаашон давоми умр зиндагӣ кунанд ва дигар зани тоҷике низ нагиранд. Яъне дар зиндагӣ барои пур кардани ҷои ҳамсар дигар ниёз ба тоҷикдухтар барояшон намемонаду аз ин ҳисоб низ сафи духтарону бонувони шавҳаринтизори кишвар меафзояд.

Бо ин вуҷуд ин гароиш ва майлу рағбати эшонро баъзе аз рӯҳониён ва насли калонсолу ҳонаводаҳояшон дар кишвар маҳкум кардаанд, вале ин чиз натавонистааст, ки аз раванди афзоиши никоҳи муҳоҷирон бо шаҳрвандони кишварҳои дигар бикоҳад.

Дар зимн, тобутҳои муҳоҷирони корие, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 3 ё 4 ҷасади беҷони муҳоҷирро, ки аксари онҳо мард ҳастанд, ба ватан меоянду ду ё се зани дигар ҳам бева мемонанд. Инчунин бар асари садамаҳои нақлиётие, ки ҳамарӯза чанд аз мардҳо мефавтанду чанд бонуи дигаре низ бева мемонад, паҳлуи дигар ин масъала аст. Яъне метавон гуфт, ки ҳар рӯз 10-20 зан ба сафи модарони бешавҳар ё шавҳаринтизор мепайванданд ва табиист, ки ҳамаи онҳо дар баробари дигар мушкилоти рӯзгор одаманду ғаризаҳои инсонӣ ва талаботи ҷинсии худро доранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҳуқуқи ин гурӯҳ нодида гирифта мешавад.

Оё ин гурӯҳе, ки ҳуқуқашон нодидагирифта мешавад, метавонанд муддати дарозе чун фариштаи покдоману бемайлу рағбати нафсонӣ зиндагӣ кунанд? Агар эшон дар фурсати муносиб ҳамсари дуввум ва ё савуму ҳатто чаҳоруми як марди дигаре шаванду оромии рӯҳи ва равонии худро ба даст биоранд, чӣ зараре дорад? Дар баробар рафтани эшон ба бозорҳои танфурӯшӣ ва дар маърази хатарҳои беҳисобе қарор додани худ бадтар аз интихоб кардани ҳамсари дуввум ё саввум нест?

Ин муъзал ва ё гиреҳе, ки дар ҳоли ҳозир ҷомеаеро гулӯгир кардааст, ки бар асоси оморҳои расмии кишвар беш аз 99 дар сади аҳолиаш мусалмон аст ва тибқи омузаҳо ва таълимоти дини ислом як мард метавонад-ҳангоми тавоноияш-ҳадди аксар бо чор зан дар як вақт издивоҷ кунад (Ишора ба ояи 3-и сураи Нисо). Аммо бар тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар чандҳамсарӣ дар як вақт манъ карда шудааст ва касе, ки хилофи он амал кунад, муҷрим шинохта мешавад.

Мушкили дигар ва дардноктаре, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад ва хелеҳоро аз ҳаққу ва ҳуқуқи худ маҳрум мекунад, ин аст, ки дар аксар маврид нисбат фарзандони занҳои дуввуму савум ҳам аз нигоҳи таътимоти ислом ва ҳам аз нигоҳи қонун зулм раво дониста мешавад. Яъне, эшон расман наметавонанд, ки бо насабҳои аслии худ ба қайд гирифта шаванду ҳамчунин дар давоми зиндагиву пас аз марги шавҳар ва ё ҷудошавии волидон ҳам бар модарон ва ҳам худи онҳо ба гунаҳои мухталиф зулм раво дида мешавад. Дар ҳоле, ки Худои Карим бар мусалмонон амр намудааст, ки фарзандони худро бо насабҳои аслӣ ва воқеиашон бихонанд (Ишора ба ояи 5-и сураи Аҳзоб).

Инчунин Сарқонун ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳам ба шаҳрвандон ҳақ ва кафолати  зиндагии инсониро додаанд. Пас агар ба фарзи мисол, як писар ё духтаре, ки аз зани дуввум ва ё савуме ба дунё омада бошад, худи вай чӣ тақсире дорад, ки наметавонад ба таври озодона ва шарафотмандона ва бидуни дурӯғ гуфтани волидонаш дар назди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ насаби аслии худро сазовор шавад?

Оморҳои расмии кишвар нишон медиҳанд, ки дар умум теъдоди занони кишвар аз мардон зиёдтаранду ҳамчунин дар маҷмӯъ шумораи духтарону бонувони шавҳаринтизор ба даҳҳо ҳазор мерасанд. Худои нокарда дар вақти аз контрол хориҷ шудани ғаризаҳои ҷинсиашон шайтон метавонад пойи чандин нафари эшонро ба гуноҳ бикашаду боз сафи фоҳишаро биафзоянд. Ба бовари коршиносон аксари ин занҳо бахотири бароварда сохтани ниёзҳои ҷинсии худ зиндагии шарофатмандона ва бидуни ангуштнамоӣ дар қолаби ҳамсари дуввум буданро ба маротиб аз танфурӯшиву фоҳиша шудан авлотар медонанд.

Ин ҳам норӯшан ва то ҳадде номумкин аст, ки ҳадди аксар аз ҳамин ҳудуди ҳашт ҳазору дусад нафаре, ки расман дар соли гузашта  оилаи солими худро аз даст дода, бидуни ҷуфт мондаанд, ҳадди аксар 45 дар сади эшон тавониста бошанд, ки бори дигар бо марди занногирифта ва ё безану занмурдае издивоҷ кунанду ҳамсари таку танҳои як марди дигар бошанд! Ман бовар надорам, чунки оморҳои расмӣ ва таҳлили онҳо баёнгари чизи дигаре ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эҳтимоли зиёд наздик ба 80 дар сади ҳукуматдорону мансабдорони кишвар ва онҳое, ки дорои зиндагии беҳтаре ҳастанд, оилаи солим доранд ва онҳое, ки зиндагии солим доранд, шояд наздик ба 40 дарсадашон ё аз неъмати ҳамсари дуввум бархурдоранд ва ё гаҳу ногаҳ фикри онро мекунанд. Аммо ин теъдоди занони беваву шавҳаринтизор чӣ?!!! Оё ақли солим ҳаминро тақозо намекунад, ки он идда аз занҳои шавҳаринтизору покдомане, ки метавонанд насли солимеро ба дунё биоранду тарбиятгари онҳо бошанд, дар сурати марди безан наёфтан ҳамсари дуввум ва ё саввуме расман барои худ интихоб кунанд? Инчунин он идда мардоне, ки ҳамсарони аввал ва никоҳиашон беморанду наметавонанд ниёзҳои ҷинсии онҳоро бароварда созанд, ҳамсари дуввуме интихоб кунад?

Дар ҷаҳони савум ва ё кишварҳои мусалмоннишин ба мисли Тоҷикистон эҳтирому эътибор ва эътиқоди мардум нисбат таълимоти исломӣ аз қонунҳои вазъи-амалкунанда-дида ба дин зиёдтар аст. Аммо, онҳое, ки огоҳии камтар доранду эътиқоди заифтар шояд назари дигаре дошта бошанд. Ба ҳар сурат мо хоҳем ё нахоҳем ин мавзӯъ ҳамчун устухон дар гулуи ҷомеа вуҷуд дорад. Аз ин рӯ агар ҳукумат хоҳад, ки оилаи солим шиораш бошаду бо мардум наздик шавад ва дар сурати муносиб мурдум такягоҳи он бошанд, ҳадди ақал коре кунад, ки дар умури иҷтимоии шаҳрвандон қонунҳое таҳия кунад, ки мувофиқи талаботи замону мухолифи эътиқоди онҳо набошад.

Барои мисол, ҳукумат метавонад дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаву Парлумони кишвар ва дигар сохторҳои зертобеаш ин мушкилро дар ҷомеа, албатта баъд аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила ва дигар қонуну санадҳои амалкунанда бо чанд роҳҳали муносибе рафъ намояд, аз ҷумла:

1. Бозорҳои танфурӯширо, ки айни замон як намуди хидматрасонӣ шинохта мешаванд, маҳдуд намуда, ҷазои сангинтаре барои хилофкорон пешбинӣ намояд.

2. Барномаҳои алоҳидае барои баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар хусуси танфурӯшиву фоҳишагӣ ва паёмадҳои дардноки он рӯи даст бигирад ва ба ҷои тарғибу ташвиқи рифола, ки баъзе ташкилотҳо онро дунбол мекунанд, худ ба тарғибу ташвиқи шарму ҳаё ва покдоманӣ дар ҷомеа бипардозад.

3. Он идда аз мардҳое, ки мехоҳанд ҳамсари дуввум ва ё савуме дошта бошанд, бояд қабл аз изидивоҷ расман ба номи ҳамсари дуввумшавандаҳояшон хона ё манзили зисти алоҳидае бихаранд.

4. Як миқдор маблағи муайяне низ ҳамчун маҳрия таъин карда шавад, ки мард на камтар аз он дар суратҳисоби махсуси ҳамсаршавандааш, ҳамчун пасандоз ворез кунад, то дар вақти муносиб зан тавонад аз он истифода кунад.

5. Аҳдномаи никоҳе бар асоси муқаррароти қонунҳои амалкунанда ва баъзе пешшартҳои тарафайн тартиб дода он ҳамчун санади қонунии амалкунанда дар назди мақомоти сабт ба қайд гирифта шавад ва дар ҳолати мабодо: ҷудоӣ ё марги яке аз ҳамсарон битавононд расман ва бидуни даву този зиёдатӣ аз меросу ловозимоти рӯзгор баробар баҳраманд шаванд.

Дар баробар метавон дар ин масъала аз таҷрубаи дигар кишварҳо, аз ҷумла аз кишварҳои мусалмоннишин истифода барем ва барои таъмин кардани ниёзҳои ҷомеа мувофиқи талоботи замон амал кунем. Дар раванди пайгирии ин мавзӯъ шояд он дар сатҳи ҳукумат ба вокунишҳои тунде рӯ ба рӯ бишаваду баъзе фишорҳое низ сурат бигирад, вале чун вазифаи ҳукумат ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоии шаҳрвандон аст, наметавон ин мушкили ҷомеаро то абад ва ё барои як муддати тӯлонӣ ба боди фаромӯшӣ гузошт? Аз рӯи инсоф ҳам нест, ки дар кишваре, ки барои шаҳрвандон ҷои кори муносиб ва мувофиқ таҳия карда намешавад ва бар илова агар нафаре ҳам аз маҷбурӣ муҳоҷир шаваду барои рӯзгузаронӣ онҷо ҳамсари дуввуме интихоб кунад, дар ватанаш муҷрим шинохта бишавад ва ё худро дар назди қонунҳои амалкунандаи кишвараш гунаҳкор ва қонуншикан эҳсос кунанд.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №06, 12 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi