13:46:18 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Машав ғамгин агар духтар бизодӣ!

Сарвар-хола зани бисёр ботамкин, покизарӯҳ ва ҳунарманд буд. Ва ҳамеша аз ҳафт писар доштанаш меболид. Дар ҳамсоягии Сарвар-хола зане бо номи Мадина Саидзода зиндагӣ мекард,ки се духтараки дидадаро дошту писар надошт. Мадина Саидзода умре омӯзгор буд ва бо ширинзабонию ҳунармандӣ сазовори эҳтироми аҳли гузари "Орзӯ" гашта.

kampirak-mashav-qamgin0010Аксари мардуми гузар чун ба муаллима рӯ ба рӯ оянд, бо як эҳтироми хоса "Муаллима, писари маро мисли худатон босавод кунед",-гуфта хоҳиш мекарданд. Дар маҳалла ҳама аз муаллима маслиҳат мепурсиданд. Хонаи Сарвар-хола наздик буд, бинобар ин тез-тез ба хонаи муаллима меомаду сари як пиёла чой дар ҳар мавзӯъ бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Ва Сарвар-хола сари ҳар сӯҳбаташ ба муаллима роҷеъ ба писар надоштани ӯ ишорае мекарду бовиқорона ҳафт писар доштани худро бо ишорае гӯшзад.

-Ман ба ту ҳайронам, бо ин се духтар, ки моли мардуманд, қаноат карда мегардӣ, пагоҳ пир шавӣ, ё Худо нахоҳад бемор шавӣ, туро кӣ нигоҳубин мекунад? Илоҷе ёфта писардор шав. Муаллима аз суханони Сарвар-хола бо табассуми ширине, чизе намегуфт. Сарвар-хола писаронашро пасу пеш хонадор карда, базм меоросту хонаи нав харида медод, то дар вақти зинда буданаш онҳоро соҳибманзил бисозад, то баъди сари волидон барои чизу чораи хонаи падар байни фарзандон моҷаро нахезад.

Фарзандони Сарвар-хола, ки дар муҳити хуб ба воя расида буданд, яке паи дигаре ба Русия мерафтанд, то ки пайсае ба даст оварда, соҳиби мошинҳои хориҷию навбаромад шаванд.

Соли 1998 зимистони хушк омад.

Бисёрии мардум ба бемории зуком гирифтор шуданд. Муаллима низ бемор шуду як ҳафта бо таби баланд бистарӣ монд. Духтаракони хурдсоли муаллима; Розиямоҳ,Ҷамолбӣ ва Марворид дар гирди модар парвона буданд. Байни худ кори хонаро тақсим карда, даву тоз менамуданд. Розиямоҳ, ки духтари калонии муаллима буду дар синфи ҳаштум мехонд, пухту пазу ҷомашӯйиро ба ӯҳда гирифт. Ба Ҷамолбӣ, ки дар синфи чорум мехонд, нигоҳубини модарро супорид. Лайлии хурдакак худаш: ман ҳаррӯз туфлиҳоро тоза карда ҳавлиро мерӯбам,- гуфта хурсандӣ мекард.

Чун Сарвар-хола ба аёдати муаллима меомад, медид, ки аллакай духтаракони бовафои модар, яке атолаи гарм пухтаасту дигаре ба модар дору дода, пойҳояшро дар оби гарм нигоҳ дошта, баъд бо матои мулоим вижа пок намуда, оҳистакак модарро ба ҷойгаҳ мехобонид. Марвориди хурдакак бошад бо оби гарм дастони модарро шуста навозишкорона; очаҷони ман, дилу ҷони ман, гуфта барои модар суруд мехонд. Ва ин корҳо ҳар рӯз чанд бор такрор мешуданд. Муаллима фарзандонашро аз хурдӣ ба меҳнат одат кунонда буд, бинобар ин дар иҷрои корҳои хона духтаракон мушкилие надоштанд.

Сарвар-хола ҳар рӯз ба кори духтаракони муаллима назар андохта, дар як гӯшаи дилаш ба онҳо аҳсан мехонду "Хушбахт касест, ки аз ҳамин оила арӯс бубарад"- мегуфт. Аз ғамхории духтаракон муаллима тез шифо ёфта, ба кори писандидааш, ба назди шогирдони азизаш, ки ӯро бисёр пазмон шудаанду чандин маротиба ба айёдаташ омада,- "Муаллимаҷон, тезтар шифо ёфта биёед, мо бе шумо дар мактаб худро танҳо ҳис мекунем. Албата дигар устодон ҳам ба мо меҳрубонанд, вале шумо дигаред. Шумо чун хуршед ба дилҳо гармӣ, чун модар раҳнамунед"-гуфта хоҳиш намуда буданд, рафт.

Бемории зуком ба мисли меҳмони нохонда дари Сарвар-холаро ҳам куфт. Келинҳояш бо навбат як ду борӣ ба аёдаташ омаданду бо ҳамин вазифаашонро гӯё иҷро карда бошанд, дигар наёмаданд. Нигоҳубини ӯ бар дӯши ҳамсояҳо афтод. Чунки шавҳараш ҳам пири барҷомондае шуда буду болои ин чашмонаш нағз намедиданд. Ҳар пагоҳӣ муаллима, пеш аз ба кор рафтанаш, ба Сарвар-хола навозишкорона атолаи гарм мехӯронду сипас ба кораш мерафт. Духтаракони хурдсоли муаллима бо хоҳиши модар дигар корҳои хонаи Сарвар-холаро ба сомон мерасониданд. Бемории зуком гузаранда гуфта, ҳатто баъзе аз ҳамсояҳо аз ин ҳазар карда намеомаданд. Баъзеи дигараш гоҳ-гоҳ хӯрок пухта аз пеши дари хона онро дароз намуда аз ҳолаш мепурсиданду мерафтанд.

Ҳамин тавр аҳволи Сарвар-хола рӯз ба рӯз вазнинтар мешуду хубтар не. Муаллима ёрии таъҷилиро ҷеғ зада, Сарвар-холаро ба беморхона бурд. Ва ҳар рӯз се бор хӯроки гарм пухта ба аёдаташ мерафт. Аз келинҳояш суроғаи писаронашро пурсида, гуфтугӯи телефонӣ ҳам кард. Вале дареғу сад дареғ. Аз ҳафт писар хеҷ яке ба хабаргирӣ наомаду на пайсае фиристоданд.

Сарвар-хола давоми як моҳ дар беморхона бистарӣ буд ва акнун худро дар назди Худою муаллима гунаҳгор меҳисобиду сарзаниш мекард. Рӯзе тоб наоварда вақти либосҳояшро иваз намудани муаллима, сарашро дар китфи муаллима гузошту гирякунон; - муаллимаҷон, духтарам, духтари ягонаам, агар тавонед маро бубахшед, ман дар назди Шумо гунаҳгорам. Борҳо, ман ҳафт писар дораму шумо писар надоред, гуфта дилатонро бо забони тезам мехарошидам, озор медодам. Ба Шумо Худо дили бузург додааст, ки болои ҳамин қадар суханони талхи ман, ба ман ҳамчун ба модаратон нигоҳубин мекунед. Ҳамин се духтараки хурдсолу ширинзабону бовафои шумо баҳои ҳафт писару ҳафт келини бевафои ман. Шумо хушбахтед, ки духтар доред.

Ва боре ҳам аз забонатон нашунидаем, ки Шумо аз духтар доштанатон афсӯс хӯрда бошед. Шумо мудом шукргузорӣ менамудед, ки Худо ба Шумо духтар ато кардааст. Ва ман маънии шукргузории шуморо акнун фаҳмидам. Фаҳмидам. Дер фаҳмидаму бисёр бо сӯзу гудоз фаҳмидам. Бисёр афсӯс мехӯрам, ки Худои таъоло ба ман ақаллан як духтар ато накард. Шояд агар духтар медоштам, мисли шумо дар як ҳафта аз бистари беморӣ мехестам. Лекин ман аз он хурсандам, ки Худо ба ман шумо барин ҳамсояи хуби беҳамто ато намудааст. Ҳатто баъзан фарзанди худи кас аз он хизмате, ки шумою духтаракони бовафоятон барои ман кардед, зиёд намекард.

Муаллимаҷон, хоҳиш дорам, минбаъд маро модар гуфта муроҷиат кунед. То ҳис бинамоям, ки духтар дорам ва аз шунидани овозату сухани модар дилам об хӯрад. Сарвар-хола шифо ёфта ба хона баргашт. Лекин сарнавишти номард риштаи умри мӯйсафедаш-бобои Олтибойро канд. Сарвар-хола, ки нав аз бистари беморӣ бархоста буд, аз бевафоии писаронашу марги бемаҳалли мӯйсафедаш сахт рӯҳафтода шуда, рӯз ба рӯз лоғартар мегардид.

Бо пешниҳоди муаллима аҳли гузари "Орзӯ" пулу моли зиёде гирд оварда, нону оши бобои Олтибойро бо обрӯй гузаронида, солашро ҳам доданд. Вале аз писарон дараке набуд. Солҳо паи ҳам сипарӣ мешуданд. Дар ҳар як тӯй ва ҷамъомаде, ки Сарвар-хола ҳузур дошт, дар ҳаққи муаллима, ки духтари қиёматиаш хонда буд, дуои нек мехонд ва ҳамеша ситоиши духтаракони бовафояшро мекард. Ва худро хушбахт меҳисобид, ки дар айёми пирӣ соҳиби духтар ва 3 набераи меҳрубон гаштааст. Ба ҳамсоягону хешонаш мудом насиҳат мекард, ки аз духтар доштан хафа нашуда, баракс ифтихор намоянд. Духтардорӣ чӣ фазилати нек доштааст, ман бо чашми сар дида, дар амал санҷидаам.

Гавҳар Муродова, муовини директори "Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов"-и шаҳри Душанбе

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi